Мӯйсафед бо азобе худро аз Гармчашма берун кашид.

Дилаш дар қафаси синааш бозӣ дошт. Дар лаби чашма нишасту хост нафасашро рост кунад… Аммо чашмонаш сиёҳӣ заданд, калавид ва худро базӯр нигаҳ дошт.

Оҳиста нишаст.

Оби чашма ором гирифта, осмонро дар дили худ ҷой дода буд. Насимаке вазиду оби чашма мурғак рафт.

Мӯйсафед даст ба болои сина бурд ва аз чӣ бошад зери лаб барои худу барои оромии дилаш рубоиеро паст-паст ба забон овард:

Эй дил чу насиби ту ҳама хун шуданаст,

Аҳволи ту ҳар лаҳза дигаргун шуданаст.

В-эй ҷон ба ин бадан чаро омадаӣ,

Чун оқибати кори ту берун шуданаст.

Хайр: Ин умр ба абри навбаҳорон монад.

Хеле умр ҳам дида бошам, гӯё як чашм пӯшондану кушоданро мемондааст.

Нигоҳаш ба хуршеде, ки ғуруб мекард, пайваст.

Хуршед камнур гашта, гӯё ҳангоми видоъ хун мегирист.

– Хайр, эй ҳамраҳу ҳамсозам хуршеди танҳогард. Ту дар самою ман дар ин деҳи бекас танҳо мондем. Агар пагоҳ туро набинам…

Суханаш дар гӯлӯяш монд. Чашмонаш об гирифтанд. Хомӯш монду бо нигоҳ офтобро гусел кард.

Ва ба зӯр аз ҷой ковок шуду даст ба оби Гармчашма зад…

«Ҳазор бор шукр ки ту будаӣ, туро ҳам акнун танҳо бояд гузошт. Дигар касе гирди пеши туро тоза намекунад. Охир он мардумон аз куҷо донанд, ки ту дардро давоӣ, ту марҳами дасту рӯй, ту оби шифобахшу рӯҳнавозӣ…».

Ва ба хаёл рафту он рӯзҳоро пеши назар овард. Замоне дар гирду пеши чашма одам ҷӯш мезад. Ҳатто барои дасту рӯй шустан навбат мепоиданд.

Як шабе… Ӯ ҳам дар сари ҳамин чашма бо Санавбар рӯ ба рӯ шуда буд. Ҳама дар даст агар бо сатил барои обгирӣ оянд, ӯ бо кӯза омада буд.

Ин Гармчашма аҷаб хусусияте дошт, ки зимистон ширгарм мешуду тобистон хунук. Вале бо вуҷуди ин номаш Гармчашма монда буд.

Он шаби тобистони тамуз ӯ хост ба оби сарди чашма дасту рӯй шӯяд ва каме дам гирад.

Вале ниҳоли қомати он духтари моҳчеҳраро диду худро гум кард.

– Ҳа мусофир, аз куҷо омадӣ, биё меҳмони чашма шав…

– Чӣ маро нашинохтӣ, ки мусофир мегӯӣ.

– Охир доим дар сафарӣ кам меоӣ.

– Ту аз куҷо медонӣ.

– Ба ман чашма гуфт.

– Афсона гуфт.

– Ҳа, афсонаи ёри бепарворо.

Аз ин сухани Санавбар худро аз даст дод. Эҳсос кард, ки дар дили ин моҳчеҳра нисбат ба ӯ меҳре ҳаст. Охир чаро «ёри бепарво» гуфт.

Ва беихтиёр шеър гуфт, бо овози ларзону бо дили лабрез аз эҳсосот:

Ҳар барг забони булбули гӯё нест,

Ҳар сабза намунаи гули раъно нест,

Ин мисраи сарв дар чаман бар лаби ҷӯй,

Дар мадҳу санои сояи боло нест.

Он шамшодқад кӯзаро пуроб карду сархаму шармзада, ба гуфтор даромад:

– Бо шеъргӯӣ мурод ҳосил намешавад, пагоҳ ба хонаи мо аз деҳи ҳамсоя хостгорҳо меояд…Ваё бегона, худо медонад, онҳо чӣ касонанд…

Ва сархам чун бод аз бари Юсуф гузашту рафт.

Юсуф гӯё хоб буд, бедор шуд, маст буд, ҳушёр гашт.

Фаромӯш кард, ки дасту рӯй шӯяд ва тез ба хонааш рафт. Назди модари танҳо ва бемораш…

-Оча…- танҳо ҳамин калимаро гуфту забонаш лол монд.

Модар ба рангу рӯи каме тағйирхурдаи фарзандаш нигаристу пурсид:

-Гап зан бачем чи сухане дар дил дорӣ?

Сархам бо азобе гуфт:

-Санавбарро хостгорӣ мекарданд.

Модар ба фарзандаш нигаристу гуфт:

– Духтар, ки ба воя расад хостгор меояд…

Хост ба чашмони фарзандаш нигарад. Ӯ сархам ва ба рӯи модар наменигарист.

– Маро гӯш кун, рав бобои Кариму амаки Расулатро ҷеғ зан.

Юсуф ҳайрон ба модар нигарист.

– Чӣ нашунидӣ, рав онҳоро ҷеғ зан ман гап дорам…

Ҳамон шаб бобои Карим бо амакаш Расул ба хонаи Санавбар барои хостгорӣ рафтанд…

Ва сархаму малул баргаштанд.

Падари Санавбар Нуралӣ ҷавоби рад дода, гуфтааст:

– Юсуф аввал доро шавад баъд зан мегирад…

Ин суханро ба модари Юсуф Ҷаҳоноро гуфтаанду бехабар монданд, ки Юсуф дар дами дар ҳамаашро шунид…

Пагоҳ назди модараш нишасту сухан кушод.

– Оча, зиқ нашавед, ман дороиро ба онҳо нишон медиҳам…

Вале модари бемор якбора аҳволаш бад шуд. Охир, Нуралӣ замоне дар ҳавлии онҳо ба воя расида, аз баракати шавҳари раҳматиаш ба мансабҳои калон расид.

-Имрӯз ӯ доро шудааст. Хайр Худо баракаташро диҳад…

Ақалан андешаи нону намаки дастамро накард…

Пас аз се рӯз, модараш ҷаҳонро падруд гуфт…

Дар рӯзи чили модараш Нуралӣ тӯй орост. Ба сухани муйсафедони деҳ аҳамият ҳам надод. Боз болои ин Санавбарро бо лату кӯб ба мошин мешинонанд…

-Маро зинда дар гӯр накунед, очаҷон, – гуфта гардани модарашро гирифтанаш дили хурду калонро хун мекунад…

Оҳе ногоҳе мегӯянд…

Саҳар аҳли деҳа хабар ёфтаанд, ки ҳангоми арӯсбарорӣ дар роҳи Фароб фоҷиа рух додааст.

Нуралӣ бо ёру дӯстони ширакайфу масташ ба садама дучор мешаванд.  Аз ҳафт нафар танҳо худи Нуралӣ бо дасту пои шикаста зинда мемонаду халос.

Ва домод, ки ба гирифтори касалии хапакон будааст, аз тарс нафасгардон шуда ҷон медиҳад…

Санавбар аз ин фоҷеа хаёлӣ мегардад, Нуралӣ бо аҳли оилааш аз деҳа кӯч баста баромада меравад….

Юсуф пас аз хатми донишгоҳ ба деҳаи худаш Зебон меояд.

Донишу оқилии ӯ ҳамаро ба ҳайрат меовард. Дороии ӯ илму дониш буд, ҳунар буд, савту наво буд.

Ҳама ёру дӯстонаш бегоҳиҳо дар меҳмонхонаи ӯ гирд меомаданд.

Ӯ қиссаву афсона мегуфт ва достонсароӣ мекард.

Аҳли деҳ бе маслиҳати Юсуф ягон корро сар намекарданд, аввало аз ӯ маслиҳат мепурсиданд. Аз рӯи гуфти ӯ амал карда, хато намекарданд.

Ҳама ҳавас менамуд, ки чун Юсуф домод дошта бошанд.

Хонадор шуд, ба Мадина… Духтаре аз шаҳр, аммо сари фарзанд рафт.

Аммо ӯ дигар ёди зангирӣ намекард…

Ба тамоми маъракаҳои аҳли деҳа ӯ сарвар буд, маслиҳатгар мешуд.  Овози сеҳрнокаш ҳамаро асир мекард, аз суханаш касе берун по намемонд.

Ҳатто аз деҳаҳои ҳамсоя омада аз ӯ маслиҳат мегирифтанд.

Деҳ калон мешуд, замин намерасид. Охир деҳаи Зебон дар байни ду кӯҳ ҷойгир шуда буд. Аз рӯи нақлҳо аввало як нафар бо оилааш омада ин ҷоро хуш мекунад, мафтуни манзараи зебояш ва Гармчашмааш мешавад.

Оҳиста-оҳиста ин деҳа доман паҳн мекунад. Боз оилаҳои зиёде аз дигар ҷойҳо ба инҷо меоянд…

Мӯйсафед вақте ки аз ҷой хесту хост ба сӯи хонааш равад, офтоб шишта буд.

Ба ҳавлиааш омад, ки дилаш боз ба бозӣ даромад. Ба меҳмонхона даромад. Пушт ба девор монду дастро ба рӯи дилаш фишурд ва ба ёдаш омад, ки дар токча як даста наъноро имрӯз ба рӯзи мабодо хушк карда оварда буд.

Як баргашро ба таҳи забон гузошт. Сараш чарх зад, якпаҳлӯ ғалтид. Баъди хеле ба худ омад.

Аввало чашмаш ба дутораш бархурд, ки дар бурҷи меҳмонхона овезон.

Ҳар боре, ки дилаш беқарору ноором шавад, овози дутор марҳам мешуд.

Рост шуд. Худро ба дутор расонд. Аз мех гирифту оҳиста ларзида нишаст. Панҷа ба тори дутор зад. Ҷураш рафта. Ҷур кард. Вале ҳис кард, ки ҳоло ҳам ҷур нест, чун дилаш, чун набзаш.

Боз панҷа ба торҳо кашид. Оҳанге дар хаёлаш шӯъла зад ин оҳанги хайрбод буд.

Ҳамон оҳанге, ки аҳли деҳ кӯчбаста ба деҳи дигар мерафтанд.

Ӯро ҳарчанд зорӣ карданд, нарафт.

Вақте, ки ба назди ӯ барои дуо ва хайрухуш омаданд, дар меҳмонхона танҳо менишасту ҳамин оҳангро менавохт.

Ҳама гирёну нолон бо ӯ хайру хуш карданд ваъда доданд, ки ӯро танҳо намегузоранд. Ҳар рӯз барои хабаргирӣ меоянд.

Ӯ хомӯш буду бо садои дутор хайрбод мегуфт…

Сабоҳ аз хоб хесту деҳаро хомушу бе кас меёфт…

Бо ӯ буд, сагу маркабу ду бузу як гов…

Куҷое мерафт сагаш Барфак бо ӯ буд. Юсуфро гӯё танҳо намегузошт…

Аҷиб ки ҳар рӯз аз деҳ ҳамдеҳаҳо меомаданд соатҳо менишастанду мерафтанд.

Дигар ӯро даъват намекарданд, ки кӯчбаста ба он ҷо равад.

Якравӣ, якқавлию якрӯяии Юсуфро ҳама медонистанд.

Оҳиста-оҳиста дар се рӯз, дар як ҳафта як бор ҳамдеҳаҳо меомадагӣ шуданд.

Охири охирон моҳу солҳо ҳам намеомаданд.

Танҳо амакбачааш Сорбон меомад. Гоҳо чанд ҳафта меистод. Ҳоло ӯ донишҷӯ, дар шаҳр мехонад. Бояд биёед…

Боз панҷа ба дутор зад оҳанг ноҷур…

Хаёлаш нур кашид.

Вақтҳое, ки ҳамсӯҳбат надошт, бо дутор роз мегуфту бо дутор дарди дил мекард. Дилаш ором мегирифт.

Аҷиб, ки сагаш сарашро болои ду дасташ монда гӯё гӯш мекарда бошад, хомӯшона менигарист.

Як шаб Барфак беқарорӣ кард, сӯи чашма нигоҳ карда ак-ак мезад.

Юсуф хесту фонусро гирон карда, ба он сӯ равона гашт. Саг пеш-пеш овоз бароварда мерафт.

Ва қариби чашма нарафта хомӯш шуду дум ликонд, гуфтанӣ, ки он ҷо касе ки бошад шинос.

Дар лаби чашма зани сиёҳпӯше нишаста ба об дасту рӯй мешуст ӯ ба ақиб нанигариста гуфт:

-Бӯи шинос меояд, як умр ман ин бӯйро мехостам аз машомам дур накунам.

-Ин туӣ, Санавбар…

-Ҳа Юсуф ман ҳамон Санавбари хушкшуда, бебаргу бора монда.

-Ту аз куҷо омадӣ?

-Аз гӯристон ба ин гулистон омадам. Вале гулистон бе Юсуфам ҳеҷ аст…

Юсуф фонусро бардошт то дар нури чароғ ӯро хубтар бубинад, вале сару рӯи ӯ печонда буд, як тора мӯйи сафедаш аз зери рӯймолаш баромада меистод.

-Санавбар охир дар ин шабӣ аз куҷо омадӣ….

-Гуфтам ку аз гуристон. Ман ҳафтсол дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ будам. Имшаб Худо мадад намуд аз он ҷо берун шудам, рост ба ҳамин ҷой омадам, ки туро ҳамеша медидам, орзу менамудам, ки туро рӯзе ҳамболу ҳампари худ бубинам.

Аммо ту бепарво будӣ, хомӯш меомадӣ, хомуш мерафтӣ.

То ҳамон даме, ки шунидам хостгорҳо меоянд тоқат накардаму сири диламро бароят кушодам. Саду якбор илтиҷо кардам, ки боре ба ман бингарӣ. Он шаб… хайрият чашми дилат боз шуд. Дар сари ҳамин чашма маро ёфтӣ… Аммо ҳамаш аз тақдири бади ман печида будааст.

Боз, ба ёди Юсуф расид, ки духтаре он вақтҳо ҳамеша ба ӯ дуздида дуздида назар мекард.

Вале шарм, ҳаё, панду насиҳати зиёд ӯро печонда гирифта буд.

Бисёр мехонд, худро дар олами панду насиҳат меёфт, медид.

Кош, бебоку ҷасуриро барвақтар ифшо мекард.

-Биё ба хона равем…

-Охир ту донишманд, олим, чӣ сон шавад, ки зани номаҳрам ба хонаат дарояд.

-Ту номаҳрам нестӣ. Дар ин торикӣ куҷо меравӣ.

-Зиндагии ман аз аввал торик шуд, акнун чӣ фарқ дорад раҳи ман ҳамеша дар торикист.

Ҳарчанд гуфт суханаш ба ӯ нагузашт….

Вақти рафтан гуфт:

– Хостам охирон бор як бор бубинамат.

Барои ҳамин ба он ҷои ваъдагӣ гоҳо дилбастагон барои видоъ меоянд.

Ҳама талошҳои Юсуф натиҷа надод.

Ӯ рафт, шаб ӯро ба оғӯш гирифт. Бемориаш ҳис намешуд…

Пас аз се рӯз бародари Санавбар бо падараш ба ҳавлии Юсуф омаданд.

Нуралии харобу заъфаронгашта, ки базӯр роҳ мегашт, ба Юсуф урз пеш овард.

-Агар тавонӣ маро бубахш. Ҳар шаб модарат дар хобам медарояд, рӯҳи ман ором нест.

-Шумо аз рӯҳи модарам бахшиш пурсед, ман чӣ тавонам кард.

-Ман асосан ба ту ҷавр кардам, масти дороӣ ва мансаб шудам, туро назарам нагирифт.

-Ҳеҷ гап не, молу ҳол хамеша ба дард даво нашавад ҳам, касро худписанду мағрур месозад.

– Биё, ин гапҳоро мону маро бубахш… Агар хоҳӣ духтари хурдиамро ба ту медиҳам, то рӯҳи модарат шод шавад.

-Дили шикаста дигар шод намешавад, ако…

Бародари Санавбар, ки то ҳол хомӯш буд, ба гуфтор омад…

– Мо дирӯз ҷасади Санавбарро аз кӯҳи Лайлӣ ёфтем. Аниқаш як чӯпон хабардор намуд.

Юсуф сарашро дошту ба замин нишаст. Намехост оби чашмонашро онҳо бубинанд, лек нашуд…

Онҳо ноумед рафтанд. Пас аз ин вохӯрӣ Юсуф парешонҳолу дилшикаста гашт ва дигар ёди ҳамсар накард…

***

Панҷа ба тори дутор зад, оҳанге хурӯшиду тори дутор канда шуд…

Мӯйсафед аз ин ҳолат фоли нек набардошта, аз ҷой бо азобе хесту берун баромад.

Субҳ медамид…

Дари оғилхонаро кушоду гову бузҳоро сар дод. Маркабро аз дар берун намуд.

Вале кабки қафасро раҳо карда бошад ҳам, аз ҳавлӣ дур намешуд.

Сагаш Барфак аз ақиби соҳибаш канда намешуд ва ҳар лаҳза бо хавотирӣ овоз мебаровард.

Он ҳам ҷудоиро эҳсос мекард. Худро ба пойи мӯйсафед мемолид ва пойҳои ӯро бӯйида нолиш мебаровард.

– Ором бош, Барфак, Сорбон агар ояд ба ту нигоҳубин мекунад. Зиқ нашав,- гуфту сари сагро сила кард. Вале оби чашмони сагро диду дилаш нолид…

– Вафодор…

Оҳиста – оҳиста асо зада ба водии хомӯшон наздик шуд.

Хонаи охираташро, ки чанд моҳ тайёр карда монда буд, як бори дигар аз назар гузаронд.

– Кош, Сорбон меомад, – аз дил гузаронд мӯйсафед. Охирон бор ба Сорбон ин манзилашро нишон дода буд, ки ӯ норозиёна гуфт:

– Амак, ин коре, ки Шумо мекунед, хубӣ надорад. Биёед, ман шуморо бо худ ба деҳаи Навобод барам, хонаву дари худамро ба шумо медиҳам. Агар нахоҳед, замин ҳаст, як хонаву дар месозему медиҳем.

– Акнун дер шуд, шери амакаш, деҳаро танҳо намегузорам. Ман дар ин ҷо танҳо нестам… Намебинӣ, як деҳа ҳама дар ин ҷо хобанд, – гуфта водии хомӯшонро нишон дод.

– Инҳо ҳама бо мананд. Ҳар шаб бо ман гуфтугӯ мекунанд. Дар он меҳмонхона нишаста достонсароию таронахонӣ ва қиссагӯӣ мекунем.

Сорбон ба ин суханони ӯ бо ҳайрат нигаристу хомӯш монд…

Ӯ медонист, ки танҳоӣ хуб нест…

Лек боғҳои сабзу обҳои равону чашмаи ҷӯшони ин деҳи аҷдодиро танҳо гузоштан аз рӯи зодбумдорӣ нест. Рӯҳҳо ором намешаванд…

Мӯйсафед ба сари баландие, ки роҳро бисёр хуб дидан мумкин аст, бо азобе баромаду нишаст. Ӯ дар он ҷо дар таҳи сада барои худ нишастгоҳ сохта буд. Аз ин ҷо чашм ба роҳ дӯхтан ва умеди омадани касеро дар дил парваридан барояш ба амри одат даромада буд.  Роҳи морпеч базӯр ба чашм мерасид…. Роҳ холӣ…

Офтоб ҳоло тулӯъ накардааст, вале панҷаи нураш ба осмон равона.

Дилаш беқарор шуд, тез-тез ба задан даромад. Ду бор Сураи Ҳазрати Ёсинро хонд.

Вақте, ки сеюм бор сураро мехонд, аз дур суроберо дид, ки аспсавор меомад.

«Ӯ бояд Сорбон бошад», – гуфту оҳиста дароз кашид. Саг омадани Сорбонро дида овоз медод, ки тезтар ояд… мӯйсафед рӯ ба машриқ карду тулӯъи офтобро дид.

-Хайр, эй шаҳи оламтоб, – гуфт…

Хуршед ба ӯ дуруд мефиристод, вале мӯйсафед бо нигоҳаш видоъ мекард… Саг ором набуд.

***

Сорбон нахост ҳавлии мӯйсафедро холӣ гузорад. Ӯ кӯчида омад…

Аҷиб, ки нисфи деҳи Навобод, авлоду аҷдоди мӯйсафед ҳам боз гашта омаданд.

Деҳи Зебон боз зеботар шуд. Гармчашма ҷойи истироҳатгоҳи беморону корафтодагон гашт.

Аммо аҳли деҳ симои он мӯйсафеди нуронӣ ва ошиқ Юсуфро ҳеҷ аз пеши назар дур намекунад.

Ҳоло фарзанди Сорбон номи Юсуфро дорад, ба дутор панҷа зада овози софу беғаш таронаҳои бобоиро месарояд.

Дар сари қабри мӯйсафед худ ба худ дарахти Санавбаре сабзида, ки ҳамаро ҳушдор медиҳад:

«Биҳишти ин дунё ишқ асту вафодорӣ»… Аммо муҳим он аст, ки «зиндагии ҷаҳон ба ҳама ишқи гумкардаи мардум доро мешавад».

Андалебони хушилҳони саҳархони дуруст,

Сифати қади ту болои Санавбар хонанд…

Деҳ, чашма, дарахтон ва аз ҳама асос хуршед он мӯйсафедро аз ёд набурда…

Шаҳобиддини ҲАҚНАЗАР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь