Мақоми шомихи илмиро ашхосе сазовор мешаванд, ки дарк кардаанд-суд беранҷ нест; ба ранҷ хирадманд орад ганҷ; набурда ранҷ наёбад ганҷ. Ва ин маъниро Ҳаким Фирдавсии бузург хеле олӣ тасвир карда:

Ба ранҷ андар орӣ танатро равост,

Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост.

Ба ранҷ андар аст, эй хирадманд, ганҷ,

Наёбад касе ганҷ, нобурда ранҷ.

Бад-ин маънӣ, фарҳехтагон ранҷ бурдаву мақому мароми созандагиву нигорандагӣ ва шахсияти донишмандиву инфиродии хешро муҷалло нигаҳдорӣ карда тавонистаанд, дар тули фаъолияти ҳамешагӣ. Ва дӯсти арҷманду бародари гиромиқадри мо Раҳматкарими Давлат аз шумори ҳамин гуна соҳибназарону донишмандонанд, ки ба василаи донишпарастӣ ҷойгоҳи хешро дар муҳити фазлу адаб пайдо намуда, муттаасил дар масири андӯхтани илму касб заҳмат ба харҷ медиҳад. Чунин аъмоли накӯ ва мақбули дили аҳли қабулро мавсуф аз падари донишандешу андешасиголаш-Мирзокарими Давлат, ки умри хешро сарфи тарбияву таълими фарзандони халқ карданд омӯхтаву ҳамеша пайи дарёфти давлат аз қавли Ҳаким Носири Хусрав бо мурувват муттафиқ кардааст, ки ин хисол нишони ҷавонмардист, донишваронро ва пажӯҳиш дар баҳри бекарони илм орзуи эшон буда, ки Насриддини Тӯсӣ дар “Ахлоқи Носирӣ” хеле ҷолибу гуворо нигоштаанд: “Маънавиёти инсон мабдаи сурати вуҷуди навъияти ӯст”

Ҳикмати маъруфест, ки “Сафои ҳар чаман аз рӯйи боғбон пайдост”, яъне муҳити хонаводагӣ, тарбия ва таълими қавию солим дар мактаби таҳсилоти миёна як фазои пуртаровати тавфиқёбиро барои Раҳматкарим муҳайё сохт ва эшон аз ин арсаи ҳумоюнӣ бо саъйи болиғу эътимоди комил хеле олӣ истифода намуд, ба ин маънӣ, ки ҷиҳати рушди бемайлони вусъати назар аз айёми синни наврасӣ ба мутолиаи васеи адабиёти бадеию илмӣ пардохт. Ҳамин эҳтимом буд, ки баъди итмоми мактаби таҳсилоти миёна ба факултаи таърихи Донишгоҳи миллӣ дохил шуду онро муваффақона хатм намуд.

Дар муддати таҳсили ғоибона дар донишгоҳ вақтро муғтанам шумурда ба фаъолияти журналистӣ машғул шуду дар ин ҷода ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Бо дарназардошти дониши қавӣ ва ҷаҳонбинии фарох бо журналистикаи байналмилалӣ пайваст, муҳокимарониҳо, таҳлили масоили сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки дар мақолаҳои Раҳматкарими Давлат дар матбуоти даврӣ дарҷ меёфтанд гувоҳи барҳақ буданд, аз интибоҳи андеша, завқу фаросат ва маърифати ҷаҳоншинохтии мавсуф. Ва ниҳоят, дар ҷараёни фаъолияти журналистӣ ба таҳқиқи масоили ҷиддии илмӣ, возеҳтар ба пажуҳиши масъалаи дархӯри вақту замони минтақавӣ- таҳаввулоти сиёсӣ, иҷтимоии минтақаи Шарқи Миёна ва рушди муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пардохтанд.

Муҳаққиқи назарсанҷ саманди азм зин карду барои анҷоми як самти муҳим оид ба масоиле, ки зикраш дар фавқ рафт – “Ташаккул ва рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон (1992-2015)” ба таҳқиқ машғул шуд. Ва дар як фосилаи кутоҳ рисолаи номзадии хешро бо роҳбарии профессор Қосимшо Искандаров соли 2019 муваффақона дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дифоъ намуд.

Дар асоси тадқиқоти густурда дар заминаи рисолаи таҳқиқии хеш донишвари некпай соли 2020 китобе бо номи Афғонистон дар сиёсати хориҷии Эрон (охири асри ХХ-аввали асри ХХ1) таълиф намуд, ки воқеан дар афғонистоншиносии муосир падидаи нав аст.

Дар маҷмуъ, дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳи аҳли тадқиқ қарор дорад. Ин омил аз он лиҳоз меҳварӣ маҳсуб мешавад, ки бархурдҳои зиёди сиёсию иҷтимоии минтақаҳои Шарқи Миёна аз вазъи муносибатҳои байнидавлатии Эрону Афғонистон вобастагии қавӣ дорад. Нуктаи зикршуда дар муқаддимаи китоби “Афғонистон дар сиёсати хориҷии Эрон” (охири асри ХХ- аввали асри ХХ1) махсус таъкид шудааст. Ва пажуҳишгари нуктадон баъд аз тафсили моҳияти аслии мавзуъ, дар пояи сарчашмаю маъхазҳои муътамад ташреҳи муфассали масъаларо дар бобҳои “Ба қудрат расидани ҳизбҳои исломгаро дар Кобул ва раванди барқарор гардидани муносибатҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон”, “Таҳаввули муносибатҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баъд аз сарнагун гардидани низоми “Толибон”, “Омилҳои мушкилзо дар муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон” ва “Натиҷагирӣ” ба қалам дода, бо андешаи ғавр роҷеъ ба мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоии дохилӣ, буҳронҳо дар ин самт, низоъҳои қавмию мазҳабӣ ва амсоли ин сабабҳо, аввалин маротиба аз дидгоҳи илмӣ ҷанбаҳои назариявию амалии мабҳасро ба исбот расонида, мубрамии онро дар вазъияти геополитикии Шарқи Миёна бо далелҳои раднашаванда матраҳ кардааст.

Дар канори тадқиқоти нодир ва гаронарзиш натиҷагирӣ аз раванди ҳаводиси пурнизоъ аз нуктаи назари муносибатҳои байнидавлатии Афғонистону Эрон ба натиҷае расиданд, ки як навъ пешгӯие буд ба вазъи феълии Афғонистони ҷангзада ва дурусту саҳеҳ зикр шуда дар китоби мавриди назар, ки хулосаҳои таҳқиқот тавсияанд дар рушди минбаъдаи Афғонистону Эрон. Дар ин росто, мо ду нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳро, ки яке пешгӯии олимона оид ба вазъи ноҷури як давлат ва дигаре матраҳи андешаи жарф вобаста ба авзои минтақа дар мабнои арҷгузорӣ ба арзишҳои мазҳабии тарафайн аст, аз китоби “Афғонистон дар сиёсати хориҷии Эрон” (охири асри ХХ-аввали асри ХХ1) иқтибос меорем.

Аввал “Дар шароити музокираи ИМА бо “Толибон” ва эҳтимоли хориҷ шудани неруҳои боқимондаи НАТО ва ИМА аз Афғонистон имкони шиддат гирифтани вазъият вуҷуд дорад. Бинобар ин, Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд барномаҳои пешгирии вазъияти буҳрониро таҳия намоянд ва дар ин замина ҳамкорӣ дошта бошанд” (саҳ. 202).

Дувум “Эрон бояд дар назар дошта бошад, ки зимни амалӣ намудани сиёсати хориҷии худ ва ҳимоят аз арзишҳои мазҳабӣ арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии барои минтақа муштарак набояд осеб бубинад” (саҳ. 202.)

Замони нашри китоби фавқ соли 2020 аст, яъне то хуруҷи неруҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон, аз ин дидгоҳ хонандаи муҳтарам тибқи таҳлили ҳаводисе, ки баъдан дар Афғонистон сар зад, бори дигар ба гуфтаҳои муҳаққиқи дурбин Раҳматкарими Давлат муътақид мешаванд. Ва дар бахши тадқиқоти мазкур муҳаққиқ бо дарназардошти зарурати омӯзиши авзои минтақаи дурусту возеҳ дар фишурдаи рисолаи худ “Ташаккул ва рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон (1992-2015)” фармудааст, ки бори нахуст масоили ташаккулу рушди муносибатҳои Афғонистон ва Эрон дар муддати солҳои 1992-2015 дар заминаи санадҳои расмӣ, омили толибон дар таърихнигории ватанӣ, мушкилоти муносибатҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистону Ҷумҳурии Исломии Эрон вобаста ба қочоқи маводи мухадир, масъалаҳои захираҳои оби дарёҳои Ҳилманд ва Ҳарируд ва амсоли ин мавриди баррасию тадқиқоти илмӣ аз ҷониби эшон қарор гирифтааст (саҳ.14). Дар тасдиқи қазияи фавқ ҳеҷ тардид нест, зеро мулоҳизаю муҳокимарониҳо роҷеъ ба масъалаи мавриди назар дар китоби мавсуф “Афғонистон дар сиёсати хориҷии Эрон” дақиқназарона арзёбӣ шудаанд. Ва барои донишҷӯёни риштаи таърихнигорӣ, шарқшиносӣ, муҳаққиқини соҳа ва доираи васеи хонандагон он сарчашмаи боэътимод маҳсуб мешавад…

Мақомоти роҳбарии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тадқиқоти густурда ва зарфияти илмии муҳаққиқи фарохназарро ба эътибор гирифта, роҳбарии як ниҳоди бонуфузу боэътибор Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба уҳдаашон вогузор намуданд. Марказеро, ки Ганҷинаи мероси хаттии ниёгон буда, дар он шахсиятҳои баруманди илмии кишвар Абдулғанӣ Мирзоев, Ҳақназар Назаров, Аълохон Афсаҳзод, Амрияздон Алимардонов, Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ, Ҷобулқо Додалишоев, Абдуллоҷон Ғаффоров, Ҷӯрабек Назриев ва дигарон фаъолияти босамару судманди илмию тадқиқотиро анҷом доданд.

Раҳматкарими Давлат бо иродати росих ба иҷрои ин вазифаи пурмасъулият шуруъ намуда, таҳти роҳбарии эшон ходимони илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон чанд соли охир осори баргузидаи шоирону мутафаккирони бузурги адабиёти классикии оламшумули тоҷикии форсӣ, феҳристи гаронарзиши дастхатҳои нодири ин ситорагони олами маънӣ ва ҳамзамон маҷмуи мақолаю рисолаҳои ҷудогонаи адибони муосирро рӯи чоп овардааст.

Аз ҷумла: Девони форсӣ (Амир Низомиддин Алишери Навоӣ – Фонӣ. Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва шарҳи луғоту тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Хуросонӣ) – Душанбе: “Дониш”, 2021-474 с.; Мусибатнома (Фариддуддин Аттор. Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва шарҳи луғату тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Хуросонӣ)-Душанбе: “Дониш”, 2021-520 с.; Ҳафт манзар. (Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва шарҳи луғоту тавзеҳоти Ҷобулқо Додалишоев. Таҷдиди Ализода С.) – Душанбе, 2021,-154 с.; Куллиёт (Сайидои Насафӣ). (Таҳияи матн бо муқаддима ва шарҳи луғоту тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Асрори Раҳмонфари Сомонӣ) – Душанбе. “Истеъдод” , 2022-584 с.; Маснавии маънавӣ. Матни комил. (Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғатномаи мухтасар аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Баҳриддин Ализода ва Мубашшири Акбарзод). – Душанбе, 2022 – 688 с.) ва амсоли ин осори мондагори таърихӣ ба табъ расидаву дастраси доираи васеи мутолиакунандагон гардидаанд. Гузашта аз ин, ду асари арҷмандтарин, ки ҷаҳониёнро бо муҳтавои олӣ тасхир карда – “Ал-қонун”-и Абуалӣ Ибни Сино (дар ҳамкори бо сарредаксияи Энсиклопедияи миллӣ, тарҷума аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ бо эҳтимоли шарқшиноси маъруф Сайиднуриддин Шаҳобуддинов) ва “Захираи Хоразмшоҳӣ”-и Исмоили Ҷурҷонӣ таҳияву тадвини Иззатулло Мирзоев ва Баҳриддин Мирзоев), ки падидаи хеле ҳам нодири таърихианд дар ин давра бо дастгирию мадади бевоситаи мақомоти Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интишор ёфтанд. Ва бояд иқрор шуд, ин тули 70-соли замони шуравӣ ин шоҳасарҳои илми тибби ҷаҳонӣ рӯи чопро нодида буданд, ба таъбири дигар баъди 800 сол “Ал-қонун” ба забони ноби тоҷикӣ чоп шуд. Ҳамаи ин ибтикорот татбиқи бемайлони дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтанд.

Риёзати муттасили Раҳматкарими Давлат бо сарварӣ ба Ганҷинаи бузурги мероси хаттии ниёгон анҷом намеёбад,  истишҳоди дигар ба пажӯҳиши густурдаи афкори рангину дилошуби аҳли назар рӯ овардани ӯст, хоса мавзуъҳои мубраму куллӣ ва баҳсбарангез, на танҳо дар доираи фузалои кишвар, балки миёни қавму қабоилу миллати ақвоми Шарқ. Ба гунаи шарҳи гуфтаи болозикр метавон бо як далели қотеъ мақсадро манзур намуд. Бо дарназардошти мунозираи доманадор дар муҳити илмию адабии Тоҷикистон ва берун аз ҳавзаи он – баромади калимаи “тоҷик” тибқи дастури мақомоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ба ҳайси муҳаррири масъул нашри китоби донишманди эронӣ, профессори Донишгоҳи Ҳойделберги Олмон Ғулом Ҷелонии Доварӣ – “Таҳлили забонӣ ва таърихи вожаи “тожик” бар мабнои осори кашфшуда”-ро ба роҳ монда, рӯнамоии онро санаи 03.09.2021 бо ширкати дастҷамъонаи олимони Академия дар толори Маркази мероси хаттӣ ба роҳ монда, бо маърӯзаи “Хониши катибаи Яковланг ва тавсифи вожаи “тоҷик” аз ҷониби Ғулом Ҷелонии Доварӣ” баромади пурмазмун намуданд.

Перомуни иштиғоли афкори марбут ба ҷанбаҳои гуногуни илмию тадқиқотии донишманди пуркор гуфтори саршор аз муҳаббату эҳтироми яке аз устодони баруманди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Ниёзбадал Мирзоевро манзур менамоем:

Раҳматкарими Давлат аз шумори хатми гурӯҳашон дар факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон беҳтарин ва аз лиҳози фарогирии дониш шабеҳи як шахсияти баркамолу ҳушманд буд. Он замон банда вазифаи декани  факултаи таърихи донишгоҳро ба уҳда доштам ва тибқи тақозои масъулият фаъолияти ҳар як донишҷӯй ҳамеша ба душам буд. Бинобар ин, аз ҳамаи ҷузъиёти рафтору кирдор ва дар маҷмуъ таҳсилашон дар донишгоҳ бохабарам. Ҳамин меҳнати ҷонкоҳашон дар роҳи азбар намудани дониш буд, ки имрӯз хушбахтона ба мақом расиданд ва ба ҳайси устод эшонро самимона муборакбод мегӯям. Умед дорам, ки комёбиҳои азими рӯзгору фаъолият ӯро дар зиндагӣ интизоранд, ҷаҳду талошашон дар ин ҷода тасдиқи ҳарфи мост.

Фақат тайи солҳои 2021-2022 дар чандин конфронсу ҳамоишҳои илмию адабӣ бо маърузаҳо иштироки фаъолона намуда, ба сифати пажӯҳишгар коршиноси масоили сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии Шарқи Миёна нуктаҳои меҳварии вазъи минтақаро мавриди мунозираву баҳс қарор медиҳанд ва хулосаҳои илмиашон ҷиҳати омӯзиши авзои муҳити мазкур сарчашмаи муҳиманд, барои муҳаққиқон, донишҷӯёну мутахассисини ҳирфаӣ ва ихлосмандони таърихи муосири давлатҳои Шарқи Миёна. Мисоли барҷаста, маърузаи Раҳматкарими Давлат таърихи 22.09.2021 дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли Афғонистон” дар конфронси илмӣ-амалии “Таҷрибаи сулҳи Тоҷикон ва саҳми собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар баргузории музокироти байни тоҷикон” бе муҳобо, шуда метавонад.

Рузҳои 11-12 сентябри соли равон бо ибтикори Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби худогоҳию худшиносӣ, худҷӯйи, тақвияти ҳувияти миллии насли давронсоз ва таъйини воқеии ҷуғрофиёи “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ, ки дар шароити муосир фарҳангситезӣ авҷ гирифтааст, дар толори Академия Конфронси байналмилалии илмӣ-оммавии “Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома” бо иштироки олимони маъруфи адабиётшинос, забоншинос, шарқшинос, муаррихон, фарҳангшиносон, сиёсатшиносон, устодони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва намояндагон аз донишгоҳҳои Фаронса, Австралия, Афғонистон бо як шукуҳу ҷалоли хоса баргузор гардид.

Конфронси мазкур дар сатҳи олӣ масоили мубрами вақтро мавриди баҳсу мунозира қарор дода, тавассути расонаҳои ахбор дар саросари олам пахш гардид. Зикри ин ҳамоиши бузурги илмӣ дар зимн ба он хотир аст, ки масъулияти баргузории он ба дӯши котиби масъули конфронси байналмиллалии илмӣ-амалии “Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома” – Раҳматкарими Давлат вогузор шуда буд ва сипосгузории раиси Конфронс Фарҳод Раҳимӣ ба дастандаркорон барои дар сатҳи баланд гузаронидан гувоҳи андешаҳои мост.

Воқеан, Раҳматкарими Давлат аз шумори он насле маҳсуб мешаванд, ки бо диди тоза, дониши қавӣ ва ҷаҳонбинии фарох метавонанд барои  миллат, ватан дар оянда хизматҳои шоиста ва мондагорро дар масири илму маориф муваффақона анҷом диҳанд. Умед аст, ки таҳти сарвариашон Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар оянда барои донишпажӯҳон корҳои муҳиму мондагори тадқиқотиро анҷом медиҳад. Айни ҳол ин донишманди некназар рисолаи доктории хешро дар мавзуи “Таҳаввули сиёсати хориҷии Афғонистон дар охири асри ХХ ва аввали асри ХХ1” ба анҷом расонида дар арафаи дифоъ қарор доранд ва мо мутмаинем, ки ин марҳила низ бо сарбаландиву фараҳ анҷом хоҳад ёфт, зеро ӯ эҳтимоми сабурона дорад, дар масири аз бар намудани илм ва хеле хуб фаҳм карда, ки:

Гар ба шамшерат биронанд аз адабгоҳи ниёз,

Ҳамчу хун аз захм Бедил, бо лаби хандон биё.

Чанде қабл дӯсти донишманди мо Раҳматкарими Давлат панҷоҳумин баҳори умри бобаракати хешро истиқбол карданд. Мо рафиқи арҷманду гиромиқадрро ба ин рӯзи нек аз самими қалб табрику таҳният намуда, барояш дар таҳқиқи масъалаҳои муфиди илмӣ комёбиҳо ва дар рӯзгори ҳамешагӣ сиҳатмандӣ, сарафрозӣ, хушбахтӣ ва комрониро таманно менамоем.

Меҳриддин Ғиёсӣ,

Шодиҷони Рамазон,

Хайрулло Раҷабалиев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь