Аҷоиб мардуманд гулободиҳо. Дар масъалаи ҳурмат кардани дигар қавму миллат ва дигар фарҳангу забон касе ба эшон баробар шуда наметавонад. Агар ба қавли бобои Гулбиддину кампири Гулбибӣ гирем, “Худкуши бегонапарваранд” гулободиҳо. Агар бегонапарвар набошанд, дар кулли кишвари Гулобод бо забони англисӣ, ки шояд баромади забони ноби форсӣ-гулободӣ аз он бошад, шаҳрҳоро бо I love оро додаанд, ки ҳанги кампири Гулбибӣ, ки аз ин забону аз ин калом огоҳ набуд, канду бечора бобои Гулбиддин дар балои азиме барои шарҳ додани I love монд.
Бобои Гулбиддин, ки дар мактаби кeҳнаи амирӣ аз забони ноби англисӣ-форсӣ-гулободӣ огоҳ буд, як илоҷе карда, ба кампири Гулбибӣ фаҳмониданӣ мешуд, ки ин I love маънояш дӯст медорам аст, кампир фаҳмидан ҳам намехост. Мехост он сабилмондаи I love-ро худаш хонаду баъдан дар назди занҳои лаби ҷӯ ифтихори забондонӣ намояд ва ба қавле баъзе аз “доноҳоро” дар ҷояшон шинонда монад.
Бобои Гулбиддин маҷбур шуд, ки ин истилоҳи ба гӯши кампири Гулбибӣ барин занҳо хушояндро дар шакли транскрипсия бо хати имрӯзаи Гулобод нависаду ба кампири инҷиқ маънои I love-ро фаҳмонад. Пушти сар хоридаву лаб газида, бобои бечора ба сухан даромада, фаҳмонд, ки асочаву дил ай лав хонда мешавад, яъне дӯст медорам аст. Кампири Гулбибӣ бошад, бо шунидани маънои ай лав аз шарм ё аз ба хотир овардани давраи ишқрониаш бо бобо ҳам сурх мешуду ҳам дар чашмонаш шуълае намудор мегардид. Куртаи атласи гулободӣ, ки дар тан дошт, ба ҳуснаш ҳусн зам мекарду гӯё «Рӯйи анор барин сурхаш куртаи атласаш катӣ ҷанг мекард». Ин мазмунро М. Турсунзода ба ин тарз ба кор бурдааст:
Рӯят, ки ҳамеша лоларанг аст,
Бо куртаи атласат ба ҷанг аст.
Дурахши чашмони кампири Гулбибӣ бобои Гулбиддинро ба ваҷд оварду бобо як лаҳзае сайри давраи шубоб намуда, беихтиёр “ай лав Гулбибӣ” гуфта монд. Кампири Гулбибӣ ғарқи давраи ишқрониаш шуда, “чӣ дар лавам пашша нишастааст?”- гӯён, боборо аз ханда рӯдакан кард. Бобо худро ба даст гирифта, ба кампир шарҳ дод, ки лав ҳамон дилак асту имрӯзҳо дар тамоми вулусволии Гулобод насб карда шудааст ва маънояш «Ман Гулободро дӯст медорам» аст. Бо вуҷуди ин ҳама шарҳу эзоҳ кампири Гулбибӣ ба андеша фурӯ рафт ва чил шабу чил рӯз гирифтори худ буд ва меандешид, ки чаро ба забони ноби форсӣ-гулободӣ ҳамин дӯстдориро агар дар ҳақиқат бошад, баён намудан мумкин набудааст.
Бобои Гулбиддин, ки тӯли ин муддат аз тарси ба кампираш чӣ ҷин расида бошад, ки ин муддати дароз ҳарфе намезанад, вақте ки ӯро дар дигар ҳолатҳо бо ягон роҳ аз гап боздоштан имкон надошт, ё лампаи овозаш сӯхта бошад, ҳайрон шуда, аз наздаш дур намешуд. Баъзан-баъзан мақоли “То бад нагирӣ, нек намеояд”-ро ба хотир оварда, зери лаб ба ҷойи кампири Гулбибӣ калимаи шаҳодат низ мегуфт.
Кампир дар рӯзи чилуякум ба сухан даромада, боборо ҳам тарсонду ҳам хурсанд карда, аз соҳибони забону аз қонуни забон каме дилмондагӣ намуда, маддаи дилашро кафонд:
– Мӯйсафед, ту дар ҷанги Гирмон будӣ, баъди ҷанг борҳо ба кишварҳои бузургу шаҳрҳои калон рафтаӣ. Оё дар ягон гӯшаи он мамолике, ки будӣ, дидаӣ, ки бо хату забони форсӣ-гулободӣ ё ақаллан бо хати имрӯзаи гулободӣ навишташуда бошад, ки “Ман Лондонро дӯст медорам” ё “Ман Маскавро дӯст медорам”? Аҷоиб мардуманд гулободиҳо. Наход дӯстдорӣ бо хати бегона бошаду бар замми беҳурматӣ ба забон ва риоя накардани талаботи қонуни забон боз намоишкорӣ ҳам бошад. Охир, дӯст доштан дар дилу дар амал будагист. Ин чӣ хел дӯстдорист, ки ҳар сол мавсими тирамоҳу зимистон чуноне дар давраи ҶБВ шиори мутантане дар шакли “Тамоми қувва ба фронт, тамоми қувва барои ғалаба бар фашизм” буд, имрӯзҳо тамоми соҳаҳои Гулобод барои даъват ба артиш нигаронида мешаванд. Пас аз он I love нишоне намемонаду аксари даъватшавандагон I love Gohvora, I love Sanduq, I love Bemor, I love Student ва I love Muhojirat-ро шиор месозанд”.
Бобои Гулбиддин низ ҳамрайъии худро ба кампири Гулбибӣ, ки ёри ҷангиву оштиаш буду чанд сол инҷониб дӯст медорад, изҳор намуданӣ шуда, зикр намуд, ки пас фарқе байни навиштаҷоти девори кӯчаву муассисаву ташкилоте, ки бо ҳунари ҷавонони “ошиқи” Гулобод I love нақшунигор шудаву ҳатто аз байни дилак найзае гузаштааст, фарқе намемонад. Ҳисобҳои математикие, ки дар навиштаҷот баробар ба LOVE мебошанд, натиҷаи ана ҳамон дарсҳои дилаку найзаанд, ки аз найзабозии индейсҳои Амрико ба мардуми Гулобод гузаштаанд.
Бахтиёр Облоқулзодаи Гулободӣ