Шоир андар синаи миллат чу дил,

Миллати бешоире анбори гил.

Андешаҳо дар ҳошияи китоби тозанашри Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ устод Раҳмат Назрӣ «Лангар» Душанбе-2021.

Миллати гурдофари соҳибтамаддуни тоҷик бо адабиёт ва фарҳанги ҷовидонааш ҷаҳонро тасхир намуда, дар баробари соири қавму миллатҳои олам дар қаламрави хирад ва тавоноии зеҳни соҳиби ҷойҳои хосе мебошад. Ҳамин будаву ҳаст, ки фарзандони фарзонаи он, устодон Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Закариёи Розӣ, Низомии Ганҷавӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Мавлоно Ҷалоллиддини Балхӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Сайидо, Мулҳам, Шавкат, Шоҳин, Нозими Ҳиравӣ, Ҳайрат ва садҳои дигар номи поки ин миллати тамаддунофарро шӯҳраи ҷаҳон намудаанд. Дар ин росто хидмати фарзандони фарзонаи миллат устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров хеле пурарзиш буда, қалами сеҳрноки маъниофари онҳо дар замони нави худшиносии миллӣ дар қаламрави Шӯравии мардумсолори фарҳангпарвар номи миллати тоҷикро шуҳраи он қаламрав намудаанд. Шоирон ва нависандагони шуҳратёри тоҷик устодон Садриддин Айнӣ Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Мирсаид Миршакар, Ғаффор Мирзо, Ашур Сафар, Муъмин Қаноат, Ғоиб Сафарзода, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Ҳабибулло Файзулло ва даҳҳои дигар дар қаламрави адабиёти шӯравии тоҷик номи ин миллати пурифтихори соҳибтаммаддунро дар равоқи тилоии эътибори фарҳанги Шӯравӣ ба абадият сабт намудаанд. Ҳамин аст, ки шеъри пуршури тоҷикӣ дар қаламрави Шӯравӣ, соҳиби ҷойгоҳи хосаи хеш будаанд. Ашъори устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ҳабибулло Файзулло аз тариқи маҷаллаҳо ва ҳафтаномаҳои Иттиҳоди нависандагони Шӯравӣ бо забони русӣ ва забонҳои понздаҳ ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ тарҷума гардида, манзури миллионҳо хонандагон гардиданд. Шуъбаи Тоҷикистонии Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ дар роҳи таблиғи ашъори шуарои тоҷик хеле хидматҳо намуда, то соли 1991 ашъори даҳо шоирони тавонои миллат аз тариқи тарҷима манзури хонандагони сершумори қаламрави фарҳангпарвару мардумсолори Шӯравӣ гардиданд. Яъне шеъру адабиёт ва фарҳанги тоҷик то соли 1991 дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби арҷу эҳтироми зиёд будааст. Истиқлолияти давлатӣ қаламрави Тоҷикистон ба мардумонаш ҳамчун як воҳиди маъмурии миллӣ ба ҷаҳониён ошно намуда, баъди Иҷлосияи тақдирсози соли 1992 кишвари Тоҷикистонро шуҳраи олам намуд. Бо мақдами мубораку файзрези Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои ватанхоҳонааш Тоҷикистони азиз бо фарҳанг ва тамаддуни башариаш шуҳраи олам гардид. Фарҳангпарвариву мардумсолории Пешвои миллат моро ба олам ва ҷаҳони мутамаддинро ба мо тоҷикон ошно намуд. Симпозиуму конфронсҳои ҷаҳонӣ дар перомуни давлатдории тоҷикон Сомониён, симпозиумҳои ҷаҳонии устод Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалоллиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Абуалии Сино, Имоми Аъзам ва даҳо шахсиятҳои бузурги фарҳангии кишвар эътибори Пешвои муаззами миллатро ҳамчун шахсияти таърихии фарҳангӣ шуҳраи олам намуд. Вохуриҳои мунтазами ӯ бо аҳли ҳунар ва донишмандону аҳли қалами кишвар эътибори адабиёт ва фарҳанги миллиро хеле баланд бардошт. Ҳамасола дар остонаи ҷашни Истиқлоли миллӣ, даҳо шоирону нависандагон бо ҷоизаҳои пурифтихори давлатӣ ва унвонҳои баланди мардумӣ сазовор гардида, ин ғамхории Пешво аз ҷониби аҳли қалами кишвар бо садоқат бар Ватан ва Пешвои муаззами миллат посух меёбад. Устод Раҳмат Назрӣ аз зумраи ҳамон шоирони дардошнои миллат мебошад, ки бо садоқат бар халқу Ватан ва Пешвои муаззами миллат дар қаламроҳи эъҷод буда, заҳматҳояш ҳанӯз соли 2003 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат бо унвони Шоири Халқии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид. Қаламроҳи эъҷоди ин шоири шинохтаи миллат тараннуми Истиқлол ва талошу ҷонисориҳои Пешвои муаззами миллат, дар ободию сарсабзии кишвар мебошад.

Китоби тозаэъҷоди ин шоири хушкалом ва хушбаёни тоҷик «Лангар», ки аз тариқи нашрияи КВД «Матбаа» – 2021 рӯи чоп омадааст, туҳфаи пурарзиши қаламкорони тоҷик ба хонандагони сершумор буда, лаҳзае чанд вориди гулбоғи маонии ӯ хоҳем гашт. Китоби номбурда зери назари шоири Халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ устод Камол Насрулло рӯи чоп омада, бо  сарсухани пурмуҳтавои устоди зиндаёд, шоири шаҳири тоҷик Бозор Собир манзури хонандагон гардидааст. Хеле бомаврид медонем, ки он гуфтаҳои шаҳдбори устоди зиндаёд, шоири шаҳири миллат Бозор Собирро ин ҷо биёрем. Ӯ чунин овардааст:

«Гули борон ба рӯи санг бишкуфт»,

«Сӯи оина нигоҳ афкандам».

«Лек оина намудам нанамуд»,

«Як чилча ашки моҳтоб».

«Дар пуштаҳои лалмӣ»,

«Аз сарам гоҳ пашшаи андеша меронам».

«Метакам сарсахтии худро гоҳ аз болишт»,

«Ҳамчун калиди вожакушоии сарнавишт».

«Номи ту дар нигини нигоҳам нигоштам»,

«Нигоҳи волаам аз ишқи волои ту ширинком»,

«Як ангушт ангубин аз косаи маҳтоб мелесид».

Касе, ки ин сатрҳоро гуфтааст, шоир асту бас. Яъне нағз медонад, ки шеър чист! Агарчи ҳеҷ шоире то ба охир бовар намекунад, ки ба тамом шоир шудааст. Чунки шеър ҳам айни маҳсулоти техникӣ нав ба нав мудеринтару мудеринтар ва комфорттару комфорттар шудан мегирад. Пургапиҳо, таъбиру тасвирҳои обшуста, қофиябозиҳо кам шудан мегиранд. Ва ҳамчунин бисёр унсурҳои қолабӣ аз истеъмол мебароянд. Воқеан, ҳар матлабе, ки шоирона гуфта мешавад, бидуни қолабу унсурҳои шеърӣ ҳам шеър аст. Ҳатто бо вожаҳои хушки урён ҳам метавон баҳтарии шеър гуфт. Албатта, шеъри мо дар нисбати шеъри Нимой (дар назар Нимо Юшич. Алии Исфандиёри мебошад Ҷ.Т) ва шеъри форсие, ки дар муҳоҷират гуфта мешавад мудернтар нест. Бар замми ин ғазалсароӣ авҷ гирифтааст, ки бӯи ҷилу ҷанда мекунад. Жанри ғазал кӯҳнатарин ва осоннавистарин навъи назм аст, дар ҳудуди 7-8 қофия ҷумла пур мекунӣ, айни кроссворд. Ҳарчанд айб дар ғазал нест, балки дар ғазалнавис аст. Худогӯиву Худоҷуии оммавии адибон низ касро маъюс мекунад. Ҳудуди ҷуғрофӣ низ маҳдуд шуда истодааст, айнан баробари харитаи ҷумҳурӣ, дар чанд соли охир ҷаҳон дарҳам барҳам шуд, вале дар ин мавзӯъ шеъре нахондаам. Гуфторе замину замон барҳам хӯрад ҳам ба мо дахл надорад. Яъне бетарафӣ ва гӯшагирӣ мушоҳида мешавад. Ҳол он, ки аз ҳама жанри фаъоли адабиёт шеър аст ва аз ҳама ҷисми ҳассос шоир, ҳамчун ноқили ҷараёни электрикӣ. Осон шудани китобчопкунӣ низ муҷиби саҳлнигорист.

Ин эродҳои ман ба Раҳмат Назрӣ ҳам қисман дахл дорад, ӯ ҳам як андоза маҳдуди маҳал аст, бештар дар мавзӯи атрофи худаш менависад. Аммо бо дарёфти ибораву ифодаҳои шоирона, ташбеҳи тоза ва тасвирҳои ҷолиб фарқ мекунад. Ман шеъри Раҳмат Назриро дар радифи шеъри шоирони маъруфи форсигӯ мутолиа мекунам. Шоирӣ дар эҷодиёти ӯ аз ҳама шоирони насли худаш бештар асту беҳтар. Зимнан, аз он шеърҳое, ки ба ман бахшида навишта шудаанд беҳтаринаш ин сатри ӯст:

Фақат овозаат меояд овозат намеояд,

Аз он дурии бепоёну беандозаи ту,

Наояд суям овози ту ҷуз овозаи ту.

Ҳамин тавр дар эҷодиёти Раҳмат Назрӣ навоварӣ фаровон аст. Бо таъбиру тасвири шоиронаи худаш бояд гуфт, ки аз ҳар шеъри ӯ метавон як лес ангубин лесид. Ин баҳои додаи устоди зиндаёд шоири шаҳири миллат Бозор Собир наметавонад, ки ҳадди охири баҳогузорӣ ба шеъри устод Раҳмат Назрӣ буда бошад. Ба шеъри ӯ ҳанӯз аз солҳои донишҷӯӣ ошноӣ доштаву дорам. Ҳеҷ аз хотирам намеравад, ки устоди бисёр донишманд адабиётшиноси варзидаи тоҷик шодравон Раҳими Мусулмониён замони донишҷӯиамон ба мо донишҷӯёни шуъбаи нақди адабӣ аз ашъори шоирони ҷавони умедбахши тоҷик Раҳмат Назрӣ, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб байтҳои зиёдеро мавриди таҳлил қарор дода, ба ашъори устод Раҳмат Назрӣ таваҷҷуҳи хоса доштанд. Он замон пиндори мо донишҷӯёни кунҷков он буд, ки устод Раҳмат Назрӣ, ки дастпарвари факултаи филология буданд, шояд устод Мусулмониён ҳамчун устод ба ӯ самимият дошта бошанду бештар аз ашъори ӯ ёдовар мешуданд. Баъдтар вақте, ки бо ашъори устод Раҳмат Назрӣ ошно гардидем, воқеан шеъраш аз муҳаббат ва самимияти ватандорӣ саршор буда, дид ва нигоҳи шоиронааш хоса хонандаро водор месозад, ки лаҳзае чанд вориди гулзори маъонии ӯ бигардад. Он гуна, ки шоир дар шеъри «Шаҳри рустоӣ»  овардааст:

Аз ту бӯи деҳа ояд, шаҳри ман,

Аз ту ояд бар димоғам бӯи шир.

Аз ту ояд бӯи гулҳои адир,

Аз ту ояд бӯи рову бӯи сир.

 

Ёди саҳрои гулафшон мекунад,

Мардуми саҳроии ту ҳар баҳор.

Дар хаёли дури худ, дар хоби худ,

Дона мепошад ба хоки зарнисор.

 

Гарчи ҳар кас шаҳриёрӣ мекунад,

Лек мепурсад зи абри даргузар,

Резаборонҳо ба рӯи боғу роғ.

Резаборонҳо ба кишти барзгар.

 

Шаҳрванди хоксорат, шаҳри ман,

Бӯи хоки кишти армон мекунад.

Хок мепошад ба захми тозааш,

Дарди худ бо хок дармон мекунад.

 

Осиёбат бод гардон, шаҳри ман,

Эй сиришти покат аз хоки баланд!

То кунун боғи дили фарзанди ту,

Мехӯрад об аз дами белу каланд.

 

Хирманат пур бод, эй Кӯлоби ман,

Шаҳри сабзи рӯстоии дилам!

Кош дар боми ту рӯяд лолае,

Аз баҳори тозаи обу гилам.

Воқеият он аст, ки ин шаҳри рустоӣ, аз деҳа ва манзараҳои афсункори он нашъа гирифта, ба машом бӯи гулу гиёҳ меорад. Табиати афсункори он набзи онро ба тапиш оварда ҳама хуррамиву озодагӣ ва сарсабзиро дар симои он мебинад. Шаҳри рустоӣ ном бурдани шоир ба маънии зинда, дар тапиш ва нашъу намо будани шаҳр мебошад. Чун атрофи шаҳр бо талу теппаҳои рисқофар ва боғу киштҳои сарсабз печонида шудааст, ҳама рӯзии мардуми шаҳр аз бозуи қавии деҳқони хокпош вобастагӣ дошта, манзараи корзори мардуми меҳнатқарин, дар маркази тасвири шоир қарор гирифтааст. Шаҳри Кӯлоби бостон, ки зодбуми шоир мебошад, дар ҳама ашъори шоир ҷойгоҳи хоса дошта, расму оин ва суннатҳои аҷдодии ин мардум ба шеъри шоир обу ранги хосае бахшидааст.

Шеъри «Гӯшкашак», ифодагари ин ҳама гуфтаҳо буда, хонандаро ба сайри таърихии суннатҳои аҷдодӣ мебарад.

Гар касе соҳиби фарзанд шавад,

Аз насибаш хушу хурсанд шавад.

Офарин хонда кашанд аз гӯшаш,

 

Гар касе сури мурод орояд,

Бо палав хони кушод орояд,

Офарин хонда кашанд аз гӯшаш.

 

Гар касе чомаи нав дӯзонад,

Бар сари худ кулаҳи нав монад,

Офарин хонда кашанд аз гӯшаш.

 

Гар касе хонаи нав соз кунад,

Сӯи мардум дари дил боз кунад.

Офарин хонда кашанд аз гӯшаш.

 

То ки саргум нашавад аз шодӣ,

То ки аз худ наравад аз шодӣ.

То ки бошад ҳама соат хӯшаш.

Ҳамин аст, ки тавассути ашъори шоир ин суннати аҷдодӣ боқӣ монда. Имрӯз аксари ин суннатҳои мардумӣ, ки ифодагари рӯзгори мо мебошанд, қариб, ки аз байн рафтаанд. Шоир, ки узви ҷудонашавандаи пайкараи миллат мебошад, дар роҳи эҳё ва нигоҳ доштани суннатҳои мардумӣ саҳмгузор буда, тавассути ашъораш ин суннатҳоро умри дубора мебахшад. Ҳама шоиру нависандагони шуҳратёри тоҷик, дар роҳи тарбияи соҳибқаламмони кишвар хеле ранҷҳо бурда, шогирдони зиёдеро вориди адабиёт намудаанд. Он гуна, ки аз суҳбат ва ёдовараҳои устодони шинохтаи каломи бадеӣ огаҳӣ дорем, устоди зиндаёду шоири хушкаломи тоҷик Боқӣ Раҳимзода дар тарбияи бисёре аз шоирон ва ҳунармандони шинохтаи кишвар саҳми бузурги хешро гузоштаанд. Устод Раҳмат Назрӣ аз баракати дастгириҳои ин абармарди дунёи сухан хеле баҳравар гардида, бо сипос ва арҷу эҳтироми хеле зиёд аз ӯ ёдоварӣ намудааст. Чунончӣ, дар шеъри «Хонаи Боқӣ Раҳимзода» гуфтааст:

Дар пеши дари кушодаи ту,

Аз хонаву хонаводаи ту,

Устод, туро садо кунад боз.

Шогирди ҳанӯз содаи ту,

 

Афсӯс дигар наменамоӣ,

Дидори азизу ошное,

Аз чеҳраи равшани ту монда.

Дар хонаи тор рӯшноӣ.

 

Девори ту боз ҳам сафед аст,

Даргоҳи ту хонаи умед аст.

Иншои ту чун ба сарнавиштам,

Аз ҳарфи навиштаам падид аст.

 

Айвони ту боз ҳам кушода,

Сархони ту боз ҳам кушода,

Қандили ту нурбор то ҳол,

Меҳмони ту боз ҳам зиёда.

 

Бе пир ҷаҳон ба мо напирад.

Андарзи ту чун дуо намирад.

Аз хони ту гар бе ту хурам нон,

Чун гиря гулӯи ман бигирад.

Навҷӯиву навгӯӣ, бо мардум будан ва аз мардум гуфтан эътибори шоир ва ҳунарманди асилро миёни онҳо афзун намуда, шеъраш ҳамнишини қалби онҳо мегардад. Ҳамин мардумӣ будани ашъораш ҳунармандони маъруфи кишварро ҳамнишини боғи маъониаш намуда, даҳҳо ҳунармандони шуҳратёри кишвар бар ашъораш оҳанг баста шеърашро сурудаанд. Мактаби бузурги шоири шаҳири зиндаёди тоҷик устод Боқӣ Раҳимзода, ӯро соҳибмактаб намуд.

Имрӯз бе ҳеҷ муболиға ва тамаъ метавон гуфт, ки садҳо шогирдон аз мактаби касбии устод Раҳмат Назрӣ баҳраҳо бардошта вориди адабиёт гардидаанд. Ҳарчанд, иддае аз нотавонбинон инро эътироф кардан намехоҳанд. Эътирофи шоири шаҳири зиндаёди тоҷик, устод Бозор Собир ҳунари шоирии устод Раҳмат Назриро санг бар даҳони рақибони каҷбину каҷназар ва каҷдаҳони ӯ буда метавонад. Ҳол он, ки таъбирҳои шоиронаи мардумии «Локии деҳқонӣ», «Хонадони кӯдакободӣ», «Шонаханд аз сина механди», «Шаҳдханди шукуфаҳои шох», «Лабонаш аз табу тоби дуо ҷӯшид», «Бо меҳри модарона сари тилти кӯдаке», «Бо панҷаҳои нарм зане гарм менавохт», шеъри ӯро соҳиби ҷойгоҳи хосааш дар қаламрави адабиёт намуда.

Он гуна ки дар оғоз гуфтем, маҷмӯаи ашъори мунтахаби шоир «Лангар» аз панҷ қисм иборат буда, бинобар таъбири Шайх Саъдӣ аз панҷ боғи пурмева иборат мебошад. Боғи аввал бо номи «Меҳвари меҳр» 79 шеъри шоирро фаро гирифта, шеърҳои «Модари серфарзанд», «Шаҳри рустоӣ», «Гӯшкашак», «Яккачинор», «Хонаи пиразан», «Остонаи баланд», «Меҳри бузург», «Зодрӯзи офтоб», «Хатлон», «Соябон», «Доғи ватан», «Савганди ҷовидон», «Гавҳорасанг», «Хоки пок», бо мундариҷаи баланди хеш ба ин  равзаи маонӣ шукуҳи хоса бахшидаанд.

Боғи дувум бо номи «Ҷон ба ҷон» фарогири 40 шеъри шоир буда,  шеърҳои «Ашки арӯс», «Сояи танҳоӣ», «Оинаи бахтнамо», «Нишона», «Умеди бозпасин», «Гулафшон», «Сабз дар сабз», «Зодрӯзи ишқ», «Чашмсалом», ҳама орзуву ормонҳои ишқи сабзи шоир буда, ба ин боғи мусаффои маонии шоир ҳусну қубҳи тоза бахшидааст.

Боғи саввуми ин Баҳористони маонии шоир бо номи «Гулбоғи ғазал» дар ба рӯи хонандагон кушода, 109 ғазали шоирро ҷамъ овардааст. Ғазалҳои «Хуш омадӣ», «Ашки ситора», «Боди ошуфта», «Меҳрнома», «Дар мазори падар», «Дидори модар», «То боздид, эй офтоб»,  «Модар маро бубахшо», «Ҳадиси модар», «Дил ба каф», «Меҳроби меҳр», «Дидори дур», саропо сузу сози шоирро фаро гирифта, ҷаҳони розҳои пур аз меҳри ватандории шоирро манзури ташнагони меҳри Модар-Ватан менамояд.

Боғи чаҳоруми ин Боғистони ҳамешабаҳори сарсабзи шоир бо номи «Пора-пора ангора», 130 шеър ва шеъргунаҳои шоирро фаро гирифта, шеърҳои «Ангора», «Одамоҳанг», «Посух ба густохи», «Намоиш аз ҳамоиш», «Хоби сиёҳ», «Ҳафтранг», «Рӯ ба рӯ», «Ситораборон», «Чароғи шикаста», «Сояи сангин», «Шохнам», «Дасти дуо», «Содагӣ», «Оташак», «Гиреҳи нигоҳ», «Сактаи қалб», «Сангистон», «Бонк», «Подахез», «Асокуба», дардҳои нуҳуфтае мебошанд, ки шоир бо ҳасрату суз онҳоро рӯи саҳфа оварда, қаламномаи рузгори «Каж дору марез»-ро руи хотири хонандагон овардааст.

Боғи панҷуми ин Боғистони маъонии шоир бо номи «Чилчароғи чорсу», дар ба рӯи муштоқонаш боз намуда, бо номҳои «Овезаи овоз» 108 рӯбоӣ ва бо номи «Хирмани моҳ 271 дубайтии шоир ва бо номи «Байте ба пайте» 308 байти ҷудогонаи шоирро ҷамъ оварда, бинобар таъбири Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ «Хотимат-ул-китоби»-и ин Боғистони муссафо мебошанд. Ногуфта намонад, шеъри шоири дардошно Раҳмат Назрӣ ифодагари рӯҳи замон буда, на ҳар  як гӯш тобу тоқати шуниданашро дорад. Чун рӯҳи замони созандагиҳои пур аз такопу мебошанд, мебояд ба умқи он ҳама фурӯ рафт. Барои ғаввоси баҳри маъонӣ садафу дурдонаҳои суфтаи шоир пурбаҳотарин колои рӯзгори пурпанди мо мебошад. Пас ғаввоси баҳри маъонии шоирро мебояд бо ифтихори зиёди ватандорӣ вориди ин баҳри бекарона бигардад.

Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь