Ҳар як қавму миллат дар тӯли қарнҳо барои оромишу нишот бахшидан ё бедор кардани рӯҳи миллӣ, вусъатбахшиву тақвиятдиҳии ҳофизаи фарҳангии худ дар радифи шоирону нависандагон беҳтарин санъаткорон ва сарояндагону навозандагонро ба саҳнаи таърих меорад. Дар таърихи фарҳангу мусиқии миллати мо теъдоди чунин афроди шинохтаву камназир зиёданд, ки яке аз онҳо, Борбади сонии тоҷикон, мутриб ва оҳангсози варзида, Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон ва Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Ҷӯрабек Муродов мебошанд, ки сурудҳояшон рӯҳнавозу ҷонбахшанд.

Устод Ҷӯрабек Муродов яке аз шаҳсутунҳои асосии санъати волои миллати мо буда, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон мақому манзалат ва шӯҳрати хос дошта, аз серкортарин овозхонони тоҷиканд, ки дар тӯли фаъолияти ҳунариашон бештар аз 2000 тарона хондаву ба 500-тои он бевосита худашон оҳангҳои марғуб бастаанд. Устод Ҷӯрабек Муродов ба замми овозхони машҳур будан, як силсила мақолаҳои илмӣ низ таълиф намудаанд, ки дар роҳи омӯзиши мусиқии суннатӣ бебаҳоянд. Махсусан, мақолаҳои «Умри ҷовидонаи ҳунарманд» (роҷеъ ба ҳофиз, бастакор ва машшоқи забардасти халқи тоҷик Ҳоҷӣ Абдулазиз (Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов), «Ба рағми булбулон» (ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Домулло Ҳалим), «Ҳофизи мумтози халқ» (оид ба асолати навозандагию сарояндагии устоди мумтози мусиқии халқию классикии тоҷик Бобоқул Файзуллоев), «Ҳунарвари бузург» (роҷеъ ба Борбади Марвазӣ) ва ғайраро метавон зикр намуд, ки барои бедор намудани завқи мусиқишиносии хонанда арзиши баландро соҳибанд. Ҷӯрабек Муродов сарояндаи ҷӯянда, навгаро ва нисбат ба касби худ серталаб буда, пайваста санъати мусиқии гузаштаю имрӯзаи миллатамонро бо як ҳисси шавқмандӣ аз худ намуда, ба шогирдону дилбастагони санъату ҳунар нозукиҳои касби хешро меомӯзанд. Махсусан, намунаи овозҳои ҳофизони халқӣ ва ҳирфаии тоҷик Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхон, Домулло Ҳалим, устод Шодӣ, Акашариф Ҷӯраев, Бобоқул Файзуллоев ва ғайраро ҷамъ намуда, унсурҳои бо худ хос ва дар сабку услуби сурудхонии касбии халқӣ – профессионалии тоҷикро бо комёбиҳои навинаш пайваста азбар намуда, баҳри рушди бемайлони ҳунари овозхонӣ истифода бурдаанд. Ин аст яке аз чашмгиртарин асрори шӯҳратёри устоди олиқадр ва пуртаҷриба дар ҷодаи санъат.

Дар мавриди истеъдоди фитрӣ ва ҳунари нотакрори ин устоди беназири ҳунар ҳанӯз дар нимаи дуюми садаи ХХ шоири маҳбубу маъруф, ҳамакнун Қаҳрамони Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода чунин хабар дода буд: – «Ҷӯрабекро ба чашми кам набинед, халқи мо хушбахт аст, ки Ҷӯрабек барин сарояндаву мутриби нотакрорро пайдо кардааст…. Ҷӯрабек аз ҳофизони муосир ягона касест, кишеърро гӯёву расо мехонад, муроди шеъру оҳангро ба дилу мағзи шунаванда мерасонад».

Бар замми ин ҳама сифатҳои мумтози сарояндагӣ, заҳмати шабонарӯзии тозакориву бозофаринӣ барои ӯ имкон дод, ки бо афроди барӯманди адабиву фарҳангӣ ба монанди Чингиз Айтматов, Расул Ғамзатов, Раҷ Капур, Аҳмад Зоҳир, Муҳаммадризо Шаҷариён, Саттор, Пӯлод Булбул-уғлӣ, Зейнаб Хонларова, Вахтанг Кикабидзе, Роза Римбаева, Людмила Зикина, Иосиф Кобзон, Алла Пугачёва, София Ротару, Шералӣ Ҷӯраев ва дигарон аз наздик ошноӣ пайдо кунад ва бо онҳо иртиботи ногусастанӣ дошта бошад.

Барои ман боиси ифтихор ва саодатмандии бузург аст, ки дар қатори садҳо нафар ҳунармандони шинохтаи кишвар аз мактаби устод Ҷӯрабек Муродов сабақ гирифтаам, зеро маҳз бо ташаббус ва интихоби Устод, ман ва якчанд нафар хатмкунандагони солҳои 1983, 1984, 1985 -и Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон (ҳоло МД ДДФСТ) ба номи Мирзо Турсунзодаро амсоли Хосият Зарафшонӣ, Хурсандмурод Зарипов, Афзалшо Шодиев ва дигаронро бо роҳхати Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор даъват намуда, моро аз таҷрибаҳои хеш баҳравар намуданд.

Ман аз соли 1985 то соли 1992 бо Устод дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар як бино кору фаъолият карда, бисёре аз нозукиҳои касби интихобнамудаи худро аз он кас омӯхтаам. Дар тӯли солҳои ҳамкорӣ бо устод ба якчанд сафарҳои ҳунарӣ дар ҳайати ансамбли “Зарафшон” ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон- ба вилоятҳои Қашқадарё, Сурхондарё, Бухоро рафта, ҳунару санъати тоҷикро ба ҳаводоронаш расонида, ҳамзамон ҳунари хешро сайқал додаам. Инчунин, дар консертҳои калони ҳунармандони Филармонияи давлатӣ бо ҳамроҳии устод, ки таҳти роҳбарии Устод Ҷӯрабек Муродов ва Зафар Нозим дар минтақаҳои гуногуни кишвар баргузор мегаштанд, иштирок кардаам. Устод чӣ дар вақти фаъолияти корӣ ва чӣ дар сафарҳои ҳунарӣ пайваста таъкид мекарданд, ки мо намояндаи миллати бузург ва фарҳангпарваре ҳастем, ки моро ҷаҳониён эътироф намуда, барои рушди санъату ҳунари хеш аз таҷрибаҳои мо истифода бурданд, аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд ба касбу кори хеш муҳаббат ва дилбастагии зиёд дошта бошем, то он гунае, ки мо аз гузаштагони хеш ифтихор мекунем, ояндагон аз мо низ ифтихор кунад.

Устод Ҷӯрабек Муродов инсоне ҳастанд, ки гуё дар шаби торик таваллуд шудаву оҳиста – оҳиста аз пораи нур ба хуршеди оламтоб табдил ёфта, шабҳои моро тавассути таронаҳои хеш ба субҳи босафо расонидаанд. Устод барои ман ва ҳазорони дигар чун роҳнамову роҳбалад ва ҳидоятгари беназире дар роҳи худшиносӣ мебошанд.

Устод Ҷӯрабек Муродов муаллими синфҳои ибтидоиро мемонанд, ки шогирдону хонандагони хешро зина ба зина ҳарф омӯхтаву саводнок намуда, ба роҳи рост ҳидоят менамоянд. Устод дорои тамоми хислату фазилат ва одату одобҳои наҷиби инсонӣ буда, зикр менамуданд, ки инсон ва пеш аз ҳама ҳунарманд бояд ба замми ҳунару истеъдоди олӣ одоби намуна ва одамгарии бемисл дошта бошад. Ба таъбири устод ҳунарманди асилу пок мисли деҳқони ғаллакор асту донаи гандум кошта, боварӣ дорад , ки ҳосили дилхоҳ мегирад ва худи устод Ҷӯрабек Муродов тимсоли он деҳқони пурсаховатанд, ки дар дили муҳибони хеш доимӣ бо суруду таронаҳояшон тухми некӣ, одамдӯстӣ, меҳрубониву садоқат ба модар, ватан ва эҳтиёту эҳтироми он, қадркунии мероси ниёгон, ҳувияти миллӣ, аҷр гузоштан ба забону ҳунари миллӣ ва осоишу ободии меҳанро талқин мекунанд. Барои донишҷӯёни соли хониши 2019-2020 басо фараҳафзо буд. Аз рӯи нақшаи таълими аз фанни «сурудхонии гурӯҳӣ» дарси кушод бо яке аз устодони санъати сарояндагӣ  вохӯри гузаронида мешуд. Рӯзҳои 16.12.2019 ва 24.02.2020 меҳмони вохӯрии мо ва дарси кушоди «устод ва шогирд» (мастер-класс) бо Ҳунарпешаи Мардумии ИҶШС устод Ҷӯрабек Муродов дар толори хурди консерти (синфи 10) бо донишҷӯёни курси 3-ум ва 4-ум баргузор гардида, хеле шавқовару хотирмон гузашт, чун Устод ба шогирдони мо суруди «Нонреза»-ро (ш.М.Турсунзода) ба сабку услуби хоси «устод ва шогирд» омӯзониданд.

Ҳарчанд бо чанд нуқта хислатҳои инсонии устод Ҷӯрабек Муродовро зикр намудам аммо дар ин самт гуфтаҳои ман нотамом мемонанд, зеро бо ҳарфу сухан меҳрубонии устодона, инсонгарӣ, ватанпарастӣ ва дигар хислатҳои наҷиби устодро васф намудан аз имкон берун аст. Устод бо баробари хислатҳои некукорию инсондӯстӣ, халқпарварию оқилӣ боз як хислати ба худ хосе доранд, ки ба назари ҳамагон дар ҳар лаҳзаи ба он кас рӯ ба рӯ омадан мо онро ниҳоят тез эҳсос мекунем. Ин хислати устод хоксорию одоби хирадмандонаи инсониашон мебошад. Зеро ҳар нафаре, ки боре ҳам ба устод ҳамсӯҳбат шуда бошад боз орзуи ба он кас ҳамсӯҳбат шуданро дар қалби худ мепарварад .

Ба назари ман дар ҳаққи устоди гиромиқадр Ҷӯрабек Муродов соатҳо, рӯзҳо, ҳафтаву моҳҳо ва ҳатто солҳо ҳам сухан гӯем кам аст. Хуршеди самои санъати тоҷик устод Ҷӯрабек Муродов ба ҳар гуна васфу ситоиш арзанда буда, барояшон сиҳатмандию сарбаландӣ, сарсабзию  сарфарозиҳо ва давлати пирии беинтиҳо таманно менамоям.

Ҳаётой  Мӯминова, ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон н.и.таърих, дотсенти МД ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь