Ҳарчанд дар замони шӯравӣ, дар баробари дигар нашрияҳои соҳавӣ даҳҳо маҷаллаи илмӣ – оммавӣ, аз қабили “Наука и жизнь”, “Химия и жизнь”, “Серия химии”, “Серия биологи” ба табъ мерасид ва онҳо навигарҳои илмии ИҶШС – и паҳноварро инъикос мекарданд, аммо ба масъалаҳои фарҳангу санъат, хату адабиёт, осори илмиву адабии кишварҳои узв камтар таваҷҷуҳ зоҳир мегардид. Ин буд, ки ҷашну маросим ва урфу одатҳои милливу мардумӣ, ёдгориҳои таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ, шахсиятҳои барҷаста ва ғайра дар гӯшаи таърих мемонданд.

Албатта, ҷумҳуриҳое чун Узбекистон, ки маҷаллаи илмӣ–оммавии худро доштанд (“Фан ва турмуш”–А.М.), аз имкониятҳои бештар бархӯрдор буданд. Аммо кишварҳое, ки аз чунин имконият маҳрум буданд, бо чанд мақолаи дар нашрияҳои болозикр нашршуда иктифо мекарданд.

Бо оғоз шудани бенизомӣ дар сохтори ИҶШС ва истиқлолхоҳии миллатҳо, дар матбуоти ҳамаи кишварҳои узви ин иттиҳод оҳанги озодихоҳӣ ва худшиносии миллӣ сар зад. Матбуоти даврӣ ба масъалаҳои забон, хат, адабиёт, фарҳангу санъат ва ойин рӯй овард. Дар саҳифаҳои нашрияҳо масъалаи худшиносии миллӣ матраҳ мегардид.

Ба гуфти муҳаққиқон И.К.Усмонов ва Н.К.Усмонова, агарчи солҳои 1985–1991 расман замони шӯравӣ ба ҳисоб мерафт, аммо “мӯҳтавои ВАО ба мӯҳтавои матбуоти ҳизбии шӯравӣ мувофиқат намекард”. Ин ҷараёнро бозсозии горбачёвӣ бештар тақвият дод ва натиҷааш бо он анҷом ёфт, ки дар ин давраи ҳассос матбуоти озоди миллӣ, аз ҷумла илмӣ ба вуҷуд омад. Яъне, дар кишвари мо маҷаллаи илмӣ – оммавии “Илм ва ҳаёт” арзи ҳастӣ кард, ки аз оғози нашр ба сиёсати миллӣ рӯй овард. Аз ҷумла, ба муаррифии фарҳанги миллӣ, забон, адабиёт, хат, санъати меъморӣ,  рассомӣ, мусиқӣ, рақс, театр, синамо, ҳунарҳои мардумӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори ниёгон, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва ғайра пардохт.

Бояд гуфт, ки дар хусуси заминаҳои пайдоиш ва таъсиси маҷалла андешаҳои мухталиф ҷой доранд. Бархе муаллифон мегӯянд, ки академик Муҳаммад Осимӣ асосгузори ин нашрия аст. Хосса, ин нуктаро Анвар Абдурасулов, ректори вақти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дастгирӣ карда, мегӯяд, ки ба шарофати академик М. Осимӣ маҷалла арзи ҳастӣ кардааст: “Солҳои 1971 – 1992 ҳар сол моҳи август дар ин ё он истироҳатгоҳи пионерӣ мактаби тобистонаи математикҳо, физикҳо ва химикҳои ҷавони Тоҷикистон гузаронида мешуд, ки муассису сарпарасташ  шодравон устоди мӯҳтарам, марди фарҳангию маорифпарвар, президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ буданд… Яке аз мақсадҳои асосии устод таъсиси нашрияи илмӣ – техникии оммавӣ барои ҷавонон буд. Ба фикрам нимаи дуюми солҳои 80 – ум буд, бо супориши он кас дар қабулгоҳи М.С.Осимӣ ҷамъ омадем. Устод М.С.Осимӣ гуфтанд, ки як маҷалла чоп бояд кард, ки мазмуни чанд маҷалларо дошта бошад, номаш беҳтараш “Илм ва ҳаёт” шавад”.

Ин дар ҳолест, ки мудири шуъбаи матбуоти Ҷамъияти ҷумҳуриявии “Дониш” С. Эшматов менигорад, маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” дар заминаи маҷаллаи “Уфуқҳои илм” – и ҷамъияти мазкур (аз соли 1979 нашр мешавад) таъсис ёфтааст: “Маҷалла дар байни мутахассисон нуфуз пайдо карда, боиси таклифу дархостҳои нави онҳо ва дигар тоифаи хонандагон гардид… Бо ин мақсад КМ ПК Тоҷикистон талаботи хонандагони сершумор, махсусан лекторону пропагандистонро ба эътибор гирифта, дар заминаи “Уфуқҳои илм” журнали нави “Илм ва ҳаёт” – ро таъсис дод.”

Акбар Турсунов, арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон дар номаи шодбошӣ ба ҳайати эҷодии маҷалла изҳор намуда буд: “Камоли ифтихор ва хушдилист, ки барои зиёиёни тоҷик боз як минбари гуфтугӯ бо мардуми суханташна сохта шуд. Оре, маҷаллаи навбунёди “Илм ва ҳаёт” барои ҳар як зиёии донишманде, ки мехоҳад ва метавонад ба ҳамватанони ҳамзабонаш аз боби фанну фарҳанг гуфтугӯ кунад, минбари мусоиду муносибе хоҳад буд. Маҷалла бояд ба таърихи илм ҳамеша таваҷҷуҳ кунад, замина ва шароити таърихии кашфиёти илмӣ ва ихтирооти техникиро дар мадди назар дошта бошад. Аз ин гузашта, онро лозим аст на фақат дар хусуси комёбиҳои илму техника ва шодкориҳои олимону ихтироъкорони комрон ҳикоя кунад, балки ноёфтҳо ва бемуродиҳои бархе аз аҳли таҳқиқро ҳам сарфи назар накунад. Зеро дар илм натиҷаи нохост ё носавоб низ дастовардест, ки холӣ аз арзиш набувад (тавассути он як роҳи бесамари таҳқиқ баста мешавад”

Дарвоқеъ, таъсиси маҷаллаи илмӣ – оммавии “Илм ва ҳаёт” дар ҳаёти фарҳангии мамлакат воқеаи фараҳбахше гардид, ки пеш аз ҳама зиёиён аз он хуш истиқбол карданд. Аз ҷумла, арбобони фарҳангу санъат, илму маориф, шоирону нависандагон таманниётҳои неки хешро ба унвони маҷалла ирсол карда, аз ояндаи рахшону мунаввар доштани он изҳори умед карданд. Бешубҳа, гуфтан мумкин аст, ки дар қатори қабули қонуни забони тоҷикӣ – форсӣ таъсиси маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” яке аз ҳодисаҳои намоёну хурсандибахши солҳои охир дар ҳаёти фарҳангии халқи тоҷик ба шумор мерафт, ки имрӯз ҳамчун сарчашмаи тамаддуни халқ шинохта мешавад.

Аз ҷумла, Сотим Улуғзода, нависанда, узви вобастаи АИ РСС Тоҷикистон дар номаи шодбошии хеш изҳор намуда, ки ин воқеаи фараҳбахшро кайҳо интизор буд: “Нашри маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” – ро кайҳо  интизор будем. Ниҳоят орзуи дерина амалӣ шуд, ки ин боиси хурсандист. Акнун имкон аст, ки хонандагони тоҷик низ ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёт, масъалаҳои рӯзмарраи зиндагӣ ва бурду бохти илму техника ба таври мунтазам шинос шаванд. Мехостам, ки маҷалла услуби хоссае дошта бошад ва бо забони тозаву оммафаҳм барояд. Ман ҳамчун нависандаи асарҳои таърихӣ орзу дорам, ки дар саҳифаҳои маҷалла оид ба таърихи халқи тоҷик, ҳаёт ва эҷодиёти фарзандони бузурги он чизҳои ҷолиб дарҷ шаванд.

Ё худ Муҳаммад Осимӣ, академик, узви вобастаи АИ ИҶШС, аз таъсиси чунин як маҷалла изҳори шодӣ карда, иброз доштааст, ки “Нашри маҷаллаи илмии оммавӣ ба забони тоҷикӣ ҳодисаи фавқулодда хурсандиовар аст. Умед аст, ки маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” аз нахустин шумораҳояш сар карда, ба хонандагонаш писанд меояд, олимони намоёни республикаамон, алалхусус ҷавонони соҳибистеъдод барои пурмазмун ва шавқовар шудани он дасти ёрӣ мерасонанд. Бо ташаббус ва кӯшиши дастаҷамъии онҳо маҷалла метавонад дастовардҳои навтарини илмро тарғиб кунад, барои истифодаи бозёфтҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт ва истеҳсолот маслиҳатҳои пухта диҳад, ба ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷавонон ва ғанӣ гардонидани маънавиёти онҳо саҳмгузор бошад”

Бояд гуфт, ки дар шумораи нахустини маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” ҳамчунин Нур Табаров, вазири маданият, Гулрухсор Сафиева, раиси Хазинаи маданият, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, муҳаррири газетаи “Тоҷикистони советӣ”, Лоиқ Шералӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Садои Шарқ”, Аскар Ҳакимов, сармуҳаррири газетаи “Адабиёт ва санъат, Х. Каримов, академики АИ РССТ, Ю. Носиров, академики АИ РССТ, Ю. Исҳоқӣ, узви вобастаи АИ ИҶШС ва дӯстдорону алоқамандони илму адаб табрикот, орзу ва дархостҳои хешро иброз намудаанд, ки ҳама саршор аз меҳру самимият аст.

Маҳз ин умедвориҳо боис гардид, ки аз шумораи нахустин маҷалла бо як симои хос ба майдон ворид шуда, ба қавли профессор Иброҳим Усмонов “аз обрӯмандтарин ва серхонандатарин нашрияҳои Тоҷикистон”  гардид.

Шоистаи зикр аст, ки шумораи аввалини маҷалла, ки ба моҳи январи соли 1989 рост меояд, пештар, моҳи декабри соли 1988 тайёр ва омодаи чоп шуда, аммо бо қарори ҳайати эҷодӣ, аз соли нав ба табъ расидааст.

Дар ин хусус, ходими маҷалла, Каримбой Комилов дар мақолааш “Илм ва ҳаёт” – маҷаллаи хонандагони босавод ва зиёӣ” ёдовар шудааст: “Тибқи нақша, корҳои омодасозӣ моҳҳои ноябр – декабр пешбинӣ шуда буд. Мақолаҳои олимони номии кишвар, аз соҳаҳои гуногун: тиб, иқтисод, илмҳои гуманитарӣ, дақиқ омодаи чоп мешуд. Мақолаҳои файласуфи маъруф Акбар Турсон, доктори илми тиб Абдулмаҷид Пӯлодов, иқтисодчии шинохта Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба идора расида буд. Қисмати суханҳои табрикотӣ ба муносибати нашри маҷалла аз номи сиёсатмадорону олимони номӣ ва нашрияҳои шинохтаи кишвар низ саҳифабандӣ мешуд.”

Ҳамчунин, ӯ дар идома аз нахустин ҳайати эҷодии маҷалла ёдовар шуда, зикр кардааст, ки дар аввал ходимони редаксия хеле кам буданд: “Сармуҳаррир, инсони бомаърифат Мақсуд Ҳоҷиматов (равонаш шод), муовин, нависандаи номвар Бароталӣ Абдураҳмонов, котиби масъул, рӯзноманигори пуртаҷриба Абдураҳим Холов, кормандони ҳайати эҷодӣ, журналисти собиқадор Турдиалӣ Бойбобоев ва мо журналисти ҷавон–Валӣ Сайёрабеков хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи Ленинград (ҳоло Санкт Петеребург) ва камина. Рассоми ҷавон Замира ва мусаҳҳеҳ апаи Ҷамила буданд. Ҳамин тавр 8 нафар корманд будем.”

Бояд гуфт, маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” дар солҳои аввали фаъолияташ то ба ҳадде маъруфият пайдо кардааст, ки аз хориҷи кишвар низ дархости дастрасӣ ба он ворид мешуд. Аз ҷумла, боре як нафар собиқ низомӣ, полковники мустаъфии қирғиз аз шаҳри Бишкек ба идораи маҷалла мактуб фиристода, хоҳиш мекунад, ки ҳамаи шумораҳои маҷалларо ба ӯ фиристанд. Вай ба сифати подош, номаи сипос ва кулоҳу ҷомаи қирғизӣ мефиристад.

Ин ва дигар хоҳишҳои хонандагонро ба назар гирифта, ҳайати эҷодии маҷалла дар як суҳбати хос бо котиби КМ ҲК Тоҷикистон Ш.Шабдолов пешниҳод мекунанд, ки фурсати таъсиси замимаи маҷалла фаро расидааст: “Сармуҳаррир таклиф намуд, ки нашри замимаи маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” дар заминаи шартнома бо ташкилоту муассисаҳои илмию истеҳсолӣ ба роҳ монда шавад” – мегӯяд Бароталӣ Абдураҳмонов, муовини сармуҳаррир. Вале бояд гуфт, то ҳол ягон нашри замимаи маҷалла ба дасти мо нарасидааст ва маълум нест, ки оё ин пешниҳод умуман қабул шуда буд ё на.

Тавре муҳаққиқон И.К.Усмонов ва Н.К.Усмонова менигоранд, Истиқлоли давлатӣ барои мо натанҳо давлати миллӣ, балки ВАО-и миллӣ дод: “Шурӯъ аз ҳамон замон матбуоти Тоҷикистон хусусияти соф миллӣ, соф тоҷикистонӣ пайдо кард ва он баёнгари орзуву омоли давлати мустақили Тоҷикистон шуд. Давлати Тоҷикистон озодии матбуотро эълон кард ва аз ин сабаб имрӯз системаи ВАО – и Тоҷикистон дар заминаи матбуоти расмии ҳукуматӣ ва матбуоти ғайриҳукуматӣ ташаккул меёбад.”

Аз ҷумла, маҷаллаи илмӣ – оммавии “Илм ва ҳаёт”, ки то ин дам Ҷамияти ҷумҳуриявии “Дониш” муассисӣ мекард (ва бо сабаби муфлисшавӣ дигар имкони дастгири карданро надошт– А.М.), аз дастгириҳои давлатӣ дар самти васоити ахбори омма бархӯрдор шуда, боз ҳам бештар ба тарғиб ва ҳифзи мероси ниёгон, расму оин ва анъанаҳои неки мардумӣ ва дастрас намудани ганҷинаи маданияти чандҳазорсолаи халқи тоҷик пардохт. Давоми солҳои мухталиф Академияҳои илмҳо, Ширкати давлатии холдингии “Ғалла”, Корпоратсияи хӯрокворӣ ва ҳатто бевосита Ҳукумати кишвар муассисии онро ба дӯш гирифта, дар рушду инкишофи маҷалла саҳми хешро гузоштанд. Аз соли 2009 он ба тобеияти Вазорати фарҳанг гузашт ва то имрӯз аз дастгириҳои ин ниҳоди давлатӣ бархӯрдор аст.

Дарвоқеъ, “Илм ва ҳаёт” ҳанӯз аз шумораҳои аввалини худ аз бисёр ҷиҳат ба хонандагонаш писанд афтода, ба дили онҳо роҳ ёфт ва дар муддати кӯтоҳ ба обрӯву эътибори баланд соҳиб гашт. Маҷаллаи мазкур ба ривоҷу равнақи илму маърифат, болоравии савияи дониш ва маънавии халқи тоҷик ва тараққиёти соҳаи забон кӯмаки калон расонид. Имрӯз, ки дар арафи таҷлили ҷашни 35-солагии он қарор дорем, таманно мекунам, ки солиёни дароз дар хизмати мардум бошад ва ҳамчун шиори ҳамешагиаш, махзани фарҳангу хирад бошад.

Амони МУҲАММАД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь