Қайд кардан бамаврид аст, ки санъати суханварӣ яке аз воситаҳои ҳифзи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии инсоният буда, дар раванди таърих  нақши бузург дорад. Сухан аз ҷумлаи неъматҳои олии маънавӣ буда, ақлу хиради инсониятро таҷассум менамояд. То ҷаҳон ҳаст ва инсоният боқист, умри сухан безавол аст. Бояд гуфт, ки фарҳанги сухан ва суханвариро мутафаккирони форсу тоҷик бештар мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба хусусиятҳои гуногуни он андешаҳои ҷолиб баён кардаанд.

Пешвои миллат ҷойгоҳи ва мавқеи суханро дар таърихи давлатдории тоҷикон бузург дониста, ниёгонамонро аз қабили “беҳтарин донандагони калом ва шеваи гуфтор дар рӯзгори башарият” медонанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки қоида ва усулҳои доир ба суханварӣ офаридаи бузургони миллатамон ба фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардида, дар осори зиёди таърихию фарҳангӣ  инъикоси том ва возеҳ ёфтаанд, ки то имрӯз сеҳри сухани онҳо дар зеҳну тафаккури оламиён нақши хоса гузоштааст. Бузургони тоҷик андешаи баланди фалсафӣ раванди таҳаввули андешаи миллӣ ва бедории фикрии ҷомеаро таҳким ва густариш додаанд. Тавассути риторика таассуроти хешро дар муқобили нодонӣ, гумроҳӣ, касодии маънавӣ иброз доштанд. Махсусан, дар ашъори назмии худ воқеияти ҷамъиятиро таҷассум карда тавонистаанд.

Дар осори нобиғагони машҳури тоҷику форс фарҳанги сухану суханварӣ ба сифати яке аз масъалаҳои асосӣ арзёбӣ гардидааст. Махсусан, дар ашъори офаридаи Ҳусайн Воизи Кошифӣ мавзӯи суханварӣ ва маданияти риояи он ба таври ҷолиб баррасӣ мегардад. Кошифӣ дар масъалаи гуфтору рафтор ду чизро бегазанду ҷовид медонад: яке сухану гуфтори нек ва дигаре номи нек. Албатта, ин ақидаи Кошифӣ аз «Авасто» китоби муқаддаси оини зардуштӣ, ки шиораш «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» буд, сарчашма мегирад.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Футувватномаи султонӣ» бар он ақидааст, ки сухан мусаххаргари мустамеъ бошад ва ваҷҳи адои он аз ғановати суханварии воиз маншаъ мегирад. Ҳамчунин, аҳли суханро аз тоифаи аввали «маърака» медонад ва онҳоро ба маддоҳон, ғаррохонон, саққоён, хосагӯён, бисотандозон, қиссахонон ва афсонагӯён ҷудо месозад ва ибрози суханро бар ваҷҳе медонад, ки дар дили мустамеъ ҷой гирад. Дар “Рисолаи ҳотамия” қайд менамояд: “Бидон, ки маърака дар асл луғати ҳарбгоҳро гӯянд… ва дар истилоҳ мавзеъеро гӯянд, ки шахсе дар он ҷо ба вай ҷамъ шаванд ва ҳунаре, ки дошта бошад, ба зуҳур расонад”. Ба ақидаи ӯ, нотиқ сухане гӯяд, ки манфиати дунё дар он бошад.

Бояд тазаккур дод, ки осори ибратомӯзи Ҳусайн Воизи Кошифӣ бештар хусусияти сиёсӣ дорад. Махсусан, дар идораи давлат машварат намудан ва махфӣ нигоҳ доштани сирри давлатиро шарти муҳим медонист. Ба андешаи ӯ, амалдори давлатӣ хислати махфӣ нигоҳ доштани суханро дошта бошад, то қарорҳои қабулшудаи махфӣ дастраси ҳамагон нагардад.

Мутафаккир яке аз вазифаҳои асосии адолатнокиро дар шунидани сухан ва арзи мардум аз ҷониби ҳокимон меҳисобад. Подшоҳ бояд дар вақти шунидани сухани мардум ботамкин бошад ва андешамандона хулосагирӣ намояд. Чуноне, ки мутафаккир менависад: “Яке аз салотини бузургро пурсиданд, ки мегӯянд ҳар чизеро закотест. Закоти салтанат чист? Ҷавоб дод, ки закоти подшоҳиву ҷаҳондорӣ он аст, ки агар мазлуме додхоҳӣ намояд ва ҳоҷати худро арз кунад сухани ӯро исғо (гуш) фармоянд ва бо ӯ ба мадоро сухан кунанду ҷавоби дурушт бознадиҳанд ва аз сухан гуфтан бо заифону фуқаро ор надоранд, ки муколама бо хурдон аз хисоли бузургон аст”.

Ҳамчунин, дар «Футувватномаи султонӣ» оид ба маданияти суханварӣ ва одоби риояи он ақидаҳои ҷолиб баён гардидааст: «Аввал он, ки сухан фарохӯри ҳоли ҳар кас гӯяд. Дуюм он, ки ба лутф сухан гӯяд, на ба унф (дағалӣ). Сеюм он, ки дар вақти сухан гуфтан хандон ва шукуфта бошад, на туршрӯ ва гирифта. Чаҳорум, чанд сухан гӯяд ба мустамеъон, ки ба малоли хотири эшон наанҷомад. Панҷум, сухан гӯяд, ки манфиати дунё дар он бошад. Шашум, то сухане тамом ба тайёр набошад, бар забон наронад, ки сухани бузургон ба масобаи тухм аст ва агар тухм фосид ва бемағз бошад, дар ҳар замин ки афтад, нарӯяд ва аз ӯ манфиате ба ҳосил нарасад». Албатта, барои таҳияи чунин сухани пурмуҳтаво, судманд ва дилписанд ба суханвар лозим меояд, ки ҳангоми гирд овардани мавод, таҳлилу танзими он ва омода намудан ба гуфтор заҳмати зиёдеро паси cap намояд.

Кошифӣ ба мақому нақши сухан ва суханварӣ дар тарбияи ҳокимон ва амалдорони давлатӣ эътибори ҷиддӣ додааст. Лекин шахсон ҳарзагӯ ва онҳоеро, ки ба қадри сухан ва фарҳанги он намерасанд, маҳкуму сарзаниш мекунад. Масалан, дар хусуси нафароне ки зиёд сухан мегӯянд, менависад, ки онҳо дар назди одамон обрӯ надоранд: «мардумони бисёргӯй ва парешонсухан низ лоиқи хидмат нестанд. Зеро ки ҳар ки бисёр калом кунад, ӯро қадр намонад ва дар хабар омада, ки дар сухани бисёр ғалату сақати бисёр гуфтан ҳарис мебуд яқин бояд шуд ба ҷунуни ӯ, яъне ба яқин бидон, ки девона аст ва дар масал омада, ки бисёргӯй аст…». Ба андешаи мутафаккир ҳар сухане, ки ба забон меояд, бояд дар тарозуи ақл санҷида шавад, чунки баъзе шахсон аз забони бади худ ранҷу азоб мекашанд. Шахс бояд ба қадри сухан расад, ҳамеша кӯшиш намояд, ки суханони беҳтаринро омузад ва ба бисёр омӯхтану кам гуфтан одат намояд.

Айбҷӯӣ низ аз ҷумлаи ҳамин гуна хислатҳои бади ахлоқӣ аст, ки ба баъзе одамон хос буда, бояд инсон аз айбҷӯии дигарон даст бикашад: «Дигар, бояд ки некӯгӯй бошад, на айбҷӯй, ки одамӣ ба некӯгӯи ба ҳама ҳол маҳбубу мақбул ва ба айбҷӯй назди ҳама кас мардуду маҳзул бошад ва бояд, ки коркунанда на лофзананда, ки марди масоф муҳтарам асту соҳиби лофу газоф муттаҳам. Бояд ки мувофиқ бошад на мунофиқ, ки натиҷаи дӯстӣ меҳру вафост ва самараи нифоқ ҷавру ҷафо…». Зиёдгӯӣ ва бадгӯӣ ҳам мисли айбҷӯӣ ва суханчинӣ сифатҳои манфии инсонӣ буда, мутафаккир иброз медорад, ки  шахси хирадманд ҳамеша бояд забони худро нигаҳ дорад. Ба ақидаи Кошифӣ дуруғгӯй ва шахсони дуруғгӯй ҳам мисли зиёдгӯию бадгӯӣ хилофи ахлоқ ва дину оинанд. Шахсони дуруғгӯ бар зарари худ ва ҷомеа кор карда, аз зиндагӣ фурӯғу роҳат намебинанд.

Бояд гуфт, ки бузургони илму адаби мо ҷаҳони андешаҳои хешро бо андешаҳои ваҳдатофаринӣ обод кардаанд. Беҳуда нест, ки Кошифӣ ваҳдату иттифоқ ва дӯстию бародариро дар ҷомеа яке аз хусусиятҳои мусбати тарбияи ахлоқӣ медонад. Ӯ одамонро ба дӯстию муттаҳидӣ даъват намуда, қайд менамояд, ки танҳо бо ваҳдату дӯстӣ дурри мақсуд ба даст меояд ва ҳар мушкиле дар кори давлатдорӣ ҳал мешавад: «Бо арбоби давлати худ ҳамеша тариқи мувофиқат ва некухоҳиро риоят намояд, зеро ба иттифоқи дӯстони якдилу якҷиҳат кор ҳамеша пешрав аст».

Воқеан ҳам дар ашъори офаридаи Ҳусайн Воизи Кошифӣ ҷавҳари суханҳое нуҳуфтаанд, ки барои тарбияи инсон ҳикмати хосса дошта, арзишҳои умумибашариро инъикос менамоянд. Махсусан, дар ин асри пуртаззод барои тарғиби муттаҳидии мардум аз аҳамият холӣ нестанд.

Саидова Ф.С.,

ходими калони илмии ИФСҲ-и АМИТ

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь