Ба муносибати 70-солагии Муҳаммадраҳими Сайдар

Адабиёти тоҷики солҳои 80-ум, хосса насри он мувоҷеҳ ба тамҳаввули чашмрасе гардида буд. Ин таҳаввул дар маҷмӯъ эҳсос мешуд ва адабиёт ба ҷӯяндагии воқеӣ рӯ овард. Дар натиҷа, дар осори суннатӣ ва адабиёти воқеъгарои дар замони шӯравӣ шаклгирифта, низ аз ҳайси мазмун ва шаклу сабк тағйири сифатӣ ворид омад. Муҳимтарин хусусияти ин тағйири кайфӣ, ба фикри банда, ҳамоно умқ пайдо кардани тасвири воқеъгароёна, шинохти тозаи инсон ва ба кор гирифтани шаклу жанрҳои нав будааст. Аммо як тамоюли тоза ва муассире, ки дар насри ин давра ба чашм мерасад, ҳамоно ба арсаи эҷод бармадани нависандагони ҷавони тозаназар мебошад. Банда дар нимаи дувуми солҳои 80-ум дар мақолае таҳти унвони «Умеду ояндаи наср» дар ин маврид изҳои назар карда будам. Дар он замон дар канори як қатор нависандагони ҷавони ҳунарманд, ки кӯшиш мекарданд дар воқеънигорӣ, тасвирҳои ҳаҷвӣ ва суннатӣ насри замони шӯравӣ осори хубе ҳам офаранд, инчунин сухан аз диди тоза ва модерни нигориш дар наср мерафт, ки акнун дар заминаи дастовардҳои тамоюлҳои нави насри ҷаҳонӣ ба майдон меомд. Имрӯз банда ба ин натиҷа расидам, ки нависандгони ҷавони солҳои ҳаштодум ва баъд ба арсаи эҷод ворид шуда, навъи (типи) нави нависандагон буданд, ки онҳо насрнависии модерн ва ҳунаргароёнаро шакл доданд. Ман метавонам аз ин нависандагони навназар Баҳманёр, Сайфи Раҳимзод, Муҳаммадзамони Солеҳ, Муаззамаро ном барам. Ва хушбахтона, ин тамоюл минбаъд низ идома ёфт ва ба арсаи эҷод Абдуқодири Рустам, Юнус Юсуфӣ, Анвар Ҳакимов ва дигарон қадам ниҳоданд, ки дар ин даста метавон номи нависанди тозаназари бо шаклу шеваи хоси нигориш Муҳаммарраҳими Сайдрро (1952-2010) низ ном бурд.

Сайдар дар муҳити ҷӯяндагии он даврон ба арсаи эҷод ворид мешавад ва қаламаш тару тозагии хосе дошт. Вай мутаваллиди 20 январи соли 1952, зодаи води Раштонзамин аст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе (ҳоло ДДОТ) мебошад. Зиндагӣ ва кору фаъолияташ низ бозгӯкунандаи андӯхтани таҷрибаи кофии зиндагӣ ва фаъолияти иҷтимоиаш мебошанд. Таҳсил, фаъолияти омузгорӣ дар деҳот, кор дар радиёи ҷумҳурӣ, нашрияи машҳури «Садои Шарқ» ва воситаҳои ахбори байналмилалӣ ҳамзамон доираи андеша, таваҷҷуҳи ӯро ба масоили доғи зиндагӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа муайян кардаанд. Ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки таълифоти Сайдар аз ҷиҳати адад зиёд нестанд, балки дар кулл аз як маҷмӯа иборатанд («Гаҳвораи ноз», –  Душанбе: Шуҷоиён, 20011) ва жанри онҳоро низ танҳо ҳикоя ва мақолот ӯ ташкид додаанд. Ба ин маънӣ қолаби баёни Сайдар жанрҳои хурданд, ки албатта, маҳорти хосеро тақозо доранд. Гумон меравад, ки Сайдар, мисли ҳамсолонаш, мутолиаи фаровоне дар адабиёти клоссикии форсиву точикӣ, русӣ ва ҷаҳонӣ доштааст ва аз ин рӯ, навиштаҳояш кайфияти тозаи ба худ хосе доро мебошанд. Бинобар ин, навиштаҳои вай ҳама заминаи ҳаётӣ доранд ва ё аз зиндагии муқаррарии чи деҳот ва чи шаҳр гирифта шуда, дар партави ҳадафи ғоявии муаллиф паёме аз мушкилоти маънавию ахлоқӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ бо худ доранд. Ҳамин нуктро дар ин маврид ёдовар шудан бамаврид менамояд, ки Сайдар, мисли чанд адиби истисноӣ, бе чопи маҷмӯаи осораш ба узвияти Иттиифоқи нависандагон (1989) пазируфта шуда буд.

Аммо осори бадеии Сайдар чӣ мазияте доштааст?

Нахустин ҳикояи ӯ бо номи «Гаҳвораи ноз» дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» (1986, 10 июл) ба нашр мерасад. Дар ҳикояи мазкур сухан дар бораи Садафмоҳ, зане ки тамоми умрашро дар хидмат барои мардум сарф кардаву ба ҳар фарди деҳа ҳукми модарро дорад, меравад, ки тақдир барои вай фарзанд доштанро насиб накардааст. Инак, ҳамин зан-модари аҳли деҳа олами фониро падруд гуфтааст ва мардум, хоса қаҳрамони ҳикоя Комрон, сару сардори маросими дафнии ӯст ва дар ҷараёни сохтани «гаҳвораи ноз»-и ӯ як-як зиндагии ӯро ба хотир оварда, ҳамзамон муҳаббати худрову ҳамдеҳагонашро ба ин васила баён медорад.

Ҳикояи «Марди солхӯрда ва саги фартут» низ аз ҳикояҳои нахустини Сайдар аст, ки дар маҷаллаи он замон бонуфузи «Садои Шарқ» (1986, шумораи 12) чоп шуда буд. Муҳтавои ин ҳикоя дар муқоисаи инсони бадгуҳар ва саги вафодор бунёд ёфтааст. Нависанда дар роҳи аз байн бурдани саг мӯйсафедро (Қодири Ғулом) ба тасвир гирифта, зимнан зиндагии ӯро, ки иборат аз фиребу бадгуҳарист ва «умре дар хонаи зин худро ҳамеша шоҳ» эҳсос мекард, аз гуфтору андешаҳои худи ӯ пеши назар меоварад ва хонандаро ба дарки нияти бади ӯ, ки дар садади аз байн бурдани саги як умр ҳамроҳу бовафои ӯ мебошад, ошно месозад. Бисёр муҳим аст, ки дар лаҳзаҳои охар чунин иттифоқ меафтад, ки мӯйсафед худ ба наҷоту дастгирӣ ниёз дорад (ба дарё афтида, оби тези он ӯро бо худ мебарад) ва саге, ки бояд аз дасти ӯ нобуд мешуд, ба имдоди ӯ мерасад. Вале боз ҳам ин мард ба ресмони саг пайваста аст ва ниҳоят сабаби ба гирдоби марг афтодани онҳо мегардад… Нависанда дар ин маврид ба ҷуз аз зиндагии муқарарии мӯйсфеду саг, ҳамчунин сиришти инсони бад ва савқи табии ҳайвони босадоқатро паҳлуи ҳам гузошта, мӯҳтавои ҳикояро серғунҷоиш кардааст. Ин ҳам муҳим аст, ки мардуми деҳа аз гум шудани мӯйсафед ва сагаш бетафовутӣ нишон медиҳанд: гӯё будан ё набуданаш барпояшон арзише надорад. Ин ҳукми бисёр сахт барои як инсони бадгуҳар мебошад. Дар ҳикояи «Заёми зиёдатӣ» низ сухан аз он аст, ки дар зинагии шӯравӣ бисёр маврид инсонҳо аз меъёри табақотӣ ба кору сарварӣ интихоб мешуданд (масалан, раис Пӯлод ва падараш, ки дар гузашта осиёбон буд), вале на дар мақоми худ. Аз ин ҷо ҳатман амалашон ҳам ғайримантиқӣ буда, аз онҳо коре шоиста барнамеомад ва эшон ҳамон заёми зиёдатӣ буданд, ки ба сари мардум ба иҷбор бор карда мешуданд.

Сайдар ба тасвири инсони бадкору бадгуҳар таваҷҷуҳи бештар доштааст. Инро дар ҳикояҳо дар боло баррасӣ шуда, ба мушоҳида гирифтем. Ҳикояи «Чашми дор» (1990) низ аз ҳамин навъ навиштаҳост. Қаҳрамон он Шоҳин дар қабристон, дар муҳити мурдаҳо, ки ҳар яке сарнавишти хос доранд ва шоиста ба нақл мебошанд, бо хеле аз онҳо гуфтугӯи рӯъёӣ дорад. Аммо нависанда аз ин суҳбатҳо боз ҳам аз набариди неку будӣ, муаммоҳои зиндагии замони шӯравӣ ва ҷабрҳое, ки аз он ба сари мардум аз ҷониби инсонҳои бадният расидааст, нақл мекунад ва гоҳо риштаи интиқодро ба сустиҳои мардум мекашад, ки албатта, ба баъзе беадолатиҳо сабаб гардада будаанд.

Дар маҷмӯъ ҳикояҳои Сайдар қаҳрамони асосӣ шахсест, ки дар деҳот ва ё дар шаҳр зиндагии сахте пешорӯ дорад, шахси ҳассосе, ки ба зиндагии муосир, ба таърих, сарнавишти мардуми худ бетафовут нест, балки он ҳама як ҷузъи муҳимми ҳофизаи ӯст. Ин нукта дар он низ зоҳир мешавад, ки қаҳрамони ҳикоёти вай дар шаҳр низ ҳамон афроди омада дар шаҳр ҳастан, ки ба сахтиҳои зиндагӣ: шароити зист, сахтиҳои иҷоранишинӣ, таъмини рӯзгор («Мусофир» ва «Наврӯзӣ») гирифтор мебошанд, вале дар расидан ба мақсади ормонии худ, ки коре судманд кардан ба манфаати мардум, халқи худ ва зинда нигоҳ доштани ормонҳои миллӣ аст, рӯ наметобанд. Ин қаҳрамон ҳар куҷо ҳаст, зери дасташ «Фарҳанги забони тоҷикӣ»-ст, дар олами адабиёти классикӣ ба сар мебарад, достонҳои «Шоҳнома», намунаҳои насри ривоятӣ, асотиру афсонаҳо дар ҳофизаи ӯ зиндаву фаъол ҳастанд, ба вай барои шинохту ташхис додани ҳаводиси зиндагӣ ва неку бад дар ниҳоду амали инсонҳо аз меъёрҳои муҳим ба шумор мераванд.

Дар иртибот ба ин ғановати поэтикӣ мешавад аз ибтикороти навъиву жанрии ҳикояҳои Сайдар сухан ба миён овард. Нависнда на танҳо аз ҳикояҳои муқаррарии воқеъгароёна, боз ҳам шаклҳои шартиву рамзӣ, афсонагуна низ кор гирифтааст. Дар ҳамон ҳикояи «Чашми дор», чунон ки гуфта омад, тасвири шартии гуфтугӯ бо мурдаҳо воситаи баёни воқеаҳо мебошад. Ҳикояи «Афсонаи Сурхоб» саросар аз тасаввур ва ёдкардҳои афсонавию асотирӣ таркиб ёфтааст, ки бачае онро дар хоб ва боварҳои худ дорад ва зимнан таърихи асотирию афсонавиро дар мавриди ватандӯстӣ, қаҳрамонӣ ва муҳаббат ба ёру диёр ва суннату ёдгориҳои он, ки ҳофизаи ӯро ташкил медиҳанд, фаро гирифтааст. Ҳамчунин, ҳикояи «Гардандачарх» саршор аз бозгӯи бахшҳои ниҳоии «Шоҳнома» аст, ки ба ҳодисаи солҳои охири кишавар, хосса замони ҷанги шаҳрвандӣ ҳамоҳанг мебошанд. Ниҳоят «Тӯҳфаи наврӯзӣ», ки зернавишти афсонаро дорад, аз таваҷҷуҳи нависанда ба шаклҳои шартву рамзӣ ва дар баёни воқенаҳои зиндагӣ устодона ба кор гирифтани ӯ гувоҳ медиҳад.

Ҳамин ҷо бомаврид аст, ки дар бораи таркиби нақлу таҳкияи Сайдар чанд сухан гуфта бошем. Ин на ба он маъност, ки гӯё дар анҷом ё дар ҳошияи мақола бояд чанд сухан дар ин бора гуфта бошем. На, ғараз аз ин гуфта ин аст, ки ривоятгарии нависандаро мазияти хосест, ки ниёз ба таъкид дорад. Инро аҳли нақду адаб низ ба мушоҳида гирифтаанд.

Шоири хушбаёну маъруфи мо Гулрухсор чунин фикреро иброз дошта, ки Сайдар бо ҳикояҳояш таҳкияи хоси деҳот, усули нақли мардумиро ба насри ворид сохт. Ба қавли Салими Аюбзод: «Забони достонҳои Сайдар хонандаро шефти худ мекард. Ин забони наср набуд, балки шеъре буд, ки бо раҳоӣ аз вазну қофия ба дашти пур аз лола мемонад ва ё ба осмони кабуди пур аз паррандагони гуногун». Инак, Фаромарз (аз ҳикояи «Заёми зиёдатӣ») баъди аз маҳбас озод шудан изҳор доштааст:

«Ташаккур ба ту борон, оби раҳмат афшондӣ ба сарҳо, баҳангом боридӣ. Тоза кардӣ замину осмонро аз чангу ғубор!».

Ӯ ба уфуқ дида дӯхт, абр домани худро аз ҳошияи кӯҳи пешорӯ боло мекашид. Як пораи нилгуни уфуқ чун лавҳи симандуда ҷилва мекард дар назар. «Рӯзи хубе хоҳад шуд, хоса баъди борон…».

Мурғи дилаш дунболи паррандагони ҳаворо гирифт, дар ҳавои аз олудагиҳо пок озод ва сабук болафшонӣ доштанд. Аз гирду атроф хониши хушҳоли паррандагон ба гӯш мерасид. Ӯ нағмаи мурғони озодро бо ҳавасҳои худ ҷӯр ёфт ва дар ҳар кадом бо нигоҳи рамузгирона дида дӯхт: селаи гунҷишкон байни сабзаҳои боронзада ҷастухез доштанд, рӯзӣ меҷустанд. «Бенасиб намонед, ҷонваркон!».

Аз ин матн маълум аст, ки оҳанги махсусе дорад, ки наздик ба сухани мавзун ва бештар баёнгари ҳолти зеҳнӣ мебошад. Бинобар ин, сохтагӣ надорад. Зиёда аз он, он андешаву мушоҳидаҳои Фаромарз аст, ки тоза аз маҳбас озод шудааст ва бинобар ин, муҳиту табиат ҳамин тавр зебо, покиза, серсадо ва бомуҳаббат ба тасвир омадаанд, ки ба рӯҳияи ӯ иртиботи қавӣ дорад.

Ё намунаи зер номи кампири умрдида, ки поёни умрашро интизор аст, чун васият баён шудааст:

«Худо фарзанда насибам накард, қисмати азал ҳамин будааст. Хуб буд ё бад буд, гузашт. Нонама хӯрдаму куртама даридам. Агар таноби умрам канда шавад, обрӯям кунед. Боз фикр накунед, ки кампир молу ҳол надорад. Як сандуқ пур. Бача надорам, духтар надорам, пирмуродам шумоед. Фаромӯш кунӣ, домангират мешавам». Чизи муҳим дар ин ду намуна, ҳамоно сухани ба мавзӯъи тасвир мувофиқ ёфтан ва табииву самимӣ иброз доштани мақсад мебошад. Мисоли дигар аз нақли худи нависанда: «Он ҷо чанд нафар дар даст арраву теша рост истодаанд.

Рост истодаанд дар таги гаҳворае, ки овезон аст, дар шифт. Онҳо бо чеҳраи ғамолуд ба гаҳвораи ларзону овезон нигариста, китф дарҳам мекашиданд. Дар наздашон чанд шохаи навбуридаи сияҳбед бӯи хуш мебаровард.

Омадани Комронро дида, гирди лабонашон хаёле табассумс давид».

Чун нек назар кунем, эҳсос мекунем, ки таҳкия то чи андоза табиӣ, мушаххас ва бо ҷузъиётҳо ғанӣ, ҳамзамон дусвадост. Чунин ривоятгарии пурмаъниро дар насри тоҷикӣ ба нудрат ёфтан мумкин аст. Зиёда аз ин, забони навиштаҳои Сайдар саршор аз ҷузъиёти зинда ва характернок, муколама, такгуфтори дусадоӣ ва сермаъно, таъбирҳои мардумӣ ва шаъру насри классикӣ мебошанд. Ин ҳама тарзи баёни насри вайро муҷаззо гардонидаанд…

Бахши дигари фаъолияти эҷодии Сайдрро таълифи мақолоти илмиву публитистӣ ташкил медиҳанд. Тавассути ин навъ осор дар бораи мавқеи ҷамъиятӣ ва то чӣ ҳад фаъол будани нависанда аз масълаҳое, ки диққати ӯро ҷалб кардаанд, натиҷа гирифтан мумкин аст. Яке аз аввалин навиштаҳои муҳимми Сайдр «Расмулхати бобоӣ – нӯри басри моӣ» мебошад, ки ҳамроҳ бо нависанда ва публитист Адаш Истад таълиф шуда, дар саҳфаҳои рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» (1989) ба чоп расида буд. Муаллифон дар ин мақола аз он сухан гуфтаанд, ки алифбо то кадом дараҷа ба табиати забон иртибот дорад ва фарҳанги зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки бо ҳамин алифбо офарида шудааст, на танҳо дар майдони хат ҳама назокати худро зоҳир мекунад, балки алифбо низ худ чун ниёзи овоии ин забон ба майдон омадааст ва ба алифбои арабии сирф ҳеч иртиботе надошта, алифбои арабиасоси форсӣ мебошад. Маълум, ки ин масъала дар рӯзгори мо низ доғ аст ва чизе муҳим ин аст, ки ба ҳар навъ огоҳ будану донистани онро аз мо тақозо мекунад. Дигар мақолаҳои Сайдар «Хостам дар Эрон гум шавам, аммо чӣ чора бо бахти гумроҳ…» ва «Як шаб дар канори санги мазори Абулқосим Фирдавсӣ дар Тус (нома ба устод Валӣ Самад) мебошанд. Ин ду мақола аз муҳаббат ба кишвари дӯсту ҳамфарҳанг Эрон бахшида шуда, зимнан муаллиф аз таърихи адабиёт, қадамгоҳи бузургони ин кишввр, ҷойгоҳи тоҷикон дар рушди ин фарҳанг ва хоса мақоми бузургмарди адабу фарҳанги форсии тоҷикӣ Абулқосими Фирдавсӣ хеле муфассалу мушаххас сухан ба миён моварад, ки дар ин замина ёдоварии таассуби устоди фақид Валӣ Самад низ дар мавзӯъи мазкур бамавқеъу бамаврид ба назар мерасад. Зимнан, мақолаҳои мазкур дар Эрон таҳти унвони «Хостам дар Эрон гум шавам…» (Теҳрон, 1390) ба чоп расидааст. Сайдар ба тақозои кору фаъолият ва масъулияти инсонӣ ба мавзӯи ҷанги шаҳрвандӣ, муҳоҷират ва ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони тоҷик хеле мақолаҳои хонданӣ ва проблемӣ таълиф кардааст…

Хуллас, Муҳаммадраҳими Сайдар, ба умри кӯтаҳи худ нигоҳ накарда, дар адабиёту рӯзноманигории тоҷикӣ саҳми чашмрас гирифта, чун нависандаи навовар шинохта шудааст, ки сазовор ба ёдоварӣ ва баррасиҳои минбаъдаи густурдаву ҷиддӣ мебошад.

Абдухолиқи НАБАВӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь