Ман гоҳ-гоҳ барномаи «Фазо»-и Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»-ро бо шавқ тамошо мекунам. Аслан барномаи «Фазо»-ро ду нафар ҷавон бо навбат (дар алоҳидагӣ) барандагӣ мекунанд. Бояд зикр намуд, ки дар вақти муаррифии меҳмонон аз ҷониби барандаҳо аз ҷиҳати этикети мардуми тоҷик андаке ноқисӣ рух медиҳад.
Ба қарибӣ дар барнома шоираи хушкалом Робиаи Холмирзо ва Фахриддин ном сарояндаи ҷавон бо аъзои гуруҳаш даъватӣ буданд. Баранда аввал Фахриддини ҷавонро, ки акнун дар ҷодаи санъат қадам мегузорад, муаррифӣ намуд, баъд ба муаррифии Робиа, ки узви Иттифоқи нависандагон аст ва соҳиби чандин китоб буда, мухлиси зиёд дорад, пардохт. Хоҳ-нохоҳ чунин муносибат бо меҳмонон тамошобини андаке аз этикети миллати тоҷик огоҳро ба ғазаб меорад.
Баъди дидани чунин воқеа ҷавонии худам ба хотир расид. Як давра дар шабакаи якуми телевизион фаъолият доштам. Рӯзе дар барнома устоди зиндаёд Муҳаммадҷон Шукуров, устод Гулназар Келдӣ (руҳашон шод бод!) ва як нафари дигарро, ки ному насабаш фаромӯш шудааст, даъват намудам. Устод Гулназар бо нафари дигар вақти даъватшуда ҳозир шуданд, аммо устод Муҳаммадҷон Шукуров андаке дер карданд. Солҳои 1990-2000 дар студияи телевизиони Тоҷикистон дастгоҳи техникӣ пурра намерасид. Студияи сабт бо навбат дар тӯли як ё ду соат ба муҳаррирон тақсим мегашт. Агар вақти муайяншударо истифода набарӣ, навбати муҳаррири дигар мерасид, маҷбур будӣ, ки ҷоро холӣ кунӣ. Он рӯз барои ман як соат ҷудо шуда буд, агар истифода набарам, барномаи ман омода намегашт. Пагоҳ дар назди сармуҳаррир аз рӯи корам ҷавоб хоҳам гуфт. Аз устод Гулназар хоҳиш намудам, ки омадани устод Муҳаммадҷон Шукуровро интизор нашавем ва сабти барномаро оғоз намоем. Устод Гулназар розӣ нашуданд ва гуфтанд, ки «агар устод пайдо гарданд ва моро нишаста бинанд, нисбаташон беҳурматӣ мешавад». Бо маслиҳати устод Гулназар боз даҳ дақиқа дар раҳрав интизор шудем. Баъд барои сабт ба курсӣ нишастем. Ҳамин лаҳза устод Муҳаммадҷон Шукуров пайдо гаштанд. Устод Гулназар ҷаста аз ҷо хестанд. Устод Муҳаммадҷон Шукуров дигар чизе нагуфтанд ва хомӯш аз утоқ берун шуданд. Ман бо шитоб аз қафояшон баромадам. Устод дар пайраҳаи байни биноҳои телевизион қадам мезаданд. Нафасгирияшон мушкил буд. Ман зуд рафта як пиёла об овардам. Устод Муҳаммадҷон Шукуров обро нӯшиданд. Чизе нагуфтанд. Ҳарду хомӯш дар пайраҳа чанде қадам задем. Баъд устод гуфтанд: «Рафтем, суҳбатро оғоз мекунем». Мо вориди студия гаштем. Устод Гулназар ва рафиқи дигар рост меистоданд. Баъди нишастани устод Муҳаммадҷон Шукуров ҳама нишастем ва сабти мо оғоз ёфт.
Чанде пеш чунин муносибатро дар барномаи «Фазо» мушоҳида намудам. Дар барнома устод Аскар Ҳаким бо як нафар сароянда даъватӣ буданд. Баранда аввал сарояндаро муаррифӣ намуд. Баъд ба муаррифии Аскар Ҳаким гузашт. Устод Аскар Ҳаким дар бунёди сохти ҷомеаи нав бо қудрати қалам ва нерӯ саҳми бузурге гузоштаанд. Устодро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои хориҷа низ мешиносанд. Дар даврони Шӯравӣ чандин китоби он кас ба забони русӣ дар Маскав чоп шудааст. Бояд барандаи барномаи «Фазо» аз ҷиҳати этика аввал он касро муаррифӣ менамуд, баъд ба муаррифии сароянда мегузашт.
Як нақл, ки аз Азизи Азиз тариқи барномаи телевизиони «Баҳористон» шунидам, ҳеч аз хотирам дур намешавад. Адибони кӯдакон Гулчеҳра Сулаймонова, Убайд Раҷаб, Азизи Азиз… дар ноҳияи Мирзо Турсунзода дар чорабиние ширкат меварзанд. Баранда, ки намояндаи худи ноҳия буд, баъди оғоз ёфтани чорабинӣ ба ситоиши устод Убайд Раҷаб мегузарад ва сухани аввалинро ба он кас медиҳад. Устод Убайд Раҷаб аз хатоии баранда сурху сафед мешаванд ва ба ҷои узр хостан ба ҷониби муаллима Гулчеҳра Сулаймонова менигаранд, баъд ба минбар мебароянд. Аввалин сухани он кас дар минбар қироати шеъри Гулчеҳра Сулаймонова «Бибиҷонам меояд» буд. Кӯдакон, ки дар ин ҷо ҳузур доштанд ва шеърро пурра аз ёд медонистанд, баробари устод ба қироат мепардозанд. Баъд устод Убайд Раҷаб аз бачаҳо пурсон мешаванд: «Медонед, ин шеърро кӣ навиштааст?». Бачаҳо ҷавоб медиҳанд: «Бале, шоира Гулчеҳра Сулаймонова!». Устод Убайд Раҷаб дар ҷавоб мегӯянд: «Агар донед, бибиятон дар ҳамин ҷо. Аввал бибиятон сухан мегӯянд, баъд навбат ба мо мерасад». Устод Убайд Раҷаб бо як муносибати ширин хатоии барандаро ислоҳ мекунанд ва суханро ба Гулчеҳра Сулаймонова медиҳанд.
Суҳбат дар барномаи телевизионӣ – ин як чорабинии маҳаллӣ нест, ки хатоии барандаро монанди устод Убайд Раҷаб зуд ва нозукона ислоҳ намоӣ. Вақте ки барнома дар телевизион рафт, дигар ислоҳ намешавад. Як хунукназарии баранда хоҳ-нохоҳ ба дили тамошобин, агар вай аз этикети пурғановати миллати тоҷик огоҳ бошад, сахт мерасад. Ман орзу мекунам, ки барандаҳо ба чунин хатоиҳо, агар дар назар ночиз ҳам тобад, дигар роҳ намедиҳанд.
Ҳамроҳи АВЛИЁПУР