Аз замоне, ки башарият дар муҳити давлат зистанро омӯхт, асосан ду роҳи танзими муносибот ҷорӣ буду то кунун ҳаст: яке ҷазову дигаре подош… Яке қамчину дигаре қанд… Яке сипосу дигаре нафрат… Аз нигоҳи фалсафӣ подош ё мукофот рамз аст, рамзи иҷтимоӣ, ки дар шакли аломату нишонҳо ифода мешавад ва табиист, ки агар самбул ё рамзе бошад, мазмуну маъно ва функсияҳои зиёде ҳам дорад.

Масалан, якеаш ҳамин аст, ки подоши давлатиро барои фаъолиятҳои барои ҷамъият муфид медиҳанд, дувумаш ҳамин, ки подошгиранда бояд мақоми иҷтимоиеро касб карда бошад ва ниҳоят, зуҳури ҳукуматдории субъект-муассиси ҳамин подош аст… Мутаносибан ба ин се функсия се шакли аҳаммияти рамзии подош маълум мешавад: иҷтимоию ахлоқӣ, инфиродӣ ва сиёсӣ.

Банда маънои мукофотро ҳамин қадар мефаҳмам ва ҳарчанд ба гирду атрофи хештан менигарам, аз худам беҳтарҳоро бисёр-бисёр мебинам, аммо чунин иттифоқе уфтод, ки дар остонаи ҷашни бузурги Истиқлол, рӯзи 8-уми сентябр, ба банда медоли Хизмати шоиста супурданд. Ҷаласаи бошукуҳе буд дар Шаҳраки донишҷӯён, ки дар радифи бархе устодони номдори Донишгоҳи миллӣ бандаро низ ду шахсияти ниҳоят шоиста – Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллимаи ниҳоят азизу гиромиқадр Матлубахони Сатториён ва раиси муҳтарами Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷони Хушвахтзода ин подошро доданд…

Дар боло навиштам, ки ҳар навъи подош, ки аз ҷониби Сарвари давлат дода мешавад, рамзи иҷтимоист, ки дар шакли нишону аломатҳои гуногун ифода мешавад, онро сари сина меовезанд, ё агар дар шакли навиштаҷот бошад, дар девору болои ҷевонҳо, яъне дар ҷойҳои намоён мегузоранд. Нишонеро бо навиштори Хизмати шоиста ба паҳлуи чапи китфи банда он рӯз овехтанд…

Инак, аз он рӯзи бисёр хубу хуш чаҳор рӯз гузашт ва охирин касе, ки дина бегоҳ занг заду табрикам гуфт, як дӯсти хуби бадахшиям буд… Ҳоло, ки андаке осудагӣ даст дод, хостам посухи он табрикотро ба ҳама дӯстону ҳамкорон дар ин матлаб бидиҳам. Ба ҳама сипос мегӯям, ки ба банда сухан аз муҳаббат гуфтед, орзуҳои самимона кардед, ончунон орзуҳое, ки як умри дигар барои пиёда кардани он ҳадафу мақсадҳо шояд камӣ бикунад…

Мегӯянд, ки посухи муҳаббат муҳаббат аст ва ончунон ки бандаро Шумо муҳаббат кардед, ҳамчунон муҳаббати хешро ба Шумо, дӯстони иззатманд изҳор мекунам: камоли офияти Шумо бардавом бошад!

Ончунон ки зикр шуд, ман ин подоши бисёр азизро аз дасти ду шахсияте гирифтам, ки воқеан шоистаи ҳам вазифа ва ҳам мақомашон дар иҷтимоъ ҳастанд.

Бо муаллимаи азиз Матлубахон Сатториён дар ҷараёни озмуни китобу китобхонии “Фурӯғ” шинос шудам ва ин касро ҳамчун як шахсияти огоҳ ва донишманди соҳаи маорифу фарҳанг дарёфтам. Ин ки бо ман барин як муаллими одии як таълимгоҳи муқаррарӣ суҳбат мекунанд, агар андешаи наву тоза ва муфидеро аз мо бишнаванд, мепазиранд, маслиҳату машварат мекунанд, худаш як олам гап аст, ин чизе, ки гуфтам, гувоҳи хеле баланд будани сатҳи маънавияти ин муаллима аст.

Ин кас шояд эҳсос кардаанд, ки банда андак-андак ба таблиғи китоб машғулам ва дарк кардаанд, ки озмуни “Фурӯғ”-ро ниҳоят дӯст медорам… Дақиқан медонам, ки як сабаби ба ин подош ё мукофоти давлатӣ пешниҳод шудани банда ва моро дастгирӣ кардани муаллимаи азиз Матлубаи Сатториён ҳамин гирудору такудавҳо дар озмуни “Фурӯғ” аст… Ба муаллимаи азиз тани беранҷу рӯзгори пурганҷ орзу мекунам!

Шахсияти дигари воқеан шоиста, ки дар пешниҳод ва дастрасии мо ба ин подош ташаббус доранд, раиси муҳтарами Донишгоҳи миллӣ ҷаноби Қобилҷони Хушвахтзодаанд, ки аз фаъолиятҳои таҳқиқиву дарсии мо шояд бештар аз дигарон огоҳанд…

…Дар синфи савум мехондем, ки муаллимаи забон аз дараҷаҳои сифат сухан гуфтанд. Ҳамон вақт фаҳмида будам, ки сифат се дараҷа доштааст: одиву қиёсӣ ва олӣ. Масалан, касеро, ки ситоиш мекарда бошед, яке аз ҳамин дараҷаҳоро интихоб мекунед: фаразан, одами хуб, хубтар (дар қиёс бо дигарон, албатта) ва хубтарин… Онҳое, ки 25-30 сол дар Донишгоҳи миллӣ кор кардаанд, дар интихоби ин дараҷаҳои сифат нисбат ба раиси кунунии Донишгоҳ иштибоҳе нахоҳанд кард, банда ҳам…

Ин ки дар ду соли ахир донишгоҳ хеле ободу озода шуд, маоши муаллимин боло рафт, сифати таҳсил беҳбуд ёфт, қаламкашони даруниву берунӣ борҳо навиштаанд, мо онҳоро такрор намекунем. Аммо як чизро нагуфта ҳам наметавонем: ректори мо ба адабиёт ишқу алоқае доранд ва панди бузургонро дар масъалаи муносибат бо аҳли илм ва қадршиносии аҳли сухан ҳамеша чун роҳбурди фаъолият истифода мекунанд ва ҳамин андарзҳост, ки корҳояшон хубу пешрав аст.

Ва як сухани дигар: касе, ки бо адабиёт шуғле ё гирумоне дорад, наметавонад одами нохуб бошад ва сабабаш ҳамон арзишҳоест, ки каломи ҳунарӣ талқин мекунад: некӣ, муомалаи хуб, қимат донистани инсон ва азиз донистани қадру манзалати ӯ… Барои ин кас, ки банда хисоли ҳамидаву рафтори хубашонро ҳамарӯза мебинам ё дар бораашон мешунавам, тани дурусту номи некашонро барои ҳамеша орзу мекунам!

Сипоси дигар ва басо самимӣ ба дӯстам Солеҳи Қосимзода, ки ҳамеша ҳам барору ҳам сарсониҳоямро бо ман мебинад, агарчи ниҳоят пуркор аст… Сипос ба декани донишкадаи забону адабиёти тоҷик, дӯсти азизам Сироҷиддини Эмомалӣ, ки ҳама лафзу ҳама кирдораш саропо меҳр асту эҳтиром…

Ва ниҳоят сухани ахир: мо ҳама модар доштем ва дорем, ки моро ба дунё овард ва ба камол расонд. Модари дувуме, ки дорем, номаш Ватан аст: маконе, ки мо зиндагӣ мекунем ва бидуни он ранҷҳои бешумор дар зеҳну ҳушу тану ҷон хоҳем дошт…

Аммо модари савум низ ҳаст, ки онро донишгоҳ ном аст: банда фақат мавқеи худамро изҳор мекунам, аз эҳсоси худам мегӯям. Гоҳе ба сарам мезанад, ки гӯиё дар ҳамин донишгоҳ, ки замоне Университети давлатии Тоҷикистон ном дошт ва кунун Донишгоҳи миллист, таваллуд шудаам, агар чашми сарам дар оғӯши модар боз шуда буд, чашми дилам дар ҳамин донишгоҳ кушода шуд… Ҳар касе шудам, аз самараи илму таълими ҳамин донишгоҳ шудам, бо ҳама ҳусну нақсу барору нобарориҳоям… Бо ҳама тору пудам…

Сервантеси бузург мегуфт: як рукни саодати инсон ҳамин аст, ки “ба коргоҳаш бо шавқу шӯр биёяд ва бо хотири осуда ба хона баргардад…”. Як олам фалсафа дорад ин гуфтори мухтасар… Намедонам, ҳамин сухани Сервантес то чӣ андоза ба банда тааллуқ дорад, аммо бисёр мехоҳам, ки боқии умрам дар ин донишгоҳ ҳамин гуна бошад, ҳамон навъе, ки Сервантес баён карда…

Тақрибан бо ҳамин мазмун баъди супурдани мукофот банда бояд изҳори сипос мекардам. Аммо чӣ шуду чӣ нашуд, ки қабл аз оғози расми подошсупурданҳо аввал Солеҳ Қосимзода, ки раёсати таълимро ба уҳда дорад ва баъдан дӯсти дигарам Раҷабалӣ (ёвари раиси донишгоҳ) ба банда гуфтанд, ки вақт камтар аст ва сухан гуфтан дар ин тадбир нашояд. Гумонам, дуруст ҳам карданд, шояд аз шиддати эҳсос ва хушнудие, ки доштам, суханро ба дарозо мекашидам ва одатан дар чунин тадбирҳо кам иттифоқ меуфтад, ки касе сухан кунад…

Бо андаке ихтисор он суханрониро ин ҷо навиштам…

Бо эҳтирому сипос,

Ҳафиз РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь