Муродбеки Насриддин дар осмони ҳунари тоҷик ситораи дурахшонест, ки ҷилову симои хоси худро дорад. Бо сабку услуби хос, садои гирову махмалини хеш ва фаро гирифтани сабақи ҳунарҳои мардумиву устодони номдори ҳунари касбӣ  ӯ муваффақ гашт, ки мактаби ҳунарии хешро эҷод бикунад, ба мартабаи устодӣ бирасад ва маҳбубу азизи дилҳо бишавад. Бисёр кам иттифоқ меафтад, ки шахс ҳам ҳунарманди хуб бошаду ҳам инсони хуб.

Устод Муродбеки Насриддин аз зумраи он ҳунармандонест, ки ҳам бо фазилатҳои неки инсонӣ, бо мардонагиву одамияти баланд, хоксориву тамкини хеш ва ҳам бо василаи ҳунари волои худ ба дилу дидаҳо маскан гирифтааст.

Сабки эҷодии ӯ қуллаи баландест, ки ба он ҳар ҳаваскору тақлидгаре баромада наметавонад ва на ҳар овозхони касбӣ ҳам қудрату ҷуръати ба ӯ пайравӣ карданро дорад.

Муродбек Насриддинов дар санъати овозхонӣ бе тардид ҳамсангу ҳамрадифи Содирхону Ҳоҷӣ Абдулазиз, Акашарифу Маъруфхоҷа Баҳодуров, Одина Ҳошиму Зафар Нозимов, Боймуҳаммад Ниёзову Ҷӯрабек Муродов мебошад.

Санъату ҳунари ӯ барои хосон, барои аҳли дил, аҳли назар, барои ашрофзодагону зиёиёни асил аст. Суруду оҳангҳои ҷаззобу пурҳикмати ӯро бо садои дилнишину рӯҳнавозаш фақат афроди огоҳу бомаърифат, донишманду бофаросат фаҳмидаву дарк карда метавонанд. Ҳама мухлисону ҳаводорони ҳунари ӯ аз зумраи чунин ашхосанд.

Ӯ барои омиёну бемаърифатон, ки мутаассифона, теъдодашон хеле зиёд аст, аз назми пасту беоҳори кӯчагӣ, аз фолклори омиёна ҳаргиз истифода намекунад, яъне аз пайи завқи пасти тӯдаҳо намеравад, балки ҳунармандонаву огоҳона мекӯшад, ки бо интихоби ашъори ноб, ғазалиёти пур аз ҳикмату маъниҳои бикр ва оҳангҳои дилошӯб завқи сомеонро баланд бардорад, барои ғановати маънавии ҷомеа бо дилу нияти нек, бо виҷдону имони пок, бо шарафу ифтихори баланди миллӣ хидмат намояд.

Сурудаҳояш бо ашъори Мавлонову Ҳофиз, Саъдиву Ҷомӣ, Низомиву Соиб, Бедилу Сайидо, Тӯғралу Иқбол, Лоиқу Гулрухсор, Фарзонаву Озарахш, Олимхон Исматӣ ва дигар шоирони классику муосир на танҳо дар Тоҷикистону Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми қаламрави форсизабонон машҳуру писанди ҳаводорони ҳунари асил гардидаанд. Ман худ шоҳиди ҳол будам, ки суруди «Мезанад борон ба шиша»-ро дар Эрон хурду калон медонанду замзама мекунанд. Дар пасманзари суруди «Ин кист ин?..» лаҳзаҳои пирӯзии инқилоб ва ба Ватан баргаштани Имом Хумайниро коргардонҳои симои Эрон басо созгору муносиб танзиму тасвир кардаанд.

Чакомаҳои Муродбек бар ашъори аҳли тасаввуф, хоса ғазалҳои орифонаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхиву Ҳофизи Шерозӣ чунон ҳамоҳангу муттаносиб эҷод шудаанд, ки вуҷуди касро беихтиёр ба рақси само, ба андешаву тафаккур барои дарки вуҷуди Ҳақ водор месозанд. Дар ҳавои таронаҳои «Ин кист ин», «Шамсу қамарам омад», «Мурда будам, зинда шудам», «Дило, назди касе биншин», «Ёр маро, ғор маро», «Нигорею нигоре», «Эй Худо, ин васлро ҳиҷрон макун» ва ғ. шунавандаи огоҳ дар роҳи ишқи Ҳақ, дар ҷустуҷӯи Шамс ба ҳолати ваҷд омадани Мавлоноро бо чашми дил мебинаду худ низ ба ҳолати ҳол меафтад…

Ин кист ин, ин кист ин, ширину зебо омада?

Сармасту наълайн дар бағал, дар хонаи мо омада?

Хона дар ӯ ҳайрон шуда, андеша саргардон шуда,

Сад ақлу ҷон андар паяш бе дасту бе по омада…

Ман мақому дараҷаи ҳунару истеъдод ва фазилатҳои неку ибратангези ӯро чун эҷодкори асил ҳанӯз дар нахустин шаби эҷодиаш (соли 1989) дар саҳнаи Кохи Борбад, ки барандаи он барномаи ҷолибу пурғановат будам, мушоҳида кардаам.

Хушбахтона, ман бо устод Муродбеки Насриддин дар бисёр барномаҳои ҳунарӣ, ҷашнвораҳо, маҳфилҳои эҷодӣ ҳамкориҳо карда, аз файзи ҳунару истеъдоди ӯ баҳраҳо бардоштаам. Дар сафарҳои ҳунарӣ ӯро ҳамчун беҳтарин ҳамсафар шинохтаам. Суҳбату ҳамнишинӣ бо ӯ лаззату кайфияти хоса дорад.

Аз баракати дӯстиву ошноӣ бо устод Муродбек ман ҳамчунин дар шахси ӯ беҳтарин боғкору гулпарвар, беҳтарин муҳандису меъмор ва беҳтарин таббохро кашф кардаам.

Оши палови пухтаи ӯ мисли таронаҳояш чунон лаззизу гувороянд, ки кас мехоҳад ҳар рӯз меҳмони бӯстонсарои зебову хушманзари ӯ дар соҳили рӯди Варзоб буда бошад…

Муродбеки Насриддин бо риёкориву дурӯягӣ, разолату шайтонӣ, чоплусиву хушомадгӯӣ барин зуҳуроти пасти инсонӣ муросо карда наметавонад. Ғурури инсониву миллии ӯ аз куҳҳои Масчоҳу Бадахшон ҳам баландтару устувортар мебошад. Чун ӯ бо эҳсоси баланди шаҳрвандӣ медонад, ки:

Чу мо фарзанди куҳҳои баландем,

Ба мо пастӣ намезебад, бародар!

Ӯ ҳамвора талқин ва таъкид мекунад, ки ҳунарманд бояд дар рафтору гуфтор, суҳбату гашту гузор, либоспӯшиву покизагӣ, ҳатто хӯрокхӯриву меҳмонӣ ва ҳама гуна феълу атвори инсонӣ аз дигарон ба хубӣ фарқ кунад, ба аҳли ҷомеа намунаи ибрат бошад.

Устод Муродбек Насриддинро ҳам ҳунару сурудаҳояш, ҳам хислату рафтораш ибратангезу ҳикматомӯз мебошанд.

Зиҳӣ ҳунарманди асил!

Дар мавриди ҷашни 70-солагии мавлуди муборакаш ин байтҳоро муносиб дарёфтам:

Марди ҳирадманду ҳунарпешаро

Умр ду боистӣ дар ин рӯзгор.

Гар ба яке таҷриба андӯхтӣ,

Бо дигаре таҷриба бурдӣ ба кор.

Орзумандам, ки устоди арҷманд Муродбеки Насриддин ба муроди дили ҳаводорону ошиқони ҳунараш марҳилаи дуввуми умри худро бо саломату саодат баҳри эҷоди шоҳкориҳои нав ба нав ва тарбияи шогирдону пайравони сазовораш масраф намояд.

Бо иродат ва арзи ихлосу муҳаббати бародарона, Ортиқ Қодир

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь