Дар бораи қотилию даҳшатафканиҳои саркардагон ва аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣ ҳар қадар гӯем ва нависем боз ҳам кам аст. Зеро ин ташкилоти террористии наҳзатӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта ба миллату давлати тоҷик  чунон бадбахтию бенизомӣ оварда буданд, ки чунин ҳолатро халқи тоҷик дар тамоми тӯли таърихи хеш  надида буд. Ҳарчанд халқи тамаддунофар ва фарҳангпарвари тоҷик дар шебу фарози таърих борҳо дучори чунин вазъияту ҳолатҳо гардида буд, вале ҳеҷ яки онҳо ба мисли ваҳшоният ва бедодгариҳои саркардагону аъзоёни ин ташкилоти террористии наҳзатӣ набуд. Аммо агар халқи тоҷик дар қарнҳои қаблӣ аз ҷониби душманону бадхоҳони аҷнабӣ дучори ин гуна ҳолатҳо мегардид, дар замони аввали истиқлолият аз дасти нохудогоҳон, худбохтагон, аҷнабигароён ва девонамаобони наҳзатӣ, ки ҳамагӣ зодагони ин марзу бум буданд, ба гирдоби нооромию бадбахтӣ афтод.

Ин доми гузошта ва чоҳи кандаи наҳзатиҳо дастур ва супориши хоҷагони хориҷии онҳо буда, ба хотири задани теша ба решаи миллати мо ва аз байн бурдани давлате бо номи Тоҷикистон буд, на чизи дигар. Дар ин раванд, намояндагони ташкилоти террористии наҳзатӣ ба хотири ба даст овардани давлату сарват манфиатҳои кӯчаки хешро пеш гузошта, манофеи умумимиллию умумидавлатиро сарфи назар ва поймол карданд. Онҳо мехостанд, ки ба таъриху фарҳанг ва илму адаби гузаштаи дури халқи куҳанбунёди мо хати батлон зада, ин марзу бумро ба биёбони хушку холӣ ва беҳосил табдил диҳанд.

Наҳзатиҳои террорист пеш аз ҳама озодандешону равшанфикрон ва кулли ашхосеро, ки барои ҳифзи манфиату арзишҳои миллӣ камари ҳиммат баста буданд, бераҳмона ба қатл мерасониданд. Террористони наҳзатӣ сараввал ба қатлу куштори олимону рӯзноманигорон, ки аз тамоми сирру асрори хиёнаткориҳо, душманиҳо ва пинҳонкориҳояшон ба пуррагӣ огоҳ буданду метавонистанд онҳоро ифшо кунанд, даст заданд. Ноҷавонмардони наҳзатӣ беҳтарин фарзандони миллати тоҷикро нобуд карда, мехостанд чароғи илму маърифатро дар кишвар хомӯш созанд.

Дар қатори ин фарзонафарзандони миллати тоҷик хунхорони наҳзатӣ зиндаёд Махсум Олимиро, ки ҳамеша бар зидди ақидаҳои ифротӣ-террористии ин ташкилоти террористии наҳзати исломӣ баромад мекард, ғурури миллӣ, илму дониши баланд ва дар ҷомеа нуфузи намоён дошт, куштанд. Махсум Олимӣ яке аз шахсиятҳои барӯманд ва пешбарандаи ҷомеаи тоҷик ба сӯйи равшанӣ ва ояндаи нек буд. Ба ҳама якрӯ буд ва касеро бегона намеҳисобид, дар байни омма гаштугузор мекард ва тарсе аз марг надошт, озодона ба муқобили ин ифротиёни наҳзатӣ суханони оташин  мегуфт.

Махсум Олимӣ 10-уми октябри соли 1956 дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, дар ҳамон ҷо ба воя расид. Соли 1973 баъди хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи энергетикии шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) дохил шуда, онро соли 1978 ба итмом расонид. Фаъолияти кориашро аз рӯйи ихтисосаш дар матбааи шаҳри Душанбе ба ҳайси барқчӣ оғоз намуд.

Махсум Олимӣ аз хурдӣ ба шеъру шоирӣ завқи баланд дошт. Нахустин шеъри ӯ бо номи «Модар» соли 1975 дар рӯзномаи «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ рӯйи чоп омад. Ҳамчунин, дар давраи донишҷӯияш дар шаҳри Қӯрғонтеппа шеъру таронаҳояш дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва «Маориф ва маданият» пайваста нашр  мешуданд.

Сипас, Махсум Олимӣ соли 1984 Институти адабии ба номи А. М. Горкийи шаҳри Москваро  бо муваффақият хатм намуда, ба ҳайси муҳаррир ва ходими адабӣ дар нашриёти «Ирфон» ба фаъолият оғоз намуд. Ҳамзамон, бо матбуоти даврӣ ҳамкориҳои хуб дошт. Махсум Олимӣ солҳои 1985 то 1991 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, маҷаллаи «Занони Тоҷикистон», Радиои Тоҷикистон ва рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба ҳайси хабарнигор кору фаъолият кард. Махсусан, солҳои 1987-1989 ҳангоми дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба ҳайси хабарнигори шӯъбаи маориф ва фарҳанг кор карданаш ӯ бештар ба масъалаҳои мубрами соҳаи маориф, забон ва адабиёт рӯ оварда, як силсила мақолаҳои ҷолиб навишт. Ҳамчунин, дар ин давра китоби нахустинашро бо номи «Бӯйи умед»  дар нашриёти «Ирфон» ба нашр расонид.

Махсум Олимӣ дар баробари фаъолияти шоирию рӯзноманигорӣ, инчунин, ба тарҷумаи осори халқҳои шӯравӣ низ машғул шуда, шеърҳои Тоҳир Тохис (Озорбойҷон), Мӯсо Низом (Озорбойҷон), Арбен Кардашов, Райсат Саидова (Доғистон), Рашад (Озорбойҷон), Оразгул Оннаева (Туркманистон) тарҷума кардааст.

Сад афсӯс, ки тири ноҷавонмардонаи саркардагон ва аъзоёни ташкилоти террористии  наҳзати исломӣ  синаи Мухсум Олимиро низ шикофт ва риштаи умраш канда шуд. Санаи 24-уми октябри соли 1992, шоири ҷавони мумтоз Махсум Олимӣ дар овони камолоти эҷодӣ аз дасти қотилони ташкилоти террористии наҳзати исломӣ, Пираков Диловар Шохович ва гурӯҳи яроқноки ин палиди наҳзатӣ  дар шаҳри Душанбе кушта шуд ва пас аз чанд рӯз ҷасади дар хоку хун оғуштаи ин марди хирадро дар канори шаҳр пайдо намуданд.

Имрӯзҳо саркардаи фирорӣ бо дигар пайравонаш дар хориҷи кившар қарор дорад ва тавассути шабакаҳои интернетӣ баромад намуда, аз адолату озодӣ, ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии кишвар, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ сухан мегӯянд. Вале дар амал барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон аз содир намудани ягон ҷинояту хиёнат даст накашидаанд. Ин палидони наҳзатии фирорӣ то ҳанӯз ноҷавонмардона дар расонаҳои хабарӣ бо тӯҳмату бӯҳтон давлату миллатро сиёҳ карда, норозигию иғво ва кинаю адоват бармеангезанд. Аммо мардуми кишвар аз симои аслии ин ватанфурӯшони наҳзатӣ бохабаранд. Онҳо душмани сулҳу оромӣ, илму дониш, санъату ҳунар, фарҳангу маърифат ва эҷодкорӣ мебошанд. Тамоми рафтору кирдори наҳзатиёни террорист муқобили зиндагии осоишта, сулҳу субот, дӯстию рафоқат, баробарию бародарӣ ва умед ба фардои нек равона гардида, душману бадхоҳи миллатанд.

Аз ин рӯ, миллати сарбаланди тоҷик дигар фиреби ин тоифаро намехӯрад ва хуб дарк мекунад, ки кулли фирориёни наҳзатӣ террористони хунхор буда, душманони аслии миллат ва меҳани мо маҳсуб меёбанд. Чунки амалҳои анҷомдодаи онон аз аввали замони  соҳибистиқлолӣ то ҳанӯз бар хилофи манфиатҳои миллӣ ва пешрафти ҷомеа мебошанд.

Имрӯз боз тирамоҳи заррин аст, тирамоҳи пур аз умеду орзуҳо. Тирамоҳе, ки бо тамоми ҳусну тароваташ дар дили мо ҷой дорад. Аз он рӯзи шуму даҳшатбор, аз он рӯзе, ки рӯзноманигори варзида, Махсум Олимӣ аз дасти душманону бадхоҳони миллати тоҷик  ваҳшиёна ба қатл расонида шуд, 31 сол сипарӣ гардид.

Миллати тоҷик аз ин фарзанди фарзонаи худ – Махсум Олимӣ ифтихор дорад. Хотираи неки устоди зиндаёд дар дилу дидаи мардум абадан ҷой гирифтааст ва номаш доимо  вирди забонҳост.

Халифаев  ШАМСУДДИН, сармуҳарри  рӯзномаи «Файзи Зарафшон»-и ноҳияи Айнӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь