Бахшида ба 100 солагии академик Аҳрор Мухторов

Раҳматии аммаам ояи Меҳринисо, ки 103 сол умр дида, реҳлат карда буданд, дар бораи фарзандашон нақл карда, гуфта буданд, Аҳрорҷонам ҳанӯз ба синни 18 нарасида, ба хизмати ҳарбӣ даъват карданд. Ин моҳи августи соли 1942, аёни шиддат гирифтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Рӯзи гусел ба мисли дигар модарон, оби дида ва гиряю нола накардам. Ба Худо муроҷиат карда, зорӣ кардам, ки писарамро сиҳат саломат бару сиҳат саломат баргардонида, биёр, ки он яккаву ягона писари калониам аст.

Соати муайян шуда, ба комиссариати ҳарбии ш. Уротеппа рафтем, акоям, яъне тағои Аҳрорҷон ягона тасаллодиҳандаи дилам буданд. Наваскаронро ба аробаҳо савор карда, ба сӯи истгоҳи Ховоси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бурданд. Пас аз ду моҳ зиёдтар буд, ки хати сегӯша аз писарам омад.

Ӯ хабар дод, ки ман сиҳат саломат, хавотир нашавед. Ман дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ машқ гузаронида истодаам. Шояд маро ба курси командирони хурд равон кунанд. Баъдтар маълум гашт, ки аз сабаби аҳли савод будан ва донистани забони русӣ ӯро ба омӯзишгоҳи ҳарбӣ-артилерияи шаҳри Уфа мефиристанд. Моҳи окятбри соли 1943 лейтенанти хурд Аҳрор Мухторовро ба қисми артиллерӣ дар озодкунии шаҳри Киев равона мекунанд. Ӯ дар инҷо ба сифати командири взводи оташфишонии полки гвардияи зенитӣ-артеллерии рақами 120 ба ҳайати корпуси чаҳоруми гвардиягӣ ворид мешавад. Ҳамяроқашон Ҳайдар Усмонов аз шаҳри Хуҷанд нақл карда буданд, ки мо дар як взвод хизмат мекардем. Нотарсӣ, далерӣ ва нишонрас задани тирҳои артилерӣ, ки Аҳрорҷон командирашон буданд, ба дигар ҳамқисмон руҳу дармони тоза медод. Баъди адои хизмати ҳарбӣ Ҳайдар Усмонов то рутбаи полковники милитсия хизмат карда бошанд ҳам, дӯстии якдигарро гум накардаанд. Баъди сари онҳо ҳоло фарзандони ҳарду оила муносибати дӯстона доранд.

Ҳарду бародарони ҷангӣ Аҳрор Мухторов ва Ҳайдар Усмонов ба озод кардани шаҳру деҳаҳои Украина, аз қабили Ҷитомир, Ғепетовка, инчунин Полша ва ғайраҳоро озод карда ба худи Берлин мерасанд. Ҳамин тавр Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ғалабаи халқи сермиллати СССР анҷом ёфт.

Аҳрор Мухторов боз ду соли дигар либоси ҳарбиро аз тан бадар накарда, баҳри барқарорсозии баъди ҷанги хизмат намуд. Фориғ аз кор ба омӯхтани китобҳои дар китобхонаи кӯчаки қисми ҳарбӣ шуда, китоб мутоила мекард ва соли 1947 ӯро ба ҳаёти мустақилона ҷавоб медиҳанд.

Баъди чанд муддати дидорбинӣ ва дидани хешу таборон афсари ҷавони бистудусола, ки бо рутбаи майорӣ омада буд, нияти донишҷӯӣ мекунад.

Ӯ бо ин мақсади нек ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи таърихи Институти омӯзгории шаҳри Сталинобод (ҳоло шаҳри Душанбе) ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) месупорад. Вақте ректори донишгоҳ Ориф Шукуров бо ҳуҷҷатҳои Аҳрор Мухторов шинос мешавад, донишҷӯйро ба наздашон хонда, таклиф мекунанд, ки Шумо метавонед аз курси дуюм таҳсил намоед. Ӯ то ба фронт рафтан, курси якуми «Рабфак»-ро хонда буд.

Яке аз шогирдони Аҳрор Мухторов, ҳоло доктори илми таърих Ҳайдаршо Пирумшоев дар хотираҳои худ навиштааст: «ӯ (яъне Аҳрор Мухторов С.М.) мехост ҳарчи бештар дониш гирад. Ба ҳамин давра рост омадани чопи нахусткитоби мукаммали таърихи миллат «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-и Бобоҷон Ғафуров такон гашт».

Бурди ин донишҷӯй боз дар он буд, ки забони русиро хуб медонисту бо китобҳои дарсиву илмии соҳавӣ мустақилона кор бурда метавонист. Соли 1951 донишгоҳро хатм мекунанд ва худи ҳамон сол омӯзгори донишкада таъин мегардад.

Соли 1952 баъди як соли омӯзгорӣ дар донишкадаи азизаш ба сифати коромӯз (ассистент), барои қабул шудан бо ариза муроҷиат намуд. Баъди санҷиш ва гузаштани сӯҳбат дар Комитети Маркази ҳизбӣ ба орзуяш мерасад. Аҳрор Мухторов медонистанд, ки роҳи тай кардаашон роҳи пурпечутоб ва мушкилгузар буд, аммо ин мушкилӣ аспиранти ҷавон Аҳрор Мухторовро натарсонд, боз ба бахти устод ва тамои таърихшиносони тоҷик ба Тоҷикистон омадани академик А.А. Семёнов ва дигар олимони рус, ки бо даъвати аллома Бобоҷон Ғафуров омада буданд ва роҳбарии кори илмии олими оянда ба зиммаи академик А.А. Семёнов гузошта мешавад. Баъди ба Душанбе омадан академик А.А. Семёнов сарварии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи фанҳои Тоҷикистонро ба уҳдааш гузошта буданд. Соли 1956 ба Аҳрор Мухторов муяссар гашт, зери роҳбарии академик А.А. Семёнов рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Очеркҳо аз таърихи мулки Уротеппа дар нимаи дуюми асри XIX» ба муваффақият ҳимоя карда, яке аз олимони номдорӣ ҷумҳурӣ мегардад. Ҳимояи номзадӣ ва омадани академик А.А. Семёнов ба ҳавлии авлодии ако- Аҳрор, ки дар ш. Душанбе, кӯчаи Пионери 17 мавҷуд буд, нағз дар хотир дорам. Он рӯз дар ин ҳавли хешу таборон, дӯстону ҳамкорон ҷамъ омада буданд. Рӯи миз аз шириниҳо ва хурданиҳои гуногун оро дода шуда буд. Ҳамин вақт хабар омад, ки академик А.А.Семёнов дар саргаҳи кӯча аз нақлиёти хизматӣ фаромада, тарафи хонаи шогирдашон Аҳрор Мухторов омада истода буданд. Ҳама барои эҳтиромаш аз ҷой бархоста салому алейк карданд ва дар курсии махсус ба нишастан таклиф намуданд. Муддате пас сардори маҳалла аз номи оилаи Мухторовҳо дар даст якҷомаи хеле зебо, рӯймол ва тоқӣ дошта, назди академик А.А.Семёнов омада, аз академик илтимос карданд, як аз ҷой бархезанд.

Ба тани академик А.А.Семёнов тантанавор ҷомаро пӯшонида, рӯймолро ба миёнашон баста, ба сар тоқии ӯротеппагиро пӯшонда буданд.

Дар тан ҷома, рӯймол дар миён, тоқӣ дар сар, бо мӯйлаби хеле зебо ба академик хеле зебида буд. Солҳои зиёде гузашта боре сурати Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаевро дида, дар ҳайрат шудам. Симои нуронии А.А. Семёнов ва Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаеви тоҷик бо ҳам хеле шабоҳат дошт. Гӯё ки аз як падару модар бошанд.

Ҳол он ки А.А.Семёнов 28 сентябри соли 1873 дар деҳаи Палҳное Кинобоевикаи губернияи Тамбов таваллуд ёфтааст. Соли 1892 Семёнов Институти муаллимтайёркунии Екатеринаи ш.Тамбовро бо муваффақият тамом карда, муддате бо таърихи Шарқ машғул мешавад. Соли 1895 синфҳои гимназиявӣ ва махсуси Институти забонҳои Шарқи Москва таҳсил мекунад. А.А.Семёнов соли 1906 ба Тошканд омада, коргузори идораи генерал-губернатори Туркистон шуда, кор мекунад. Аз ҳамон давра сар карда, ба омӯзиши кишвари Туркистон баробари дигар вазифа доштан машғул мешавад. Чӣ тавре ки А.А.Семёнов дар ёддоштҳояш менависад: «Ман ба маҳалҳои гуногуни Осиёи Миёна чандин карат сафар кард, ҳама ину он чизе, ки ба илм дахл дошт, ҷамъ мекардам».

Аз соли 1943 А.А. Семёнов ходими калони илми Институти таърих, забон, адабиёти филилали Тоҷикистони АФСССР буд. Соли 1946 хизматҳои А.А.Семёновро ба назар гирифта, унвони ходими хизматнишондодаи илми РИ Тоҷикистонро насиб мегардонанд.

Соли 1943 ӯро директори Институти таърих, забон ва адабиёт таъин мекунанд, ки мақсад то аз наздик истода, ба аспирантони ҷавон роҳбарӣ намояд.

Яке аз нахустин аспирантони А.А.Семёнов, аз қабили Аҳрор Мухторов дар самти таърих ва Н. Нурҷонов дар самти санъат ба кори илмӣ машғул мешаванд ва яке аз ин аспирантон, ки рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд, Аҳрор Мухторов буданд.

Соли 1953 ҷамоатчигии Тоҷикистон академик А.А. Семёновро бо 80 солагии рӯзи таваллуд табрик карданд.

Президиуми Советии Олии СССР соҳибҷашнро бо Ордени «Байрақи Сурхи меҳнат» сарфароз гардонида буд. Ӯро ба депутати Совети Олии Тоҷикистон интихоб карда буданд.

Бахшида ба 80 солагии академик А.А. Семёнов устод С. Айнӣ табрик намуда, чунин гуфтанд: «Мо тоҷикон бо Шумо ифтихор дорем».

Сайфулло Маҳкамов,

рӯзноманигор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь