Санъати театр аз ҷумлаи ҳунарҳои волост, ки эҳсоси инсонро такони муассире мебахшад ва барои шахсе, ки қудрати идроки онро дорад, саодати нотакрор ато месозад. Маҳз санъати театр инсонро лаҳзае аз бори якрангу якнавохти зиндагии муқаррарӣ озод намуда, ба ӯ эҳсоси наҷибро тақдим медорад. Бешубҳа, ҳар касе, ки аз ин атои тақдир бенасиб намондааст, фарди соҳибназар ва хосса шахсе, ки баҳри ҳифзи санъати асил ранҷҳо бурда, ин ҷодаро сарнавишти хеш қарор додааст мебошад.

Санъатшиноси маъруф Низом Нурҷонов яке аз чунин ашхоси саодатманд буданд, ки дар бахши театршиносии тоҷик заҳматҳои зиёд  мекашиданд ва дар ин ҷода асарҳои пурарзишеро таълиф намуданд. Асарҳои илмии устод, ки дар онҳо саҳифаҳои фаромӯшшудаи театри мо барҳақ эҳё мешаванд, рӯйдоди фарҳангии чашмрасе мебошанд, зеро онҳо манзараи ҳақиқии театри тоҷикро ба таври эътимодбахш пеши назар меоваранд. Навиштаҳои эшон роҷеъ ба таърихи театр на танҳо барои фаҳмиши падидаҳои фарҳанг кумак месозанд, балки барои дарк намудани ҷараёни умумии ҳаёти театр, бурду бохт, ҷустуҷӯву бозёфтҳои эҷодии он арзиши баланд доранд. Аз ин рӯ, Нурҷоновро метавон поягузори илми санъатшиносӣ дар ҷумҳурӣ, аввалин театршиноси касбии тоҷик шуморид, ки бо силсилаи асарҳои илмию тадқиқотии худ ин соҳаро обод намуданд.

Асарҳои илмию тадқиқотӣ, мақолаву тақризҳои устод, ки нахустини онҳо аз солҳои 40-ум сар карда, ба табъ расидаанд, чун солномаи театри тоҷик ва маводи гаронбаҳо шоҳиди ҳақиқии комёбиҳои эҷодии санъаткорони мо буда, дар худ шахсияти муаллифро таҷассум намудаанд. Пайванди афкору андеша бо эҳсосоти самимӣ махсусияти асосии асарҳои устод мебошанд ва шояд сабаби асосии аз ҷониби мутахассисони машҳури соҳаи санъат эътироф гардидани осори муаллим ҷиҳати зикршуда бошад.

Доираи тадқиқоти илмии олим хеле фарох аст. Таваҷҷуҳи муаллиф қариб ба тамоми шохаҳои илмии театршиносӣ равона гардидааст. Мо дар ин ҷо – фаро гирифтани проблемаҳои театри анъанавии тоҷикон, таҷдиди таърихи театри шуравии миллӣ, ҳамчунин, тадқиқи симои эҷодии ҳунарпешагони соҳибистеъдодро дар назар дорем.

Ростӣ, ин амале нест, ки танҳо як нафар олим онро ба субут бирасонад. Агар дар ҷумҳуриҳои бародар барои ба вуҷуд овардани танҳо як ҷилди таърихи театри шуравӣ шуъбаҳои махсус таъсис гардида бошанд, дар Тоҷикистон устод танҳо ба ин кор камари ҳиммат баста, онро бо камоли муътамадӣ анҷом додаанд.

Баъзан кас сарчашмаи ин меҳру муҳаббат, кӯшишу заҳматҳои тулонии муаллимро ҷустанӣ мешавад ва андеша менамоянд, ки ҳамаи он аз куҷо оғоз гардида бошад? Шояд саховати Бухорои Шариф аст, ки бо нури хирад дили парвардагони хешро равшан намудааст, то онҳо равшангари дилҳо бошанд. Овони тифлии устод дар Бухоро сипарӣ шуда ба он мусоидат намудааст, ки аз олами руҳбахши санъат баҳраманд бошанд. Ҳамчуноне, ки аз нақлҳои устод бармеояд, он кас аз хурдсолӣ ба хотири тамошои баромади созандагону навозандагон ҳамеша дар тӯю маъракаҳо модарашонро ҳамроҳӣ мекардаанд. Дар ҳавлии онҳо на як бору ду бор сурудҳои дилнишини сарояндагони шинохта Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов танин андохтааст. Бо ҳамроҳи бародарашон – Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоеву (Нурҷонову) дигар бачагони ҳамсоя «саҳнаҳо» месохтанду «намоишҳои театрӣ» таҳия менамуданд.

Шояд сабаби ин майлу рағбат зуҳури истеъдоди фитрӣ бошад, ки муаллим мисли амакҳояшон – ҳунармандони шоиста – шодравон Ҳоҷиқул Раҳматуллоеву Саъдихон Табибуллоев зиндагии хешро ба олами санъат пайвастанд. Ба ҳар ҳол, касе он вақт гумон надошт, ки солиёни зиёде мегузараду ин ҷавони ҳассос театршиноси шинохтае мешавад ва мо зиндагии театри худро бе Низом Ҳабибуллоевичу асарҳояшон тасаввур карда наметавонем!

Ин ҷо ба таълифоти устод таваҷҷуҳ месозем: «Театри халқии тоҷик», «Драмаи халқии тоҷик», «Театри тоҷик», ду ҷилди «Таърихи театри шуравии тоҷик», панҷ ҷилди «Санъати мусиқии Помир», ду ҷилди «Театри суннатии тоҷик», «Опера ва балет дар Тоҷикистон, «Мактаби актёрии тоҷик», рисолаҳои «Муҳаммадҷон Қосимов», «Аслӣ Бурҳонов», «Малика Собирова», «Туҳфа Фозилова», «София Тӯйбоева», «Ҳоҷиқул Раҳматуллоев», «Ҳошим Гадоев», «Маҳмудҷон Воҳидов», «Ато Муҳаммадҷонов», «Хайрӣ Назарова», «Гулчеҳра Бақоева», «Фаррух Қосимов», китобҳои «Дар олами балет», «Ним асри пурсамар», маҷмуаи мақолаҳои проблемавии «Рангомезиҳои саҳна» ва садҳо мақолаҳои дигар, ки аз далелҳои илмӣ саршоранд, ба қалами устод мансуб ҳастанд. Бахусус, дар байни осори илмӣ тадқиқи намудҳои гуногуни санъати халқӣ мавқеи хоссаеро дорост.

Асари «Театри халқии тоҷик», ки дар асоси рисолаи номзадии муаллим «Сарчашмаҳои театри халқии тоҷикон» иншо гардидааст, аз маводҳои ҷолиб ва далелҳои амиқи илмӣ сиришта шудаанд. Эътиқоди комили устод сабаби арзи ҳастӣ намудани бозёфтҳои нодир роҷеъ ба санъати халқӣ гардид, ки ҳосили ин ҷустуҷӯҳо дар мақолаҳои илмии «Пантомимаҳои қадимаи тоҷикон», «Рақсҳои тоҷикони вилояти Кӯлоб», «Қайдҳо оид ба театри халқии лӯхтаки Хуҷанд», «Доир ба театри лӯхтаки Бухоро», «Баъзе хусусиятҳои қадим дар рақсу пантомимаҳои тоҷикони кӯҳнишин», «Бозию тамошоҳо дар театри халқии тоҷикони Қаротегину Дарвоз», «Корвони шодӣ бо Рустам», «Созандаҳои Бухоро» ҳаллу фасл шудаанд.

Дар асари мукаммали «Драмаи халқии тоҷик», ки дар он анъанаҳои беҳтарини бадеии ин жанр мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд, матни садҳо драмаҳои халқӣ барқарор шудааст. Ин заҳмати муаллиф бо он, ки аз фаромӯшхонаи таърих бозёфтҳои ҷолибро пайдо намуда, ба он характери илмӣ бахшидаанд, боиси қадр аст.

Сафарҳои пайиҳами устод бо ҳамроҳии мусиқишинос Файзулло Кароматов ба деҳаҳои дурдасти Помир боиси иншо шудани се ҷилди «Санъати мусиқии Помир» гардид. Минбаъд, дар омода сохтани ҷилдҳои чоруму панҷуми он доктори илмҳои таърих Баҳринисо Қобилова саҳм гузошт.

Аз ин рӯ, муболиға намешавад, агар муаллимро кашшофи театри анъанавии тоҷик шуморем.

Бино ба ақидаи Нурҷонов театри шуравии тоҷик низ, на дар заминаи хушку холӣ, балки дар асоси анъанаҳои мардумӣ пайдо шуда, симои эҷодии худро муайян намудааст. Ин матлабро устод дар ду ҷилди «Таърихи театри шуравии тоҷик» мавриди тафсир қарор медиҳанд.

Муаллим дар ин асарҳои зикршуда – ҷилдҳои «Таърихи театри шуравии тоҷик» (1917-1941), (1941-1957), анъанаи чунин театршиносони номиро, аз қабили П.А.Марков, С.С.Мокульский, Б.В.Алперс, К.Л.Рудницкий идома дода, бори нахуст дар таърихи илми театршиносии Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон – таълифоти пурарзишеро анҷом додаанд, ки дар он таърихи театри тоҷик дар асоси сарчашмаҳои илмӣ, матбуоти даврӣ, мушоҳидаҳои шахсӣ, нақлу ривоятҳои шифоҳӣ таҳлилу таҷдид мегардад.

Дар ҷилдҳои «Таърихи театри шуравии тоҷик» намоишномаҳои чаҳор театр – театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ, Театри давлатии опера ва балети ба номи Айнӣ, Театри мазҳакаи мусиқии Ленинобод, ҳамчунин, Театри Хоруғ, театрҳои худфаъолиятӣ ба таври муфассал таҳлил мешаванд.

Чашмандозии таърихии муаллиф, ки ҳар як спектаклро вобаста ба ҷараёни ҷустуҷӯҳои эҷодии театр мавриди таҳлил қарор медиҳанд, хеле ҷолиб сурат гирифтааст. Аз ин лиҳоз, дар «Таърихи театри шуравии тоҷик» на танҳо, материалҳо доир ба театри тоҷик ба низоми муайяне дароварда мешаванд, балки рӯйдодҳои беҳтарини фарҳангӣ, асарҳои барҷастаи саҳнавӣ мавриди назар ҳастанд. Барои ба хубӣ анҷом пазируфтани ин мақсад, ба андешаи мо, на танҳо муарриху санъатшинос, балки муҳаққиқи борикбин бояд буд. Зеро дар осори тадқиқотӣ доир ба таърихи театр таҷдиди спектакл аз оғоз то анҷом ба мақоми аввал соҳиб мешавад ва аз ин рӯ, лозим меояд, ки муаллиф дар баҳри беканори номҳои қаҳрамонони пйеса, ҳамчунин, актёрону дигар офарандагони асари саҳнавӣ ғарқ нагардад. Бо ибораи дигар бигӯем, бояд чун саррофи моҳир шишапораҳоро сарфи назар сохта, танҳо гавҳари асилро дарёфт. Хушбахтона, ин амал дар бисёр маврид ба устод даст додааст.

Махсусияти илмии ҷилдҳои «Таърихи театри шуравии тоҷик» боиси он шуд, ки баъди нашри ҷилди аввал, соли 1968 муаллим ба унвони доктори илми санъатшиносӣ сазовор гардиданд.

Мо ба рисолаҳои эшон роҷеъ ба фаъолияти ҳунарии санъаткорони варзида – Муҳаммадҷон Қосимову Аслӣ Бурҳонов, София Тӯйбоева ошно ҳастем. Хусусияти асосии ин асарҳое, ки ба фаъолияти санъаткорон бахшда шудааст, дар он зоҳир мегардад, ки тавассути таҳлили ролҳои беҳтарин фардияти эҷодии ҳунарпеша ифшо мегардад. Ёддошти қавии театрӣ ба муаллиф имконият додааст, ки саҳнаҳои спектаклҳои алоҳидаро дақиқ пеши назар оварда, ба ин васила, дар хонанда нисбати онҳо таассуроти комил ба вуҷуд оварад. Конкретияти таҳлил, ки бо касбияти баланд сиришта шудааст, дар ҳамаи бобҳои ин рисолаҳо падидор аст. Аз ҷумла, қисмате, ки сухан аз махсусияти нақшофарии актёрон меравад ва василаҳои тасвири ҳунарманд муайян сохта мешавад, хеле борикбинона иншо шудааст. Алҳол, ки мо ягон навори комиле аз ҳунарнамоии ин санъаткоронро дар даст надорем, асарҳои устод қимати хоссае доранд.

Муаллими мо тавассути таълифоташон берун аз ҷумҳурӣ низ, хеле маъруф ҳастанд. Маҳз тавассути устод дар хориҷи кишвар театри тоҷикро шинохтаанд. Қисмати асосии китоби «Театри тоҷик», ки дар маҷаллаи амрикоии «Санъати Осиё» нашр шудааст, боиси ба вуҷуд омадани як силсила тақризу китобиёт дар ИМА, Лаҳистон ва Чехословакия гардид.

Ғайр аз ин, бояд ҳатман зикр намуд, ки Нурҷонов яке аз муаллифони асари шашҷилдаи «Таърихи театри драмавии шуравӣ», «Санъати актёрии шӯравии солҳои 50-70», «Театри фолклории халқҳои СССР», «Роҳи санъати шуравӣ», «Таърихи халқи тоҷик», тадқиқоти мардумшиносии «Тоҷикони Қаротегин ва Дарвоз» ба ҳисоб мераванд. Ҳамаи бахшҳои ба қалами эшон мутааллиқ аз лиҳози илмӣ ҷолиб анҷом пазируфтаанд. Мақолаҳои бешумор дар маҷаллаҳои ҷумҳурӣ, марказӣ, хориҷӣ, энсиклопедияҳову рӯзномаҳо маълуми ҳамагонанд.

Устод Нурҷонов асосгузори шуъбаи таърихи санъати пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошанд, ки онро аз солҳои 1953 то солҳои наздик роҳбарӣ намудаанд. Таҳти сарпарастии он кас дар шуъба имрӯз даҳҳо ҷавонони боистеъдод ба кори илмӣ пардохта, роҷеъ ба тадқиқи намудҳои гуногуни санъат рисолаҳои докторию номзадӣ дифоъ кардаанд, асарҳо нашр намудаанд. Бо ташаббуси муаллим бори нахуст дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода шуъбаи театршиносӣ кушода шуд. Воқеан, Нурҷонов зиёда аз бист сол аст, ки чун омӯзгори соҳибсалиқа дар Донишкадаи номбурда аз фанҳои таърихи театри Ғарб, таърихи театрҳои ИДМ ва тоҷик дарс мегуфтанд. Ман, ки борҳо ба нияти омӯзиш дар дарсҳои устод ҳузур доштам, ҳамеша ҷӯшу хурӯш, самимияти беандоза, ҳофизаи қавӣ, зарофати табииашон ба ҳайрат меовард. Эшон гӯё актёре буданд, ки нақш меофариданд. Дарсҳои устод дарсе набуданд, ки хамёза кашида хобат ояду беист ба соат нигарӣ. Устод ҳамеша бе матни тайёр, аз ҷой бархоста, бо табассуми руҳафзое дарсро оғоз менамоянд. Азобу уқубатҳои Эдип, покизагии Отелло, макру ҳияли Федра чи ҳунармандона қисса карда мешуданд! Ҳамин тариқ, ки пеши назар нақш мебандаду бас.

Ҳар вақте ки ба корҳои маъмурӣ даъватам мекарданд, устод посух медоданд: «Худатон медонед, аммо ба назари ман барои касе, ки нияти эҷодро дорад, корҳои маъмурӣ зарурате надоранд. Аз бозе, ки ман худро медонам, чандин вазирҳо иваз шудаанд, аммо ман дар ҷои худ қарор дорам», – мегуфтанд бо табассум.

Низом Ҳабибуллоевич хеле инсони наҷибу покниҳод, хайрхоҳу меҳрубон ва ниҳоят бекинаву беғараз буданд. Аз ҷиҳати тафаккуру маданият, либоспӯшӣ, рафтору гуфтор ҳамеша ҳамқадами замон буданд. Чӣ қадар таъбашон ҳира мешуд, вақте «зиёӣ»-ие баромад кунаду гӯяд, ки «театри опера ва балет ба тоҷикон лозим нест». Ва ба майнаи зангзадаи ингуна афроди ба ном «зиёӣ», ки бешубҳа, маҳсули ҷамъияти мост, ботилии ақидаашро расонда, сипас ором мешуданд. Устод беҳтарин падидаҳои фарҳангиро, пештар аз  ҳама (спектакли «Раъно», таҳияи Қосимовро ба хотир оварем), дастгирӣ менамуданд, беистеъдодиро, ки теша ба решаи фарҳанг мезанад, чашми дидан надоштанд ва ҳамеша алайҳи он ҷасурона дасти эътироз боло месохтанд.

Интиҳои спектакли ҳунармандонаи «Тартюф» (асари Молйер, таҳияи Фаррух Қосимов) чунин сурат мегирад: баъди бесарусомониҳои афзун, мазҳакаву фоҷиаҳои зиёде фарёди ҷонкоҳи яке аз қаҳрамонони асар «Бозӣ бас аст!», садо медиҳад. Ҳама аз даводав бозмонда, ба ҷои худ менишинанд ва ба оҳанги Мотсарт «Марсия» гӯш андохта, ба олами хаёлот фурӯ мераванд.

Баҳор ХУРРАМЗОД,

профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь