Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф дар соли 2019 корҳои зиёдеро ба иҷро расонидааст.
Маълумоти мухтасар
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 162 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии муассисаҳои таълимӣ 124 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз ҷумла, 4 гимназия, 1 литсей, 1 мактаби дорои парваришгоҳ, 2 мактаби дорои кӯдакистон), 33 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ (аз ҷумла, 2 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ) ва 5 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ фаъолият мекунанд. Аз ин шумораи муассисаҳо дар 119 муассиса таҳсил бо забони тоҷикӣ, дар 22 муассиса таълим бо забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ, дар 5 муассиса таълим бо забонҳои тоҷикию русӣ ва дар 15 муассиса таълим бо забони ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар таълимгоҳҳо 129375 нафар хонандагон (аз ҷумла, 62239 нафар духтарон) ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар 23 муассисаи таълимии ноҳия таълим аз рӯи равияи ҷамъиятию гуманитарӣ ва дар 25 таълимгоҳ таълим аз рӯи равияи табиӣ-риёзӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ноҳия 3 мактаб-интернат фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 2086 нафар хонандагон таҳсил менамоянд.
Таваҷҷуҳ ба масъалаи кадрӣ
Дар ноҳия ба масъалаи бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Ҳоло ба хонандагони таълимгоҳҳо 5551 нафар омӯзгорону мураббиён, аз ҷумла 3650 нафар занон дарс медиҳанд. Аз шумораи 5551 нафар омӯзгорон 4045 нафарашон таҳсилоти олӣ, 1436 нафарашон таҳсилоти миёнаи касбӣ дошта, 70 нафарашон ғоибхонони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ мебошанд. Аз моҳи августи соли 2019 инҷониб аз 185 нафар омӯзгорони ҷавоне, ки мебоист ба ноҳия ба кор меомаданд, 124 нафарашон ба ҷои кор ҳозир шудаанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳоло 238 нафар омӯзгорони дорои таҳсилоти миёнаи касбии таълимгоҳҳои ноҳия дар шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент таҳсил карда истодаанд.
Рушди муассисаҳои томактабӣ
Дар ноҳия 13 муассисаи томактабӣ фаъолият менамоянд, ки 9-тои онҳо дар тобеияти раёсати маориф, 1-тояш дар тобеияти ҷамъияти саҳомии “Ӯлҷабой” ва 3-тои дигарашон хусусӣ мебошанд. Дар 13 муассисаи томактабӣ 1836 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бо мақсади беҳтар намудани шароит ва сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабии №№ 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7 ва кӯдакистонҳои назди таълимгоҳҳои №№14, 15 онҳо давра ба давра бо мутахассисони соҳибкасб таъмин шуда истодаанд.
Дар кӯдакистонҳои ноҳия 57 нафар мураббияҳо фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 15 нафарашон дорои таҳсилоти олӣ, 5 нафарашон дорои таҳсилоти олии нопурра, 35 нафарашон дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 2 нафарашон дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.
Айни замон сохтмони муассисаҳои томактабии хусусӣ дар шаҳракҳои Сомониён (барои 400 нафар кӯдак), М. Турсунзода (барои 120 нафар кӯдак) ва ҷамоати деҳоти Лоҳур (барои 40 нафар кӯдак) идома дорад.
Таваҷҷуҳ ба забонҳои хориҷӣ
Дар таълимгоҳҳои ноҳия оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №427, аз 3-юми июли соли 2014 “Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 382 нафар омӯзгорони фанни забони хориҷӣ, аз ҷумла, 367 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 280 нафар бо таҳсилоти олӣ, 87 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият доранд. Ҳамчунин, дар таълимгоҳҳои ноҳия 5 нафар омӯзгорони фанни забони олмонӣ, 2 нафар омӯзгорони фанни забони фаронсавӣ, 7 нафар омӯзгорони фанни забони арабӣ кор мекунанд.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 422 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ (аз онҳо 330 нафар бо таҳсилоти олӣ, 92 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ) фаъолият намуда истодаанд. Аз шумораи умумии омӯзгорони фанни забони русӣ 174 нафарашон мутахассисони ҷавон мебошанд.
Гиромидошти забони давлатӣ
Дар таълимгоҳҳои ноҳия ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Омӯзгорони фанни забони давлатӣ 93 нафарро ташкил медиҳанд. Аз онҳо 48 нафарашон бо таҳсилоти олӣ, 45 нафарашон бо таҳсилоти миёнаи махсус, 41 нафарашон ихтисосманд, 52 нафарашон ғайриихтисос ва 16 нафарашон мутахассисони ҷавон мебошанд. Аз онҳо бо тахассусҳои олӣ 21 нафар, якум 31 нафар, дуюм 18 нафар ва бетахассус 23 нафар мебошанд.
Дар таълимгоҳҳои ноҳия инчунин 614 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 392 нафар занон ба таълими фанҳои забон ва адабиёти тоҷик машғуланд. Аз шумораи умумии омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик 513 нафарашон таҳсилоти олӣ ва 101 нафарашон таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд.
Омӯзиши фанни забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия мувофиқи нишондоди нақшаи таълимӣ ҷорӣ карда шудааст, ки ба хонандагони синфҳои 2 – 11-и таълимашон ба забонҳои русию ӯзбекӣ забони давлатиро меомӯзонанд.
Машғулиятҳои варзишӣ
Масъалаи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №260, аз 26-уми майи соли 2017 “Дар бораи Барномаи маҷмӯии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021” дар маркази диққати кормандони раёсат ва таълимгоҳҳо меистад. Аз ин ҷост, ки дар соли 2019 миёни хонандагон аз рӯи намудҳои бозиҳои волейбол, баскетбол, шашка ва шоҳмот мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шудаанд. Дар ин мусобиқаҳо хонандагони муассисаҳои таълимии №№ 32, 52, 53, 63, 68, 47, 180, 59, 1, 45, 179, 73, 14, 18, 25, 123, 34, 115, 54, 5, 4, 8, 175, 9, 3, 33, 32, 6, 10, гимназияи тоҷикӣ-русӣ ва гимназия барои бачагони лаёқатманд фаъолияти хуб нишон дода, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Ғайр аз ин, дар даври минтақавии мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди бозии шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” дар шаҳри Ваҳдат моҳи октябри соли гузашта хонандаи синфи 8 ва хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти умумии асосии №107-и ноҳия хоҳарон Нӯшини Мунавварзод ва Афсонаи Мунавваршоҳ фаъолона иштирок карда, сазовори ҷойи аввал гардида, ба даври ҷумҳуриявии мусобиқаи мазкур роҳхат гирифтаанд ва дар ин даври мусобиқа низ ҷойҳои ифтихориро ишғол карда, соҳиби ҷоиза гардидаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки айни ҳол дар назди муассисаҳо 42 толори варзишӣ, 98 майдончаи футбол, 130 майдончаи волейбол, 85 майдончаи баскетбол, 22 майдончаи тӯби дастӣ ва 18 шаҳрчаи гимнастикӣ мавҷуд аст.
Компютерикунонии таълимгоҳҳо
Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии ноҳия бо компютер бо ҷалби маблағҳои буҷаи ноҳия, соҳибкорон ва шахсони алоҳида ба таълимгоҳҳои ноҳия 2622 адад компютер ва 573 адад принтер дастрас гардидааст. Ғайр аз ин, дар таълимгоҳҳои ноҳия 43 адад тахтаи электронӣ, 64 дона видеопроектор, 85 адад сканер мавҷуд буда, 153 муассиса ба шабакаи интернет пайваст карда шудааст. Ҳоло ба хонандагони таълимгоҳҳои ноҳия 181 нафар омӯзгорон аз фанни технологияи иттилоотӣ дарс медиҳанд.
Муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия барои амалӣ намудани талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №433, аз 29.09.2017 «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» тадбирҳо меандешанд. Бо ин мақсад қарори раиси ноҳия №865, аз 9-уми марти соли 2018 ба тасвиб расидааст, ки мувофиқи он дар ин солҳо таълимгоҳҳои ноҳия боз 4288 адад компютер ва 56 адад тахтаи электронӣ харидорӣ менамоянд.
Вазъи моддиву техникӣ
Дар соли 2019 муассисаҳои таълимии ноҳия 1283 ҷуфт мизу курсӣ барои хонандагон, 82 адад тахтаи синфӣ, 304 адад мизу курсӣ барои омӯзгорон, 434 адад компютер, 49 адад миз барои компютер харидорӣ намудаанд. Дар ин давра 6 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умумии №49 барои 144 нафар хонанда, биноҳои нави муассисаҳои №25 барои 240 нафар хонанда дар як баст, №182 барои 640 ҷои нишаст дар як баст, №85 барои 320 ҷои нишаст дар як баст, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди таълимгоҳи №105 барои 96 нафар хонанда, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи №5 барои 96 нафар хонанда, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди таълимгоҳи №172 барои 96 нафар хонанда, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи №113 барои 96 нафар хонанда, 2 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи №76 барои 48 нафар хонанда, 2 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи №9 барои 48 нафар хонанда, 6 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи №107 барои 144 нафар хонанда, 2 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи №110 барои 48 нафар хонанда, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи №117 барои 96 нафар хонанда, 2 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи №137 барои 48 нафар хонанда, 2 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи №13 барои 48 нафар хонанда, бинои иловагӣ дар назди кӯдакистони №1 барои 50 нафар тарбиятгиранда ва муассисаи томактабии хусусӣ дар деҳаи Очамайлии ҷамоати деҳоти Чортеппа сохта ба истифода дода шудаанд.
Бояд гуфт, ки рӯзи 25-уми сентябри соли 2019 биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №182-и деҳаи Ҷӯибодоми ҷамоати деҳоти Чортеппа ва №85-и деҳаи Оли Сомони ҷамоати деҳоти Зайнабобод бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуданд.
Ҳоло сохтмони бинои нави таълимгоҳҳо дар шаҳраки М. Турсунзода (деҳаҳои Турдиев ва Истиқлол-3), синфхонаҳои иловагӣ дар назди таълимгоҳҳои №№51 (4-то), 29 (4-то), 124 (4-то), 45 (2-то), 166 (4-то), 161 (3-то), 60 (1-то), 38 (4-то), 61 (2-то), 125 (1-то), 69 (4-то), 2 (4-то), 119 (1-то) идома дорад.
Квотаи Президентӣ ва идомаи таҳсил
Барои бо омӯзгорони соҳибихтисос таъмин кардани муассисаҳо ҳар сол тибқи квотаи Президенти ҷумҳурӣ аз 18 нафар то 23 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия барои хондан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ фиристонида мешаванд. Бояд гуфт, ки соли 2019 барои 10 нафар духтарон ва 9 нафар писарон квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохил шуданашон ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ҷудо гардида, дар даври ҷумҳуриявии довталабони квота (аввали моҳи июн) 90 нафар хатмкунандагони таълимгоҳҳои ноҳия иштирок намудаанд. Аз онҳо 10 нафар духтар ва 8 нафар писар дар озмун ғолиб омада, тибқи квота ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ дохил шудаанд.
Дар ин давра аз 9137 нафар хатмкунандагони синфи 9-ум 659 нафарашон ва аз 5139 нафар хатмкунандагони синфи 11-и таълимгоҳҳои ноҳия 2968 нафарашон ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд. Ғайр аз ин, 83 нафар хатмкардагони синфи 9-и солҳои гузаштаи таълимгоҳҳои ноҳия соли 2019 ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд. Тавассути Маркази миллии тестӣ соли 2019-ум 463 нафар хатмкардагони синфи 9 ва 2306 нафар хатмкардагони синфи 11 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ дохил шудаанд.
Иштирок дар озмуну олимпиадаҳо
Дар ин давра миёни хонандагони синфҳои 2-4-и таълимгоҳҳои ноҳия озмуни «Хушнависон» баргузор гардида, дар он 477 нафар хонандагон иштирок намудаанд. Аз ин шумораи хонандагон 82 нафарашон сазовори ҷойи якум, 99 нафарашон сазовори ҷойи дуюм ва 77 нафарашон сазовори ҷойи сеюм гардидаанд.
Санаҳои 23-24-уми феврали соли 2019 даври минтақавии олимпиадаи анъанавӣ (ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) дар Мактаби президентии шаҳри Ҳисор барои синфҳои 11 баргузор гардида, дар он 87 нафар хонандагони синфи 11-и таълимгоҳҳои ноҳияи Рӯдакӣ ширкат варзидаанд. Дар ин даври олимпиада хонандагони таълимгоҳҳои ноҳия 3 медали тилло, 9 медали нуқра, 9 медали биринҷӣ ва зиёда аз 10 ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд. Инчунин, санаҳои 16-17-уми марти соли 2019 даври ҷумҳуриявии олимпиадаи анъанавӣ дар Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он 21 нафар хонандагони ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намудаанд. Дар ин даври олимпиада хонандагони синфҳои 11-и таълимгоҳҳои ноҳия 3 медали нуқра, 1 медали биринҷӣ ва 1 ҷойи ифтихорӣ гирифтаанд.
Дар баробари ин, дар ин давра хонандагони таълимгоҳҳои ноҳия дар олимпиадаи ҷумҳуриявии даставӣ иштирок карда, соҳиби 3 медали тилло, 4 медали нуқра, 2 медали биринҷӣ ва 5 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд.
Дар ин давра сессияи 41-и баҳории Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст, ки дар он 60 нафар хонандагони таълимгоҳҳои ноҳия бо лоиҳаҳои илмии худ иштирок карда, аз онҳо 7 нафарашон узви пайвастаи академияи мазкур интихоб шуда, бо дипломҳои дараҷаҳои 1, 2, 3 ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудаанд.
Бояд гуфт, ки дастовардҳои таълимгоҳҳои ноҳия дар самти иштирок дар озмуну олимпиадаҳо хеле зиёд аст. Аз ҷумла, хонандагони синфҳои 9 ва 10-и ноҳияи Рӯдакӣ соли хониши 2019-2020 дар олимпиадаи анъанавии фаннии даври ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок карда, ҷойи аввалро дар байни шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ касб намудаанд. Аз 200 нафар иштироккунанда 110 нафар ба даври ниҳоии олимпиадаи анъанавӣ роҳхат гирифтаанд. Инчунин, 100 нафар хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таълимии ноҳия дар даври ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро сазовор гардидаанд. Аз ҷумла, бо 40 ғолибият миёни шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавқеъ ёфтаанд.
Истироҳати тобистонаи хонандагон
Барои ташкил намудани истироҳати тобистонаи хонандагони таълимгоҳҳои ноҳия чораҳо андешида шудаанд. Бо ин мақсад дар назди муассисаҳои таълимии №№1, 5, 7, 10, 11, 14, 15, 16, 32, 33, 34, 36, 37, 45, 52, 53, 54, 57, 59, 67, 68, 74, 123 ва 179-и ноҳия лагерҳои наздимактабӣ бо додани хӯрок ва дар назди дигар таълимгоҳҳо лагерҳои наздимактабӣ бе додани хӯрок ташкил гардидаанд. Ба лагерҳои наздимактабие, ки бо хӯрок додан ташкил гардидаанд, дар ду баст 4800 нафар хонанда фаро гирифта шудаанд. Бояд гуфт, ки барои фаъолияти лагерҳои тобистона барои 24 мактабе, ки лагерро бо додани хӯрок ташкил кардаанд, аз ҳисоби буҷаи ноҳия 192000 сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар лагерҳои наздимактабие, ки бе додани хӯрок ташкил карда шудаанд, дар маҷмуъ 5100 нафар хонанда ҷалб гардидаанд.
Вазъи кори таълиму тарбия
Вазъи кори таълиму тарбия ва соҳа дар давраи соли 2019-ум дар 11 маҷлиси мушовараи раёсат (зиёда аз 70 масъала), 10 ҷаласаи назди сардори раёсат (21 масъала), 10 маҷлиси назди ҷонишини сардори раёсати маориф (16 масъала) ва масъалаҳои ҳалталаби соҳа дар маҷлисҳои назоратии назди сардори раёсати маориф мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.
Дар ин муддат ба раёсати маорифи ноҳия 939 адад қарору фармоишҳо ва мактубу дархостҳои ташкилотҳои болоӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаю идораҳо ворид гардидааст.
Аз раёсати маорифи ноҳия ба дигар ташкилотҳо ва соҳаҳои дахлдор 1071 адад мактубу ҷавобҳо ва дархосту пешниҳодҳо ирсол гардидаанд. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта дар раёсати маориф шаҳрвандон қабул карда мешаванд.
Сардори Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ муҳтарам Абдураҳимзода Абдуҷаббор Худойназар мегӯяд, ки “кормандони раёсати маорифи ноҳия минбаъд ҳам таҳти сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳ гаштани сифати таълиму тарбияи насли наврас тадбирҳо меандешанд ва вазифаҳои ба зимма доштаашонро иҷро мекунанд”.
– Мо – маорифчиёни ноҳияи Рӯдакӣ бо дили гарму руҳияи баланд ба таълиму тарбияи хонандагон машғул гардида, кӯшиш мекунем, ки ин соҳаи муҳим аз ҳама ҷиҳат рушд намояду боиси ифтихорамон гардад,- изҳор медорад ӯ.
Шаҳло СОДИҚЗОДА