Борхалта

Аниси Ҳикмат дар давраи донишҷӯӣ ба ҷои кори устодаш Саттор Турсун кам- кам равуо дошт. Як рӯз устодаш хоҳиш карданд, ки бо як нафари дигар пагоҳ ба назди бозори собиқ “Баракат” ҳозир шаванд. Ду- се нафар нависанда аз кишварҳои Арабистон ба Тоҷикистон меомадаанд. Бояд онҳоро ба хона даъват намоянд. Аниси Ҳикмат бо як нафар ҳамдеҳааш пагоҳ соати муайяншуда дар бозор бо устод Саттор Турсун вомехӯранд.

Дертар, баъди бозор бо 4- 5 борхалтаи пур аз масолеҳ дар назди девори роҳи зеризаминии кӯчаи Баракат мерасанд. Устод Саттор Турсун мехоҳанд, ки андаке дам гиранд. Аниси Ҳикмат борхалтаҳоро ба рӯи девори начандон баланд гузоштанӣ мешавад. Аммо борхалтаҳо рост намеистанд. Устод Саттор Турсун ин мушкилиро осон мекунанд, борхалтаҳоро гардан ба гардани ҳам мегузоранд. Борхалтаҳо рост меистанд ва устод нарм мегӯянд:

– Хар гардани хар гирад, ғар гардани ғар гирад!

Хамӯшак

Аниси Ҳикмат дар утоқи кории дӯсташ, ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи миллии “Садои Шарқ” Давлати Раҳмониён бо устодаш  Муҳаммад Ғойиб вохӯрд. Аз ин дидор хеле шод гашт Анис. Зеро дер боз аз луфту зарофатҳои устод бо шавқ нахандида буд. Устод хислати аҷоиб доштанд. Бо нимтабассум воқеаро нақл мекарданд, аммо худашон намехандиданд. Мо бошем, аз зарофатҳои он кас аз ханда рӯдакан мешудем. Дертар устод, ки давраи пирӣ мерониданд, аз дӯстонашон гила намуданд ва бо лутф гуфтанд:

– Ба ҷуз хамӯшак касе ба дидори ман намеояд!

Писари Шариф

Аниси Ҳикмат дар утоқи дӯсташ, сармуҳаррири маҷаллаи “Тоҷикистон” Ҷумъаи Мирзо бо ҳам сӯҳбат доштанд. Ин лаҳза дӯсти дигарашон Муродалӣ Собир пайдо гашт. Ҳар ду аз ҷо хестанд. Анис, ки ба дар наздиктар меистод, бо Муродалии ҳалим ва хушгуфтор оғӯш ба оғӯш гаштанд. Баъд вай ба Ҷумъаи Мирзо наздик шуду вақти оғӯш нарм гуфт: “Марди шариф!”.

Ҷумъа, ки марди самимӣ ва ширингуфтор буд, ба ин сифати дӯсташ бо лутф ҷавоб гардонд:

– Бе ҳамин ҳам ман “марди шариф” ҳастам. Охир, номи падарам Шариф аст!

Пешдастӣ

Аниси Ҳикмат тӯли 15 сол бо сабабҳои номаълум дар ягон ҷо кор намекард. Дар хона зиқ мешуд. Баъд ҳафтае як бор рӯзи душанбе ба дидори дӯстонаш ба Маҷмааи табъу нашр ба “Шарқи озод” мерафт. Дӯстонаш ҳар рӯзи душанбе Анисро интизор буданд ва он рӯзро шӯхиомез “рӯзи дидор” меномиданд. Анис дар ҳалқаи дӯстон хумор мешикаст ва аз лаззати дидор хеле сабук мешуд.

Ҷумъаи Мирзо, ки котиби масъули рӯзномаи “Анбоз” ва корманди рӯзномаи “Дунё” буд, вазифаашро иваз кард. Ӯро аз боло сармуҳаррири маҷаллаи “Тоҷикистон” тайин намуданд. Ҷумъаи Мирзо ба ошёнаи дуввуми бинои нашриёти “Адиб” рафт. Анис аввал ба дидори дӯстонаш ба Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод”, баъд ба дидори дӯсташ Ҷумъаи Мирзо ба маҷаллаи “Тоҷикистон” мерафт.

Анис ду- се бор ба маҷаллаи “Тоҷикистон” рафт, аммо дӯсташ Ҷумъаи Мирзоро дар ҷои кор наёфт. Рӯзе дар зинапояи Маҷмаии табъу нашри “Шарқи озод” бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд. Ҷумъа вақти оғӯш гуфт:

– Мо имрӯз пешдастӣ намуда, кори шуморо анҷом додам. Яъне дӯстонатонро зиёрат намудам.

Хӯроки арзон

Аниси Ҳикматро вақти хӯрдани ғизо бедандонӣ азоб медод. Хост аз ин дард халос шавад ва дандони сунъӣ шинонад. Рӯзе аз дӯсташ Ҷумъаи Мирзо, ки корафтода буд, маслиҳат пурсид.

– Беҳтарин навъашро интихоб кунед, ки вақти хӯрдани ғизо азоб накашед,- гуфт дӯсташ.

Аниси Ҳикмат баъди як моҳи табобат, ба назди Ҷумъаи Мирзо рафт.

– Аз кадом навъаш?- пурсид Ҷумъа аз дур ба дандонҳои дӯсташ назорат намуда.

– Нархи навъи аълояш 9 ҳазор будааст, тавоноӣ нарасид. Баъд ба навъи одияш, ки 5 ҳазор арзиш доштаст, розӣ шудам.

– Э, ба фоидаи хазинаи хонадон кор кардед- ку!

– Чӣ хел?

– Зӯри дандони арзон ба пора кардани гӯшт намерасад, пас хӯроки арзон мехӯред!

Ҷавон шудед!

Нафақаи Аниси Ҳикмат, ки дербоз интизораш буд, ахир муайян шуд. Ӯ бори аввал нафақаи ночизро аз бонк гирифту бо авзои парешон дар кӯча қадам мезад. Дар роҳ ногаҳон бо дӯсташ Хайрандеш ва устодаш Абдусаттори Раҳмон рӯ ба рӯ гаштанд. Аз ин дидор Анис хеле шод гашт. Баъд устодаш Абдусаттори Раҳмон ба пурсупос гузаштанд:

– Гоҳ- гоҳ дар рӯзномаҳо бо навиштаҳоят дучор мешавам, аммо худатро дер боз надида будам. Ху- уб, зиндагӣ чӣ тур?

– Бо кӯмаки дору зиндагӣ бад намегузарад.

– Эҳ, дубора ҷавон шудед- ку!- ҳозирҷавобӣ менамояд дӯсташ Хайрандеш.

– Барои чӣ?- ҳайратзада мепурсад Аниси Ҳикмат.

– Охир, ҷавонони замони мо бе дору ҳатто қадам намегузоранд!- лутф менамояд дӯсташ Хайрандеш.

Варақаи боздид

Аниси Ҳикмат, Хайрандеш ва Абдусаттори Раҳмон дар кӯчабоғи Рӯдакӣ бо хушҳолӣ қадам мезаданд. Ҳар се ёди рӯзгори гузашта менамуданд. Устод Абдусаттори Раҳмон ба нақли ҷолибе гузаштанд. Он кас рӯзе дар кӯча бо дӯсташон шоири хушсалиқа ва саропо зарофатгӯ Салими Зарафшонфар (дӯсти Анис низ) рӯ ба рӯ мешаванд. Сӯҳбат хеле хуш мегузарад. Пеш аз хайрухуш устод Абдусаттор аз Салим суроға ва рақами телефонро мепурсанд. Салим аз кисаи сари сина варақаи боздидро дароз мекунад. Устод варақаро мегиранд, чаппаву роста менамоянд, аммо навиштареро пайдо намекунанд. Баъд мегӯянд:

– Дар варақа чизе нест!

– Барои шоири бехонаву дар шукр, ки ҳаминаш ҳам ҳаст!- ҳозирҷавобӣ менамояд Салим.

Пинҳоншавӣ

Аниси Ҳикмат дӯсташ Салими Зарафшонфарро дербоз надида буд. Рӯзе шунид, ки рухсатии дӯсташ тамом шудааст ва ба хотири дидор ба бинои Иттифоқи Нависандагон рафт. Анис дари утоқи ҷонишини сармуҳаррирро, ки ҷои кори дӯсташ буд, кӯфт. Касе боз накард. Аз котиби масъул пурсид. Вай гуфт, ки ҳозиракак дар ҳамин ҷо буд. Дари ороишгарро кӯфт. Вай ҳам гуфт, ки ҳозиракак аз ин ҷо баромад. Баъд ба назди утоқи сармуҳаррири “Адабиёт ва санъат” Парда Ҳабиб наздик шуда буд, ки Салим аз он ҷо берун шуд. Анис раҳораҳ гуфт:

– Дӯстам, пайдо кардани шумо корест мушкил!

Ҳарду оғӯш ба оғӯш гаштанд. Баъд Салим бо табассуме дилкаш ҷавоб дод:

– Ба ҷуз пинҳоншавӣ аз Парда боз чӣ ҳам меомӯзӣ?

Ҳаммом

Як давра Аниси Ҳикмат ба ҳамроҳии дӯсташ Салими Зарафшонфар дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” фаъолият доштанд. Рӯзе собиқ суратгири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” Нурулло Исобоев, ки бо онҳо шинос буд, ҳардуро ба зиёфат даъват кард. Ҳар се ба ошхонаи собиқ бозори “Баракат”, ки ба идораи рӯзнома наздик буд, рафтанд. Дар атрофи мизи кунҷӣ нишастанд ва хӯрок бо шишаи арақ супориш шуд. Ин лаҳза устод Гулназар бо як нафар рафиқашон пайдо гашта, бо онҳо пайвастанд. Сӯҳбат хеле ҷӯшид ва арақ тамом шуд. Ин дафъа устод Гулназар шишаи дигаре супориш доданд. Сӯҳбат боз тафсид ва шиша қариб нисф шуда буд, ки Нурулло бо баҳонаи дастшӯӣ ҷузвдони суратгириашро бо худ гирифту ба берун баромад. Баъди чанде хӯрдани таом ба охир расид, аммо аз Нурулло бошад, дараке набуд. Анису Салим ҳайрон ба якдигар менигаристанд. Пешхизмат расид. Устод Гулназар бе ҳеч истиҳола аз киса пулро берун карданду ҳаққи ҳамаро пардохтанд ва нарм гуфтанд:

– Нурулло ба ҷои дастшӯӣ гоҳ- гоҳ ба ҳаммом меравад!

Нос кашед!

Аниси Ҳикмат баъди тановули оши палов дар хонадони устод ва шахси наздикаш шодравон Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ каҷпаҳлӯ зада, хост нос бикашад. Ӯ ба устодаш рӯ меорад:

– Ако, баъди нос кашиданам, аз ман чизе напурсед. Бо даҳони пур ман гап зада наметавонам.

Устодаш розӣ мешавад.

Баъди гузаштани соате усто омада, қафои телевизионро, ки вайрон шуду буд, мекушояд ва барои берун кардани қисми зарурӣ мушкилӣ мекашад. Чунин кори усторо дида, Анис ба танқид мегузарад. Рафтори ӯ ба устодаш писанд намеафтад, ки бо табассум мегӯяд:

– Мулло Анис, нос кашед, нос!

Мӯза

Охирҳои моҳи ноябр буд. Аниси Ҳикмат ба назди дӯсташ Хайрандеш, ки сармуҳарририи рӯзномаи “Пайрав”-ро бар ӯҳда дошт,  ташриф овард. Рӯзнома ҳикоя ва шеърҳои ҷолибро чоп менамуд. Анис мухлис буд ва навиштаҳои онро пайваста мутолиа мекард. Имрӯз низ саҳифаҳои рӯзномаи тозанашрро варақ зад, дар сохти сутун андаке нуқс ёфт.

– Сутунҳои ҳикоя шакли мӯзаро гирифтааст!- гуфт ӯ.

Хайрандеш бо як табассуми малеҳ ҷавоб дод:

– Боке нест, чунки зимистон наздик аст!

Хока хӯрам!

Аниси Ҳикмат бо устоди зиндаёд Холмаҳмад Мавлонов дар ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём” якҷоя кор мекарданд. Рӯзе устод аз дарди шикам шикоят намуданд. Анис маслиҳат дод, ки шояд шикам бод гирифта бошад ва аз хӯрдани чизи миҷозаш хунук парҳез кунанд.

Дертар Анис вориди утоқи устод мешавад ва он касро дар ҳолати хӯрдани нок мебинад, баъд бо садои андаке баланд  мегӯяд:

– Ман ба шумо нагуфта будам, ки чизи хунук нахӯред?

– Дигар чизи хӯрданӣ набошад, чӣ, нока нахӯрда, хока хӯрам!?- бо садои марғуладорашон ҷавоб медиҳанд устод.

Шеърҳои дигарон

Аниси Ҳикмат дар мавзӯи ишқ шеъре навишт. Як байти шеър барояш писанд набуд. Сахт кӯшиш кард, ки байтро тағйир диҳад, аммо натавонист. Шеър бо баҳонаи ноқисии байт чанд сол рӯи чопро надида, дар хазина хоб буд. Анис шеърро барои додани маслиҳат ба устод Холмаҳмад Мавлонов пешниҳод кард. Ба он кас писанд афтид, баъди тағйир додани байт шеър дар ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём” чоп шуд.

Аз ин воқеа ду ҳафта гузашт. Рӯзе ҳарду дар хиёбони Рӯдакӣ қадам мезаданд. Анис ба шикоят гузашт:

– Ман шеърро дар коғаз менависам, аммо ягон сатраш дар хотирам намеистад. Баъд маҷбурам, ки азёд кунам.

– Байтҳои навиштаи ман ҳамеша дар хотирам мемонанд.

– Чӣ хел?

– Охир, байтҳои ман дар байни шеърҳои дигарон аст,- бо табассуми дилкаш ҷавоб медиҳанд устод.

Попӯш

Дӯсти Аниси Ҳикмат зиндаёд Шарифи Мисайзод ба ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём” мақолае ваъда кард. Анис як саҳифаро ба ихтиёри ӯ гузошт.  Шариф, ки корманди радиои “Садои Душанбе” буд, ҳар субҳ сари вақт ба кор ҳозир мешуд. Ин пагоҳ аз чӣ бошад, вай дер мекард. Анис бояд ҳафтаномаро саҳифабандӣ намуда, ба чоп месупорид.

Мисайзод нисфирӯзӣ пайдо гашт. Анис лаб ба шикоят кушоданӣ буд, ки дӯсташ Шарифи қадкӯтоҳ зуд ба лутф гузашт:

– Бубахш, бепопӯшӣ сабаби дер кардани ман шуд. Ману писари даҳсолаам як попӯш дорем, вай аз мактаб баргашт, баъд ман пӯшидаму омадам.

Обед

Аниси Ҳикмат аз истгоҳи Сирк то бинои Иттифоқи Нависандагон пиёда расид. Дари утоқи дӯстонашро кӯфт, касе боз накард. Маълум шуд, ки онҳо ба хӯроки нисфирӯзӣ рафтаанд. Фақат дари Бахши наср боз шуд. Анис дид, ки устод Сироҷиддин Икромӣ сархам машғули коранд, баъди пурсупос ба он кас муроҷиат  кард:

– Ягона дилсӯзи Ватан шумо будаед. Ҳама кормандон ба обед рафтаанд, шумо бошед, саргарми навиштани чизе.

Устод Сироҷиддин табассуме маънидор намуданд ва гуфтанд:

-Мо вожаи “обед”- ро кайҳо ба сандуқи архаизм супоридаем!

Ҳамроҳи  АВЛИЁПУР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь