Бояд ҷиҳатҳои мусбиву манфии худро нахуст чун марди ҳақиқатҷӯву ҳақиқатнигор иброз дорам: Бачаи шаҳриам. Нисбат ба деҳотиён чандон шармгину хоксор нестам. Ҳатто мешавад гӯям, ки фарҳанги мухталифи шаҳрӣ бо тамоми ҷузъиёташ, бо покию нопокиаш, моли ман аст. Ғурури беҳисоб дорам.

Вале агар ногаҳон навое, таронае ё қиссае аз моли деҳот ба гӯшам расад, ғурури шаҳриам мисли яхпора об мешавад. Шаҳригиамро фаромӯш мекунам.  Шеваи деҳотӣ, новобаста аз он ки моли ватан аст, ё берун аз он, диламро мерабояд. Хоҳ гурҷӣ аст ё украинӣ, хоҳ норвеҷӣ аст ё зангӣ, мафтун мекунад ва вуҷудамро аз тамоми гуноҳҳои содиркадаам пок менамояд. Дилу ҳушам кушода мешавад, аз қабули дунёи ноб. Мегӯӣ дубора тавлид мешавам. Аз шунидани чунин шеваи оламафрӯз дилам гум мезанад, беихтиёр аз дидаам ашк меравад. Гӯё фариштаи зебоиро дидаам. Бо Бедил мувофиқам, ки мегӯяд:

Бедил, ҳуҷуми гиряи моро сабаб мапурс,

Бемақсад аст кӯшиши ашки равони мо.

Ин чиз махусусан, вуҷудамро об мекунад, бештар агар дар шеваи аслии ватанӣ ғӯта занам. Фарқ надорад, аз кадом музофот аст ин шева. Хоҳ фалғарӣ аст ё ҳисорӣ, хоҳ суғдӣ аст ё хатлонӣ, хоҳ яғнобӣ аст ё язғуломӣ ва ё бадахшӣ…

Имрӯз ба муносибати 120-сологии Ғуломалиев Ғуломҳайдар сухан аз Бадахшон аст. Мегӯӣ, ки Парвардигор вақти тавлиди ин қавм аз пешонаи вай бӯсида. Хурду калони ин мавзеъ, новобаста аз кору кирдор ин қадар баистеъдод ҳастанд, ки касро дар ҳайрат мегузорад. Хусусан, дар рақсу навояш, таронасароияш тамоми шодиву сурур ва ғаму андӯҳи рӯзгораш инъикос ёфта. Аз базми фалакчархон шурӯъ карда, то ба манзили охират бурдани азизу пораи дил – ҳама бо санъату навои малакутӣ  баррасӣ мегардад. Ва вақти бурдани тобут аз сари кӯҳи сар ба фалаккашда, ба сари кӯҳи дигар, гумон мекунӣ, ки фавтидаро мадум ба осмон бурда истодаанд…

Дар вуҷуди ҳунари ин мардум рамзу аломат бисёр аст.

Устод Давлат Худоназаров дар мақолаи хеш, ки «Иванов: Я пришел сюда первый, и этот Памир мой» ном дошту дар асоси мақолаи Дмитрий Иванов, ки онро дар маҷаллаи «Вестник Европы», № 6 –7, 1885 чоп карда буд, чунин сатрҳоро мехонем. Номбурда ду тоифаи тоҷиконро, ки яке дар минтақаҳои ҳамворзамин ва дигарӣ дар кӯҳистон умр ба сар мебурданд, хеле ҷолиб мушоҳида кадааст. «Вай (яъне кӯҳистонӣ – С.Р.) динашро ба кӯҳстон овард, зани рӯкушодашро эҳтиром гузошт. Дар кӯҳсор ба сурудани таронаҳои рӯҳониаш шурӯъ кард, бо шеваи хос гуфторашро идома дод.

Дигар бародарони тоҷикаш, ки дар водиҳои бою ҳамворзамин зиндагӣ мекарданд, пеш аз ҳама дини худашонро қурбон карда, ба парастории дини ислом рӯ оварданд. Ин гузариш фавран аз онҳо талаб мекард, ки ҳараме бунёд намоянд, ки занон маҳдуду ҷудо аз мардҳо бошанд, фаранҷӣ бар сар гиранд. Тамоми сохтори ҳаёти оилавии ҳамворзаминон тағйир ёфт. Аз бисёр ҷиҳат низ зиндагиашон зери танзими якранги шариат қарор гирифт. Тоҷики водинишин оҳиста-оҳиста калимаҳои ба ӯ бегонаро ба таркиби луғавии худ ворид кард, расму оин ва фарҳанги бегонаро азхуд кард… Агар тоҷикро аз марказ то канор, аз марзи Бадахшон тавассути Дарвоз, Қаротегин то Бухоро пайравӣ намоем, тадриҷан гузариши мардумро аз як этиқоду фарҳанг ба этиқоду фарҳанги дигар мушоҳида хоҳем кард…”.

Хонаи кӯҳистонӣ ҳам ба хислати ӯ ва ҳам ба иқлими ҷои зист комилан мувофиқ буд. Пеш аз ҳама, ин мазил барои дар як фазои хурду бароҳат ва гарм ҷойгир кардани тамоми хонавода ва ҳама гуна ҳайвоноти майдаи хонагӣ, аз ҷумла бузғолаю баррача ва ҳатто гӯсолаҳоро мутобиқ намуд. Ин ҳама, азбаски хаво қариб иоли дароз сардбуд, зери як бом фаро гирифт. Яъне кулли чизу чора, молу амвол ҷойгир шуд. – Ҳамин тавр «Чид» – (мазили зист – С.Р.) ба вуҷуд омад.

Дар ин лаҳн – яъне лаҳни некӯ, лабрези меҳру муҳаббат ба ин сарзамин, анъанаҳои он, нисбат ба одамоне, ки онро «Бадахшон» меномид, омехта шудаанд. Ва нуқтаи назари Д. Иванова на танҳо як вожаи пажӯҳишӣ (вагарна ин дилгиркунанда ва бетараф мебуд), балки бо табъи шоирона дар бораи воқеияти рӯзгори тоҷики кӯҳистонӣ гузориш медод. Вай саъй мекард, ки дар ин рӯзгор зебоӣ ва маънавиятро пайдо кунад. Иванов дар муқоиса бо олими муқаррарӣ ба ин падида нозуктар ва бойтар нигоҳ мекард. Дмитрий Львович нисбат ба тоҷикони кӯҳистонӣ дар асри авохири асри ХІХ бо тамоми майл ҳамдилӣ ва эҳтиром зоҳир намуд…

Бояд гуфт, ки имрӯз низ дар аввали асри ХХІ ҳаёти мардуми одӣ чандон тағйир наёфта аст. Ба омӯхтани донистани ин зиндагӣ мепардозем.

Моҳҷон Назардодова аз Рӯшон дар сабти Ютуб ғазали Зебунисоро бо шеваи хоси худ, бо овози хастаи пирона иҷро мекунад: «Ай меравам-е, имшаб туро бедор хоҳам карду рафт». Ё устод Ҳайдармамад Тавакалов тавассути Ютуб ба мо “Фалсафаи рубоб”-ро барои мо қисса мекунад. “Рубобро” не, балкм “рабоб”-ро. Раб (аз арабӣ номи Худо) ва боб (дари даромаду баромад). Ё дуредгари одӣ Ҷонбоз вақте ки рабобро ба даст мегирад, мӯъҷизаро дилат интизор мешавад. Ҷонатро ба бозӣ медарорад. Ё Султомаҳмуд «Деҳқонома» мегӯяд ё бо шогирдонаш «Дафсоз»-ро тӯлонӣ зам-зама мекунад. “Даври Орифин”-ро Акназар, Олуча, Мутриб, Чобир “Маддохонӣ” мекунанд. Ё ба хотират аз филми Сафари Ҳақдод “Носири Хисрав” мадҳияхонӣ дар маросими «Чароғрӯшан» меояд. Ва ҳам намоз. Намозе, ки ботинӣ мегузорӣ, машҳур аст. Намозе ки бо забони ноби форсӣ гузошта мешавад.

Таронаҳои Муборакшо бо навои нозанинаш маро хоҳ нохоҳ ҳамсадо мекард. Аз шунидани ӯ дар ҳолати такрор ба такрор кас хаста намешавад. Ё Нобовар суруди «Бачагиям бекасу таҳо гузашт»-ро дар матни устод Лоиқ бо шеваи хуши бадахшӣ бораям бачагии маро қисса мекунад … «Лалаик», «Драгилик» – ин ҳама ҷаҳони ман аст.

Далер Назаров кайҳост, ки бо суруду навоҳояш ҷаҳонро тасхир кардааст. Ё ситори Иқбол бо садо доданаш дар кадри ҳар филми тоза садои чашмаву табиатро мекунад, дилҳои хаставу холиро шодоб мекунад.

Ман ифтихор дорам, ки ҳарчанд бачаи шаҳриям, ҳама чизҳои дар боло ишора карда ё ишора накардаам, моли ҷаҳони ман аст…

***

Мушоҳида кардаам, ки бештари филмҳое,  ки ба Бадахшон бахшида шудааст, хоҳ мустанад бошад, хоҳ достонӣ, самимӣ ва ҷолиб ба чашм мерасанд.

Ба ёдам филми «Субҳи нахусти ҷавонӣ» меояд.

Пеш аз филми «Субҳи нахусти ҷавонӣ» филми Марат Орифов “Ниссо” (соли 1965), ки онро низ аз рӯи романи П. Лукнитский гирифта буданд, вуҷуд дошт. Асари мазкур – Дипломи «беҳтарин оғози фаъолият дар синамо»-ро аз фестивали кинематографистони Осиёи Миёна ва Қазоқистонро дар Ишқобод (1966) соҳиб шуда буд. Филм сиёҳу сафед аст. Дар он кӯчаҳои тангу сарди Бадахшон ба хотир меоянд. Маҳз дар чунин фазо қиссаи Ниссои бетақдир дар сабки хеле шиддатноки низоъҳо, дар сабки “истерн” тасвир ёфта буд.

Филми «Субҳи нахусти ҷавонӣ» бошад дар се бахши ранга ва бо руҳияи тамоман дигар таҷассум ёфтааст.

Азбаски Давлатназар Худоназаров худаш зодаи Бадахшон буд, нигоҳи вай ба ин замину фазо дар рӯҳияву сабки куллан дигар тасвир гардид.

Тавре ки медонем, синамо (ба монанди телевизион, фотография, интернет, синамои рақамӣ ва монанди инҳо) аслан маҷмӯи таҷҳизот ва технологияи мушаххас аст. Чунин ба назар мерасад, ки ин ҳама дар аввал ба фарҳангу маънавиёт ҳеч иртиботи мустақим надоранд.

Азбаски сухан дар бораи филм меравад, мо ин масъаларо дар робита ба ин намуди санъат баррасӣ карданием. Махсусан, ин техника ва технология дар синамо ҳамчун транслятори бетараф истифода мешуду бас. Ба ин навъи истифодабарӣ хроникаи кинои солҳои аввали кинои тоҷик мисоли равшан шуда метавонад. Бештар кинооператорони ғайри тоҷик тарзи ҳаёти мардуми маҳалро бетарафона рӯи навор меоварданд. Техникаву технология воситаҳои муқаррарии сабт ва пахши маҳсулоти тайёри аудиовизуалро ба амал меоварданд. Вазифаи эҷодгарони синамову дигар ҳунарҳое ин технологияро мавриди истифода қарор медоданд, мебояд, ки онро ба воситаи маҳз ҳунарӣ табдил дода, барои эҷодии тамсилу рамзи бадеӣ истифода мебуранд. Вобаста бо мурури замон ин дастгоҳҳо такмил меёфтанд.

Технологиям нав ва техникаи нав ба вуҷуд меомад. Ва масъулини синамо ин воситаҳои техникиву технологияи муҷаррадро ҳар кадом мувофиқи тавони хеш ба воситаҳои нави бадеӣ, эстетикӣ табдил медоданд. Имкониятҳои нави консептуалӣ, ки бо чунин табаддулоти технология алоқаманданд, буданд, ба вуҷуд омаданд. Ҳамаи инро навоварони синамо азхуд карда, ба тавону истеъдод ва ҳувияти миллӣ ҷорӣ менамуданд. Дар раванди ин амал бо синтези (баҳамоии) хосиятҳои фарҳанги миллӣ бо таҷрибаи ҷаҳонӣ анҷом дода мешуд. Дар баробари ин, ба ҳар як муаллиф лозим меомад, ки алоҳида забони хоси синамоии худро ба роҳ андозад.

Барои ҳар як муаллифи асили баистеъдод муҳим буд, ки на танҳо асосҳои ҷорӣ кардани технологияи киноро дар фарҳанги миллӣ, яъне монтажи равон ва “шикаста” (линейный и нелинейный монтаж), истифодаи рӯшноӣ ва ранг, ракурси дастгоҳи филмбардор мутобиқ ба бозии актёр, ҳалли пластика умумии асар ва садои филм мувофиқи драматургияи он, линзаҳои филмбардор ва ғайраро пешниҳод кунад. Ҳамчунин, дар сатҳи ҷаҳонбинии шахсӣ, субъективӣ, синамогар мебояд бо ин мутобиқи диди хоси худ тасвиру тахаюли олами миллӣ ва ҷаҳонро ба вуҷуд меовард. Зарур буд, ки дар сатҳи консепсияи хоси муаллиф ва дар заминаи тафаккури муосири кинематографӣ, дар заминаи эстетикаи муосири синамо тарзи ҳаёти миллиро на аз берун, балки аз дарун баён намояд.

Ногуфта намонад, ки дар синамо (ва ҳам пайваста дар дигар намудҳои ҳунарҳои ҳаммисл низ инчунин) ҳар эҷодгар ин техникаву технологияро дар фазову сабки эҷодии хеш истифода мекард.

Филмҳои Давлат Худоназаров чӣ достониву чӣ мустад, тамоми воситаҳои техникиро ба воситаҳои олии бадеӣ табдил дода, ба намоиши беҳамтои асарҳои этнографию  шоирона табдил додааст.

Муфассал ба таҳлили «Субҳи нахусти ҷавонӣ» мегузарем.

Филми мазкур 35 мм буда, иборат 3 серия аст. Филми рангаву телевизионӣ мебошад, соли таҳияаш 1979. Филмномаи В. Лукнитский, А. Марямов, таҳиягар Д. Худоназаров, операторон В. Виленский, К. Орозалиев, Д. Худоназаров, С. Ткаченко, рассом Л. Шпонко, бастакор Ф. Баҳор мебошанд. Дар нақшҳои асосӣ: Л. Тайгуншоева, В. Яковенко, С. Бандишоева, Н. Гулмамадов, М. Ҷазариева, Ш. Абдулқайсов, М. Назаршоева, А. Назриев, А. Муҳаммедҷонов, Г. Завқибеков.

Чанде пеш, баъди гузашти зиёда аз 30 сол дубора филми «Субҳи нахусти ҷавонӣ»-ро тамошо кардам. Ва ҳайрон шудам, ки ба ҷуз аз чанд гузориши рӯзноманигорӣ, ки ҳангоми намоиши ин филм хоксорона ва қаторӣ арз шудаанд, ҳеч чизи ҷолибе барои худ наёфтам. Фикр мекунам, киношиносии он давра ва аз ин ҳам бештар фарҳангшиносии он замон аҳамияти баланди ин падидаро на танҳо ҳамчун асари синамо, балки ҳамчун падидаи фарҳангӣ нашинохтанд.

Филм аз руи мавзӯи романи «Ниссо»-и П Лукнитский рӯи навор омадааст. Яъне пайгири ҳарф ба ҳарфи сужаи роман кам мушоҳида мешавад. Ин аст он чизи муҳиме, ки барои ин асар роиҷ.

Филм аз роман мустақилияти нисбӣ дорад. Ин асар гӯё худро ғарқ мекунад ба дунёи бадахшониҳо. Зеро тафсири хатти сюжет ва тобишу задаҳои бадеию эстетикӣ нисбат ба худи роман ба тариқи хости муаллиф тағйир ёфтаанд.

Соли 1919 буд. Инқилоби Октябр дар бештари мавзеи тоҷикистонии Бадахшон садо медод, аммо дар деҳаҳои душворгузаре, ки ба онҳо фиристодагони аввалини револютсия расида наметавонистанд, ҳаёт мисли пештара давом мекард.

Азизхон ном феода-ли маҳаллӣ мушо-ҳида мекунад, ки духтари нозукпай- кар Ниссо ба мода-раш Розиамо, ки вақти зинда будани зани ҷавон дӯсташ медошт, ҳайратовар шабоҳат дошт. Азизхон бидуни их-тиёр ба Ниссо низ ошиқ мешавад. Ниссоро баъди марги нобаҳангому фоҷиавори Розиамо холаи камбағалаш Турамо, ки бо фарзандони дигараш ба хонадони худ қабул карда буд.

Ниссо ҳанӯз ба синни понздаҳ нарасида буд. Аз сабаби натавонистани пардохти қарзи Азизхон бе розигии духтар ӯро ба амволи Азизхон дар деҳаи Яхбар бурданд.

Ниссои тунукаки лоғар ва ҳанӯз дар дар ҷаҳони наврасии хому ваҳшӣ мондаро муносибати бадхоҳонаи калонсолони оилаи Азизхон ба танг меорад. Якравию саркашиҳои Ниссо сарнавишти дигареро нигарон буд. Вай дар он ҷо хомӯшона зиндагӣ мекард, дар вуҷуди худ, аз атрофиёнаш эҳтиёткор буд. Ва бо вуҷуди ин Азизхон нисбат ба вай муносибати нармӣ зоҳир карда, ба ӯ вақт медод, ки ба шароити хонаи хон одат кунад. Аммо рафтору муносибати духтар бетағйир монд. Гузашта аз ин, боре тасодуфан шунид, ки Азизхон ба модараш эътироф мекунад, ки худро дар марги модари Ниссо гунаҳкор медонад. Ин духтарро боз ҳам хашмгинтар, ваҳшитар ва бегонатар мекард. Феодал, ки аз ин гуна рафтор ба хашм меомад. Дере нагузашта, Азизхон маҷбуран расми хостгорӣ ташкил карда, ба ҳайси қасос ӯро завҷа гирифт. Ниссо хору таҳқирёфта худро ба дарёи пурталотуми кӯҳ партофт…

Ҷасади хастаи ӯро ҷараёни об дар наздикии деҳаи кӯҳистони Сиётанг ба соҳил баровард. Ниссои беҳолро сарҳадчии ҷавони Армияи Сурх бо номи Саня, ки сокинон ӯро бо эҳтиром «Доктор Саня» меномиданд, пайдо кард. Дар деҳаи Сиётанг касе Ниссоро нашинохт. Дар аввал вай кӯшиш кард, ки гурезад, вале дере нагузашта нисбат ба худ муносибати некро ҳис карду дар деҳа дар хонаи Бахтиёр ва модари меҳрубони вай монд. Вай ҳатто нисбат ба ҷавони меҳрубон ва хушахлоқ Саня ҳиссиёти гармеро эҳсос  кард. Саня ҳам нисбат ба Ниссо ҳиссиёти ошиқона кард. Аммо ҳамаи ин дар экран ба тариқи синамоӣ, дар нигоҳ, бо рафтору кирдор баён карда мешуд.

Бахтиёр (раиси Совети қишлоқ) ва Саня дар Сиётанг намояндаи Ҳокимияти Советӣ буданд. Онҳо роҳ месохтанд, дар ҷойҳои дастнорас канал мегузарониданд, савдогари афюнро фош мекарданд, ба аҳолии деҳот қонунҳои ҳукумати навро, ки баробарӣ ва адолатро ҷорӣ мекард, таълим медоданд.

Дар ин вақт ҷанг муқобили ҳукумати нав идома дошт. Босмачиён ба ҳукумати шӯравӣ муқобилати сахт нишон дода, таҳдид мекарданд, ки аҳолии осоиштаро, ки бо ҳукумати нав ҳамкорӣ мекарданд, мекушанд. Азизхон табиист, ки дар лагери мухолифони ҳукумати нав буд. Аммо Ниссоро дӯст медошт ва зинда будани ӯро фаҳмида, мехост ӯро ба хонааш баргардонад. Ӯ одамони худро фиристод, то ӯро биёранд. Аммо Ниссо аз баргаштан худдорӣ кард. Бахтиёр ва Саня ба мардуми хон муқобилат нишон доданд. Мардуми деҳа ба хотири риояи урфу одатҳо аз Бахтиёр талаб карданд, ки зани Азизхонро ба хонаи бой баргардонад. Рӯҳони маҳаллӣ Бобокалон, ки дар байни аҳолӣ нуфузи калон дошт, духтарро водор намуд, ки вазъиятро тезу тунд нагардонад, ба сари сокинони осоиштаи деҳа мусибат наоварад. Ва Ниссо бо вуҷуди эҳсосоти дурахшнаш нисбат ба Саня, барои боздоштани ҳуҷуми босмачиён ба Сиётанг ба пешвози Азизхон меравад. Аммо набард бо босмачиён ҳанӯз давом дошт ва одамони зиёде, аз ҷумла, Бахтиёр, Азизхон, сардори босмачиён ва рӯҳонии деҳа Бобокалон кушта шуданд…

Давлат Худоназаров коргардони муваффақи филм аст. Оператори боистеъдод, ки ба режиссёрӣ гузаштааст, Д. Худоназаров дар нахустин филми мустанади худ «Лалаик» (1966) мавзӯи асосии худ – мафтуни Бадахшон буданашро баён намуда, зебоиҳои минтақаи кӯҳистонӣ ва саховати маънавии сокинони онро ба таври шоирона тараннум кардааст. «Субҳи нахусти ҷавонӣ» аз муносибати дилгарми Д.Худоназаров ба зодгоҳаш, расму оинҳои он саршор буд. Маҳз дар ҳамин асар ӯ тавонист нафаси ҳақиқии диёри худ, садои дарёҳои пуртуғёни он, зебоии серҷабҳа ва пеш аз ҳама маънавиёти сокинони онро боз ҳам нозуктар ва пурмазмунтар баён кунад. Ба режиссёри он вақт ҷавон муяссар гардид, ки дар бофтаҳои драмавии асараш намунаҳои нотакрори фолклор, расму оин ва тарзи зиндагии мардуми Бадахшонро ба таври воқеӣ таҳия кунад. Ҳангоми тамошои филм кас чунин таассуроте пайдо мешавад, ки Д. Худоназаров барои таҷассуми воқеаҳои роман шитоб намекунад. Барои режиссёр фаҳмонда додани хусусиятҳои муҳити этнографӣ, ки дар заминаи он воқеаҳои драмавӣ ба амал меоянд, муҳимтар буд.

Ғайр аз ин, ҳар як образи филм ба таври равшану комил пешкаш карда мешавад. Муҳим он аст, ки ин образҳо аз ҳамин фазои этнографӣ, ки барои режиссёр хеле азиз аст, ба воя мерасанд. Ва аз ҳамон рӯй, ҷузъи онро ифода намуда, ба ҳамин замина аҳамият амиқтаре медиҳанд.

Яке аз муваффақиятҳои калони режиссёр, – зуҳуроти образи душмани ашадии ҳукумати советӣ Азизхон буд, ки пеши назари бинанда зинда, бо шакку шубҳа, андешамад, дорои азобу уқубат ва муҳаббат, бо тамоми палитраи одами воқеӣ бо тамоми фикру зикр ва ҳиссиёти ихтилофдораш пайдо мешавад. Симои рӯҳонӣ Бобокалон бо эътиқоди амиқ ба Худо, ки ҳукумати навро напазируфт, аммо ба он муқовимат намекард, сарарзиш буд. Бобокалон доно ва поквиҷдон буд ва бо ҳамин  хислаташ дар байни ҳамдеҳагонаш соҳиби иззату эҳтиром шуда буд. Барои ӯ урфу одат хиради чандинасра муқаддас буд. Вай ба кирдори Бахтиёру Саня, ки дар бораи ободии ҳамдеҳагонашон ғамхорӣ зоҳир мекунанд, бо камоли самимӣ сухан меронд. Аммо ӯ мухолифи озодии зан аз масъулияти анъанавиаш буд. “Фардо кӯдакон бо ақли ноболиғи худ ин озодиро аз бузургсолон, аз волидайни хеш талаб карда метавонанд” мегуфт. Ва ин озодӣ ба чӣ мубаддал мешавад? Вай тарафдори зӯроварӣ набуд. Ҳамчунин, муқобили ашаддии куштор буд. Драматизми ин образ дар он буд, ки фалсафи вай гузаштаи наҷоиберо ифода мекард, ки дар ҳаёти шӯравӣ ҷои худро наёфта буд. Ва аз ин рӯ, ба сӯи дастаи босмачиён рафта, содалавҳона бовар мекард, ки вай метавонад деҳаи худро аз ҳуҷуми босмачиён бозмедорад. Аммо беҳуда. Ӯро босмачиён кушанд…

Образи Ниссо низ ба таври боварибахш пешкаши бинанда шудааст – ваҳшӣ, кунҷӣ, норавшан…

Образҳои Саня, Бахтиёр ва Тоҷир низ шавқовар ва комил ба чашм мерасанд. Ҳамаи онҳо воқеъбинона, оригиналӣ, нотакрор ба назар мерасанд ва дар контури драмавии филм ба таври органикӣ таҳия шудаанд.

Сарфи назар аз тафовути хулқу хӯи ҳар як сокини Сиётанг тамсили зинда ва томи аҳолии деҳаи мазкур ба назар мерасад. Мардони деҳа бо он машҳуранд, ки бидуни он, ки  аз шикорчиёни аъло буданд, ҳеч гоҳ ба муқобили инсон нули милтиқ равон накардаанд. Яъне ин аз инсондӯстдориву инсонпарварии онҳо шаҳодат медод. Аммо дар рафти қиссаи филм, вақте ки босмачиён Бахтиёрро, ҳамдеҳаи онҳоро мепарронанд, онҳо дигаргун мешаванд, онҳо дарк мекунанд, ки маҷбуранд, ки шаъну истиқлолӣ, принсипҳои ахлоқии худро бо силоҳ дифоъ намоянд. Дар ин ҷо вазъияте ба миён меояд, ки тавассути низоъҳои ҳукумати нав анъанаҳои чандинасра вайрон гардида, инсонҳоро маҷбур месозад, ки яроқ ба даст гиранд. Ҷамъияти пеш якпораву яклухт ду пора шуда, аз рӯи гуногунии арзишҳо ва принсипҳои ахлоқӣ ба ҳамдигар муқобил мешаванд…

Тавони таҳягарии Д. Худоназаровро бо садо махсусан қайд кардан мехостам. Садо (аз ҷумла, садои шилдир-шилдири чашма, садои бод, паррандагон, ниҳоят садои мусиқӣ) яке аз ҷузъҳои беназири муваффақияти филм аст. Вай на танҳо ба драматургияи филм ба таври органикӣ ворид шудааст, балки дар асоси таъкиди эстетикӣ, ки дар он шавқу ҳавас ба хосиятҳои этнографии предмети намоиш тобеъ карда шудааст. Садо дар филм материали пурқимате гардадааст, ки доираи тасвири филмро маниҳои пурраи ғанӣ додааст. Ба ғайр аз мусиқии касбии ба таври драматургияи филм сохташуда (асари аълои бастакор Фирӯз Баҳор) дар филм мусиқии мардумӣ ва хореографияи Бадахшон низ тасвир шудаанд. Балки онҳо нисбат ба мусиқии касбӣ бартарӣ доранд. Ин фарҳанги этнографии филмро ғанӣ гардонда, ба он боз ҳам бештар таровати оригиналӣ бахшидааст ва боз ҳам яклухтии филмро таъкид намудааст. Гӯё филм мисли як таронаест аз Бадахшони азиз, ки дар дилу дидаи тамошобин хотирмон мешавад.

Баъди ба нанавор гирифтани асарҳои достонӣ Д. Худоназаров ба эҷоди як силсила филмҳои мустанад оид ба таърихи Тоҷикистон («Тавлид», «Сарчашма», «Лётчик», «Моро ҷавонон роҳбалад буд», «Устод») майл кард. Онҳо ба камол расида, касбӣ ва бо ҳақиқати худ нисбат ба таърихи кишвар ва сарнавишти мардум бинандаро мафтун месозанд.

Касе Давлат Худоназаровро шоир номидааст. Ман фикр мекунам, ки ин дуруст аст. Шумо метавонед тамоми умр шеър нависад ва… шоир нашавед. Наметавонед ҳатто ду мисраъ шеър гӯед, аммо шоир бошед. Барои шоир шудан шеър навиштан шарт нест – шумо метавонед хона созед, замин шудгор намоед, гандум парвариш кунед, филмҳо созед. Шоирӣ дар кору амал, дар дидгоҳи шумо нуҳуфта, дар муҳаббат ба инсон ва арҷ гузоштан ба муқаддасот…

Фикр мекунам, Ғуломалиев Ғуломҳайдар – зодаи Бадахшон – аз ҳамин авлод бошад…

Саъдулло Раҳимов,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь