Журналист Шервони Умриддин 31-уми июли соли 1991 дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷакент дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Шервони Умриддин маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи №35-и ба номи Шариф Бозорови деҳаи Рукнобод гирифта, пас аз хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил соли 2009 озими Душанбе гаштааст. Ӯ соли 2009 бо қасди журналист шудан ҳуҷҷатҳояшро ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорида, онҷоро соли 2014 бо баҳои хубу аъло ба итмом мерасонад. Инчунин, моҳи ноябри соли 2014 ба курсҳои кӯтоҳмуддати семоҳаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шуда, моҳи феврали соли 2015 курси пурраи баҳисобгирии бухгалтериро аз рӯйи касби муҳосиб хатм кардааст.

Шервон аз хурдсолӣ маҳорату ҳунари аксбардорию наворбардорӣ дошт. Ӯ аз синфи панҷ то синфи ёздаҳ дар зодгоҳаш – деҳаи Рукнобод дар тӯю сур ва дигар маъракаҳои хонаводагӣ, аз қабили ҷашни мавлуд ва ғайра ба аксбардорию наворбардорӣ машғул буд.

Номбурда ҳанӯз аз даврони донишҷӯӣ бо Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”, рӯзномаю ҳафтанома ва маҷаллаҳои хусусиву давлатии кишвар ҳамкорӣ дошта, чандин сюжету мақолаҳо ба нашр расонидааст.

Ин журналисти ҷавон дар даврони донишҷӯӣ яке аз донишҷӯёни фаъоли факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Ҳанӯз дар даврони донишҷӯӣ ӯ дар мавзӯҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маориф ва тандурустӣ пайваста мақолаҳо менавишт. Маҳсули эҷодиаш дар рӯзномаю ҳафтанома ва маҷаллаҳои давлативу ғайридавлатӣ ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаи муосир – истиқлол, худшиносиву ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, тарғиби ашхоси некноми ҷомеа, ҳалли қазияҳои рӯзмарраи мардум, тафаккури давлатӣ, мушкилоту норасоиҳои ҷомеа ва ғайра бахшида шудааст. Ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ӯро дар ҷодаи интихобнамудааш заҳматқарин кардааст.

Ӯ аз соли 2012 узви Конфедератсияи байналмилалии Иттифоқҳои журналистӣ ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Шервони Умриддин соли 2014 пас аз хатми факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Оҷонсии иттилоотии умумимиллии www.tojnews.org ва ҳафтаномаи “Нигоҳ”-и Созмони ҷамъиятии “Индем” ба ҳайси хабарнигор як сол фаъолият кардааст. Баъдан аз моҳи ноябри соли 2015 то моҳи феврали соли 2017 ба ҳайси сухангӯи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ дар ин вақт яке аз пуркортарин сухангӯёни ҷавони идораҳои давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ки бо рӯзномаю ҳафтаномаҳо ва расонаю хабаргузориҳои хусусиву давлатӣ доимо дар иртибот буда, масоили марбут ба фаъолияти Академияи миллии илмҳоро дар матбуот пӯшиш медод. Ҳамчунин, маҳз дар давраи кори ӯ сомонаи Раёсати Академияи миллии илмҳо хеле фаъол гардида, яке аз сомонаҳои пешқадами соҳаи илми тоҷик ба ҳисоб мерафт.

Ӯ аз моҳи феврали соли 2017 саркитобдори шуъбаи иттилоотрасонии Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – масъули сомонаи ниҳоди мазкур ва ҳамчунин масъулияти муҳаррири сомонаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон www.journalism.tnu.tj-ро бар ӯҳда дошт. Аз рӯзҳои аввал ӯ ин ду сомонаи ниҳодро фаъол намуда, тӯли як соли фаъолияти хеш сифат ва мӯҳтавои сомонаҳои мазкурро боло бурдааст.

Шервони Умриддин аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи сентябри соли 2019 ба ҳайси сармутахассиси табъу нашр дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собити назди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Беш аз 220 мусоҳиба ва мақолаҳояш ҳанӯз аз солҳои аввали донишҷӯӣ то имрӯз дар рӯзномаю ҳафтанома ва маҷаллаҳои “Нигоҳ”, “Фараж”, “Самак”, “Тоҷикистон”, “Озодагон”, “Пайкон”, “Миллат”, “Ҳафта”, “Дишидак”, “Рӯзгор”, “Импульс”, “Пайк”, “СССР”, “Имрӯз – News”, “Asia – Plus”, “Чархи гардун”, “Боргоҳи сухан”, “Нури зиндагӣ”, “Овоза ва ҳақиқат”, “Зан ва мард”, “Ману ту”, “Оила”, “Даво”, “Ҷумҳурият”, “Ба қуллаҳои дониш”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Паёми Душанбе”, “Минбари халқ”, “Мароми пойтахт”, “Ҳақиқати Суғд” ва “Зарафшон”-и кишвар ба чоп расидаанд. Инчунин, ӯ дар атрофи бисёре аз масъалаҳои муҳими рӯз дар сомонаҳои хабарии “Радиои Озодӣ”, “Asia – Plus”, “Спутник Тоҷикистон”, “Тоҷнюс”, “Озодагон”, “Фараж” ва “Ховар” андешаронӣ намудааст.

Шервони Умриддин яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, дар шабакаи иҷтимоии Facebook доир ба масъалаҳои муҳими ҷомеа маводҳо ба нашр мерасонад, ки аҳамияти барҷастаи иҷтимоӣ доранд ва аз ин рӯ, ӯро ҳамчун журналисти фаъоли шаҳрвандӣ эътироф мекунанд.

Шервон яке аз журналистоне мебошад, ки доир ба мавзӯҳои рӯзмарра бо як қатор чеҳраҳои саршиноси соҳаҳои мухталифи кишвар сӯҳбатҳои ҷолиб ва пурарзише анҷом додааст. Сӯҳбатҳои мазкур ӯро ҳамчун як журналист – мусоҳибаорои ҳушёр ва зирак дар байни ҷомеа маъруф гардонидаанд.

Шервони Умриддин дар баробари фаъолиятҳо, ҳамзамон дар тренингу семинар ва омӯзишҳои Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон”, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии “Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии “Созмони рушди журналистони ҷавон”, Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” ва Фонди ҷамъиятии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” барои баланд бардоштани маҳорати касби журналистиаш ширкат карда, соҳиби чандин сертификату гувоҳномаҳо шудааст.

Шервони Умриддин то имрӯз дар тамоми соҳаҳои фаъолияти хеш соҳиби даҳҳо ифтихорномаю сипосномаҳо гардидааст.

Шервон дониши хуб, рафтори намунавӣ дорад, писари меҳнатдӯст, ҷавони серғайрат, ҷӯянда, пуркор, хоксору раҳмдил буда, қобилияти баланди зеҳнию фикрӣ ва эҷодӣ дорад. Пайваста меомӯзаду дониши хешро такмил медиҳад. Нисбат ба худ серталаб аст. Номбурда ҳоло аспиранти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Шервон дар байни устодон, ҳамкурсон, ҳамкасбон ва ҳамкорон эҳтироми махсусро соҳиб аст, зеро ӯ бо ҳама муносибати самимона дорад. Ӯ пайваста дар ҷустуҷӯй буда, кӯшиш менамояд, то дониши андӯхтаи худро дар амал татбиқ кунад.

Шервони Умриддин аз моҳи декабри соли 2020 то имрӯз сухангӯи Бемористони байналмилалии Ибни Синои шаҳри Душанбе мебошад. Дар тӯли 8 моҳи кориаш ӯ якчанд мусоҳибаҳои хаттӣ ва навориро бо пизишкони муваффақ ва донишманди илми тиб анҷом додааст, ки онҳо барои ҷомеа муфид ва аҳамиятнок мебошанд. Аксарияти мусоҳибаҳояш бо пизишкони Бемористони байналмилалии Ибни Сино дар ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Самак”, “Тоҷикистон”, “Пайк” ва маҷаллаи “Даво” чоп шудаанд. Бо омадани кор ба бемористон, Шервон тарғибу ташвиқи бемористону пизишкони бемористони мазкурро хеле хуб ба роҳ монда, ҳар рӯз дар муаррифии табибон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мусоҳибаҳои ҷолиб ва мувофиқ ба таъбу завқи мардумро ба нашр мерасонад. Ҳамчунин ӯ бо рӯзномаю ҳафтаномаҳо ва сомонаҳои хабарӣ ҳамкории хуб дорад, ки ба ин тариқ пешрафту дастовардҳои бемористонро ба ҷомеа мерасонад.

Боварии комил дорем, ки Шервон дар ҳар ҷойе ки кор кунад, аз ӯҳдаи вазифаи ба зиммааш гузошташуда баромада метавонад, зеро ӯ ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ дорад ва сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

30-солагӣ фархундаю хуҷаста бод, Шервони Умриддин!

Бо эҳтиром,   

ҷамъе аз дӯстон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь