БАРГУЗОРИИ ҶАШНВОРАИКИЛКИ ЗАРРИН

Имрӯз чаҳоршанбе 15-уми моҳи савр (5-уми майи соли 2021) Академияи “Килки заррин” ҷашнвораи тафвизи ҷоизаҳои “Килки заррин”-и соли 1400-уми (2021) хешро бо баргузории ҳамоише дар толори байниалмилалии матбуоти вазорати иттилооту фарҳанг ба китобҳои шоистаи соли 1400 хуршедӣ эҳдо ва тафйиз кард.

Ҷаноби Наҷибуллоҳ Маналай – бунёнгузори Академияи “Килки заррин” дар бораи таърихча, дастуруламал ва маншури Академияи “Килки заррин”- тавзеҳоти муфассале ироа кард ва гуфт, ки ҷоизаҳои “Килки заррин” ҳамасола аз ҷониби аҳли қалам ба аҳли қалам ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии китоб ( 23-юми апрел ) эҳдо мегардад.

Оқои Муҳамадтоҳири Зуҳаир – вазири иттилооту фарҳанги Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар баёнияи муфассали хеш перомуни аҳамияти офариниши адабиву ҳунарӣ ва вазъияти кунунии адабиёту фарҳанги Афғонистон ва аҳамияти ҷоизаи адабии “Килки заррин”суҳбат ва ибрози назар кард. Баъдан нухбагон ва фарҳехтагони илму адаби Афғонистон – ҷаноби Абдулманнон Шевоӣ Шарк, устод Сайидризои Маҳаммадӣ – шоири номвар, доктур Муҳиббуллоҳ Зиғам – шоиру нависанда ва доктор Аҷмал Шаклӣ – шоир ва нависандаи арҷманд дар пайванд ба аҳамияти ҷоизаи адабии “Килки заррин” перомуни осори нависандагоне, ки имсоли барандаи ҷоизаи “Килки заррин” шинохта шуданд, суханронӣ ва иброз назар карданд.

Дар ин ҳамойиш китоби “Риштаи борон” гузинаи шеърҳои устод Абдулҷаббори Суруш – шоир ва пажӯҳишгари машҳуру маҳбуби Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷоизаи “Килки заррин” шинохта шуд. Китоби “Риштаи борон” ба ҳамкории вазорати иттилооту фарҳанг ва ибтикору эҳтимоми Академияи “Килки заррин”интишороти “Барг” мунташир шуд. Ин китоби арзишманд ҳовии дусаду шаст сафҳа аст ва ба кӯшишу веростории Гулнур Баҳман ва дизаяну баргороии устод Жакфар Ҳусайнӣ- шоиру ҳунарманди тавонову маҳбуб ба зевари чоп ороста гардидааст.

Ин порае аз мақолаи Рустам Хомарахш муҳаққиқи тоҷик аст, ки дар бораи Устод Суруш бо унвони

СУРУШ – ШОИРИ РАМЗУ ИСТИОРАҲО навишта аст:

Дар миёни шоирони имрӯз Суруш аз ҷумлаи шоиронест, ки пас аз тайи мушкилтарин таҷрибаҳои эҷодӣ ва офаридани маҷмӯаҳои ашъори нодири “Фарёди силсилаи хомӯшӣ” (1997), “Симоби маҳбус” (1998), “Салиби сафед” (1999) ҳамчун шоири соҳибсабк эътироф гардидааст. Номи ҳамин се китоби шеър чун муҳтавои онҳо гӯёи он буд, ки Суруш ба арсаи эҷод бо нодиранигориву шоҳкорӣ омада ва ӯро ҷои ифтихорие баланду устувор дар адабиёти муосири тоҷик мунтазир аст.

Суруш, бо вуҷуди он ки парвардаи мактаби адабии устод Лоиқ Шералӣ асту шоираи беназир Фарзона ду маҷмӯаи аввали ашъорашро ҳамчун устоди иршодгар бо навиштани пешгуфтор пешкаши алоқамандон кардааст, худро ба пайроҳаи пурпечутобу касногузари эҷодии Суҳроб Сипеҳрӣ гирифт ва ҳамчун куҳнаварди ботаҷрибаи сухан ва маъданшиноси беназири каломи бадеъ дар муддати ниҳоят кӯтоҳ ба авҷи қуллаи шеъри сапед кашонд. Баъд аз ишғоли мақоми адабии худ дар он баландӣ ва афрохтани парчами шеъри “Гули ишқ” (Симоби маҳбус) хост ба поён ояд:

Оҳ, аз ин роҳи сафед

муддао шеъри сафед аст, ки аз зина ба зина,

яъне аз боло то поин

мешавад маънии зебои маро нозил

аз «бо» то «син» (Салиби сафед, 24).

Ҳамзамон, дар сурудани анвоъи шеъри суннатӣ чаҳор сабки маъмули адабиётамонро чун чаҳор унсур ба ҳам имтизоҷ дод, то даме, ки аз омезаи ин чаҳор сабки қадим тарзе хосу нав аз осмони шеър бо борони илҳоми пок барояш дар маҷмӯаи чаҳорум “Ҷазираи танҳоӣ” (2009) нозил шавад:

Нест ҷуз шеваи борон ҳаваси сабзи гиёҳ,

Беҳтарин шеър ҳамон аст, ки нозил бошад.

(Дарахт, сапеда ва оина, 406).

Соли 2012 “Биншав аз най…” ном муғанниномаеро ба муносибати 70- солагии сарояндаи шинохта, устоди шашмақомсароён Ҷӯрабек Мурод аз чоп баровард, ки дар адабиёти муосири тоҷик бо шаклу муҳтавои тоза ва ғояи фарҳангдӯстонаву рӯҳияи ватанпарварона назир надорад.

Барои ба ҳамаи форсизабонон ошно сохтани ҳосили қаламфарсоиҳои чандинсолааш соли 2016 китоби “Дарахт, сапеда ва оина”-ро аз чоп баровард. Дар ин китоб ҳам шоир натиҷаи ҷустуҷӯҳои нодири адабияшро дар қолаби ашъори суннати нав пешорӯи ҳаводорони каломи ноб гузошт. Муҳтавои ашъори ин китоб собит сохт, ки Суруш шоирест соҳиби забони вижаи ҳунарӣ ва мактаби хоси фикрӣ. Ҷаҳонбинии Суруш ҳарчанд аз ирфони классикиамон обишхӯр дорад, падидаҳои тоза дар он дида мешавад. Вай дар маҷмӯаҳои қаблиаш, хусусан дар “Салиби сафед” бештар сари муаммои офариниш, рамзу розҳои ҳастӣ ва Офаридгори якто фикру андеша мекард ва ҳосили ковишҳои зеҳнияш дар сурати ашъори ҳикамӣ, яъне ирфониву фалсафӣ ба қалам меомад.

Дар бораи дурнамои эҷодияш пас аз нашри ин китоб шоиру фарҳангнигор ва камолпажӯҳу матншинос – Суруш дар як мусоҳиба соли 2016 чунин изҳор дошт: “Суруш пас аз таҷриба ва андешаи бисёр, ба хулосае омад, ки сухани шоир дар қолаби шеъри суннатӣ мондагортар аст нисбат ба шеъри “сапед” дар қолаби шикаста. Мардуми мо табъи мавзун дорад ва аз ҳамин ҷост, ки аз шеъри мавзун бештар истиқбол мекунад ва лаззат мебарад ва гӯши ҳӯши тоҷикон ба мусиқии шеъри равону хушоҳанг аз рӯзи азал одат кардааст” (Қудрати сухан, 159). Аз ин рӯ, шоир баъд аз ин мусоҳиба нерӯи зеҳниашро ба эҷоди ашъори суннатӣ равона месозад ва ҳамзамон, саъй мекунад, ки ашъори нимоиву сапедашро низ аз печидагии баён андаке раҳо созад. Соли 2017 мунтахаби 100 ғазали мавсуф бо номи “Шабнами нафас” ва маҷмӯаи 289 рубоиаш бо номи “Муҳри меҳр” дастраси хонандагон шуд, ки далели дар дилпазиртарин жанрҳои суннатӣ соҳибравиш будани шоирро нишон дод.

Бо вуҷуди ин ҳама, талош ба содагароӣ дар ду маҷмӯаи шеъраш, ки бо номҳои “Фарёди ёдҳо” (2018) ва “Ишқ аз сӯи Худост” (2019) тибқи нақшаи қаблан кашидаи шоир ба нашр расид, Суруш аз рамзу истиора даст кашида натавонист. Вай дар ин ду “Шириннома”-аш ҳақиқати талхи зиндагии инсони имрӯзро ба рамзу истиора кашид ва бо ишқи ширини Ширинаш омехт.

Дар фазои маҷозӣ алоқамандони зиёде пайдо кард ва онҳо саҳифае бо номи “Паёми Суруш” кушоданд ва ҳамакнун ашъори суннативу нави шоирро барои тамоми форсизабонон дар он интишор месозанд. Дар ин миён соли 2020 боз як китоби дигараш бо номи “Ширини ман, Ширин!” ба хатти ниёкон дар Теҳрон ба нашр расид, ки далели маҳбубият пайдо кардани шоир дар қаламрави забони форсӣ мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь