Ё ки Камол Насрулло моро шоҳҷоиза дод, Рустами Ваҳҳоб ҳатто ба ҷои чорум муносиб надонист

Пеш аз он ки аз дил дафтари алам кушоям, таваҷҷуҳи хонандаи “Фараж”ро ба ин нукта ҷалб кардан мехоҳам: Вақте шеъри устод Бозор Собирро мехонам, “аз шоирӣ даст кашам” мегӯям. Зеро “Шеъре, ки зи сӯзу шарари дил холист, – Тифлест, ки мурда зода бошад модар” (Лоиқ).  Чун дигаронро мехонам, мебинам, ки мисли ман шоирон  гала-гала. Мешудааст-ку!- мегӯям ва боз дафтару қалам мегирам

Дар китобхонаи миллӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, баъди аз назар гузаронидани ҷадвали ҷамъбасти натиҷаи даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дилам чун яхи Қутби Шимол хунук шуду андешаҳои пурғаш вуҷудамро фаро гирифтанд: дарди диламро нависам ё нанависам? Равоншиносон мегӯянд, ки гапи ногуфта ба дил сад ғубору нороҳатию маъюсӣ медиҳад, мубталои беморӣ ҳам мешавӣ. Табиист, ки аз ифшою иншои ин сатрҳо озмунро аз сар намегардонанд, аз дусар ҳакамон ба иттиҳомат сад далел доранду гумонатро ботил мебароранд, яъне “мо ҳақем, ноҳақӣ шуда бошад, чаро бо комиссияи аппелатсионӣ муроҷиат накардед”,- мегӯянд. Дигар ин ки, оби рехтаро бардошта намешаваду кӯзаи бишкастро пайванд кардан мушкил. Кори шудагӣ шуд. Бо ин навишта алами дил холӣ шавад ҳам, ормонҳо гул намекунанд…

Соли дуюм аст, ки ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” номнавис мешавам. Порсол дар даври минтақавӣ (даври сеюм) баҳои баланди раиси ҳакамон устод Аскар Ҳакимро сазовор шуда, бо ишғоли ҷойи якум ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтам. (Барои он ки гап ба фарозо наравад, аз “дуздбурд” шудани нуҳ адад китобҳо ва саргардониҳои роҳи Файзободу Ҳисор, ҷойи баргузории даври сеюми озмун, ҳарф намезанам). Фақат ҳаминро мегӯям, ки саргардон шуда, се бор ба Ҳисор рафтам. Соли дуюм ҳам (2023) саргардонӣ “насибам” шуд, ки ба дуруштмуомилагии корманди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ (мон, ки номашро нагирам) гирифтор шудам.

Ба даври ҷамъбастӣ ба толори баргузории озмун бо гардани баланд, бо парвозҳои пурармони довталабӣ ворид шудам. Раиси ҳакамон Шоири халқии Тоҷикистон устод Камол Насрулло лутф карда, “Чизи нағз медидагиатонро хонед” гуфт. Ба хотири шодии руҳи устод Лоиқ аз як ғазали ӯ оғоз намуда, як шеъри ватандӯстона хондам. Устод Камол Насрулло китоби “Ҷиддитар аз шӯхиҳои ҷиддӣ”-и маро варақ мегардонд. Ӯ бо табъи болида гуфт: “Аз “Сад хӯша ангур” хонед”. Дубайтиҳои зери ин унвон ҷойгирифта оҳанги шӯхию ҳаҷв доранд. Дидам, ки ин чиз ба устод Камол писанд омад, ду банд аз шеъри “Таронаи ишқи самбӯса”низ ба лаб овардам. Ин шеърро зиндаёд Қиёмиддин Чақалов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, машҳур карда буд. Шунавандаҳои донишҷӯ, ки дар толор нишаста буданд, аз гуфтори ман  завқ бурда, чанд бор қарсак заданд. Устод Камол дигар аз ман дархости шеърхонӣ накарда “Агар озмуни ҳаҷв мешуд, ман ба шумо шоҳҷоиза медодам, бемуҳобо, шоҳҷоиза медодам”-гуфт. Ду бор ба забон овардани “Шоҳҷоиза” ва бо калимаи “бемуҳобо” тақвият додани сухан сари маро ба осмон расонд. Шояд он лаҳза чанд қабат гӯшт ҳам гирифта бошам, ба умеде, ки ба ман ҳатман ягон ҷойро муносиб медонанд. Бо хурсандии бе ҳадду ҳудуд, ба қавле, чун уқоб парвозӣ шуда, ба Файзобод омадам. Вақте аз таърифи устод Камол нақл кардам, ҳамкорон “Бегуфтугӯ ҷойи якум!”- гӯён, ба хурсандии ман шарик шуданд.

Афсӯс, ки баъди ду рӯз бо шунидани садои яке аз шогирдон (Шодмеҳр Давлатзода)- “Устод ба шумо ҷойи ифтихориро лоиқ  донистаанд”, пару болам дар об зад. Аҷабо! Модоме ман дар ҳаҷв ба шоҳҷоиза сазовор будаам, магар убол мешуд, ки ақаллан ҷои сеюмро насибам мегардонданд? (Баъд фаҳмидам, ки аз панҷ узви ҳакамон худи Камол Насрулло аз ҳама холи паст мондааст). Тааҷҷубам ба ин маънист, ки ҳарчанд ҳаҷв дар низомнома нест, вале эҷод аст, шеър аст, хоссатарин муайянкунандаи ҳунару истеъдоди шоирист! Аҷобату аламовар он аст, ки ду шогирди банда, ки баъзе қаламдодҳояшонро то ҳаштод фоизи матн дигар кардаам, дар “Фурӯғ…” ҷо мегиранду мо “меафтем”. Ҳа, шояд чунин ҳукм карда шавад: “Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро”. Вале, охир, ман на Муҳсини Фонии Кашмириаму шогирдони ғолиб на Мавлоно Муҳаммадтоҳири Ғанӣ (Ғании Кашмирӣ). Ё онҳо Абдураҳмони Ҷомӣ наянд, ки аз устод гузашта бошанд…

Имсол бо хоҳишу таъкидҳои роҳбарони ноҳия, ба қавли устод Бозор Собир  “ҳаводиҳии ҳамкорон” бо далели “Наход ҳурмати эҷодии панҷоҳсолаи шуморо надонанд…,”дар “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок карда, бо гирифтани ҷои якум дар се давр ба озмуни ҷумҳуриявӣ омадам. Охир, банда ба умед, шайтон ноумед гуфтаанд…

Ва чӣ хеле айёми донишҷӯӣ мешунидам, боз афтидем. Афтидан ин хел афтидан! Аламовар!

Озмуни ҷамъбастӣ сӣ довталаб дошт. Аввал (тибқи талаботи Низомнома) аз ҷониби ҳакамон як мисраъ пешниҳод гардид, то пурра карда шавад, яъне номи “шеър”-ро бигирад, (чунки як мисраъ ҳанӯз шеър нест). Онро бо се мисраъ ба шеър табдил додам. Ва ба мисраи сеюм, аз рӯи табиати худ оҳанги ҳаҷв нишондам.

“Ҳама армони мо дар қалби ту ҷо шуд”,

Ватан гуфтӣ, Ватан ҳарфи мубарро шуд.

Ки бо вазни мафоилун ҳамегӯям,

Фурӯғи орзӯи мо муҷалло шуд.

Чун навбати сари балангӯяк ба мо расид, суханро андак пардози шӯхӣ додам: “Порсол аз устоди зиндаёд Лоиқ оғоз кардам, ҷо надоданд. (Матлаву мақтаи ғазали порсол қироаткардаро ба забон овардам). Имсол аз устод Бозор Собир оғоз мекунем, ку, бинем, чӣ мешавад…”. Сонӣ бо ишораи яке аз доварон се шеъри худро аз ёд хондам. Барои он ки ба хонанда рӯшан шавад, яке аз онҳоро манзур мегардонам:

Эй, ки дар ҳастии зебои ту ҷонам, Ватанам,

Ман зи зебоии ту лаззати армон шиканам.

Ҳама ҷо номи ту ширинии гуфтори ман аст,

Шира бе шираи ту нест дар ин гап заданам.

Ту маро зӯру тавон астию ҷон астиву ҷон,

Бе ту бе ҷону танам, эй Ватанам, ҷону танам.

Гар Ватан нест маро, нест маро лаззати ҷон,

Зиндагӣ тираю тор асту хунук анҷуманам.

Меваи боғи дигарро начашам, гар шаҳд аст,

Дар ҳавои чамани боғи ту ҷавлон бизанам.

Баҳри ҳар зарраи хоки ту агар ҷон надиҳам,

Заҳру зардоб шавам, хуни ҷигар дар даҳанам.

Тоҷикистон, ватани модару аҷдоди манӣ,

Бе ту дар рӯи замин бекафани бекафанам.

Ончунон меҳри ту дар сина гулафшон шудааст,

Ки аз ин меҳр дигар дил наканам, дил наканам!

Ҳама ин ҳарф агар шахси ватандӯст нагуфт,

Садқаи ин Ватанам! Ман на манам, ман на манам.

Баъдан даст болои сина гузошта “Банда дар ихтиёри Шумо”-гуфтам.

Давлати Раҳмониён, узви ҳакамон, аз ду варақи достони “Ситоиш”-и банда се ғалати вазнӣ ёфтаашро изҳор кард. Бо хоҳиши Давлати Раҳмониён ҳамон “мисраҳои имтиҳонӣ”-ро хондам. Сонӣ устод Озарахш рубоихониро хоҳиш намуд. Ин рубоиҳоро ба ёд овардам:

Аз хотираҳои бачагиам мондаст,

Бо духтари ҳамсоя шуда дасти ба даст,

Гулчинӣ ба ёли Шӯлашак мерафтем,

Як рӯзи дароз бедарак мерафтем.

***

Чилчашма баҳори бачагиҳои манӣ,

Саҳрои дили пур аз таманнои манӣ.

Он мактаби ту ҳарфи Ватан ёдам дод,

Ту як ватани бузурги дунёи манӣ.

Бо ҳамин ҳакамон “Ташаккур” гуфта, пурсишро иктифо карданд.

Ноумед набудам. Чунки аз ҳакамон ба ҷуз се нуқси вазнӣ, эроди дигар нашунидам.

Чӣ мегӯед, ки “Аҳмади порина”, яъне сазовори ҷой нашудем. (Порсол бахайртар буд, ҷои ифтихориро насиб донистанд).

Хонандаи арҷманд, тафсилоти иштироки худро дар озмун то андозае баён намудем. Акнун мегузарем ба ибрози баъзе андешаҳои талқинкунанда.

Банди 2-юми Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии  “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ин хел садо медиҳад: мақсади озмун: “… арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими худогоҳию худшиносӣ, такмили захири луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар…”.

Инҳо талаботе ҳастанд, ки дар бадали беш аз нимасраи рӯзноманигорию эҷодӣ аз ҷониби банда борҳо иншою ифшою ташвиқу тарғиб шудаанд. Дар мавзӯҳои ватандӯстона – Истиқлолияти давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, Сулҳу Ваҳдат, худшиносию ҳувияти миллӣ даҳҳо шеър навишта, дар нашрияҳои давлатӣ, хусусан нашрияи бонуфузтарини кишвар- “Ҷумҳурият” чоп кардаам. Ҳафт китоб, аз инҳо чортоаш маҷмӯаи шеър ва ҳикоёти ҳаҷвӣ, ба нашр расондам. Дар бахши рӯзноманигорӣ қалами даҳҳо нафарро рост намуда, садҳо адад сатрҳои ноҷӯри ҳавасмандони шоириро хати рост додам. Шогирдҳо соҳибкитобанд. Даҳ китоб зери таҳрир ва сарсухани ман рӯи чоп дид, бо ифодаи образнок, дар ин миён то сухане бар сухане зам шавад, аз хуни ҷигар чандин қатра кам шуду аз дами сад теғи сухан гузаштам. Ба нахустин маҷмӯаи ашъорам (“Таронабазм”, соли таълифаш 2011) доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдушукур Абдусатторзода муҳаррирӣ карда, сарсухан навишт. “Атрборон” таҳти назари Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Мирзо Файзалӣ ва сармуҳаррири ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” шоир Парда Ҳабиб ба чоп расид. Тақризи адабиётшиноси маъруф Ҷамолиддин Саидзода ба “Атрборон” бо унвони “Шоири ҷоннисори Ватан” моҳи августи соли 2019 дар ҳафтаномаи “Фараж”, ба китоби “Ҷиддитар аз шӯхиҳои ҷиддӣ” тақризи шоир ва нависанда Абдурауф Муродӣ моҳи сентябри соли 2022 дар “Омӯзгор” чоп шуд. Мақолаҳо ба рӯйхати асарҳои таълифшуда, замима шуда буданд. Ҳоло ҳозир барои ду китоби ҷамъан 28 ҷузъи чопӣ ашъори мураттаб дорам, ки аксари шеърҳояш дар матбуоти ҷумҳурӣ – “Ҷумҳурият”,  “Садои мардум”, “Минбари халқ”, “Адабиёт ва санъат”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, маҷаллаи “Хорпуштак” ва дигар нашрияҳо чоп шудаанд. Солҳои 2016-2022 “Фараж” дар 22 саҳифаи яклухт шеърҳои маро интишор кард.

Бо ҳамин қадар дову даҳана (ибораи устод Бозор) дар озмун ҷо нагирӣ, на Худоро хуш меояд, на бандаашро, дар ҳоле, ки ҳам дар озмуни порсола, ҳам имсола ҳакамон моро ҳамчун “шоир ва ғамхори фарҳангпарастони эҷодкори Файзобод” таъриф карда, ба осмон бароварданд… Ногуфта намешавад, ки ду рӯзи дар шаҳри Душанбе будан қалбам фишор овард. Бемории қанд хуруҷ кард. Ҳангоми шеърхонӣ ҳалқам хушк шуд. Устод Озарахш аз зарфи болои мизаш об дод…

Адиби маъруфи рус Максим Горкий нависандаро инжинери рӯҳи одамизод медонад. Ҳайф, ки шоирони равоншиноси тоҷик ҳолати ҳамонсоатаи маро ҳис накарданд.

Дар ду рӯзи баргузории озмун ҳис кардам, ки ҷойҳо, (албатта, на ҳамааш), пешакӣ муайян карда шудаанд.

Як тартиби ҷоришудаи озмун касро ба андеша водор мекунад ва дар хулоса риқъат медиҳад. Ин тартиб ҳамин аст, ки ду-се моҳ пеш талаб мекунанд намунаҳои озмунии эҷод дар се ҷузъдон пешниҳод гардад. Рӯзи барпошавии озмун мебинӣ, ки ягон нафар аз доварон то ин вақт хондан он тараф истад, ҳатто ҷузвдонро накушодаст. Ҳакамон  истеъдоди шоириро аз рӯи мисраи (имтиҳонӣ) пешниҳодкарда муайян мекардаанд…

Банди 39-и Низомномаи озмун талаб мекунад: “Ҳангоми баҳогузорӣ ба маҳорати довталаби эҷоди назму наср тарзи интихоби мавзӯву мундариҷа, риояи рукнҳои вазни арӯз, қофияву радиф, корбарии санъатҳои бадеӣ, интихоби таъбиру ибораҳо, миқдори луғату тасвирҳои нав ва мутобиқати шакл… диққат дода мешавад”.

Ай мардум, агар ҷузвдонҳои чанд моҳ пеш фиристодаро дар рӯзи озмун кушоянд, (ҳатто намекушоянд!) аз куҷо ба ҳусну қубҳи чизи эҷодшуда баҳо дода метавонанд?!

Тартибдиҳандагони Низмономаи Озмун бо мо мувофиқ набошанд ҳам, гуфтан мехоҳем, ки барои бадоҳатан шеър гуфтан бояд Рӯдакию Фирдавсӣ бошӣ, дар замони мо- Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулназар, Аскар Ҳаким ё Хайрандеш. Аминам ва медонам, ки аз нисф зиёди аъзои Иттифоқи нависандагон бадоҳатан (дар ҳолати ҳаяҷону нороҳатию ранҷурӣ бошӣ, будагӣ гап) як байти сара гуфта наметавонанд. Бесабаб Иттифоқи нависандагон қариб 50 нафарро аз узвият хориҷ накардааст. Инҷо ба эроди на он қадар ҷиддии Давлати Раҳмониён бармегардем. Устод аз ду саҳифаи достони 184- мисрагии мо се ғалати вазнӣ ёфтааст, ки ин дар андешаи шоиронаи банда набояд боиси холи паст гардад. Чунки, охир, Низом Қосим дар яке аз достонҳои Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова даҳҳо сактаҳои арӯз нишон дода буд. Баски намондед, дар “Шоҳнома”-и Фирдавсии бузург ғалатҳои вазнӣ ба чашм мерасанд. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маъниро қурбони арӯз намекард. Мисолҳо зиёданд.

Виҷдонан ҳукм кунем, имтиҳони довталабон қабл аз воридшавӣ ба озмун, албатта, амри воқеист. Зеро мо аз дидаю шунидаҳо медонем, ки баъзе иштирокдорони озмунҳо ашъори дигаронро ба “феҳрист”-и шеърҳои хеш ворид мекунанд.  Табиист, ки на ҳама доварон ба эҷодиёти шоирҳо ошноянд. Имтиҳони рӯ ба рӯ сирри “шоир”-ро аён месозад. На дур, на малмалак, дар шоу-барномаи “Тамошо”-и шабакаи телевизиони “Тоҷикистон”, ки қариб як соли дарози 2023 давом кард, иштирокчиён ашъори дигаронро ба сифати эҷоди худ пешниҳод намуданд. Мисоли дигари дақиқ ин ки яке аз иштирокчиёни озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ду сол пеш се ғазали бандаро вайрону валангор карда, ба китоби пешниҳодкардааш ворид намуд. Аламовараш ин аст, ки бо ҳамон китоби пур аз хатоҳои грамматикию услубию китобии дар нашриёти “Адиб” батабърасида (муҳаррирон Давлат Сафар ва Сафар Амирхон) дар “Фурӯғ…” яке аз ҷойҳои намоёнро соҳиб гардид (ба гумони мо, он китоб умуман аз назари таҳрир нагузаштааст).

Моро чизи дигаре ҳайратӣ кард: медонем, ки Рустами Ваҳҳобзода шеъри суннатиро меписандад. Сабки хуросонӣ, ки ҷавҳару ҳастии ашъори классикист, писанди ӯст. Азбаски ҷузвдони пеши чашмонашро накушод, эҷоди мо аз таваҷҷуҳаш берун монд. Як майдон шоирон, аз устод Рӯдакӣ сар карда то Садриддин Айнӣ ва Лоҳутию Турсунзода, Боқӣ Раҳимзодаю Ашӯр Сафару дигару дигарон шеъри саҳли мумтанеъ гуфтаанд. Аниқ аст, ки устод Ваҳҳобзода маҳорати шоирии моро аз рӯи ҳамон се мисраи имтиҳонӣ муайян намудааст, (ба маънӣ: хеле кам). Бошад! Вале, охир, яке аз ғолибони озмун, ки дар паҳлуи банда менишаст, то анҷоми вақти муқарраршуда танҳо як мисраъ илова карда буд. Надонистем, ки шарти ҳакамонро кай ба ҷо оварду чанд мисраъ дар кадом жанри шеърӣ пешниҳод намуд, ки ғолиб дониста шуд. Тавба! Модоме аз бадоҳатан гуфтан ҳунари шоирӣ муқаррар шавад, чӣ ҳоҷат хуни ҷигар хӯрда, достон нависию қасидаю таркиббанду тарҷеъбанду мухаммасу мусаддас эҷод кунӣ?! Ҳол он ки дар даврони мо фақат устод Муҳаммад Ғоиб достонсароӣ мекунад. Қасидаю мусаддас ками дар кам аст. Суханварони бузург, масалан, устодон Бозор Собир, Лоиқ ва Камол Насрулло достон надоранд. Аз фаҳмиши мо, достон назми холисту аз шеърият дур.

Мехоҳам ҳамин нуктаро зикр кунам, ки шеър, ба истиснои заҳмату ранҷи тафаккур, ҳолати илҳом дорад. Ҳар соату ҳар замон шеър гуфта наметавонӣ. Банда сирри эҷоди худро фош кунам: ба ҷуз дар мизи утоқи корӣ дар ягон ҷойи дигар, ҳатто дар хонаи худ як байт нагуфтаам. Ҳамин хел одат ёр шудааст. Дигар ин ки навад дарсади навиштаамро даҳ-дувоздаҳ бор хат мезанам. Соли 1975 адабиётшинос Фотеҳ Абдулло дар мусоҳиба бо устод Бозор Собир ақидаи шеършиносони пешинро пешниҳод кард: “Шеър илҳомӣ мешаваду заҳматӣ, Бозор Собир чӣ андеша дорад?” Устод посух дод: мазмуну маъние, ки то шеър шавад, моҳҳо, солҳо маро дунболагирӣ мекунанд. Устод сӣ сари сол дар бораи шеъри “Асп” фикр карда будааст. Шодравон Турақул Зеҳнӣ дар мавриди таълифи шеър мегӯяд: “Шеър воситаи барангехтани эҳсосоту ҷазабот аст, аз шунидани шеър ва хондани он осори хафагӣ ва ногуворӣ ё хушию хуррамӣ ва ё ҷӯшу хурӯш ҳосил мегардад”. Таърифи дигари устод Бозор Собир ҳам дар мавриди шеър қобили хондану донистан аст: “Шеър, яъне ҳаяҷон, заррабони дилу тапидани набз, ҷӯшу хурӯшу туғёни хуни бадан”. Гумон намекунам, ки ҳакамон, хусусан устод Рустами Ваҳҳоб ин нуктаро надонад: “Ман шоири шеърпеша нестам. Ман фақат вақте менависам, ки ягон воқеа ё  мавзӯъ маро то амиқтарин гӯшаи қалбам мутаассир гардонад ва ботинан маро талқин намояд: чизеро, ки дар бораи ин мавзӯъ медонӣ, чизеро, ки вақти навиштани он аст ва барои синфи ту манфиат дорад, бинавис” (А.Лоҳутӣ).

Хулосаи андеша: ҳамин гуна ҳолат пайдо карда, баъд байт ё шеъри мукаммал офаридан метавон, на дар ҳолати фишори қалб ва хуруҷи бемории қанд! Пас, шеъри дар ҳолати имтиҳон магар шеъри хуб мебарояд?! Аз ҳамин рӯ, ҳакамон ба шеърҳои қаблан эҷодшуда, яъне ашъори ҷузвдонҳои пешниҳодгардида аҳамият медоданд, нуран алонур мебуд.

Аз устоди зиндаёд Гулназар борҳо мешунидем, ки мегуфт: шеъри хуб, образҳои шоирона дар роҳ, ҳангоми қадамзанию инсӯю онсӯ назаркарданҳо рӯ мезанад ва баъд пушти миз ба шеър табдил меёбад.

Ин суханони ҳақро набояд устод Рустами Ваҳҳобзода инкор кунад. Дурӯғ гӯям, рӯям сиёҳ, ки Мастон Шералӣ, Худо биомурзадаш, ин байтро дар рӯ ба рӯи имтиҳонгирандаҳо нагуфтааст, ҳарчанд шеърияти баланд надораду онро назм гуфтан равост ва ба таъбири нақди адабӣ, шеъри шиор аст, танҳо маҳсули илҳом шуда метавонад:

Беватан нест ғарибе, ки ба ёди Ватан аст,

Дарватанбудаи бе ёди Ватан беватан аст.

Ё магар Рустами Ваҳҳобзода ин байтро бадоҳатан, бе андешаи жарф гуфтааст?: “Қулзум ба даруни сина парвардан, Як чашмаи садо бар лаб овардан”. Устод инкор накунад, ки “Ҳазор байт”-ро бо андешаи чандлаҳзаина, якрӯза, якмоҳа ё яксола офарида бошад.

Ҳакамони муҳтарам медонанд, ки шеъри шиор маъмул аст. Нисфи зиёди адабиёти шеъри имрӯза дар оҳанги шиор эҷод мешавад. Мо ҳам дар ҳамин “сабк” менависем. Устод Низом Қосим дар яке аз барномаҳои телевизионӣ (моҳи ноябри соли 2023) гуфт: “Шеър бояд равон бошад, радифу қофия дошта бошад, фаҳмо бошад”.

Ашъори банда, ба ифодаи донишманди адабиёт Абдураҳмон Абдуманнон “соф тоҷикианд, ба забони ҳаминрӯзаанд, барои хонандаи дастрас, фаҳмо” аст. Намунаашро дар боло овардам.

Шеъри шиор дар замони сардафтари адабиёти классикии форс-тоҷик ҳам буд. Шоирони баъдӣ, аз устод Айнӣ сар карда то Турсунзодаю Муъмин Қаноату Лоиқу Бозор шеъри шиор зиёд доранд.

Шеъри нимоӣ, ки нақди адабиро гӯё писанд аст, муштарии кам дорад. Дар баҳои банда, аслан шеър нест. Шеър, охир, шеъри суннатии мост! Бигӯед, магар ҳамин навиштаи Руъё Ҳаккокиён (шоири Эрон) шеър аст:

“То ту дарича-дарича боз кунӣ,

Ман дар мебандаму мекушоям.

Ва дастоғӯшона

Ҳар бор ба ин гуна

Бо ту ба остонаи ҳастӣ боз мегардам”.

Ба гапи устод Бозор Собир гӯш диҳед: “Нимо Юшич, ки ба эътирофи умум асосгузори шеъри нави форсист, хусусан худаш, осори ҷолибе надорад. Ба назари ман ҳар шоире аз ӯ шоиртар аст”.  Бахшиш. Дар баҳои шеъри озод (шеъри наср Ҷ.М.) устоди зиндаёд Боқӣ Раҳимзода дар аввалин Симпозиуми шеъри форсӣ дар Душанбе (соли 1967) ин сатрҳоро бо истеҳзо ба забон овард: “Дарахти калони кундапаҳм, Меваҳо дорад лунда-лунда…”. Донишмандони адабиёт, профессорони ДМТ Урватулло Тоиров ва Мирзо Солеҳов дар ҳамин ақидаанд…

Воқеан, дар мавриди баҳои истеъдоди Рустами Ваҳҳоб набояд ғалат кард, ки “ӯ яке аз қаламкашони асилест, ки тамоми ҳастии худро ба эҷод сахт пайванд додаанд ва либоси умри худро бо сӯзани қалам медӯзад”, (Худоӣ Шарифов). Рустами Ваҳҳоб ҳам шоир аст, ҳам олими муҳаққиқ ва ҳам файласуфи хирадманд. Вале чаро алам накунем, ки ҳини баҳои мо айнаки хирадро аз чашм гирифт, ҷомаи хирад бадар кард, панди устод Рӯдакиро ба ёд наовард, ки чунин садо дорад:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чамш, к-андар ӯ нигарӣ…

Шеърро бе ихтиёри хоҳиш шишта, навиштан наметавон, лаҳҷавӣ гӯем, шеърро ҳамту эҷод кардан муҳол аст. “Шеър вокуниши самимонаи зиндагӣ, ибрози эҳсос ва дарки шодӣ, дард, ҳайрат, изтироб, эътимод ва бовар аст, ки дар вожаву ҳарфҳо бо ҷилои зотию табиии худ ҳувайдо мешавад”,- мегӯяд Камол Насрулло.

Ҳамин рубоиро ба ҷуз Рӯдакӣ дигар кас гуфта метавонад?

Ҷуз ҳодиса ҳаргиз талабам кас накунад,

Як пурсиши гарм ҷуз табам кас накунад.

В-ар ҷон ба лаб оядам, ба ҷуз мардуми чашм

Як қатраи об дар лабам кас накунад.

Банда ба озмуни “Фурӯғ…” 22 ғазали аз даҳ то чилбайтӣ, 20 рубоӣ, 10 дубайтӣ, 3 мухаммас, 2 мусаддас, 4 қасида, 2 тарҷеъбанд, 2 таркиббанд дар вазнҳои анъанавии арӯз, 10 суруди ватандӯстона ва 5 шеър сафед дар доираи талаботи Низомнома манзур намудам. Наход, ки аз ҳамин қадар заҳмат ҳунари шоирии мо ба сифр баробар бошад?

Соли пешин устод Аскар Ҳаким (раиси ҳакамон) ба “Достони мард ва зан” таваҷҷуҳ карда, гуфтанд: “Аз ҳазор дубайтиатон панҷоҳ фоизаш адабиёт, дигараш аз худатон…”. Барои панҷоҳ фоиз шеър будани дубайтиҳои ҳаҷвӣ ман тоқиамро ба осмон ҳаво медиҳам. Чунки, охир, аз устоди арҷманд Бозор Собир шунида будам: “Дувоздаҳ-чордаҳ мисраъ шеър як байти ҳалол дошта бошад, шоир ҳисоб мешавӣ”. Воқен, устод Бозор шеъри дар мавзӯи баҳор навиштаи маро дар “Риштаборон” ҷой дода, ба шоири зиндаёд, ҳамдарси банда Муҳаммад Юсуф гуфтааст: “Ба Ҷӯрабек бигӯ, ки мақола нанависад, шеър нависад…”.

Ва мо бо насиҳати устод по ба пеш гузоштем.

Аз доираи хоксорӣ баромада, бояд гӯям, ки аз нисф зиёди ашъори ман дар матбуоти Тоҷикистон чоп шудааст. Шеърҳои ба озмун пешниҳодгардида аз ҳамон ҷумлаанд. Шаст шеъри маро ҳофизони ҷумҳурӣ, – чор нафарашон ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон, – месароянд. Се шеърам дар ҳавои оҳанги Муассисаи давлатии “Оркестри симфонии Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон” садо медиҳанд. Бо хоҳиши Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон худобиомурз Убайдулло Раҷабов дубайтиҳои ҳаҷвии лапарӣ навиштам. Як ғазали ватандӯстона аз лаҳни ширини Ситораи Кароматулло гӯшҳоро навозиш медиҳад. Сарояндаи хушадо Ҳабибуллои Мирзошариф барои “Маҳфили эҷодии Ҷӯрабек Муъмин” (ба хотири 75-солагӣ) 14 шеъри маро бо оҳанги эҷодкардаи худ хонд. Инаш ҳам ногуфта намонад, ки барои театр-студияи “Шаҳрошӯб” (ноҳияи Файзобод) чандин саҳнаҳо навиштам. Бо саҳнаҳои ҳаҷвӣ, шеърҳои ватандӯстонаи мо дар Фестивал-озмунҳои эҷодиёти бадеии халқ-“Бӯстон” ва “Андалеб”-ҳо Файзобод ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Шеъри “Пайкари Тоҷикистон” дар озмуни “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” аз забони шаш нафар садо дод. Ва ду каси он, яке дар қироат, дигар дар сарояндагӣ ҷои якумро соҳиб шуданд.

Чун сухан аз баргузории озмуни сатҳи баланди ҷумҳурӣ меравад, инро ҳам бояд гӯем, ки ивазшавии доварон дар озмунҳо ҳар навбат айни муддаъост. Ба ин ҳайат бояд онҳое сара карда шаванд, ки дар баробари шоиру донишманд будан, фаросату таҳаммул дошта бошанд, этикаи муоширатро риоя намоянд, хусусан доварони озмунҳои кӯдакон. Хушмуомилагӣ, муносибат ғамхорона зоҳир карда тавонанд, тундгӯ набошанд. Порсол дар озмуни минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор дидем, ки нависанда Маҷид Салим ба хонандаи синфи 4-ум муносибати сард зоҳир кард. Гуноҳи довлатаби хурдакак ҳамин будааст, ки дар рӯйхати адабиёти мутолиакардааш номҳои эҷодкорони маҳаллиро низ навиштааст. “Ту аз доираи Низомнома баромадӣ, инҳо киянду чиянд?!”-гуфта кӯдаки бечораро хомчанг кард, ки медонистагиашро ҳам азёд баровард. Бояд ин хел набошад! Довариро ба Азизи Азиз, Хайрандешмонандҳо лоиқ дидан даркор!  Гуфтаи нависанда Шодӣ Раҷабзод ҳам таваҷҷуҳангез аст: “… иддае аз ҳакамон ба ивази таҳлилу баррасии лаёқати шеърдонию қироати довталаб… ба суханони нозарур ва беҳуда саргарм шуда, аслан ба қироати хонанда дуруст баҳогузорӣ карда наметавонанд”.

Андешаи охирон дар хусуси маблағҳо, ки ба ғолибони даврҳои аввал раво дида мешавад. Маълум, ки аз даври ноҳиявӣ аз дусаду сесад довталаб 30-35 касро сара мекунанд. Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ барои ҳамин шумора 8-9 ҳазор ҷудо менамоянд. Ба ғолиби ҷойи якуми озмуни минтақавӣ ҳатто 2 ҳазор сомонӣ ҳам раво намедонанд, ҳол он ки, масалан, ба ғолиби ҷойи якум дар шаҳри Душанбе 20 ҳазор сомонӣ медиҳанд.

Андешаҳоро ин тавр ҷамъбаст кардан мехоҳам: Панҷ бор аст, ки раиси комиссияи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, муовини сарвазир  Матлубахон Сатториён қабл аз оғози озмун диққати ҳакамонро ба шаффофият ҷалб менамояд.

Вале мо кай бе каҷравӣ зиндагӣ карда тавонистаем?!

Донамат, ки доиман каҷ меравӣ,

Ман надонистам чаро ҳаҷ меравӣ– инро ман мегӯям.

Ҷӯрабек МУЪМИН, корманди шоистаи Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь