Бо пайдоиши муносибатҳои ҷадид дар ҳаёти инсони, тарақиёти илму техналогия ва таҳавулот дар системаи сиёсии глобалӣ, ҳамгирои миёни давлатҳо авҷ гирифта то андозаи назаррас муносибат миёни онҳо тақвият ёфт. Дар баробари ин васеъ гаштани бозори ҷаҳони ва рушди соҳаи истеҳсоли сиёсату иқтисодӣ давлатҳоро ба ҳам вобаста намуда фишангҳои таъсиррасониро ба вуҷуд овард. Дар замони муосир ҳар як давлат самтҳои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро дар заминаи ҳамоҳангсозии манфиатҳои худ бо дигар давлатҳо ба роҳ мемонад. Чунин раванд ба ташаккули муносибатҳои байналхалқӣ боис гардида, фазои бози сиёсиро ба вуҷуд овардааст. Ба андешаи сиёсатшиносон на ҳама муносибатҳои субектони ҷомеаи ҷаҳонӣ хусусияти сиёсӣ доранд, балки дар навбати худ онҳо дар шакли иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуӣ ва ҳарбӣ низ роҳандози мегарданд. Бояд қайд кард, ки аз ҷумлаи масъалаҳое, ки мавриди тавваҷӯҳи ҳамагон қарор дорад ин ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ мебошад. Имрӯз на танҳо ҷанбаҳои сиёсии муносибатҳои байналхалқӣ, балки тамоми махсусиятҳои он бояд бо назардошти манфиатҳои миллӣ омӯхта шавад. Бахусус, аз масъалаҳои ҳаётан муҳим баҳри як миллат ин ба худ касб намудани қудрати миллӣ ва таъмини инкишофи мунтазами он аз лиҳози хусусиятҳои ҷуғрофӣ, захираҳои миллӣ, саноат, миқдори аҳолӣ, иқтидори ҳарбӣ ва маънавиёти ҷомеа мебошад. Танҳо ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ даст медиҳад то қудрати миллӣ ҳосил гардида, дар заминаи он ҳудуди манфиатҳои миллӣ дар сиёсатӣ байналхалқӣ муқарар ва бар асоси он муносибатҳо ба роҳ монда шаванд. Дар замони муосир бо ташаккули давлатҳои миллӣ масъалаи манфиатҳои миллӣ низ муҳим арзёбӣ мегарданд. Маҳз зарурати таҳкими давлатдориим миллӣ ва ҳифзи бақои он муҳимияти ҳифзи ин манфиатҳоро ба миён овардааст. Бо мурури замон мафҳуми давлат ва миллат ба ҳам омада, ифодагари манфиатҳои ягона ва махсус мебошанд. Яъне давлат аз сӯи миллат ташкил гашта, дар навбати худ, давлат ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои ин миллат ва қонеъ намудани талаботҳои он фаъолият менамояд. Ба фарқ аз давлатҳое, ки дар таърих арзи ҳасти доштанд ва манфиати гуруҳи одамон ва ё синфро пешбарӣ мекарданд, давлати миллӣ бошад, манфиатҳои як миллатро иникос намуда, ҷиҳати муайян намудани сарҳади ин манфиатҳо ва ҳифзи онҳо хидмат менамояд. Имрӯз ҳадафи асосии давлатҳо ин ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ мебошад. Бо тақозои замон зарурати такмили манфиатҳои миллӣ ба миён омада, давлатро ба муносибатҳои байналхалқӣ ворид месозад. Давлатҳо чун намояндаи як миллат сиёсати хориҷии худро ба роҳ монда, ҳар кадом таҷҷасумгари фарҳанги махсус мебошанд. Бояд қайд намуд, ки муносибатҳои байналхалқӣ дар заминаи ташаккули миллатҳо ба вуҷуд омадаанд. Яъне агар миллатҳо ба авҷи рушду инкишофи худ намерасиданд ва ё ҳамчун як миллат ба таври комил ташаккул намеёфтанд, ҳеч гоҳ имконияти иштирок дар ин муносибатҳоро пайдо намекарданд. Муносибатҳои байналхалқӣ бар асоси манфиатҳои миллӣ муқарар шуда, натиҷаи он низ ба ин манфиатҳо равона шудааст. Лозим ба қайд аст, ки ҳимоя аз манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии миллӣ дар тамоил бо дигар давлатҳо муҳим буда, таъмини такмилёбии мунтазами он тақозои замон аст. Дар барорбари ин, омӯхтани роҳҳои мухталифи ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар аснои ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ миёни давлатҳо аҳмияти муҳим дошта, бад-ин тарз фароҳам сохтани имкониятҳои рушди он мумкин аст. Зимни ба роҳ мондани муносибатҳои байналхалқӣ омӯзиши оқибатҳо ва таъсири он ба тақдири миллат муҳим мебошад. Аз ин рӯ, мебояд тамоми муносибатҳо ба манфиатҳои миллӣ созгор бошанд.

Нақши қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавиро дар муносибатҳои байналхалқӣ наметавон нодида гирифт. Зеро дар рафти муайян сохтани самти инкишофи сиёсати ҷаҳонӣ таъсири онҳо басо назаррас аст. Қудратҳои геополитикӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ мавқеъи худро мустаҳкам намуда, дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ фазои мусоидро барои суд бардоштан муҳайё месозанд. Ин ҳама дар натиҷаи барномарезиҳои тӯлонии онҳо сурат гирифта, равандҳои сиёсии ҷаҳонро ба сӯи манфиатҳои худ равона месозанд. Ба ҳамин хотир рушди иқтисоди миллӣ ва инкишоф бахшидани соҳаи саноат ва истифодаи ин воситаҳо ҳамчун фишанг барои рушди фарҳанг ва қудрати миллӣ муҳим мебошад. Ҳамин тариқ, муносибатҳои байналхалқӣ на танҳо ба манфиати субектони махсуси он аст, балки василаи инкишофи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди халқу миллатҳо ба шумор меравад. Аз он нуқтаи назар, ки субектони муносибатҳои байналхалқӣ давлатҳои миллӣ маҳсуб мегарданд, зарурати иштироки ҳар давлат дар ин муносибатҳо бо назардошти махсусиятҳои миллӣ лозим меояд. Дар ин сурат, ҳар субекти иштирокчии ин муносибатҳо дар сатҳи глобалӣ фарҳанг ва арзишҳои махсуси миллии худро пешбарӣ ва ҳимоя менамоянд.

Мақсади аслӣ аз роҳандозии муносибатҳои байналхалқӣ ин пеш аз ҳама, рушд бахшидани иқтисоди миллӣ маҳсуб мегардад, зеро дар шароити кунунӣ ва фазои баҳамвобастагӣ имконияти рушди мустақилона ниҳоят маҳдуд аст. Ба ҳамин хотир, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд мувофиқи мақсад буда, ҷиҳати таъмини амнияти иқтисодӣ муҳим мебошад. Дигар масъалае, ки ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои байналхалқӣ давлатҳоро водор сохтааст, ин ҳалли мушкилотҳои умумибашарӣ тариқи ҳамоҳангсозии қувваҳои ҳарбӣ ва зеҳнии онҳо мебошад. Бо пайдоиши падидаҳои номатлуб ва ба миён омадани мушкилотҳое, ки таъсири манфии онҳо дар миқёси ҷаҳон умуми мебошад ҷиҳати бартараф сохтани онҳо дар саҳнаи сиёсӣ фазои муттаҳиди ба вуҷуд омада, сабаби ривоҷи муносибатҳои байналхалқӣ гаштааст.

Нуқтаи муҳим дар муносибатҳои байналхалқӣ, ки месазад бар он таваҷҷуҳ кард, ин баҳамтаъсиррасони ва алоқамандии субектоне, ки дар ин муносибатҳо иштирок менамоянд, ташкил медиҳад. Масъалае, ки рӯз то рӯз муҳимияти омӯзиши он меафзояд маҳз ҳамин ҷараёнҳо мебошанд. Зеро дар ҳоли ҳозир бо шиддат гирифтани таниш миёни давлатҳо, таъсиррасонӣ дар самти муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва иҷтимоӣ ба амал меояд. Пеш аз ҳама, муайян сохтани ҷанбаҳои манфии ин таъсирҳо ва андешидани чора ҷиҳати коҳиш додани он баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ амали зарурӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз масъалаи ҳифзи арзиш ва манфиатҳои миллӣ на танҳо дар доираи муносибатҳои сиёсӣ, балки ҳифзи онҳо дар аснои роҳандозии муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ ба миён омадааст. Ҳол дар шароити ҷаҳонишавӣ ва аз сӯи дигар таҳдиди хатароте, ки бевосита ба сӯйи давлатҳои миллӣ равона гашта, таъсири манфии худро ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ афзоиш додан дорад, масъалаи муҳим ин ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад.

Барои нигоҳ доштани тавозуни сиёсӣ муқарар кардани ҳадафҳои фаромиллӣ зарур буда, дар ин миён месазад, ки ба онҳо авлавият бахшид. Новобаста аз мавқеъи бозингарони минтақавӣ ва геополитикӣ ба роҳ мондани муносибати ҳасана бар асоси манфиатҳои миллӣ муҳим мебошад. Инчунин, ҳалли масъалаҳое, ки моҳияти сиёсӣ доранд бояд аз дидгоҳи андешаҳои миллӣ ба онҳо назар кард, зеро ин омил барои устувор намудани пояҳои давлати миллӣ муфид мебошад. Омӯзиш ва мавриди таҳлил қарор додани асосҳои инкишофи миллат ва роҳҳои ҳифзи манофеи миллӣ дар сатҳи глобалӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, ҷиҳати арзёбии дидгоҳи як давлат аз лиҳози хусусиятҳои этникӣ муҳим мебошад. Аниқтараш бо муайян сохтани масири рушди давлат бо назардошти манфиатҳои миллӣ, инчунин таъмини инкишофи фарҳанг, анъана ва таърих роҳи миллатро барои ояндаи дурахшон боз месозад. Барои таъмини ваҳдату ҳамбастагӣ ва сулҳу амният дар давлат решадор намудани илму хирад дар баданаҳои иҷтимоӣ зарур буда, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ ва шуури ҳуқуқии онҳо танҳо аз ин роҳ имкон дорад. Имрӯз бо шиддат гирифтани рақобатҳои сиёсӣ роҳи ҳифз аз манфиатҳои миллӣ маҳз аз лиҳози тарақиёти илму техналогия ба миллати рақиб табдил ёфтан мебошад. Дар заминаи рушди илм, таъмини инкишофи идеалогияи миллӣ ҷиҳати ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои миллӣ зарур мебошад. Аз ин рӯ, лозим аст то идеалогия дар заминаи рушди илму дониш таҳия ва ба манфиатҳои миллӣ мутобиқ сохта шаванд. Бояд гуфт, ки бо баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ба василаи илму хирад фаъолияти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа бо назардошти манфитаҳои умумимиллӣ низ таъмин мегардад. Дар ҳоли ҳозир баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ танҳо ба иниститутҳои давлатӣ набояд такя кард, балки аз роҳи рушд додани идеалогияи миллӣ бояд тамоми ҷомеа баҳри ҳифзи ин манфиатҳо омода ва сафарбар карда шаванд. Ҷомеа бояд зарфияти фаҳму дарки манфиатҳои миллиро ҳосил намуда, ҳар як фарди он ба танҳои ё дар фазои колективӣ аз ин манфиатҳо ҳимоя карда тавонад, ки ин аз сатҳи ташаккули мафкӯраи онҳо вобастагӣ дорад. Танҳо илм ва иқтисоди устувор метавонад миллатро дар баробари хатароти рӯзафзун таъсирнопазир гардонад. Аз ин рӯ, рушди бахшидани илму маориф барои ишғоли ҷойгоҳи арзанда дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим мебошад.

Нусратуллои НАЗАРИЁН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь