(андеша бо сабки фейсбукӣ)

Субҳ аллакай домани худро аз паси қуллаҳои кӯҳ паҳн кардааст. Аз маркази Файзобод ба ҷониби шарқ нигариста, гумон мекунед, ки гӯё офтоб аз паси кӯҳи Сорхо мебаромада бошад. Бо ин саломи офтоб зиндагии як рӯзи нав дар маркази ноҳия оғоз мегардад.

Агар каме муҳобот нашавад, аввалин нурҳои офтоби субҳро дар маркази ноҳия дар вокзали қадимӣ дида метавонед, ки аз паси кӯҳи Сорхо паҳн мешаванд. Барои он вокзали қадимӣ мегӯем, ки аҳамият дода бошед, дар ҳама ҷо одам зиёд шуду талабот афзуду вокзалчаҳои нав пайдо шуданд…

Номаш вокзал аст ва маълум, ки зеби вокзал як замоне автобус буд. Акнун ҷои як автобуси ҳудуди як ҷамоатро шояд 60-70 таксиҳои шахсӣ гирифта бошанд. Агар ҷамоат 10 деҳа дошта бошад, ҳар як деҳа ҳатман 8-9 таксӣ дорад, ки дар сурати зиёд будани мусофирон, то як поси шаб ҳам дар ҳаракатанд.

– Биё, биё, Сайдонӣ биё, дод мезанад ронандаи Опели сафед.

– Қанғелӣ як одами дигар мегирем, меравем – эълон мекунад, марди тахмин шастсолаи дигар.

– Ҳаракат кун бача! Чуқурак рафтем, – мегӯяд ронандаи интизори мусофир…

Хуллас кор дар вокзал аллакай ҷӯш мезанад ва ин ҳолат то бегоҳ идома меёбад. Кору ташвиши як рӯзи нави кампираки вокзал ҳам аллакай оғоз гардидааст. Тобистонро дар сояи чинор мегузаронаду дар тирамоҳу зимистон аз сардии шамоли Файзобод дар офтобрӯяи шамолпанаҳ мешинад.

Дар байни қатори мошинҳо дар як курсичаи хурд нишастану ба савдо машғул гардидани ин кампираки оромсухан диққати касро ҳатман ҷалб менамояд. Номашро намедонам ва бо ҳамин лақаб ӯро дар маркази ноҳия мешиносанд. Гоҳ-гоҳе Ойим – хола ҳам мегӯянд ӯро. Кампири хоксору содагӯест. Савдогар аст ва буду шуди молҳояш дар болои як қуттӣ шояд ҳамагӣ 200 сомониро ташкил диҳад.

Ронандаҳои таксиҳо дӯстони наздик, ё ба қавле муштариёнаш мебошанд. Хоксор ва ҳалиму меҳрубонест ва ҳамчун модари ғамхор ҳама эҳтиромаш мекунанд. Хислатҳои наҷибе дорад, ин модар, ки дар ин дунёи имрӯза омӯзанда мебошанд.

Ҳамагӣ як бор ӯро дидаам ва сифатҳояшро аз ронандагони таксиҳо ва одамони гуногун шунидаам.

Саховатмандӣ, инсонгарӣ, инсондӯстӣ, раҳм, шафқатро дар зоҳиру ботини ин модар эҳсос менамоем. Насиҳатҳои модаронаашро ронандагони ҷавон гӯш мекунанд.

Мегӯянд, ки ганҷу сарват надорад ва даромади ҳаррузаашро қариб, ки пурра хайр карда, ба ину он медиҳад. Аҷиб аст, ки болои қуттии савдогарияш ҳеҷ гоҳ холӣ ҳам намешавад.

Ба ронандаҳо қариби бегоҳӣ қандак (чупа чупс) медиҳад, ки бурда ба кӯдаконашон диҳанд. Дар деҳаҳои зиёд шиносу дӯстони қадрдони зиёде (хешу табор не!) дорад. Агар фаҳмад, ки кадоми онҳо бемор шудааст, ҳатман ба аёдаташон меравад.

Чун аксари ронандагонро мешиносад, ба воситаи онҳо дастовезеро ба ин ё он касалманду шиносҳояш мефиристад. Шиноси дураш ҳам бошад, агар фаҳмад, ки дар беморхонаҳои Ваҳдату Душанбе бистарӣ аст, ҳатман хӯроке пухта хабаргирӣ меравад. Рӯзҳои алоҳида хӯрокҳои сабук (оши угро, далда) пухта дар сатил ба вокзал меорад ва ба ронандаҳо

– Биё бачам, як коса хӯр, – мегӯяд. Ҳеҷ гоҳ пул талаб намекунад.

Ронандаи таксие, ки Рашид ном дораду барвақт аз модар ятим мондааст, ӯро ба ҷои модар медонад.

– Ӯ очаи ман аст. Ман беоча нестам, –  мегӯяд Рашид.

– Ризқи кампираки вокзал аз ғайб меояд. Агар чунин набошад, ӯ аз куҷо ба ҳама кӯмак мекунад, – мегӯянд одамони вокзал.

Дасткалону дастурхоноро мебошад ва куҷое наравад, дасту дастурхони хуб дорад. Дастовези хуб бо худ мегирад. Агар мабодо аз деҳае, касе ба ӯ чизеву ҳадяе (кулча, нон, ош, мева ва ғайра) равон кунад, ҳамон ҷо дар вокзал ҳамаро ҷеғ зада онро тақсим мекунад.

Хонанда нагӯяд ва напиндорад, ки ин зан талбанда аст. На! Ҳеҷ гоҳ наметалабад ва тамаъ аз касе ҳам надорад. Мегӯянд, ки ду писари касалманд дорад, ки ба ҳар ҳол бо зиндагонии ҷудогонаи худ аз ҳоли модар бехабар нестанд. Мухолифи чарчинфурӯшии модар ҳам гаштаанд. Аммо аз рӯи шунид меҳнат ва беминнат зистани шиори ин кампираки вокзал гардидааст. Мегӯянд, ки зиёда аз 30 сол дар беморхона фаррош кор кардааст ва ҳама аз кору одобаш ризо будаанд.

Ба ғайр аз ронандагони таксиҳо аксар одамон ба ӯ мегӯянд:

– Хола, тақсимкориро кам кунеду ин хайрҳоятонро барои худатон сарф кунед.

– Э….э бачам…! Ҳеҷ гап надорад. Имрӯз, ё фардо аз дунё меравем. Як ваҷаб ҷойро мегирем.

 P.S. 1. Ин гуна хайру садақаи ин модарро на ҳар кас карда метавонад.

  1. Дуруст аст, ки бо хайр моли кас кам намешавад. Ин модар духтари бешавҳару бачаи безан надорад, ки барои онҳо сармоя ҷамъ кунад. Зиҳӣ, ки ӯ барои дигарон мезияд.
  2. Дар ҳақиқат дунё ба сангдилӣ намеарзад. Бояд чун ин модар зиндагӣ кард. Фақат ҳар кас дар ҷои худ…

Бахтиёри Қутбиддин

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь