Фарҳангу ҳунар оинаи рӯнамо ва инъикоскунандаи тамаддуну маданияти ҳар як давлату миллат мебошанд. Аз ин рӯ, ҳар як давлату миллат фарҳангу ҳунари ба худаш хосро дорост. Таърих гувоҳ аст, ки  давлату миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби фарҳангу ҳунари воло буда, дар ҷаҳон ҳамчун давлати тамаддунофар шинохта шудааст.

Вале бо камоли таассуф метавон иброз намуд, ки авқоти охир фарҳангу ҳунари тоҷиконро костагӣ саросар фарогир шудаистодааст. Мисол: дар санъати шеъру сурудхонӣ, театр ва филми имрӯзаи тоҷик бемаъногиву бемазмунӣ, ки аз доираи одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ берун аст, зиёд ба чашм мерасад. Мусаббиби ҳамаи инҳо зиёд шудани шоирону сарояндаҳо ва актёрҳои кӯчагӣ аст, ба ибораи дигар баён намоем, яъне кадом нафаре ки имрӯз хоҳад, новобаста аз он ки вай истеъдоди баланди касбӣ дорад ё не, шоиру сарояндаву актёр шуда истодааст ва чизҳое, ки эҷод менамояд, маънову мазмун надорад. Чизи аз ҳама таассуфовар ин аст, ки аксарияти мардуми мо низ ба ин чизҳои бемаъно таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд ва зиёд нафароне ёфт мешаванд, ки тарафдори ингуна санъатҳои фач ҳастанд. Акнун ба таври муфассал, бо якчанд мисол ба гуфтаҳои боло рӯшанӣ меандозем:

-Имрӯзҳо агар дар назди баъзе ҷавонону наврасон сурудҳои сарояндагони солҳои қаблро, ки моли шоирони классикон, ба амсоли Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлоно, Ҷомӣ, Аттор ва дигару дигар бузургон, ки ашъорашон дорои маънову муҳтавои баланд мебошанд, дар наздашон гузорем, одамро ба тамасхур мегиранд, ки ҳамин ҳам суруд шуд, ки ту гуш менамоӣ, аз ҷумла, банда борҳо ба ин баҳсҳо мувоҷеҳ шудаам. Падидаи наве, ки дар санъати мусиқии мо ривоҷ ёфта истодааст ин жанри  “Реп” мебошад, ки зиёдтар дар байни ҷавонон маъмулу машҳур аст ва таваҷҷуҳи насли имрӯзаи ҷавонону наврасони моро ба худаш ҷалб кардааст. Баъзе ашхос зидди ин навъи суруданд ва онро пӯчу бемаънӣ меҳисобанд, аммо ба андешаи банда ин тавр нест, зеро репҳое ҳам ҳастанд, ки хусусияти ахлоқӣ доранд ва доираи мавзӯҳояшон дар бораи падар, модар, ватан, зиндагӣ ва дарду ғам ва дигар мавзуҳои иҷтимоӣ мебошанд. Аслан, новобаста аз кадом анвои суруд будан, муҳим моҳияту мафҳуми хуби он мебошад.

– Нуктаи дигаре, ки ҳаст аз рӯйи мушоҳидаҳо маълум шудааст, мисол меорем дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан дар шабакаи иҷтимоии “YOUTUBE” наворе, ки хусусияти ҳарзагиву бемазмуниву муҳтавоиро дар бар мегирад ва ҷанбаҳои одобу ахлоқӣ надораду аз тарафи актёр-блоггерҳои кӯчагӣ пахш карда мешавад, миллионҳо тамошобин мегирад ва наворҳое, ки ҷанбаи илмиву ахлоқиро доро мебошанд ва барои маънавиёти инсон метавонанд саҳми босазоеро гузошта бошанд, тамошобинонашон хело кам мебошанд. Ин ки чаро дар фикру ҳуши мардуми мо чизҳои беҳудаву бемуҳтаво ҷойгузини чизҳои пурмазмуну пурмуҳтаво, ки дорои паҳлуҳои илмиву ахлоқӣ шудааст, чун муаммо боқӣ мемонад.

Мо миллати куҳанбунёди тоҷикро дар саросари ҷаҳон бо фарҳангу санъату маданияти баланд доштанамон ҳамчун давлати соҳибтамаддун мешиносанд.

Васати ин баҳсҳо мо наметавонем, ки дар чеҳраи чунин ашхос, ки фарҳангу санъати миллати моро нобуд кардаистодаанд, ҳамаро дар назар дошта бошем, зеро зиёд пайдо мешаванд ашхоси бо нангу номусе, ки ба арзишҳои миллии мо эҳтиром қоиланд ва то имрӯз симои тоҷиконаи худро аз даст надодаанд. Аз ин лиҳоз, дар перомуни ин масоил каломҳои зиёде ногуфта мондаанд, аммо ба таври бояду шояд ҳар касе, ки дар вуҷудаш заррае аз ғурури миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ боқӣ монда бошад, барои болобурд ва густариши фарҳангу санъат ва симои зебои тоҷикона саҳмгузор бошанд.

Муҳаммад СУБҲОНЗОДА,

донишҷӯи курси 1-уми ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь