Медонам, ки имрӯз хоҳараки азизам, Фарзонабону зодрӯз доранд. Зодрӯзи ин шоири қудсиро барои ҳама ошиқони шеъри порсӣ табрик мегӯям.

Фарзонабонуро аз хонадони бузурги шоирони порсӣ медонам, ки фарҳангу рӯҳи инсониро азамату эътило бахшидаанд ва ба – дон шарафу арҷ додаанд. Шеъри Фарзонабону шеъри асил аст ва забону баёни вежае дорад, ки шабеҳи касе нест. Аз шоиронест, ки фарҳангу тамаддуни забони порсиро огоҳона омӯхта бо беҳтарин намунаҳои шеъри ҷаҳон ошноӣ ёфта ва аз таҷрибаи хеле аз бузургон нукотеро фаро гирифта, вале худро шинохтаву худро ёфта ва ба забону баёни вежае мушараф шуда, ки аз муҳити зиндагию омӯхтаҳояш маншаъ мегирад. Фарзонабону яке аз давронҳои бисёр мудҳиши таърихи моро пушти сар кард ва суқути одамиро ба фурудтарин разолат ва залолат мушоҳида карда, вале ҳамеша роҳи раҳоӣ ва озодагӣ ва озодманиширо сутуда аз зиндагии тӯдаҳои мардум ва ҳоли ҳамватанони мо бо забони шеър ҳикоят мекунад.

Бештари ашъори Фарзонабону ошиқонаю орифона аст. Ин гуна ашъори ӯ бахши пурбор ва гаронбаҳое аз осори ӯро ташкил мекунад. Ғазалҳои ӯ намунае аз беҳтарин ашъори  ошиқона ва орифонаи порсӣ дар адабиёти муъосир аст. Аз ашъори инчунонии ӯ намунаҳои олии ғазалро дар ихтиёр дорем, ки вирди забонҳост. Ишқу ирфон таҷрибаҳои отифиест, ки маънии таърифнопазир ва васфношудании он ба қавли доное дар зери иборот дар намеояд то фориғони ишқ аз он насибе ёбанд. Ишқ инсонҳоро аз бунбаст раҳои мебахшад ва ҳамин ишқи ҳақиқӣ аст, ки саршор аз аҳволу асрор аст, ки дар иборот намеғунҷад ва ба васф дар намеояд . Хуб медонад, ки ъишқ ҳам неш асту ҳам нӯш, ҳам асорат асту ҳам озодӣ, ҳам бандагӣ асту ҳам худовандӣ. Аз ишқ мадад мехоҳад ва дар девони Мавлоно ва ғазалиёти Саъдию Ҳофиз сайри маънавӣ мекунад ва дурру гуҳарҳоеро пайдо мекунад, ки аз чашми мо пинҳон буд ва зеҳни хешро сайқал медиҳад ва оканда аз ишқу шӯр ба худ бармегардад ва девони ғазалҳояшро пешкаш мекунад, ки дар шеъру адаби мо комилан ҳарфи ноб аст. Девони Мавлоно ва бузургони дигар ба осори ӯ мисли таъсири нури хуршед бар замин асар мегузорад, ки нерӯии нуҳуфтаи заминро ба таҳрик медароварда аст ба Фарзонабону низ чунин асаргузор будааст, ки нерӯи халлоқии худи ӯро ба таҳрик дароварда аст. Бархе аз ашъори ошиқонаю орифонаи Фарзона ба ҳадде зебо, муассир, гӯшнавоз ва дилрубост, ки гӯйӣ ангор ин суханони касест, ки бо тамоми вуҷуд ишқи илоҳиро чунон бо камолу шӯрангез таҷриба карда аст . Дар ҳоле ки ба назари ман бештар парвози хаёли нерӯманди шоирона аст, то таҷрибаҳои отифӣ.

Муҳимтарин нишонаи шеъри нағз ин аст, ки дар он андеша ва ангеза бо ҳам пайванд занад ва ин гуна пайванд метавонад оташе афрӯзад. Сурудаҳои шоирони бузург ҳамеша чунин будааст, ки меомӯзад ва ҳамзамон ҷонро меафрӯзад! Шеъри Фарзонабону низ ҳамора чунин будааст, ки ҳам бо эҳсос суроида шуда ва ҳам бо андешаи омӯзанда гиреҳ хӯрда аст ва ин андешаи воло андешаи ҳазорҳо мардум аст, эҳсоси эшон аст, ки аз дили нарму нозуки шоири бузург фаввора мезанад ва ба дилҳо менишинад!

Фарзонабону ба назари мо аз маъдуд шоирони ҷаҳон аст, ки устурасоз аст. Аз нахустин шоирони Тоҷикистон аст, ки дидгоҳи устураӣ ва ирфониро ба ҳам омезиш дод ва бо забону сабки бисёр зебои хеш ба таҳқиқи масоли марбут ба сиришту сарнавишти инсони муосир пардохт ва басомади бисёр болое аз вожаҳои ИШҚ, Меҳан, Инсон, Ҷон, Ҷаҳон, Зан, Модар ва ғайра, ки дар шеъри ӯ омада ва ташреҳи шоирона шудаанд, меҳвари шеъри ӯро инсонӣ ва меҳрубону отифӣ гардонид. Вақте шеъри Фарзонабонуро мехонед, мебинед, ки Ишқ ба инсону зебойӣ ва накӯйӣ ҳамвора меҳвари аслии ашъорашро ташкил кардаанд. Ва дар ин эътироф самимият ва садоқат махсус аст :

Ман омадам, ки гӯям: Ишқ аст миллати ман,

Ишқ аст миллати ман, аслу ҷибиллати ман.

Чун номи ман ба номат дар осмон рақам шуд,

Бо туст сабз дар сабз милоду реҳлати ман.

Ба назар чунин мерасад, ки суханони Ҳофизи малакутӣ «як қисса беш нест, ғами Ишқ…» ро метавон ба шеър ва ба вежа ба шеъри Фарзонабону таъмим дод. Зеро бунёди шеър низ ҳамонанди ИШҚ аз авотиф ва эҳсосҳои инсонӣ ниҳода шудааст. Ба иборати дигар шеър ҷуз таҷаллии эҳсосу отифа, ки ҳадди ниҳоии онро ИШҚ меноманд, намебошад. Ишқ, албатта ба маъноии густардаи он, чӣ ИШҚи заминӣ ва чӣ осмонӣ (ҳарчанд ки ИШҚ-и заминӣ барои ман мавҳум аст ва ИШҚ-и воқеӣ аз осмонҳо меояд!). Ба ҳар ҳол ин ду вожа ва ё ин ду мафҳум, яъне ИШҚ ва ШЕЪР аз дер боз чунон ба ҳам пайванд доштаанд, ва чунон дар ҳам танидаанд, ки тақрибан тасаввури яке бидуни дигарӣ, номумкин ба назар мерасад. Барои мо тоҷикон ва ҳамаи порсизабонон ин нукта аҳамияти вежа дорад. Зеро пайдоиши шеърро ба забони мо бархе доноён ба суханони шоиронаи Баҳроми Гӯр, ки ба Дилором бахшида буд нисбат  медиҳанд. Шояд ба осонӣ натавон иддао кард, ки ҳама ошиқони ҷаҳон шоирон будаанд, вале бе тардид акси қазия дар бештари маврид дуруст аст. Яъне шоирони воқеӣ ҳама ошиқ будаанд ва агар ошиқ набуданд, баъид аст, ки шеър аз осмонҳо ба гӯши дили онҳо бирасад ва аз забони онҳо ба гӯши дили мо роҳ ёбад!

Қиссаи шоирии Мавлоноро ба ёд оваред. Шояд касоне бигӯянд, ки бархе аз анвоъи шеър, масалан ашъори ҳамосӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ ва ғайра чӣ нисбате ба шеър ва ошиқонаҳо доранд ва зоҳиран наметавон чунин ашъорро ба шеъре, ки гуфтем, пайванд бо Ишқ дорад, табақабандӣ кард. Вале аз дидгоҳи бунёдин ангеза ва жарфойӣ падид омадани ин гуна ашъор низ Ишқ аст, Ишқ ба меҳан, Ишқ ба озодӣ, Ишқ ба арзишҳои маънавӣ ва руйи ҳам рафта, Ишқ ба инсоният ва ормонҳои волойи ҳастӣ будааст, ки шеърро шеър мекунад.

Шеъри Фарзонабону шеъри воқеӣ ва саршор аз Ишқ ба мову Шумо, ба меҳанамон ва ҳаммеҳанонамон, забонамон, фарҳангамон, ишқ ба тамоми инсонҳост, ишқ ба адолат, ба ҳақиқат, ишқ ба тамоми офаридаҳои Худои яктост ва батардид Ишқ ба Халлоқ аст, Фарзонабону мисли ҳар орифи ошиқ ҳарчӣ дорад аз Ӯ дораду ҳарчӣ бинад аз Ӯ мебинад. Шеъри Фарзонабону шеъри андеша аст, шеъре ки аз хонанда ва пижуҳанда тааммул ва таамуқ мехоҳад, шеърест, ки маърифат мебахшад, шеърест, ки хонандаро бо болоҳо мекашад. Зеро бе Ишқ хома намеронад ва хонанда ин ИШҚ- ро аз каломи кибриёии ӯ эҳсос мекунад ба шеъри ӯ дил мебандад ва маърифати Ишқро меомӯзад. Ва то ҷаҳон боқист маъшуқону ошиқон низ дар ҷаҳон ҳастанд ва то ошиқону маъшуқон ҳастанд сурудани шеър низ боқӣ хоҳад буд ва аз он ҷо ки ба гуфтаи Хоҷа Ҳофиз : Аз садойӣ сухани ишқ надидам хуштар, Ёдгоре ки дар ин гунбади даввор бимонд. Пас «садои сухани Ишқ», ё ба таъбире ШЕЪР, ки шояд ошиқонатарин, самимонатарин ва дилпазиртарин шеваи расонандаи ин садост, ҳаргиз сухани малоловар нахоҳад буд ба вежа агар ин садо ба қавли хоҷаи Шероз «аз ҳар забон ки мешунавам номуқаррар аст».

Мо ба Фарзонабону, ин бонуи беназири шеъри Тоҷикистон зодрӯзашонро хуҷаста бод мегӯем ва орзӯи саломатӣ ва комёбӣ ва хушбахтии эшонро дорем.

Албатта, кори Фарзонабону дар шеъри порсӣ (тоҷик) ва ҷойгоҳи бас рафеъи Эшон, ҳарчанд борҳо гуфтаанду навиштаанд, боз ҳам то кунун чунонки бояд арзёбӣ ва арҷгузорӣ нашуда аст. Бовар дорам, ки ин кори фардост ва фардоҳост…Зеро шак надорам, ки ашъори ӯ ҷовидон асту мо гузарон.

Бори дигар хоҳараки азизам, шоъири бемисл ва Инсони комил, Фарзонабонуро ба зодрӯзашон табрик мегӯям0 ва аз Худои Якто барои эшон саломатӣ ва тавфиқ таманно дорам!

Садои ишқ! Давоми раҳам чароғон кун,

Маро фаришта кун, оре, маро ҳам инсон кун.

Биё ба чашми ғизолам набераи Маҷнун,

Маро ба бар кашу хушбахт чун биёбон кун.

Куҷо равам, ки раҳо ёбам аз ҷаҳолати хасм,

Маро бигиру ба сандуқи сина пинҳон кун.

Чу шабнамона ба рӯи кафи ту меларзам,

Чу ман ҳақиқати шаффофи хеш урён кун.

Шумораи тилифуни маро зи борон пурс,

Зи пушти панҷараи сабзи ёд тилфон кун.

Агар ба дидани ман оӣ, эй масеҳонафас,

Ҳазор сузани хуршед дар гиребон кун,

Ту беҳ зи ман бишиносӣ тариқати рафтан,

Салоҳи туст, ҳар он чи ту хости, он кун.

Сафар Абдуллоҳ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь