Ба ҳамагон маълум аст, ки то ташаккулёбии халқи тоҷик дар сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр қавму ақвомҳои гуногуни ориёӣ, аз қабили суғдию бохтарӣ, хоразмиҳою фарғонагиҳо, сакоиҳо ва ғайра сукунат мекарданд. Маҳз дар асоси муттаҳидшавии ҳамин қавмҳои кӯчак ташаккулёбии халқи тоҷик оғоз ёфта, дар се марҳила ба анҷом мерасад. Фарғонагиҳо низ чун ақвоми ориёӣ дар минтақаи водии Фарғона аз қадимулайём маскан ихтиёр намуда, ибтидо ба чорводорӣ ва баъдан, ба кишоварзӣ машғул мешуданд. Ин минтақа, чун яке аз марказҳои ташаккулёбии аввалин тамаддунҳо ҳанӯз аз умқи таърих шӯҳрат дошта, дар асрҳои миёна ба яке аз марказҳои аслии илму фарҳанги халқи тоҷик табдил меёбад ва даҳҳову садҳо нобиғагонро парвардаву ба камол расонида, ба арсаи илм ворид намудааст, ки онон дар муаррифии ин минтақа нақши бориз гузоштаанд. Яке аз ин гуна донишмандони нотакрор, ки аз ин минтақа бурун шуда, номдори олам гаштааст, Абулаббос Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Касири Фарғонӣ мебошад, ки дар илми риёзӣ, нуҷум ва ҷуғрофия беназир буд ва дар Шарқ бо тахаллуси “Ҳосиб” ва дар Ғарб бо номи “Алфраганус” маълуму машҳур будааст.

Абулаббос Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Касири Фарғонӣ яке аз барҷастатарин донишмандони тоҷик маҳсуб меёбад, ки дар Фарғона ба дунё омадааст. Дар бораи соли таваллуд ва вафоти ӯ маълумоти дақиқе мавҷуд нест, вале бинобар қайди номи ӯ дар баъзе аз сарчашмаҳои таърихӣ аксаран соли таваллуди ӯро ба солҳои 797-798 мансуб медонанд. Ӯ маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳи хеш гирифта, тамоми улуми замонашро аз худ намуда, чун донишманди бузург шӯҳрат пайдо мекунад. Халифаи замон Маъмун, ки он вақтҳо дар Марв манзили зист ихтиёр намуда буд, аз донишу заковати Аҳмади Фарғонӣ огоҳ шуда, ӯро ҳамроҳи худ ба Бағдод мебарад.

Бояд қайд намуд, ки дар он давра Бағдод маркази аслии илму маърифат дар кулли сарзамини Хилофат маҳсуб мегашт ва тамоми донишмандону олимон аз гушаҳои дури Хилофат ба онҷо омада, ба ковишҳои илмӣ машғул мешуданд. Аҳмади Фарғонӣ низ чун донишманди бузург дар кори бунёди расадхонаи Бағдод саҳм гузошта, баъдан як қатор дастовардҳои оламшумулро ба даст меорад. Ба қавли муаррихи тоҷик Н. Турсунов: “Комёбиҳои мактаби илмии Бағдод… дар соҳаи астрономия дар нимаи аввали асри IX (маҳз-С.М.) бо фаъолияти ал-Фарғонӣ ба даст омадааст”.

Қайд намудан зарур аст, ки аз сабабе ки таърих ба мо сахт ҷафо карду мо қисми бузурги сарзаминҳои хешро аз даст додем, халқиятҳои дигар талош мекунанд то бузургони моро аз худ намуда, ҳамчун донишманди худ муаррифӣ намоянд. Аз он ҷумла, аз сабабе ки Фарғона имрӯз дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дорад ва Аҳмади Фарғонӣ, ки зодаи онҷост, аксарияти донишмандони миллатчии ӯзбек ин нобиғаи милати тоҷикро ҳамчун донишманди худ муаррифӣ намудаанд. Аз ҷумла, дар Викепидея (донишномаи озод)- ӯзбекӣ ва дар даҳҳо сайтҳои интернеттӣ, аз қабилӣ ziyouz.uz, arboblar.uz, uzbekistan-geneva ва ғайраҳо ин нобиғаи тоҷик ҳамчун бузургтарин донишманди ӯзбек муаррифӣ гаштааст ва дар сайти uzbekistan.travel бошад, навишта шудааст, ки сарзамини ӯзбек ҳамеша бо истеъдодҳои худ машҳур буд. Хушбахтона, 1200 солагии ин донишмандӣ тоҷик соли 1998 аз ҷониби ЮНЕСКО қайд шуда, ҳамзамон дар Фарғона муҷассамаи ӯ гузошта шуд, аммо мутаассифона, на чун тоҷик, балки ҳамчун ӯзбек шиносонида шуд. Ҷойи таассуф ин аст, ки дар аксар китобҳое, ки донишмандони тоҷик доир ба Аҳмади Фарғонӣ иттилооти хурде дода бошанд ҳам, аз тоҷик будани ӯ ном нагирифтаанд. Ҳатто, дар Энсиклопедияи милии тоҷик, ки дар ҷилди 2 (с.161) мухтасар маълумот дода шудааст, аз тоҷик будан ё набудани ӯ ном бурда нашудааст. Ҳамзамон, дар Викепидея (донишномаи озод)-и тоҷикӣ низ доир ба ин чиз ишорае нашудааст. Дар баробари ин, дар чанд китобе, ки махсус ба илми нуҷум бо забони тоҷикӣ бахшида шудааст, дар мавриди ин донишманд анқариб чизе нест. Танҳо, донишманди тоҷик Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ дар китобҳои худ, Ризои Баҳромзод дар мақолаи “Аҳмади Фарғонӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар рушди кайҳоншиносӣ” Мероси ниёгон, №24, 2022 –С.36 ва дар навиштаи чанд тани дигар тоҷик будани ӯ қайд шудааст. Дар воқеъ, шояд аксари донишмандони мо ба тоҷик будани ӯ бовар доранд ва зикри номи тоҷикро пас аз исми ӯ зарур нашумурдаанд, вале мутаасифона аз ин ҳама бетарафии мо истифода бурда, бегонагон онро аз они худ карда, ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда истодаанд.

Бояд зикр намуд, ки дар ҳақиқат фарғонагиҳо яке аз қавмҳои аҷдодони мо маҳсуб ёфта, Фарғона бошад, аз минтақаҳои аслии тоҷикнишин мебошад. Дар асари “Ҳудуд-ул-олам”-и муаллифаш гумном Фарғона чун яке аз ноҳияҳои ободон ва бузург бо неъматҳои бисёр ва шаҳрҳову обҳои равон муаррифӣ шуда, қайд шудааст, ки “онҷо бардаи бисёр афтад турк”, яъне туркон ҳамчун ғулом онҷо бисёр бошанд. Ибни Фақеҳ ва ибни Ҳавқал бошанд, дар асарҳои худ турконро берун аз ҳудуди ин минтақа нишон додаанд. Истахрӣ дар асари худ “Масолику-л-мамолик” аз ҷумлаи беҳтарин мардумон будани мардумони ин минтақаро баён дошта, Закариёи Қазвинӣ ҷуғрофидони машҳури асри XIII бошад, дар асари машҳури худ “Осору-л-билод ва ахбору-л-ибод” аз хушсуратии аҳли ин минтақа хабар додааст. Ҳамзамон, ин донишмандон ва дигар муаррихони асримиёнагӣ аз сирату сурати туркон иттилоъ додаанд, ки аксаран дар ин давра мусалмон набуда, дар ҳолати бодиянишинӣ ва аз илму маърифат дур қарор доштаанд. Мардуми Фарғона бошанд, аз ин сифату хислатҳои туркон тамоман дур буданд. Албатта, дар давраи минбаъда воридшаии туркҳо ба ин минтақа сурат гирифта, ба этногенези мардум бетаъсир намемонад, вале ин раванд асрҳои аср тӯл мекашад ва ба замони ҳаёту фаъолияти Аҳмади Фарғонӣ марбутияте надорад. Ҳамзамон, фарғонагиҳо ҳокимони худро доштанд, ки унвони “ихшид”-ро дошт ва ба забони туркӣ наздикие надорад. Худи Фарғона бошад, мисли дигар шаҳрҳои асримиёнагии тоҷикон сохта шудааст. Дар баробари ин, далели дигари раднопазири таърихӣ ин аст, ки қавми ӯзбек дар охирҳои асри XVI ба сарзамин Осиёи Миёна ҳиҷрат намуда, дар ин минтақа маскан ихтиёр намуданд ва то ин муддат дар ҳолати бодиянишинӣ қарор дошта, аз фарҳангу тамаддун дур буданд. Аҳмади Фарғонӣ бошад, чандин аср қабл аз онҳо умр ба сар бурда, ба онҳо ҳеҷ қаробате надорад. Новобаста аз вуруди бегонагон ба ин минтақа, тибқи иттилоии А. Шишов дар соли 1897 дар вилояти Фарғона 172, 2 ҳазор тоҷик зиндагӣ мекардааст.

Воқеан ҳам, Аҳмади Фарғонӣ аз ҷумлаи бузургтарин донишмандони қуруни вустои форс-тоҷик мебошад, ки бо кору пайкори худ шӯҳрати ҷаҳониро касб намуда, ба қавли Ибни Надим ӯ “мунаҷҷими фозиле буд, ки дар кори худ барҷастагӣ дошт”. Асарҳои машҳури офаридаи ӯ, ки дар илм мақоми хосаро доранд “Китоб фи усул ан-нуҷум”, “Китоб фи санъат ал-устурлоб”, “Ҷадвал ал-Фарғонӣ”, “Ҳисоб ал-ақоли ас-сабъа”, “Китобу-л-амалу-р-рухомот” ва ғайра ба ҳисоб рафта, дар баробари он як қатор асарҳои донишмандони юнониро тарҷума намудааст. Рисолаи “Китоб фи усул ан-нуҷум” “яке аз муҳимтарин асарҳои офаридаи ӯ ба ҳисоб меравад ва дар 30 фасли аввали он муаллиф тамоми маълумоти нуҷумии то замони худро гирд оварда, баъзе аз фикрҳои олимони пешина, аз ҷумла, Птолемейро зери танқид қарор додааст. Рисолаи мазкур ҳанӯз аз асри XII ба забони лотинӣ тарҷума шуда, то асри 16 дар донишгоҳҳои Аврупо ва мадрасаҳои Шарқ ба унвони китоби дарсӣ мавриди истифода буд”. (Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва таърихи астрономияи халқи тоҷик, Абдуллозода Х. Ф., Х. 2005, -С.107).

Аҳмади Фарғонӣ дар асоси мушоҳидаҳои хеш ҳодисаи кусуфи офтобро барои соли 832 пешгӯӣ намуда, куравияти Заминро исбот намуда, бо роҳи риёзӣ дарозтарин ва кӯтоҳтарин рӯзи солро муайян намудааст. Ҳамзамон, ӯ “Миқёси ҷадид” ном асбобе сохта буд, ки онро барои андоза кардани дарёи Нил истифода мекарданд ва он аҳамияти илмии хешро то кунун аз даст надодааст. Воқеан ҳам, тавре ки донишманди тоҷик Нурмуҳаммадӣ Амиршоҳӣ иброз медорад, ӯ “яке аз ифтихороти азими миллати тоҷик” ва аз шоҳсутунҳои улуми ҷаҳонӣ” буда, “мунаҷим, риёзидон ва ҷуғрофидони бузург” ба шумор меравад. Ӯ “аввалин донишманди бузургест, ки ба воситаи ин фанн (риёзӣ-С.М.) натанҳо олами исломро тасхир кард, балки то Аврупо таъсир гузошт ва он ҷо бо номи Алфраганус машҳӯр гашт”. (Ибни Қурбон, Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим, -Д.: 2007, -с.204-205).

Ҳамин тариқ, бояд гуфт, ки дар ҳақиқат Аҳмади Фарғонӣ аз ҷумлаи он донишмандони оламафрӯзи тоҷике мебошад, ки бо кору пайкори худ дар илми ҷаҳонӣ мақому манзалати хосаро касб намудааст. Мансубияти қавмии ин донишманди бузург ба дигар халқиятҳо ҳеч иртиботе надошта, аз ҷумлаи бузургони илму маърифати миллати мо мебошад. Албатта, бо чанд андешаи кутоҳ наметавон кору пайкори ӯро баён дошт, аммо метавон гуфт, ки воқеан ҳам Аҳмади Фарғонӣ дар илми нуҷум ва риёзӣ дар замони худ аз ҷумлаи бузургтарин олимони ҷаҳонӣ ба шумор мерафт. Барои муаррифии ин донишманди тоҷик лозим аст, ки ҳаёту фаъолияти ӯ ба таври мукаммал тадқиқ шуда, дар гушае аз пойтахти кишварамон пайкараи ӯ ва хиёбоне ё кучае ба номи ӯ гузошта шавад. Дар ин ҷо, мақсади аслии мо миллатчигӣ набуда, танҳо мехоҳем, гузаштаи рангину пурҷилои худро омӯхта, аз он беҳтарин лаълу дурдонаҳои маърифатро ҷудо намуда, ба худ интихоб намоем ва тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегуянд: “Мо нияти аз худ кардани тамаддуну мероси фарҳангии ягон халқу миллати марзҳои собиқа ва имрӯзаи Осиёи Миёнаро надорем. Танҳо мехоҳем аслу насаби худро шиносем, таърихи сарзамини аҷдоди гузаштаи худро таҳқиқ намоем, бурд бохти онҳоро дар тӯли ҳазорсолаҳои дуру наздик омӯзем, аз шикаст пирӯзиҳои онҳо сабақҳо андӯзем. Зеро таърих ҳаками одил ва роҳбалади корозмуда буда, моро аз гузаштаи дур ба сӯи асрҳои оянда ҳидоят менамояд”. Ҳамзамон, хоҳони онем, ки дигарон таърихи пурғановати моро нодида нагирифта, соҳибтамаддунию маърифатпарварии моро эътироф намоянд.

Ҳамакнун, кулли донишмандони тоҷикро мебояд, ки барои дифоу эҳёи ҳувияти миллӣ ва шинохти бузургони гузаштаи худ, муттаҳидона фаъолият намуда, тамоми паҳлуҳои ҳаёту фаъолияти онҳоро омӯзанд, зеро ки тавре мегуянд “меҳнати дастаҷамъкорона баракат ва ҳосили хуб медиҳад” ва бояд эътироф намуд, ки ҳеҷ муаррих бидуни ҳамкории якҷоя бо донишмандони химик, физик, ҷуғрофиёшинос ва дигар соҳаҳо ё баръакс дигарон наметавонанд, дар алоҳидагӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёту фаъолияти як донишманди гузаштаамонро таҳқиқ кунад ва ҳатман дар ҷое иштибоҳ мекунад, зеро ки кам дар кам донишманди имрӯза аст, ки ба ғайр аз соҳаи худ, дигар соҳаро низ ба таври шойиста донад. Бинобар ин, фаъолияти якҷояи донишмандони соҳаҳои гуногун аҳамияти илмии як тадқиқотро боло ва пурарзиш мегардонад. Ҳамзамон, насли ҷавони кишварро мебояд, ки рӯй ба илму маърифат оварда, аз таърихи пурғановати халқи худ огоҳ шаванд ва ба сӯйи оянда бо музаффарият қадам ниҳанд.

Муҳаммадлатиф МАҲМАДАМИНОВ, унвонҷӯ,

Самандар МАҲМАДАМИНОВ, донишҷӯи факултети таърихи ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь