Абуалӣ ибни Сино ман дар назди ҳайкали ту истода ба ду замон менигарам — замони ту ва замони худам. Ту дар давраи хеш бо мушкилот ва камбудиҳои зиёде рӯбарӯ будӣ. Вақте ки ман дар бораи ҳаёти ту ва зиндагии ҳозира фикр мекунам, мефаҳмам, ки муборизаҳои ту то ҳол дар ҷомеаи имрӯза ҳам, аҳамияти бузург доранд.

Ту дар замонат бо ноадолатӣ ва зулм мубориза мебурдӣ. Имрӯз низ ин масъалаи ҷиддии ҷомеа мебошад. Ин ноадолатӣ бо тарзҳои гуногун идома дорад. Ҷангҳо дар ҷойҳое, ба монанди Фаластину Исроил, Русияву Сурия, ки ҳазорҳо кӯдаки бегуноҳро қурбон мекунанд ва одамон дар шароити нобаробар зиндагӣ доранд. Шояд агар ту мебудӣ, мепурсидӣ, ки оё адолат дар дили инсонҳо гум шудааст?

Ин ноадолатӣ, ки дар замони ту вуҷуд дошт, имрӯз бо шаклҳои дигаре идома дорад. Одамони серпул бо сарвати худ фахр мекунанд, дар ҳоле ки ҳазорон нафари дигар дар гуруснагӣ ва фақр зиндагӣ мекунанд. Қиссаҳои муҳаббат ва меҳрубонӣ ба назар мерасанд, ки дар ин дунё ҷой надоранд. Дар кӯчаҳо кӯдакони бесоҳиб ва модарон бо чашмони ашкбор истодаанд, ки оё ягон рӯз адолат онҳоро низ фаро мегирад? Шуҷоат ва меҳнати ту дар ҷустуҷӯи дониш қобили таҳсин буд. Китобҳо нодир ва дастрасӣ ба онҳо душвор буд. Ту як мардумеро медидӣ, ки ба китобхонаҳои озод ва дониш дастрасии кофӣ надошт. Имрӯз китобхонаҳо бо миқдори зиёди китобҳои гаронбаҳо пур шудаанд, вале хонандаҳо каманд. Одамон бештар ба технология ва интернет, ки ҳар гуна маълумотро пешниҳод мекунанд, диққат медиҳанд, на ба китобҳо. Ҳатто бо он ки шароити беҳтар шудааст, ҳавас ба илму омӯзиш коҳиш ёфтааст. Ҳамин тавр, масъалаи дастрасӣ ба дониш имрӯз низ яке аз масъалаҳои асосӣ боқӣ мондааст. Чаро одамон, ки ба технология роҳ ёфтаанд, инро ба дараҷаи баландтар нарасонидаанд?

Зиндагии ту низ бо норасоии дастрасӣ ба тиб ва табобат олуда буд. Ту барои шифо бахшидани мардум кӯшиш мекардӣ, вале на ҳама имкон доштанд, ки аз табобатҳои мувофиқ истифода баранд. Имрӯз, ҳарчанд илми тиб пешрафт кардааст, ҳазорон одамон, махсусан дар кишварҳои фақир, аз хизматрасониҳои тиббӣ маҳруманд. Бисёре аз одамон дар кишварҳои гуногун ҳатто аз табобати лозим маҳрум мемонанд. Ҳамин тавр, масъалаи тандурустӣ ва нобаробарӣ дар дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосии имрӯза шудааст.

Нобаробарии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ки дар замони ту буд, ҳоло ҳам боқӣ мондааст. Шоҳон ва ҳокимон сарват доштанд, дар ҳоле ки мардуми оддӣ дар фақр зиндагӣ мекарданд. Имрӯз низ мо нобаробарии шадидро дар байни сарватмандон ва фақирон мебинем. Оё ту, Сино, ҳамчун донишманде, бовар доштӣ, ки ҳама одамон бояд бо имкониятҳои баробар зиндагӣ кунанд?

Эй Сино, бисёр чизҳо тағйир наёфтаанд. Камбудиҳои замони ту то замони мо омадаанд. Ту китобҳоятро бо азоб пайдо мекардӣ ва барои ҳар як калима вақт ва заҳмат мебахшидӣ. Имрӯз интернет ва технология имкон медиҳад, ки маълумот зуд дастрас шавад, аммо оё он амиқ аст?

Бинобар ин, ман дар назди ҳайкали ту истода, ба инсоният ва ҷомеа муроҷиат мекунам. Умедворам, ки рӯзе ин камбудиҳо рафъ шаванд ва инсоният муҳаббат, дониш, адолат ва эҳтиромро ба якдигар бо қадр ва меҳр ба кор барад.

Холзода АМИРҶОН,

донишҷӯи курси дуюми бахши рузноманигори ТВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь