Ҷером Дэвид Салинҷер (Сэлинджер дар навишти русӣ) мармузтарин нависандаи амрикоӣ (ва эҳтимолан на фақат амрикоӣ) дар қарни 20-ум аст. Ӯ дар соли 1965, пас аз он ки шӯҳрати нависандагиаш дар меҳанаш ба авҷ расид ва аз марзҳои Амрико бурун рафту оламгир шуд ва мавриди таваҷҷуҳи амиқ ва пайвастаи хабарнигорону хонандагони осораш қарор гирифт, дар теппае дар шаҳри Корниши иёлати Ню Гемпшир барои худ хонае сохт, онро бо девори баланд иҳота кард, хешро дар паси ин деворҳо мунзавӣ сохт ва аз чашми ҳаводорони зиёдаш, ки ба «зиёрати нависандаи бузург меомаданд» ниҳон шуд.

Дигар ба нудрат бо мунтақидони осораш ва хабарнигорон сӯҳбат анҷом медод, таҳияи филм ва намоишнома дар заминаи осорашро ҳам мамнӯъ кард, чунончи,  ба пешниҳоди  намоиши театрӣ ва филм сохтан бар асоси романи «Дар сари вартаи канори ҷавдорзор» низ мувофиқат накард ва далел пеш овард, ки «Ҳулден (қаҳрамони марказии роман – Қ.Р.) нохуш мешавад». Ва низ мунтақидеро, ки бар асоси номаҳои шахсии нависанда китоб навишта буд, ба додгоҳ кашид ва нашри он китобро мамнӯъ кард.

Пас аз инзиво ихтиёр карданаш, Салинҷер ҳарчи ки ҳам навишт (агар чизи арзишманде таълиф карда бошад, чи пас аз вафоташ ҳам ҳеч асаре аз давраи гӯшанишиниаш ба чоп нарасидааст) барои худ менавишт. Дар ин боб нависанда худ гуфтааст: «Оромӣ ҷаҳоне ҷаззоб барои нависанда аст. Вақте ки шумо асарҳои худро чоп мекунед, ҷаҳониён гумон мекунанд, чизе аз эшон мадюн ҳастед. Агар офаридаҳои хешро аз хонандагон пинҳон кунед, онҳоро барои худ ҳифз хоҳед кард».

Аммо, ба эҳтимоли зиёд, сабаби ин гӯшанишинӣ ва дурӣ ҷустан аз одамон на фақат безорӣ аз хонандагону муҳаққиқони «шилқин», балки бештар аз он низоми печидаи ақидатии нависанда аст, ки натиҷаи омӯзиши амиқи мазоҳибу макотиби фалсафии шарқӣ ва тибби ғайрирасмӣ буд. Баъдан, завҷаи дувуми нависанда ҳикоят карда, ки вақте ки кӯдакашон бемори сахт мешавад, Салинҷер иҷоза намедиҳад, докторро барои муоинааш даъват бикунанд ва кӯдак бо хатари марг рӯ ба рӯ мешавад.

Аммо нависандагии Салинҷер соли 1940 бо чопи аввалин ҳикояаш шурӯъ гардид (ва ҷое хондам, ки ин достони кӯтоҳро Ҳемэнгуэй веросторӣ карда ва ё хондаю ба нависандаи ҷавон машвараҳо додааст). Ва ба сабаби ширкат дар Ҷанги ҷаҳонии дувум чанд сол мутаваққиф шуда, асосан пас аз итмоми ҷанг идома пайдо кард. Соли 1951 аввалину охирин романи Салинҷер «Дар сари вартаи канори ҷавдорзор»-ро, ки соли 1941 шурӯъ ба навиштан карда буд, ба дасти чоп дод. Соли 1953 маҷмӯаи «Нӯҳ ҳикоя» чоп шуд, ки достонҳояш дар солҳои мухталиф навишта шудаанд. Баъдан, силсилаи достони кӯтоҳ ва қиссаҳо дар бораи хонаводаи Гласс, ки фарзандонаш ҳамагӣ наврасону ҷавонони бештару амиқтар аз синну соли худ хушзеҳн ҳастанд ва дар риштаҳои мухталиф дониши густарда доранд, паси ҳам чоп шуданд: «Сақфро баланд занед, дурудгарон», «Симор: муқаддима», «Фрэнни» ва «Зуи». Зимнан бояд гуфт, ки достони аввали маҷмӯаи «Нуҳ ҳикоя»: «Як рӯзи хуш барои музмоҳӣ», ки аз худкушии Симор-фарзанди бузурги хонаводаи Гласс ҳикоят мекунад, низ аз ҳамин силсила аст.

Дар ин силсилаи осори худ Салинҷер бархе рӯйдодҳои тарҷумаиҳолии хешро истифода кардааст, чунончи, падари хонаводаи Гласс яҳудӣ ва модарашон ирландист, ки воқеияти хонаводаи худи нависанда аст, таваҷҷӯҳи зиёди фарзандони оилаи Гласс ба мазоҳиб ва мактабҳои фалсафии  Шарқ, бахусус Ҳинди бостон ҳам нусхабардорӣ аз зиндагии худи муаллиф аст, ки ба ин мактабҳою мазоҳиб алоқамандии шадид дошт.

Дигар аз нукоти гуфтании тарҷумаи ҳоли нависанда ин аст, ки вай се бор издивоҷ кардааст. Бори аввал ҳангоми хидмати низомӣ дар Олмон, дафъатан пас аз пирӯзӣ бар фошизм дар ҷанги ҷаҳонии дувум бо нозидухтари олмонӣ шинос шуда, бо он ки ин духтар душмани идеулужиаш буд, ӯро аз асорат раҳо месозад ва бо вай издивоҷ карда, ҳамроҳи худ ба Амрико меоварад. Зимнан, ин издивоҷ дер давом наёвард ва Салинҷер ба зудӣ аз ӯ ҷудо шуд. Сониян, соли 1949 бо Уно духтари намоишноманависи маъруфи амрикоӣ Юҷин О Нил (барандаи ҷоизаи Нобел) шинос шуд ва бо ӯ тарҳи ишқу ошиқӣ афканд (Фредерик Бегбедер – нависандаи машҳури фаронсавӣ дар ин боб роман таълиф карда, ба номи «Уно & Cалинҷер»). Аммо ин ишқ мунҷар ба издивоҷ нашуд: пас аз чанде Уно бо Чарли Чаплини машҳур шинос ва бо ӯ хонадор шуд. Пас аз ин ишқи нофарҷом Салинҷер боз ду бори дигар издивоҷ кардааст ва ду фарзандаш ҳосили издивоҷаш бо зани дувум буд. Зани дувуми нависанда беш аз 10 сол ва зани севум 50 сол тафовути синнусолӣ бо Салинҷер доштанд.

Пас аз соли 1965 Ҷером Дэвид Салинҷер, агарчи боз 45 соли дигар умр дид ва моҳи январи соли 2010 вафот кард ва бо он ки мегӯянд, дар ҳоли инзиво низ пайваста ба таълиф машғул буд, чизе ба дасти чоп надодааст.

Шӯҳрати нависандагии Салинҷер асосан марбут ба романи «Дар сари вартаи ҷавдорзор» ва маҷмӯаи «Нӯҳ ҳикоя» аст; ҳам роман ва ҳам маҷмӯаи ҳикоёт дар солҳои аввали пас аз чопу интишорашон дар бархе иёлот ва макотиби Амрико, ба сабаби рӯҳияи бадбинона ва истифодаи вожаҳои ғайримеъёр аз ҷумлаи осори мамнӯъ буданд, вале чанд сол пас ба феҳристи адабиёти тавсияшуда барои хонандагони мактабҳои сартосарии Амрико ворид гардиданд. Бахусус, шӯҳрати роман ва қаҳрамони он Ҳулден Колфилд  ҳайратбарангез буд; ҳам навҷавонону ҷавонон ва ҳам бузургсолон бо шавқу рағбати бузург ин романро мехонданд ва мехонанд. Роман ва қаҳрамони марказии он таъсири амиқе ба адабиёти ғарбӣ ва ҷомеаи амрикоӣ доштааст, ба ҳадде ки пас аз хондани он чандин нафар ба худкушӣ ҳам даст задаанд. То кунун ин роман бо тирожи умумии болиғ бар 60 млн нусха чоп шуда ва дар радаи 10 китоби пуртирожи саросари ҷаҳон қарор дорад.

Бояд гуфт, бархе муҳаққиқон ва мунтақидони адабӣ шуҳрати «Дар сари вартаи ҷавдорзор»-ро хеле бештар аз арзишҳои воқеии бадеию мундариҷаи ин роман донистаанд. Назари эшонро метавон ношӣ аз он донист, ки натавонистаанд, рози таъсири амиқи романро кашф бикунанд.

Дар воқеъ, бо он ки Ҷером Дэвид Салинҷерро нависандаи модернист ба ҳисоб овардаанд, дар сохтор ва сабки «Дар сари вартаи ҷавдорзор» ҳеч печидагӣ ва шигардҳо ва ҳунарсозаҳои хос ба осори модернистиро намебинем. Роман, ки моҷароҳояш аз номи қаҳрамони марказии он ривоят мешавад, сабке ва сохторе сода дорад. Ва онро метавон ба истилоҳи адабиётшиносии суннатии худамон «саҳли мумтанеъ» номид. Ба иборати дигар зебоӣ, таъсирбахшӣ ва мондагории ин роман аз сӯйе, марбут ба ҳамин содагияш буда ва аз сӯйи дигар, ношӣ аз мавзуъу муҳтавои он аст, ки ба бисёре аз суолҳои ботинии навҷавонони амрикоӣ ва на танҳо амрикоӣ дар он замон ва имрӯз низ посух мегуфту мегӯяд ва созгор бо ҷаҳони ботинӣ ва равонии ҳамсолони Ҳулден Колфилд аст.

Моҷарои роман тасвири се шабонарӯз аз зиндагии навҷавони шонздаҳсола Ҳулден Колфилд пас аз ронда шуданаш аз мактаби писарона аст. Ҳулден навҷавонест, ки бо риёкориҳо, худпиндориҳо, худнамоиҳою худшефтагиҳои бузургсолон ва гоҳе ҳамсолони қабл аз муҳлат бузургшуда ва ё бузургтарошаш низ намесозад; на танҳо ҷаҳони онҳоро қабул надорад, ки алайҳи ин ҷаҳон ба шеваи худ эътироз ва исён менамояд. Навҷавонӣ давраи хеле ҳассос дар зиндагонии тамоми инсонҳост, марҳалаи гузариш аст, марҳалаест, ки навҷавонон ба ҷаҳони дигар, ба ҷаҳони калонсолон, ба зиндагонии мустақилона ворид мешаванд ва исён дар ин марҳала аз зиндагӣ ва максимализм тақрибан хоси тамоми наврасон аст, дар ҳамин марҳала ва бештар бо ҳамин исён, ки гоҳе хеле шадид ва тунд (чунончи дар зиндагии Ҳулден мебинем) ва гоҳе хафифу ноаён аст, «ман»-и онҳо шакл мегирад.

Аммо, лозим ба таъкид медонам, ки исёни Ҳулден фаротар аз исёни вежаи навҷавонист, исёне амиқтар аз исёни ҳамнаслонаш ва аз ҷинси дигар аст. Вай тақрибан бо ҳеч касе аз бузургсолон ва бахши умдае аз ҳамсолони худ низ сари созиш надорад. Ва баръакс, кӯдакон ва наврасон, бахусус хоҳараш Фибӣ ва бародари кӯчакашро, ки ба таври фоҷиавӣ фавтидааст, сахт дӯст медорад, ба онҳо муҳаббат меварзад, бо ишқу дард ба ёдашон меоварад. Аз хилоли андешаҳои Ҳулден метавон ба натиҷа расид, ки ҳадди ақал яке аз сабабҳои исёни ӯ ва шояд сабаби умда ҳамин марги фоҷиавии бародараш аст, ки пояҳои бовари ӯро ба низоми одилона будани зиндагонии бани башар мутазалзил кардааст. Ба андешаи ӯ танҳо зиндагии содиқона дар ин ҷаҳон зиндагонии бачаҳову наврасон аст, ки ҳанӯз бо дурӯғ, худнамоӣ, худпиндорӣ омехта нашудааст, бачаҳо чун бузург мешаванд ва ба ҷаҳони бузургсолон ворид мегарданд, худро гум мекунанд, тобеъи муҳит мешаванд, маслаҳатандешу манфиатхоҳ мешаванд ва зиндагии шахсиашон ва зиндагии муҳиташон куллан асолати худро мебозад. Аз ин ҷост, ки Ҳулден орзу дорад нигаҳбони киштзори ҷавдор, ки дар канораш партгоҳе дорад, бишавад, то бачагонеро, ки дар он киштзор машғули бозӣ ҳастанд, аз уфтодан ба ин партгоҳ нигоҳ дорад. Ин тасаввур зоидаи шеъре аз Роберт Бернс, шоири маъруфи шотландӣ аст, ки писараки шашсолае дар роҳ замзама мекунад: «Агар касе шахсеро, ки аз миёни киштзори ҷавдор убур мекунад, бигирад» ва андешаи Ҳулденро бармеангезад.  Мутобиқ бо меҳвари фикрии Салинҷер ва қаҳрамони ӯ Ҳулден «партгоҳ» дар ин маврид рамзи зиндагии калонсолон аст. Худи Ҳулден мехоҳад аз чунин зиндагӣ фирор бикунад ва ба ҷойе биравад, ки на ӯ касеро бишиносад ва на касе ӯро, аммо хоҳараш Фибӣ, ки майл дорад ҳатман ҳамроҳаш биравад, халал мерасонадаш ва ӯ ба хотири хоҳараш аз ин тасмимаш мунсариф мешавад.

Аз назари сохтор ҳикояҳои Салинҷер печидатар ва муҳтавояшон низ мураккабтар аст. Дар ин ҳикояҳо, ки бидуни тардид, аз намунаҳои беҳтарини ин жанр на танҳо дар адабиёти Амрико, балки дар адабиёти муосири ҷаҳон аст, бештар ду сужае, ки ба назари аввал иртиботи каме бо ҳам доранд, ба ҳам мепайванданд ва ботину руҳи шахсияти марказии достонҳо амиқтар ва рӯшантар ба маърази диди хонанда гузошта мешавад. Дар бисёре аз ин достонҳои кӯтоҳ низ шахсиятҳои асосӣ баччагон ва наврасон ҳастанд. Дар бештарини онҳо фоҷиаи инфиродии одамиён, ки бо муҳит созгорӣ надоранд ва ё ба хостаҳои қаблашон нарасидаанд, ба тасвир омадааст.

Аз назари истифодаи калимаҳо дар офаридаҳои Ҷ. Д. Салинҷер «сигор», «сигорет» ва чанд калимаи дигари марбут ба онҳо – «кашидан», «хокистар» ва «таҳсигорӣ» болотарин басомадро доранд. Ин вожаҳо дар тамоми достонҳои кӯтоҳ, дар ҳамаи повестҳо ва дар танҳо романи ӯ фаровон ва мукарраран истифода шудаанд. Тақрибан ҳамаи шахсиятҳои осори Салинҷер сигор ё сигорет мекашанд… Ва пайваста дар ҳоли сигор кашидан, сигор дар даст нигоҳ доштан, сигорро оташ додан, қутии сигорро аз ҷайб баровардан, таконидани хокистари сигорет ба таҳсигорӣ, ба пеш кашидани таҳсигорӣ тасвир шудаанд. Ҳулден Колфилд – шахсияти марказии романи нависанда «чун паровоз сигор мекашид», Бесси Гласс модари хонадони Гласс дар қиссаи «Зуи» дар тан кимоно ба тасвир омадааст ва ин «кимоно дорои чинҳои фаровоне буд, ки ба ҳайси анбори майда чуйдаҳои зиёде, ки сигоркаши ашаддӣ бояд ҳамеша зери даст дошта бошад, истифода мешуд»; илова бар он, «аз ду тарафи кимоно ду ҷайби бузург дӯхта шуда буд, дар онҳо маъмулан ду-се қуттӣ сигорет» ҷой дошт. Ва дар мавриди шахсияти марказии ҳикояи «Тақдим ба Эзма бо ишқу накбат» мехонем:

«Инак чанд ҳафта буд, ки ӯ як сигоретро бо оташи сигорети дигар даргиронда, беист дуд медод». Фақат дар қиссаи «Зуи», ки чандон тӯлонӣ нест, дар ҳафтоду чаҳор маврид аз «сигор кашидан», «хокистари сигорро таконидан», «таҳсигориро пеш кашидан» ва «сигорро дар таҳсигорӣ хомӯш кардан» ёд шудааст. (Ин повест се шахсияти амалкунанда дорад, ки ҳар се сигор мекашанд. Аммо сигор кашидани онҳо бо ҳам тафовут дорад.) Баъд аз таваҷҷуҳ кардан ба ин басомади болои вожаҳои «сигор» ва «сигарет» ва соири калимаҳои марбут ба онҳо, нахуст фикре, ки ба мағзам хутур кард, ин буд, ки эҳтимолан Салинҷер бо ширкате аз ширкатҳои бузурги тавлиди сигори Амрико қарордод дошта ва аз ин тариқ сигору сигаретро таблиғи тиҷорӣ кардааст. Аммо, баъдан ба ин амр ҳам мутаваҷҷеҳ шудам, ки нависанда дар ҳеч мавриде аз ин мавридҳои сершумор аз номи (маркаи) ҳеч сигару сигарети мушаххасе ном намебарад ва афзун бар ин, низ ишора шуда, ки Ҳулден ниҳоятан ба бемории сил гирифтор мешавад ва сабаби умдаи ин беморӣ сигоркашиаш буда ва ин амр ҳама он «таблиғот»-ро ботил мекунад…

Пас сабаби ин таваҷҷуҳи беш аз андозаю меъёри нависандаро, ки албатта, хеле зуд на фақат муҳақкиқ, балки хонандаи андаке дақиқназар низ мушоҳида хоҳад кард (ва ман ин амрро қубҳи нависандагӣ медонам) ба сигору сигоркашӣ чист? Чаро шахсиятҳои таълифоти бадеии Салинҷер пайваста, бевақфа сигор мекашанд, тақрибан ҳама муътоди сигор ҳастанд? Сигору сигорет кашидан дар таълифоти нависанда оё нақше ифо мекунанд ва ё Салинҷер, ки шояд худ сигоркаши ашаддӣ буда, нохудгоҳ ин «хӯйи бади худро» ба қаҳрамононаш низ мунтақил карда, ба сафҳаи осораш рехтааст?

Аз баррасии ин мавзӯъ ба натиҷа мерасем, ки сигоркашии вофири шахсиятҳои меҳварӣ ва фаръии осори Салинҷер (ва таваҷҷуҳи фаровони ӯ ҳам ба ин амр) ду вазифаи мухталифро ифо мекунанд… Нахуст, вазифаи характерофаринӣ ва ифшои вазъи ботинӣ ва равонии шахсиятҳои осораш ва дувум, вазифаи сохторӣ, шигарде барои «меъморӣ»-и достонҳо. Ва бояд гуфт, нависанда аз ин ду «вазифаи сигор» гоҳе ба таври ҷудогона истифода карда ва гоҳе ҳам ҳамзамон, ҳардуро дар канори ҳамдигар.  Нависанда барои нишон додани вазъи равонии феълии шахсиятҳои осораш аз сигор кашидан ва дигар амалҳои марбут ба он (хокистари сигорро такидан, таҳсигориро пеш кашидан, дар додан ва хомӯш кардани сигор) истифода мекунад ва бо тасвири зоҳир ҳоли ботини қаҳрамонашро дар ҳамон лаҳза ба тасвир меоварад. Чунончи, дар қиссаи «Френни» Лейн ва Френни дар ресторан нишастаннд. Нависанда гоҳ сигокаши инро зикр мекунад ва гоҳ таваҷҷуҳро ба сигор кашидани дигаре ҷалб мекунад. Дар ин ҳол сигоркашии ҳарду бо ҳам тафовут дорад: сигоркашии Френни бозгӯйи асабонияти ӯст ва сабаби сигор кашидани дӯстдоштаи ӯ Лейн лаззат бурдан.

Ва аммо вазифаи дигар, чунонки ишора кардам, вазифаи сохторӣ-бадеӣ аст. Ҳар нависандае, ки таҷрибаи иншои асари бадеӣ дорад, аз ин сир огоҳ аст, ки вақте ҳолати руҳӣ ва вазъи равонии шахсиятеро ба қалам медиҳад, ё манзараеро тасвир мекунад ва ё андешаҳои қаҳрамонро ва ё гуфтугӯйи шахсиятҳоро ба сафҳа мерезад, барои иҷтиноб ва парҳез аз якрангӣ ва яклаҳнӣ дар васати ин матн ҷумлае ё ҷумлаҳои кӯтоҳе дар мавзуъҳои дигар, ки нақши руҷуъи кӯтоҳро доранд,  меоварад, то якрангию яклаҳнӣ аз миён биравад ва хонанда хаста нашавад. Дар ин сурат ҳазми матн низ осон мешавад. Чунин ҷумлаҳоро ман барои худ «исти бадеӣ-сохторӣ» ном гузоштаам. Дар навиштаҳои бадеии Салинҷер сигору сигарет ва дигар вожаҳо ва таркибҳои марбут ба онҳо, аз ҷумла, ҳамин нақши «исти бадеӣ-сохторӣ»-ро доранд. Дар рӯзномаи Симор (аз қиссаи «Симор: Муқаддима»), ки бародараш Бадди мехонад, ҳеч мавриде аз сигоркашӣ зикр нашудааст, агарчи Симор худ сигоркаш аст. Ва ин амр дуруст ва мантиқӣ ҳам ҳаст. Дар рӯзнома, ки маъмулан пас аз сипарӣ шудани рӯз навишта мешавад, маъмулан воқеоти муҳимми он рӯз, ки боиси ҷалби таваҷҷуҳ ва барангехтани эҳсосу андеша мегарданд, рақам мешавад. Аммо сигор кашидан, – агар мустақиман муртабит бо воқеаи муҳим набошад, амре ҷузъӣ ва рӯзмарра аст, ки барои рӯзноманавис аҳаммияте чандон надорад.

Ва аммо барои нависанда Салинҷер сигор ва сигоркашӣ маҳз барои ҳамин ҷузъӣ буданаш муҳим аст ва нависанда аз он ба таври густарда ва моҳирона истифода кардааст.

Қодири РУСТАМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь