(Тааммуле дар ҳошияи даргузашти модари азизам Манзураи Аҳмад)

Мо инсонҳо, одатан зиёд даъвию фазл мефурӯшему худситоию манманиро дӯст медорем ва бо он ки ҳангомаю дағдағаҳоямон ба осмон дакка мехӯрадҳанӯз хомем, хеле хом. Махсусан, дар заминаи эҳтиром ва самимият ба азизтарин касони зиндагӣ падару модарон. То замони даргузашташон вақти аёдату хабаргирӣ намеёбемусеркорӣ ва кору бори рӯзгорро баҳона карда, аз онҳо канор мегирем. Пас аз даргузашти онҳо ҳай ҳамҳамаю дағдаға мекунем ва худро аз самимитарин инсонҳо ба ҷилва дармеоварем.

Ростӣ, ҳеҷ гоҳ махсус тасмим нагирифта будам, ки дар бораи модарам чизе нависам ва ҳар замон ки сари ин масъала тамаркуз мекардам, дастам пеш намерафту қалам оҷизӣ мекашид. Ҷуръати кам ва оҷизияти қалам дар робита бо изҳори назари катбӣ дар мавриди модарам, пеш аз ҳама, ба отифату муҳаббату самимияту каромату шаҳомату шарофати мунҳасир ба фарди Ӯ бастагӣ дошт ва фикр мекардам, ки ҳеҷ гоҳ наметавонам тавассути қаламу баён шахсияти воқеиашро тасвир созам. Ҳарчанд ки дар баёноти мухтасари манзуме шаҳомату бузургии отифии падару модарам камокон ғунҷидааст:

Падар, эй модари ҷон, умратон сарфи вафо бошад,

Дили поки шумо ойинаи сидқу сафо бошад,

Худое ҳаст агар, монандаи шахси шумо бошад,

Азизу меҳрубону хоксору бебаҳо бошад,

Ба фарзанди башар бегона не, чун ошно бошад,

Ба оҳангу суруди зиндагонӣ ҳамнаво бошад,

Дили пурдарду ранҷи ҷумлаи моро даво бошад,

Ту медонӣ, Худои ҳамчунинӣ ҳам раво бошад,

Худои бехато бошад!

Албатта, барои кулли фарзандон модарон олиҳаи меҳру муҳаббату отифату самимиятанд ва ҳамагӣ дӯсташон медоранду иззаташонро ба ҷо меоваранд. Аммо барои ман модарам кону неъмату хизонаи меҳру вафо ва сидқу сафо буданд. Қимат ва қадри модарро, маъмулан баъди даргузашташ сахт эҳсос мекунем. Вақте ки аз дасташ медиҳем ва дигар садояшро тариқи гӯшӣ (телефони ҳамроҳ) намешунавем, дигар ба пешвозамон намебарояд, дигар бо муҳаббат “ҷон” гуфта ҷавобамон намедиҳад, дигар гуселамон намекунад ва дигар абадан таркамон менамояд. Инҷост, ки сахт афсӯс мехурем ва коре барои баргардонидани модар ва лаҳазоти қаблӣ аз дастамон барнамеояд.

Ба ин тариқ, 25 майи соли 2024, рӯзи шанбе, соати 12:20 модарамон Манзураи Аҳмад ба абадият пайваста, шоми ҳамон рӯз – соати 18:57 ба хок супорида шуд. Шаби 23 май, тақрибан соати 21:10 вазъи модар яку якбора ноҷур шуд ва то соати 12:20-и рӯзи 25 май дар ҳолати вазнин қарор дошт: тамоми вазифа-функсияи дигар узвҳои баданро тайи як шабонарӯзи ахир дил бар уҳда гирифт ва воқеан, дили модари мо хеле бақувват будааст, ки ин ҳама вазоифро бидуни вақфа адо намуда, охируламр аз кор бозмонд.

Модари азизамон тахмин якуним соли ахир ранҷур буданд ва сахт дард мекашиданд. Ончунон сахт азият мекашиданд, ки танҳо худашон медонистанду бас. Аммо худро набохтанд ва ҳеҷ гоҳ – то ба охирин лаҳазот дар назди дагарон хешро мазлуму бечора нишон надоданд. Намехостанд, ки аёдаткунандагон ва умуман, хешу пайвандону ақрабо дар ҳоли дарду ноҷурӣ ва заъфу нотавонӣ бубинандаш. Танҳо дард кашиду ранҷро танҳо таҳаммул кард. Нахост, ки аҳли аёдат нотавонию заъфашро дар баробари дарди ҷонкоҳ эҳсос намоянд ва ҳатто ҳамдардаш бошанд. Ҳар вақт аз аҳволаш мепусиданд, бо як калимаи кӯтоҳу мухтасар “хубам” мегуфту иктифо мекард. Бештар сари мавзуоти дигар ҳарф заданро дӯст медошт ва афсӯсу надоматро дар баробари дарду ранҷурӣ, аслан қабул надошт. Ин навъи амал хеле ҷасорат мехоҳад ва ин ҷуръатро, барҳақ, модари мо дошт.

Дигар ин ки наздикону пайвандонам, хосса Мастура, Нодира, Матлуба, Маҳбуба, Шарифа, Мутриба, Наргис, Фарёна, Макнуна, Нодирҷон, Фозилҷон, Меҳриддин, Қурбоналӣ, Раббонӣ, Фарзод ва дигарон ҳамагӣ дар хидмати модар буданд, аммо аз ҳама бештар хоҳаракам Мастура сари болини модар шабзиндадорӣ кард.  Дар воқеъ, Мастура бедорхобиҳои зиёде кашида, аз ибтидо то интиҳои табобат ба маслиҳатҳои табибон қонеъ нашуда, роҳу василаҳои дигари табобатиро бо истифода аз матолиби интернетӣ ва маводи ихтисосӣ дарёфта, дар муолиҷаи модар саҳм мегирифт. Мунтаҳо, доштани чунин пайвандон боиси ифтихору сарбаландист. Зиҳӣ, чунин модарон ва чунин фарзандони баномусу боғурур!

Аз тарафи дигар, модар заррае аз табобат даст накашиданд ва то охирин лаҳазот умеди шифоро аз даст надоданд. Пайваста аз муоинаи тиббӣ мегузаштанд ва муолиҷа мегирифтанд. Дар ин робита, зарур медонем аз хидматҳои бедареғи мудири кафедраи онкология ва ташхиси шуоъии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино доктори илмҳои тиб, профессор Равшан Зоҳидович Юлдошев ёдовар шавем. Воқеан, устод Равшан Зоҳидович инсони ниҳоят хоксору фурӯтан ва дар айни замон донишманду хушахлоқанд ва бо маслиҳату машваратҳои ихтисосии худ ба модарамон зиёд кумак карданд. Ҳар гоҳ, ки наздашон барои маслиҳату машварат меомадем, бо он ки масруфиёти зиёди корию идорию маъмурию таълимию тадрисию илмӣ доштанд, устод Равшан Зоҳидович бо табъи болида истиқболамон мегирифту бо самимият гуселамон мекард. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ихлосу эҳтироми самимонаи хонаводаи Нурзодаҳоро ба устод Равшан Зоҳидович арз медорем. Ташаккури зиёд устод, саломату сарбаланд ва муваффақу комёб бошед. Зимнан, дар ҷараёни табобат аз хидматҳои бедареғи акаи Аброр (пизишк-онкологи ҷарроҳи бинои №10-и Бемористони Қарияи Боло) баҳравар гардидем, ки аз эшон ва кулли нафароне, ки дар ҷараёни табобат ба модарамон кумак расонидаанд, самимона арзи сипос менамоем.

Бар илова, аз кулли устодону дӯстону ёрону ҳампешагону шогирдону алоқамандоне, ки дар рӯзҳои сахти зиндагӣ бо иштироки фаъол дар маросими дафн, изҳори ҳамдардию ғамшарикии амиқ сарамонро ба осмон расонидаанд, самимона арзи сипос менамоем. Махсусан, аз дӯсти донишмандам — рӯзноманигори варзида Шамсуллоҳи Фозил, ки хабари даргузашти модарро дар шабакаи иҷтимоӣ ба таври фаврӣ пахшу нашр карда, аз ин тариқ ғамшарикии дӯстону ҳампешагонро таъмин намуда, дар маросими видоъ шахсан ширкат варзид, самимона миннатпазирам.

Бад-ин минвол, шаби 25 май – дар сукути шабонгоҳӣ ба худ фурӯ рафтам, ҳеҷ хобам намебурд ва кулли шаб сафаҳоти китоби зиндагиамро, ки бевосита бо модарам иртибот доштанд, як-як варақгардон карда, талх гиристам. Охир, мо-фарзандон ҳамагӣ ноздона ва ба истилоҳ, эркаи модар будем ва модарам аз ҳама зиёд нози маро мебардоштанд. Ин буд, ки тулонитарин шаб дар имтидоди умрам, ба назарам, ҳамон шаби даргузашти модар буд. Чандин маротиба ба берун баромадам ва дар ҳавои серуни баҳорӣ дарун-дарун гиристам ва ғам кашидам. Фикр мекунам, дигар фарзандони хонавода ва пайвандони модарам тақрибан ҳамин ҳоли маро доштанд. Мисли лентаи кино саҳнаи зиндагиам пеши назар меомаду беихтиёр ашк даври чашмонам ҳалқа зада, ба рӯю гунаҳоям метаровид. Ҳосили ғаму андуҳу дарду ранҷу надомати оншабаро дар қолиби манзум тайи зеҳну хотира супурда, саҳари рӯзи 26 май рӯйи коғаз овардам. Инак, он манзумоти мухтасарро хидмати хонандагони арҷманд арз медорам.

Иқтидори хонадонам бо ту рафт

(ғазалгунае дар сӯгвории модари бузургворам Манзураи Аҳмад)

Модари ҷон, ин ҷаҳонам бо ту рафт,

Ин ҷаҳони бекаронам бо ту рафт.

Ин Замин бо ҷумлаи сайёрагон

Гӯйӣ Роҳи Каҳкашонам бо ту рафт.

Рафт аз дастам дигар тобу тавон,

Иқтидори хонадонам бо ту рафт.

Бо ту будӣ ҳар баҳорам бехазон,

Ҳар баҳори бехазонам бо ту рафт.

Маст будам аз ғуруру ифтихор,

Ифтихори ҷовидонам бо ту рафт.

Ёфтам аз файзи ту ному нишон,

Шуҳрати ному нишонам бо ту рафт.

Имтиёзе доштам аз ин замон,

Имтиёзи ин замонам бо ту рафт.

Дошт бо ту ошёнам эътибор,

Эътибори ошёнам бо ту рафт.

Остонам қудс буд аз лутфи ту,

Қудсиёти остонам бо ту рафт.

Мурғи бахтам парфишонӣ менамуд,

Мурғи бахти парфишонам бо ту рафт.

Лек бар рағми заифӣ сар кашам,

Гарчи нерую тавонам бо ту рафт.

Ҳеҷ медонӣ, ки бо ин рафтанат

Ҷисму тан не, балки ҷонам бо ту рафт.

 

Кашидӣ дарду ранҷ аз ҳад зиёда,

Раҳи умрат бипаймудӣ пиёда.

Чунон кардӣ, ки баъд аз рафтани ту

Бирафт аз даст умеди хонавода.

 

Таҳаммул кардӣ дарду ранҷи бисёр,

Нагуфтӣ хешро як бор бемор.

Ба пеши ҳар касу нокас саранҷом

Накардӣ хешро як зарра ночор.

 

Модаро, бо ин ки нопайдостӣ,

Рӯзи моро мабдаи фардостӣ.

То бувад ин зиндагӣ — то ҳаст умр,

Доимо дар қалбу ёди мостӣ!

Равонат шод ва ёдат гиромӣ бод, модари азиз!

Нозим Нурзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь