ё Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чаро ба таври зарурӣ риоя намешавад?
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози даврони Истиқлол то ба имрӯз дар масъалаи забони давлатӣ ва таъмини мақоми он дар муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ пайваста тадбирҳо андешида, ҳифз ва рушди онро аз вазифаҳои муқаддаси худ медонанд.
Дар ҷумҳуриамон барои рушди забони давлатӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тамоми заминаҳо фароҳам оварда шудаанд, аммо, тавре мушоҳида мешавад, баъзе соҳибзабонҳо ин ҳамаро сарфи назар карда, забонро хор ва маъниро хароб намуда истодаанд.
«Зиёда аз ҳафт» чанд мешавад?
Бале, пас аз адади ҳафт рақами ҳашт аст ё масалан, баъди 13 адади 14 меояд. Пас, чаро имрӯз баъзе олимону муаллимон, журналистону ровиён, вазирону раисон ҳангоми гуфтугӯ ё навиштан агар ададеро номбар карданӣ шаванд, пеш аз он ҳатман «зиёда аз»-ро истифода мекунанд? Наход адад ё рақами муайяну мушаххасе набошад, ки онро бе истифодаи «зиёда аз» ном бубаранд? Бисёр мушоҳида мешавад, ки аксаран онро беҷою бемавқеъ истифода мекунанд, чунончи, «зиёда аз 7 адад», «зиёда аз 23 барнома», «зиёда аз 84 дона», «зиёда аз 171 нафар»… Онҳо бо истифодаи «зиёда аз» гӯё гуфтанӣ ҳастанд, ки корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд… Хабарнигорони рӯзномаю маҷаллаҳо ва ровиёну наттоқони радиою телевизион ҳам «зиёда аз»-ро хеле меписанданд ва онро дар мақолаю гуфтору барномаҳояшон фаровон истифода мекунанд. Бехабар аз он ки бо ин тарзи навиштану сухан гуфтан забонро хор, имлоро ғалату бемантиқ ва худро масхара месозанд. Зиёда аз 10, 100, 500, 1000… гуфтан мумкин аст.
Баъзан дар навиштаҳо чунин ҷумлаҳо вомехӯранд: «20 нафар кормандон ба фаъолият сар карданд», «80 нафар занон бо ҷои кор таъмин шуданд», «500 адад китобҳо фурӯхта шуданд» ва даҳҳо ҷумлаи ба ин монанд, мантиқан ғалатанд. Дурусташ «20 нафар корманд…», «80 нафар зан…», «500 адад китоб…» мешавад.
«Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад» (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 3).
Имрӯз, чуноне ки ба назар мерасад, муқаррароти Қоидаҳои имлои забони адабии тоҷикиро баъзан худи соҳибзабонҳо хуб риоя намекунанд. Китобу дастуруламалҳо, рӯзномаю маҷаллаҳо пур аз хатоҳои имлоию забонию мантиқианд. Гуфтугӯи шифоҳӣ як тараф, дар навиштаҳои баъзе аз аҳли эҷод ба қоидаҳои имлои забони адабӣ эътибор дода намешавад. Исму сифат, хабари танҳою ҷамъро риоя намекунанд. Мавқеи ҳарфи хурду калонро намедонанд. Масалан, «Шарқи Озод», «Прокурори Генералӣ», «Ҳукумати Ҷумҳурӣ» менависанд, ки хато аст. Дар ин маврид ҳарфи аввали калимаҳои дуюми ибораҳои зикршуда бояд хурд навишта шаванд. Ҳатто калимаҳои «шумо» ва «ҷумҳурӣ»-ро, ки чӣ дар алоҳидагӣ, чӣ дар байни ҷумла омадаанд, бо ҳарфи калон менависанд, ки ин бархилофи қоидаҳои имлои забони тоҷикист.
«Хабарҳоҳо» гӯем, мешавад?
Мегӯед, ки намешавад? Пас, чаро дар гуфтугӯю навиштаҳо шакли ҷамъи калимаҳоро боз ҷамъбандӣ мекунед? Бисёр вомехӯрем, ки дар китобу рӯзномаҳо, санаду дастуруламалҳо, гуфтору барномаҳои радиою телевизион «ҳисоботҳо», «хароҷотҳо», «маълумотҳо», «мушкилотҳо», «маҳсулотҳо», «таҷҳизотҳо», «талаботҳо», «ахборҳо ё ахборот», «масоилҳо», «навоҳиҳо», «мамоликҳо», «аъзоҳо», «ашёҳо». «маводҳо», «иншоотҳо» ва монанди инҳо истифода мешаванд, ки хатост. Зеро ҳисобот ҷамъи ҳисоб, хароҷот ҷамъи харҷ, маълумот ҷамъи маълум, мушкилот ҷамъи мушкил, маҳсулот ҷамъи маҳсул, таҷҳизот маҷмуи асбобу анҷом (олоту афзор), талабот ҷамъи талаб, ахбор ҷамъи хабар, масоил ҷамъи масъала, навоҳӣ ҷамъи ноҳия, мамолик ҷамъи мамлакат, аъзо ҷамъи узв, ашё ҷамъи шайъ (чизу чора), мавод маҷмуи маълумот (далелу хулосаҳо) ва иншоот ба маънои сохтмонҳо, биноҳо мебошад. Ёдрас бояд шуд, ки «мавод» ҷамъи модда низ ҳаст (он дар мавриди «маводи мухаддир», «маводи нашъаовар», «маводи сӯхт» ва ғайра ба кор бурда мешавад). Шарт нест, ки калимаҳои ҷамъро боз ҷамъбандӣ кунем ва бо ин роҳ забонро хору залил созему мазмуну маъниро ғариб гардонем.
Воситаҳои ахбори омма дар таблиғ ва шинохти забони адабии тоҷикӣ муҳимтарин манбаъ маҳсуб мешаванд. Забони рӯзномаю маҷаллаҳо, сухани ровиёну наттоқони радиою телевизион ва аҳли қалам бояд шевою гуворо ва аз иштибоҳи забонӣ орӣ бошад. Мутаассифона, дар ин самт камбудҳо зиёд ба назар мерасанд.
Имрӯз феъли таркибии «истиқбол гирифтан»-ро бисёр кор мефармоянд, ки мантиқан ғалат аст. Аслан, «истиқбол кардан» ва «пешвоз гирифтан» мешавад. Инро набояд фаромӯш кард. Баъзеҳо дар навишт калимаи «фуромадан»-ро лаҳҷавӣ пиндошта, ба таври худ «фаромадан» меоранд, ки гӯё адабӣ аст. Ҳол он ки дар мавриди поин шудан «фуромадан» дуруст аст, адабӣ аст. Яъне он аз феъли таркибии фуруд омадан, фуру рафтан сохта шудааст. Ба ин монанд, кор фармудани ибораҳои феълии «истифода бурдан», «назорат бурдан», «фаъолият бурдан» низ нодурустанд. Дурусташ «истифода кардан», «назорат кардан» ва «фаъолият кардан» аст.
Иштибоҳи дигаре, ки аксаран дар навишт ё ҳангоми гуфтугӯ ба он роҳ медиҳанд, калимаҳои «иҷроиш», «ризоият», «зарурият», «хатоӣ ё хатогӣ», «қатъиян», «пойафзол», «марҳила» мебошанд. Шакли дурусти ин калимаҳо чунинанд: иҷро, ризоят, зарурат, хато, қатъан, пойафзор, марҳала. Аслан, исмҳое, ки дар қолаби асоси замони ҳозираи феъл ва пасванди –иш сохта шудаанд, инҳоянд: варзиш, парвариш, супориш, хониш, фармоиш, нолиш, дониш, барориш, озмоиш ва ғайра. Лекин истифодаи калимаи «иҷро», ки маънои иҷрои амалро дорад, дар шакли «иҷроиш» нодуруст аст.
«Муаммо» кадом аст?
«Муаммо» худ сухани сарбаста аст. Вале дар рӯзномаҳо бисёр мебинему мехонем, ки онро дар шакли ибораи «муаммои сарбаста» навиштаанд. Ин тарзи навишт ибораи нодурусти «калбузи бешох»-ро ба ёд меорад, ки баъзе навқаламон дар мақолаю ҳикояҳояшон истифода мекарданд. Бузи бешохро «калбуз» меноманд, пас, «калбузи бешох» чӣ маънӣ дорад? Ё «муаммои сарбаста», «шири сафед», «барфи сафед» ва ба ин монанд ибораҳои бемантиқро кӣ сохтааст? Инчунин, дар мавриди обистании зан калимаи «ҳомиладор»-ро кор мефармоянд, ки хатост. Асосан, «ҳомила» мешавад, зеро маънои «ҳомила» бордор, обистан, дуҷон аст, яъне «зани ҳомила» бояд гуфт ва навишт. То ҳол бино бар надонистани қоидаҳои имлои забон калимаҳои ташдиддорро аз беташдид фарқ карда наметавонанд, онҳоро дар навиштаҳояшон бемавриду бемантиқ истифода мекунанд. Дар аксари навиштаҳои рӯзноманигорону омӯзгорону нависандагон калимаҳои тазод, одӣ, сода, зарин, паранда ба шакли «таззод», «оддӣ», «содда», «заррин», «парранда», яъне ташдиддор вомехӯранд, ки ғалат аст.
Як байти Саъдии Шерозиро, ки хушбахтона пиру ҷавон аз ёд медонанд, мутаассифона, аксаран хато менависанд:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Дурустараш, дар асоси муқаррароти қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ «банӣ-одам» бояд навишта шавад, яъне он ба маънои фарзандони одам, авлоди одам, одамизод аст.
Агар кор накунӣ, соҳибобрӯ мешавӣ?
Имрӯзҳо ҳам дар гуфтугӯ ва ҳам дар навиштаҳо ҷумлаю ибораҳое дар истифодаанд, ки мантиқан харобанд. Бубинед, баъзе аз аҳли эҷод чӣ менависанд: «Дар куҷое, ки кор накард, соҳиби обрӯ шуд» (дар сифати қаҳрамонашон мегӯянд). Ё «Ба ҳар шаҳре, ки нарафт, ӯро хуб пешвоз гирифтанд» ва мисолҳои зиёди дигар. Мантиқан фикр кунед: одаме, ки дар ҳеҷ ҷо кор накунад, соҳиби обрӯ мешавад? Ё ки шахси ба ягон шаҳр нарафтаро хуб пешвоз гирифтан мумкин аст? Маълум, ки чунин ҷумласозӣ таъсири забонҳои бегона аст. Барои ҳамин, ҷумлаҳои боло чунин бояд сохтаю навишта ва ё гуфта шаванд: «Дар куҷое, ки кор кард…» ва «Ба ҳар шаҳре, ки рафт…».
Чизи дигаре, ки қариб ҳама дар гуфтору навишташон фаровон истифода мекунанд, «ин» ва «бошад» аст, ки таъсири имлои забонҳои русию ӯзбекӣ мебошад. Мисол. «Вазифаи омӯзгор ин таълиму тарбияи насли наврас аст». Ё «Ноҳияҳои Вахшу Дӯстӣ киштукори баҳориро анҷом доданд, дар ноҳияи Ёвон бошад, киштукорро сар накардаанд». Акнун ҷумлаҳоро бе истифодаи «ин» ва «бошад» нависеду хонед, мебинед, ки чӣ тавр хубтару фасеҳтар шудаанд: «Вазифаи омӯзгор таълиму тарбияи…» ва «…аммо дар ноҳияи Ёвон киштукорро сар накардаанд».
Номи Ҷомӣ «А»-ю номи Балхӣ «Ҷ» аст?
Мутобиқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ номи шоирони классики тоҷикро пурра бояд навишт: Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ ва дигарҳо. Имрӯз бо номи бузургони хеш чӣ гуна муносибат дорем? Чаро нисбати номи онҳо беҳурматиро раво мебинем? А. Рӯдакӣ, А. Фирдавсӣ, А. Ҷомӣ, Н. Хусрав, Ҷ. Балхӣ ва ба ин монанд номҳо чӣ бархурде медиҳад? Аз ин рӯ, номҳои шоирони классики тоҷик ҳамеша дар ҳама навиштаҳо бояд дар шакли пурра оварда шавад.
Дар робита ба ин, шаҳру навоҳие, ки номи шоирону нависандагон ва олимону бузургони тоҷикро доранд, бояд дар шакли пурраю дурусташ, масалан, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Шамсиддин Шоҳин, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Исмоили Сомонӣ…истифода шаванд. Воқеан, номи расмию қонунии ноҳияҳо ҳам дар Тоҷикистон Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Шамсиддин Шоҳин, Ҷалолиддини Балхӣ, Исмоили Сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров ваҶаббор Расулов қабул ва тасдиқ шудааст.
Қайд кардан «бамаврид» нест?
Чуноне ки ба назар мерасад, баъзе хабарнигорони ҷавон бархилофи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ амал мекунанд. Масалан, онҳо аксар вақт зарфи «бамаврид»-ро дар шакли ҷудо («ба маврид») менависанд ва «сари вақт»-у «пай дар пай»-ро баръакс якҷоя меоранд, ки ин тарзи навишт, албатта, ғалат аст. Ҳамчунин, калимаҳои «рӯйхат», «номгӯй» (номгӯйи)-ро дар шакли рӯихат, номгӯ, номгӯи, яъне бе ҳарфи «й» менависанд, ки ин ҳам хато мебошад.
Аксар вақт дар мусоҳибаю мақолаҳо баъзе калимаҳо бемавқеъ истифода карда мешаванд. Масалан, хабарнигор дар бораи як мавзуъ мақола менависад ва ҳар ҷо-ҳар ҷо барои тақвияти суханаш ҷумларо аз номи сардори идорае ё корхонае меорад: «Аҳмадов мегӯяд, ки…». Дар давоми мақола ба ҷои номи сардор (Аҳмадов) чунин меорад: «Мавсуф гуфт, ки…». Ба ҷои «мавсуф» ин ҷо «номбурда» навиштан дуруст меояд. Зеро «мавсуф», асосан, дар мавриди васфу ситоиш кардани шахс (қаҳрамони мақола) истифода карда мешавад. Ба ин монанд, калимаи «бурдборӣ» бояд дар мавриди таслият гуфтан, таъзия баён кардан гуфта ва навишта шавад, зеро он маънои сабру таҳаммулро дорад.
«Ошхона»-ҳо куҷо шуданд?
Шояд гӯед, ки ошхонаҳо ҳеҷ ҷо нашудаанд, ҳастанд. Бале, ҳастанд, вале ҷои онҳоро «қурутобхонаҳо» гирифтаанд.
Мурғе, ки хабар надорад аз оби зулол,
Минқор ба оби шӯр дорад ҳама сол.
Ин гуфтаи шоир гӯё ба он маънист, ки мо-тоҷикон фақат «оби шӯр»-ро медидему «ошхона» мегуфтем, имрӯз аз «оби зулол» бохабар шудему «қурутобхона» бояд бигӯем? Ин маънои нодидагии халқи тоҷикро надорад? Ё қурутоб нав пайдо шудаасту аз ин рӯ, дар ҳама кӯчаҳои шаҳр ба ҷои «ошхона» бояд «қурутобхона» кушоем? Охир ошхона ба он маънӣ нест, ки дар он ҷо танҳо оши палов пухта мешавад. Дар ошхона даҳҳо намуди таом омода карда мешавад, аз ҷумла қурутобу шакароб. Пас, шарт аст, ки бо номи таом махсус ҷои хӯрокхӯрӣ кушоему бо ҳарфҳои калон-калон «Қурутобхона» нависем? Агар чунин аст, пас метавон «ордобхона», «ширбиринҷхона», «шӯрбохона», «ширчойхона», «гӯштбирёнхона»… кушод? Ҳатто ронандагону кондукторони ба истилоҳ «маршруткаҳо» баъзе истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятиро, бо роҳи ғайрирасмӣ, «Қурутобхонаи фалонӣ», «Қурутобхонаи…» ном мебаранд.
Хуб аст, ки имрӯз нон фаровон ва мардум сер аст. Воқеан, нон бошад, суруд ҳам мефорад. Аз қадим мардуми тоҷик нонпазу нондору нонте буд. Бар замми он ки модарон дар хонаҳо нонҳои хеле болаззат мепухтанд, дар кӯчаҳо нонво (нонвохона)-ҳо мавҷуд буданд ва ҳамарӯза дар онҳо нон пухта, ба аҳолӣ фурӯхта мешуданд. Аммо гап дар сари он аст, ки нонҳои нонвоиро то ин вақт «миллӣ» ё «очагӣ» намегуфтанд. Имрӯз дар тамоми кӯчаҳои шаҳри Душанбе «Нони очагӣ» пайдо шудааст. Дар пайравӣ ба он, «Сартарошхонаи бобогӣ» арзи вуҷуд кардааст. Хеле аҷиб. Дар миллатҳои дигар ҳам чунин номгузорӣ бошад?
Чаро беэътиноӣ мекунем?
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониашон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (октябри соли 2010) чунин таъкид карда буданд: «Ҳар як шахси таҳсилкарда, бахусус роҳбарон ва кормандону мутахассисони ташкилоту муассисаҳо бояд забони давлатиро хуб донанд ва бо забони адабӣ ба таври озод суҳбат карда тавонанд».
Вобаста ба ин, дар кишварамон барои рушд кардани забони давлатӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи он ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудаанд ва дар роҳи инкишофи забони давлатӣ монеае вуҷуд надорад. Бале, шароиту заминаҳо фароҳаманд, вале, чуноне мебинем, ҳоло ҳам аз ҳама ҷониб дар ин самт беэътиноӣ зоҳир мешавад.
Пас аз ёздаҳ соли таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва чор-панҷ соли омузиши забон дар донишгоҳу донишкадаҳо иддае аз хатмкардаҳо забони адабиро ба андозаи кофӣ аз бар карда наметавонанд ва бо ин забон ба таври озод навиштану суҳбат карданро ёд намегиранд.
Мутаассифона, имрӯз чӣ дар мактабу донишкадаҳо ва чӣ дар ташкилоту идораҳо тоҷикон фақат бо лаҳҷаҳои минтақаи хеш ҳарф мезананд ва бо ин ифтихор ҳам мекунанд. Забони баъзе рӯзномаҳо душворфаҳм шудаанд. Журналистон-намояндагони ҳар минтақаи ҷумҳурӣ дар гузоришу мусоҳибаю мақолаҳояшон аз лаҳҷаю шеваи худ фаровон истифода мекунанд. Фаромӯш набояд кард, ки вазифаи рӯзномаҳо, пеш аз ҳама, дар баробари расонидани иттилоот, маърифатомӯзӣ аст. Барои ҳамин, онҳо бояд аз калимаҳои душворфаҳми забони бегона, аз лаҳҷа, хатои имлоӣ ва нуқсонҳо орӣ бошанд.
Хулоса
Таҷрибаи таърихӣ собит сохтааст, ки ҳар як миллат ва давлати миллӣ бо доштани забони миллии худ устувору пойдор мемонад. Забон як ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллист. Моро дар таърих маҳз тавассути забон, осор ва фарҳангамон мешиносанд ва эътироф мекунанд. Аз ин рӯ, забони мо ва таърихи гузаштаи он дар ҳама давру замон мояи ифтихор ва омили асосии ҳамбастагии миллат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: «Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллии худро ҳифз кунад ва гиромӣ дорад».
Оре, насли имрӯзу фардо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огаҳӣ дошта бошанд.
Мақсуди НЕЪМАТ,
рӯзноманигор