Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Хирад зиндаи ҷовидонӣ шинос,
Хирад мояи зиндагони шинос.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров як пешниҳоди олиеро барои ҷомеаи кишвар рӯйи кор оварданд. Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки ба хотири огоҳии бештари мардуми азизамон ва баланд бардоштани рӯҳияи миллии онҳо ҳамосаи бузурги миллии мардуми порситабор, яке аз бузургтарин ҳамосаҳои миллии халқҳои ҷаҳон ва марвориди тамаддуни ҷаҳонӣ – «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, ки “Донои Тӯс” ном мебаранд, нашр ва ба тамоми мардуми Тоҷикистони азиз тақсим карда шавад.
Ин иқдоми роҳбари давлат дар замони имрӯзаи ҷаҳонишавии тамаддунҳо, рушди босуръати нанатехнология, алалхусус, дар саноати телекоммуникатсия, рушди бесобиқаи дастгоҳҳои наворӣ, садо ва симо, тамосҳо тариқи моҳвораҳо ва дигар таҷҳизотҳои соҳаи кайҳонӣ, алоқаву мухобира ва табъу нашри бисёр содакардашудаю осони полиграфӣ иқдоми бениҳоят зарурӣ ва замонист. Бояд гуфт, ки «Шоҳнома»-и Ҳакими Тӯс бузургтарин асари миллии мардуми поризабон ва кулли иронинажодон аст. Ин асар ва моҳияти он барои тамаддуни ҳазор соли охири миллати тоҷик, ҳамчунин таъсири он ба адабиёту фарҳанги кишварҳои дуру наздик ва миллатҳои гуногун он қадар зиёд аст, ки ба андешаи банда агар ба маънои томаш як Академияи «Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» таъсис дода шаваду ба таҳқиқи ин асару инъикоси таърихи тамаддуни башарият дар ин асар ва таъсири он ба ҷаҳони ҳазор соли охир машғул шавад, шояд даҳсолаҳо низ барои омӯзиши пурраи он басандагӣ нахоҳад кард. Моҳияти ин асар, ба андешаи банда, барои миллатҳои ориёӣ ва барои мардуми ҷаҳон басо муҳиму жарф аст. Фикр мекунам, ки дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон чи олиму чи коргару адибу сиёсатмадору мутахассисони соҳаҳои гуногун шояд ҳамарӯза ин асарро ва ё асарҳои дар асоси ин асари безавол иншошударо саҳифагардон кунанд ва дар он ҷо оид ба ин ё он масъала ва ё муаммои сарбаста барои худ дурри мақсуд ҳосил кунанд.
Ба қавли устоди равоншод Худоӣ Шарифзода «Шоҳнома ҳамосаи бузурги як қавм ва рӯзгори таърихии мардуми як кишвар аст» (китоби «Сенздаҳ мақола» чопи Душанбе – 2013).
Оре, суханҳои устоди бузург сад дарсад дурустанд ва ин асар хамоса ва таърихи ифтихорманди қавми ориёӣ ва кишвари Ориён аст! Дар ин асос фикр мекунам, ки бо он вусъату фарохии мавзӯву ҳодисаҳои дохили «Шоҳнома», ин асар на танҳо эпоси миллии мардуми мо, балки ҳамчунин метавон гуфт, ки ба таври нисбӣ эпоси миллии башарият аст (зеро дар ин асар оид ба офариниши ҳаёту тамаддунҳои аҷдодони инсони имрӯза ва кишварҳои дуру наздик низ сухан меравад). Дар ин асар мо метавонем на танҳо ба корномаҳои аҷдодони гузаштаи хеш, ки дар ин ё он ҳақиқатнигорона ба қалам дода шудаанд, балки ба таърихи тамаддунҳо, ҷуғрофиёи олам, ному топонимикаи шаҳру деҳот, кӯҳҳо, рӯду уқёнусу баҳрҳо, номи кишварҳо, халқу миллатҳо, асбобу олоти мардуми қадим, яроқу аслиҳаи ҷангии он давра, сару либоси ҳарбӣ ва омиёна, мавқеъи инсон дар ҷомеъа, нақши зан дар ҷомеа, оила, намудҳои варзиш, лутфу сухан, забоншиносӣ, фарҳанги номҳо, ҷаҳонбинии мардум, меҳру муҳаббати волидайн, ишқу вафои ошиқон, оини ҷавонмардӣ, хиёнат ва рашк, некӣ ва бадӣ, рӯшноӣ ва торикӣ, тарзи зиндагӣ ва урфу одати мардум, ҳаққу ҳуқуқи қишрҳои гуногуни ҷомеа, сарвату дороӣ, пизишкон, дабирон, озодии андеша, динпарастӣ, зебоипарастон, тасвири ҷангалу беша, осмон, эҳсоси ватандӯстӣ, ҳифзу ҳимояи меҳани азиз, шарафу номуси ватандорӣ ва оиладорӣ, тавсифи Яздони пок, сохти давлатдорӣ, нишону парчамдорӣ, гӯштингирӣ, мусиқӣ ва таронасароӣ, ҷашнҳо, оини парчамдорӣ ва нишони гурдон, сохтори артиш, тараннуми ақлу хираду дониш, навҳасароӣ ва дигар масъалаҳои ба ҳаёти инсон вобаста шинос шавем. Ин асари безавол бузургтарин асарест, ки пояҳои забони порсӣ-дарӣ-тоҷикиро (“ҳарчи мегӯӣ, бигӯ” – сухани бомавқеи устод Қаноат) сахттару жарфтар барои тамоми давраҳои баъдина, баъди солҳои беҳуқуқи дар замин кӯфтааст ва дар тамоми дохили он шояд аз чансад калима камтар истилоҳи арабӣ низ пайдо нашавад. Илова бар ин, аз ҳамон миқдор калимаҳо, бархеашон ҳамон калимаҳое ҳастанд, ки дар замони салтанати шоҳони пеш аз замони Сосониён, ки арабҳо ба ҳайси бардаву мустамликаи мо буданд, ба нимҷазираи Арабистон рафта буданд, на чизи дигар. «Шоҳнома» як махзан, як ганҷури забони модарии мост ва инак ин вазифаи ифтихориро 1000 сол боз бомуваффақият иҷро карда меояд.
Қайд бояд намуд, ки «Шоҳнома» бузургтарин махзани таърихии на танҳо миллати мо, балки башарият низ ҳаст. Бузургӣ ва аҳамияти ин асар боз дар он аст, ки он дар асоси сарчашмаҳои пеш аз ҳама насриву назмӣ ва дигар маъхазҳои аз миллатамон хушбахтона дар равоқи таърих (дар кӯҳу ғорҳо, сақфи хонаву оғилхона… пинҳоннамудаи ҷаддаи гузаштаамон) ба ёдгормонда навишта шудааст, ки баъди номардии таърих ва ғасби истилогарони ҳасуд ва зишт, ки бо муҷаррад дидани фарҳангу тамаддуни волои мардуми иронинажод ба сӯзондану нест кардани осори ин фарҳанг ва китобҳои иншонамудаи онҳо, мисли Искандари Мақдунӣ (аҷабам меояд, ки садсолаҳо пас ин шахси ҳасуду оташзани фарҳанги волои миллати мо унвони як «қаҳрамони даврони мо»-ро гирифт ва садсолаҳо адибони мо дар бораи ин шахсияти истилогар достону шеърҳо эҷод мекарданд) даст мезаданд.
Дар як давраи бисёр ҷоҳилияти таърихӣ, ҳатто баъди рӯйи кор омадани дини мубини Ислом, садсолаҳо ба оташзаниву маҳв намудани навиштаҳои назмиву насрӣ ва санъати волои наққошии мо машғул буданд, ки худ ҳазорсолаҳо аз ин атои худовандии ба миллати мо додаи пок бенасиб буданд. Ҳамчунин туркон низ ба оташсӯзии навиштаҳои ниёгони мо машғул буданд. Оқибати чунин оташзаниро мо ба хубӣ аз ахбори Абӯрайҳони Берунӣ, ки дар асари арзишманди худ «Осор-ул-боқия» овардааст, метавонем фаҳмид. Ин бузургмарди миллати иронитабор менависад: «Қутайба ҳар киро, ки хати форсӣ медонист, аз дами теғ гузаронид. Ононеро низ, ки аз ахбороту ин хат хабар доштанду барои худ тадрис мекарданд, қатл намуд. Аз ин рӯ ахбори Хоразм тарзе пӯшида монд, ки баъди Ислом намешавад, ки онро донист. (Аҷабам меояд, ки имрӯзҳо дар замони пешравии босуръати кайҳонӣ як қисм ақлбохтагони манқурти рӯҳонӣ аз душмани миллати мо Қутайба ибни Муслим мехоҳанд қаҳрамон тарошанд. Афсӯс ва ҳайфи инҳо – шарҳи Варқаи Зайниддин).
Бешубҳа «Шоҳнома» бузургтарин манбаи таъриху фарҳангу миллати порситабор ва башарият аст. Замони шӯравӣ ақидае дар байни хосатан олимони ховаршиносу муаррихон роиҷ буд, ки бештари навиштаҳои «Шоҳнома» аз гузаштаҳои асотирии мардуми иронинажод ва дигар халқҳо дарак дода, афсонае беш нестанд. Ин андеша баъдан дар ҳамон давра аз тарафи бисёре аз олимони кишварҳои гуногуни олам, ки ин ҷо овардани номи онҳоро салоҳ намедонем, рад карда шуд, зеро ин асари бузург маводҳои зиёди таърихӣ дорад. Аллома Бобоҷон Ғафуров зимни навиштани асари академии худ «Тоҷикон» дар ҳолати набудани асарҳо, дигар сарчашмаҳои таърихӣ (ашёҳо, тангаҳо…) барои як давраи муайяни таърихӣ ё ҳодисаҳои бавуқуъпайваста ва ҳамчунин барои мустаҳкам намудани хулосаи худ пеш аз ҳама ба манобеъи «Шоҳнома» такя мекунад.
Масалан, вобаста ба низои турк Ҳайтолиён дар Бухоро дар чунин ҳолат барои мустаҳкам намудани андешаи худ ба «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ рӯ меорад:
«Бухоро пур аз гурзу кӯпол буд,
Ки лашкаргоҳи шоҳи Ҳайтол буд.»
Ин ҷо дар такя ба «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ чун манбаи эътимодбахш ба хубӣ муайян мегардад, ки шоҳони сулолаи Ҳайтолиён замоне Бухороро забт намуда буданд. Ё ҳангоми андешаеро овардан оиди Баҳроми Чӯбина, ки оиди ин шахсияти таърихӣ манбаҳои зиёде низ мавҷуданд, устод Бобоҷон Ғафуров ҳатман ба навиштаи «Шоҳнома» такя намуда, андешаи худро нисбати лашкаркаши машҳури Чӯбина қавитар мегардонад.
Бояд гуфт, солҳои пеш ба давраҳои муайян ва дури таърихии миллати мо чуноне ки баён доштем, бархе аз олимон чун замони асотирӣ (афсонавӣ) муносибат мекарданд. Бо гузашти солҳо ва пажӯҳишҳои зиёде имрӯз маълум мегардад, ки ҳамон сулолаҳои Пешдодиён ва Каёниён ягон қиссаҳои асотирӣ набуда, сулолаҳои як давраи муайян ва хело дури таърихии миллати ориёӣ ҳастанд. Хушбахтона, дар ин асос асари хело мондагор ва академии академик Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ бо номи «Давлати Каёниён» соли 2012 дар нашриёти «Эр-Граф» ба табъ расид, ки он як падидаи тозае дар таърихи миллати мо ва доираи муаррихони ҷаҳонӣ андар шинохти таъриху тамаддуни кишвари Тоҷикзамин (хонда шавад Ориёзамин) арзёбӣ мегардад ва аз тарафи доираи пажӯҳишгарони кишварҳои зиёди олам, хосатан, олимони ғарбӣ ин асари мондагори таърихи миллатамон хуш низ қабул гаштааст. Ана дар ҳамин асари бузург доири давраҳои гузаштаи дури миллатамон устод Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ дар бисёр ҳолатҳо ба навиштаҳои безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, ба «Шоҳнома» такя задаву андешаи илмии худро моҳирона ба исбот расонидааст. Масалан, чун сухан аз оташи яздонӣ меравад ва дар адабиёти авастоӣ бо номи Хурдод ёд мешавад, академик Ёқубшоҳ барои тақвияти сухани худ ба гуфтаҳои Ҳаким Фирдавсӣ аз «Шоҳнома» рӯ меоварад:
Чу озар Гуштасп ва чу Хурдод Миҳр,
Фурӯзон чу Баҳрому Аноҳид чеҳр.
ВАРҚАИ ЗАЙНИДДИН