Филм метавонад ба афкори ҷомеа таъсир расонад: ҳам аз ҷиҳати мусбат ва ҳам манфӣ!
Имрӯзҳо мо мебинем, ки таваҷҷӯҳи омма ба навору филму клип бештар асту дӯстдорони зиёд ҳам дорад. Филм метавонад ҷомеаро ба ватандӯстӣ, меҳанпарварӣ, ишқ ба модар, ишқ ба хоки ватану муқадасот, ба ростқавливу шуҷоат ҳидоят кунад. Айни замон филмҳои дохиливу хориҷӣ аудуторияи худро соҳибанд. Филмҳои ҳиндӣ, туркӣ, кореягӣ, эрониву русӣ ва амрикоӣ мавқеияти бештарро дар бозорҳои ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Дар ин миён мардуми мо ҳоло бештар ба филмҳои туркӣ таваҷӯҳи зиёдтар доранд. Чаро туркӣ? Ба назари ман, барои он ки ҳоло филмҳои туркӣ тавонистаанд, тамошобинонро ба ватандӯстиву меҳанпарвари ҳидоят кунанд. Дар ин маврид ҳунарпешаи театру синамо Мавлона Наҷмуддинова мегӯяд:
– Ҳисси ватандустии туркҳо дар филмҳояшон баръало нишон дода мешавад, кош ин ватандӯстӣ дар мардуми мо ҳам дида мешуд. Ман ҳамчун тамошобин албатта филми туркиро дида, ҳисси ватандӯстиам, меҳр ба наздикон ба дӯстонам зиёдтар мешавад. Фикр мекунам, ҳама чиз аз мафкураву шуури одамизод вобаста аст.
Айни замон дар аксар хонаводаҳои тоҷик филми туркӣ аз телевизион ва DVD зиёд нишон дода мешавад. Занҳо бештар таваҷчӯҳ ба сериёлҳои туркӣ доранду мардон ҳам ба тамошо пардохтаанд.
Дар аксар хонавода дӯстдоштатарин шабакаҳои телевизионии Gem ТВ аст. Каналҳои Gem бо забони форсӣ филмҳои туркиро намоиш медиҳанд ва тавонистаанд, ба ин васила таваҷҷуҳи одамонро ҷалб намуда, хонаводаҳоро дар соатҳои муайян дар назди оинаи нилгун ҷамъ оранд. Инчунин, мо ҳам ба тарҷумаи филмҳои хориҷӣ машғулем ва ҳар ҳафта як серёли ҷадид бо забони тоҷикӣ дастраси мардум мегардад.
Дар ин масъала одамон андешаҳои гуногун доранду бархе дар он назаранд, ки филми хориҷӣ, аз ҷумла туркӣ ба фарҳанги мо – тоҷикон таъсири манфӣ мерасонад. Бархеи дигар бар он назаранд, ки филм тарбиятгар аст. Чи гунае, ки Зулфия Содиқова мегӯяд:
– Филми туркӣ ягон таъсири бад ба ҷомеа намерасонад. Ман то ҳол надидаам, хеҷ хатареро дар филми туркӣ.
Ҳунарманди тоҷик Моҳпайкар Ёрова бошад, мегӯяд, ки ки то ҳозир дар ягон филми туркие, ки худи ман овоз медиҳам, сюжети манфиро надидаам.
Инчунин Зарина Бадалова низ бар ин назар аст, ки: Филм ҳамон замон таъсири манфӣ мерасонад, ки агар дар он саҳнаҳои фаҳш, куштор мавҷуд бошад, аммо имрӯз филмҳои туркие, ки мо садогузорӣ мекунем, хушбахтона, ҳамин ҷиҳатро ба назар гирифта, кам андар кам чунин филмҳоро пешкаши тамошобин мекунанд.
Ҷойгоҳ ва мазмуни филмҳо
Агар ба суҳбати занҳо таваҷҷуҳ намоем, аксар вақт дар байни эшон сухан аз боби филмҳои хориҷӣ меравад. Шабакаҳои хориҷӣ шабакаҳои дохилиро пахш кардаанд. Ҳоло кам андар кам касон шабакаҳои дохилиро тамошо мекунанд. Ин аст, ки бе шакк, бозори дохилии кишварро филмҳои хориҷӣ фатҳ сохтааст. Пас, оё талош барои пайдо намудани мавқеъи филми тоҷикӣ боқӣ мемонда бошад?
Чӣ гунае, ки яке аз тамошобинон ва дӯстдорони филмҳои туркӣ Маҷидова Мафтуна мегӯяд:
– Филмҳои туркӣ зӯранд. Маънои бузург доранд. Метавонанд диққати моро ҷалб кунанд. Чӣ, магар аз тамошои барномаҳои беҳуда филми туркӣ хуб нест? Он ҳаётӣ аст. Одам гумон мекунад, худаш онҷо дар нақш бошад. Ман кинои туркиро бештар тамошо мекунам. Филмҳои моро агар аввалаша бубинӣ, охираш бо чӣ меанҷомад, пешакӣ маълум, аммо туркӣ не!
Инчунин, бештари мардуми наздик ба сарҳад бо кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон шабакаҳои ӯзбекиро мебинанд, ки ин омил низ ба фазои иттилоотӣ ва низ интихоби филмҳо бе таъсир нест албатта.
Бархе соҳибназарон бар ин андешаанд, ки филм дар баробари таъсири хуб доштанаш, ҳамчунин таъсири манфӣ низ зиёд дорад. Филми дорои сюжети баддошта афкори ҷомеаро иваз метавонад кунад, ва низ метавонад сабабгори содиршавии ҷиноятҳо гардад.
Ҳарчанд дар ин масъала афроде низ бар назари худанд, ки филмҳои хориҷӣ таъсири манфӣ надоранд, аммо ҳар масъала ду тараф дорад. Бештар тақлид кардан пайдо мешавад дар байни ҷомеа. Як филме рӯи кор меояд ва зуд бозори моро маҳсулотҳои дигар давлат, ки дар филм ҳастанду қаҳрамонҳо истифода мебаранд, пур мегардад. Писарбачаҳо зуд ба як дигар образ меофаранд. Ва аҷибаш, ин аст, ки баъд аз дубляжи филмҳои хориҷӣ калимаҳоеро меомӯзанд, ки шояд то ҳол дар талаффузу шунидани онҳо ҳайрон мемонед. Аз қабили ибораҳои “Очаи гулӣ”, “Хари бадай”, “тайлоқ”…
Барои санҷиш як қисми филми туркиро, ки имрӯз тамошобини зиёд дорад, аз образи Шавкати Мурғпарвар гирифтем, то бисанҷем, чӣ андоза суханони тумтароқу кӯчабозорӣ истифода мешаванд ва аз ҷиҳати мантиқ ва фаҳму идрок чӣ ҷойгоҳе доранд? Дар қисми 89-ум, дар дақиқаи 26: 06-ум сонияи филми мазкур як қаҳрамони ин филм, ки Исмоил ном дорад, дар тарҷумаи тоҷикӣ чунин мегӯяд “Ту ин қадар рамантик ҳастӣ, Турдигул, мисли филми ҳиндӣ.
Инчунин дар дақиқаи 34:50 падари Турдигул Бозқӣ мегӯяд.
“Ҷигарашро чунон меканам, ки аз лубой ҷош овоз мебарояд”. Шавкат бошад, дар давоми гапи Бозқӣ чунин мегӯяд: “Шумо метавонед акаи Бозқӣ. Шумо навозандаи моҳиред, акаи Бозқӣ аз лубой ҷойи Исмоил лубой хел овоз мебароред…”
Ин то куҷо дуруст, ахлоқӣ ва мантиқ дорад, акнун худ қазоват кунед. Ҳол он ки чунин ҷумлабандиҳои ғайриахлоқӣ дар ин гуна тарҷумаҳои кӯчабоғӣ хеле зиёданд, ки нафратоваранд… Ба ин нигоҳ накарда, мо мекӯшем, ки чунин музахрафотро дар зеҳни бинандаи тоҷик ҷой кунем…
Таъсири филмҳо хориҷӣ ба кӯдакон
Чӣ гуна ва чаро филмҳо метавонанд сабаби сар задани ҷиноят бошанд? Дар филмҳо чӣ гуна истифода бурдани аслиҳаи корд, буғӣ кардан ва ғайра шаффофу чашмрас нишон дода шудаанд, ки ин албатта, ба зеҳни нозуки кғдакону наврасон ва ҷавонон бе таъсир буда наметавонад. Кӯдакон, табиист, ки дар симои қаҳрамони ин гуна филмҳо идеали худро мебинанду мехоҳанд чун ӯ ғаддор, бераҳм ва ба қавле “ҷасуру нотарс” бошанд. Қаҳрамонҳо вазифаашон бар неруи бадӣ ғолиб омадан аст, барои ғолиб омадан бояд касе аз пеши роҳ баромад, ё нобуд кунанд ё азоб бидиҳанд, то гуноҳашро ба гардан гирад. Дар ин бора равоншинос Марям Давлатова чунин иброз дошт:
– Аслан ҳангоми тамошои телевизионв волидон бояд муқаррар кунанд, ки кадом барнома барои кист. Барномаҳо оид ба ҷиноят, аз қабили барномаҳои барои кӯдак мамнуъ мебошанд. Зеро ин саҳнаҳо, ки барои калонсолон ҳам изтиробангезанд, барои кӯдакону наврасон хеле зарарноканд. Онҳо азбаски ҳам садову ҳам симо доранд, дар замири кӯдак нақш мебанданд. Онки мушкилот хоҳад буд, баҳс нест. Шакли он аз табиату синни кӯдак вобаста аст..
Филмҳо асосан вобаста ба синну сол ва аудиторияи худ рӯйи кор меоянд. Аммо афроде инро ба назар нагирифта, дар назди кӯдак филмҳоеро, ки зери муҳри “Ба кӯдакон тавсия дода намешавад” ҳастанд, тамошо мекунанд ё намоиш медиҳанд. Алалхусус волидайн. Волидайн кӯдаки худро тарбия мекунад ва сарзаниш мекунад, ки моли касеро надузд ва ё ба касе зарар нарасон. Худ дар хона нишаста, дар назди кӯдакаш филмҳое тамошо мекунад, ки дар ӯ дуздиву ғоратгарӣ ва нобудсозӣ мавҷуд аст, ва албатта, хоҳ нохоҳ кӯдакро чашмаш ба он ҳолатҳо меафтад ва дар зеҳнаш нақш мебандад. Ин аз нофаҳмии мост, ки дар назди кӯдак филмҳои ҷиноӣ тамошо мекунем. Ба таври соддаву фаҳмо оташ задани хонаҳо ва бо чи тарз рабудани молу мулки дигаронро дар филмҳо намоиш медиҳанду бехабар аз таъсири он мемонем.
Ҳолати куштор ҳатто дар кино ба равонҳо таъсири бад мерасонад. Чӣ расад аз воқеият. Он тарафаш аз тинати инсон вобаста аст, нафрат пайдо мекунад, ё рағбат, – мегӯяд Марям Давлатова
Кӯдакон ҳар он чизе, ки мебинанд ё мешунаванд, зуд дар зеҳнашон нақш мебандад. Ва мо шоҳид мешавем, ки як ноболиғ ба дуздӣ даст задааст ё як ноболиғ ҷинояти вазнин содир кардаанд. Новобаста аз синну сол ба ақидаву андешаи бузургон таъсирҳои зиёд мерасонад. Аслан иштибоҳот аз тарбия аст ва муайян насохтани муҳити кӯдак аст. Модар бо падар дар назди кӯдак даъво мекунад ва ин дар хотироти кӯдак нақш мебандад ва инро боз аз оинаи нилгун дида муҳиташонро иваз мекунанд. Ин шояд хандаовар битобад, аммо ҳар чизи бузург аз кӯчак сар мезанад.
Маблағ – роҳи ҳалли мушкил?
Чӣ боис шудааст, ки мо худ силсилафилмҳо намеофарем, то диққати мардумро ҷалб кунад. Замоне буд, ки барои филми тоҷикӣ мардум интизорӣ мекашиданд. Мисоли рӯшанаш силсилафилмҳои “Дар орзуи падар” ва “Беҳуда хорам мекунӣ” буданд, ки тамошобини зиёд доштанд. Ҳоло чӣ зарурат пеш омадааст, ки дигар корамон ба дубляжи филми хориҷӣ мондааст ва филмҳои хубро худамон рӯи кор оварда наметавонем?
Дар ин маврид Зулфия Содиқова бар чунин назар аст:
– Якум, дубляж – ин як манбаи даромад ба ҳунармандон аст. Дуюм, агар мо худамон филм надошта бошем, ҳунарманд чӣ кор кунад?
Моҳпайкар Ёрова низ ба ин назар аст ки: “Дубляж ҳам як даромади иловагӣ барои мо ҳунармандон аст”.
Мавлона Наҷмуддинова низ мегӯяд:
– Барои дубляжи филмҳои хориҷӣ нисбат ба филмҳои тоҷикӣ зиёд ҳақ дода мешавад.
Инчунин, Зарина Бадалова мегӯяд, ки барои силсилафилм гирифтан маблағ лозим. Коргардонҳои хуб дорем, ҳатто филмноманавис дорем, аммо маблағ не…
Маълум мегардад, касодӣ ва камбуди маблағ таъсирашро дар ҳама ҷабҳа расондааст аз ҷумла ба соҳаи синамову филмофарӣ. Модоме филмноманависони хуб дорем, ҳунармандони боистеъдод ҳастанд, коргардон ҳаст, аммо ин танҳо маблағ аст, ки садди роҳи саноати синамои ватанӣ мешавад?
Бояд имкон пайдо кард, то филми тоҷикӣ ҳам ҷойгоҳ пайдо карда тавонад. Барои ин сармоягузорони хуб лозим. Ба қавле, агар пул бошад, дар ҷангал шӯрбо!!
Шаҳзод Зафарҷон,
МТЖТ