Бахшида ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар

Тақрибан то 20 соли пеш Телевизиони Тоҷикистон ҷойгоҳи дигар дошт. Якто буд. Мисли ҳоло шабакаҳои зиёд, аммо камтамошобин надоштем. Ҳар кас ҳам дар ТВТ кор карда наметавонист, хоса дар замони раҳбарии равоншод Сайф Раҳимзодаи Афардӣ. На танҳо барои он ки талаботи вижаи касбӣ тақозо мешуд, ҳамчунин шароит дигар буд. Хеле ҳассос! Барои як сухани ба касе нофорам метавонистанд журналистро ба қатл расонанд. “Одамони зӯрон замон кам набуданд. Бо ин вуҷуд, аз кормандони ягона шабакаи телевизионӣ, ки бо камтарин маош, шароити начандон хуб фаъолият доштанд, матолибу барномаҳои ҳирфавиву таҳлилӣ талаб мешуд. Муҳит ва рақобати бисёр ҷолибу ҷиддии эҷодии байни журналистон онҳоро шавқманд мекард, то барномаҳои хеле касбиро шакл бидиҳанду ба тамошобин пешкаш намоянд.

Журналистон ҳам ҷасорати интиқод ва таҳлил доштанд, чун дар симои роҳбар ҳомии худро медиданд ва ин роҳбар ба роҳбари болотар фаҳмонида метавонист, ки агар як расона то ҷои имкон мустақилият надошта бошад, журналистон рақобатпазир набошанд, набошанд беҳтар аст. Ва ҳам вуҷуди чунин ТВ сарфи вақту маблағи беҳуда асту халос…

Дар ин давраи ҳассос Давлат Сафар бо барномаи “Додрас”- и худ, ки хеле аз мансабдорони сатҳи баланду миёнаи замонро интиқод мекард, машҳур буд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам боре дар яке аз маъракаҳо муаллифи барномаро аз ҷо баланд кард ва изҳори миннатдорӣ намуд. Ин чунин маъно дошт, ки барномаҳои Давлат Сафар ғайр аз бинандаи зиёди одии ТВ, ҳамчунин дар сатҳи баланди ҳукумат тамошобин дорад. Барои як эҷодгар, хоса журналисти таҳлилгару таҳқиқотчӣ ин ченаки бисёр муҳим аст.

Он замон инҷониб роҳбарии Маркази хабарии “Чархи гардун” -ро ба зимма доштам ва дар нашрияи “Чархи гардун”, ки хонандаи зиёд дошт, гӯшаи махсусеро ташкил карда будам, ки “То Вақти Тамошо” (ТВТ) ном дошт. Ин саҳифа перомуни тележурналистони воқеан номдору таъсиргузор, раванди таҳияи барномаҳояшон қисса мекард. Вақти сӯҳбат барои “То Вақти Тамошо” Давлат қиссаҳои ҷолиб ва бархӯрдҳои мухталиф ба барномаи “Додрас”- и машҳурашро нақл намуд…

Ба ТВТ он замон бисёр мерафтам, чун хеле аз дӯстон масъулиятҳои муҳимро ба ӯҳда доштанд. Бо Давлат Сафар дар ҳамин нишастҳо шахсан ошноӣ пайдо кардем. Аммо ҳоло намедонистам, ки ӯ хатмкардаи факултаи химия асту шеър менависад ва ашъораш ҳанӯз солҳои 80 -уми асри 20 аз ҷониби устодоне чун Бозор Собир баҳои баланд гирифтааст. Зимнан, Бозор Собир баъдан ба Давлат Сафар он қадар муҳаббат пайдо кард, ки боре дар яке аз маҳфилҳо дар Душанбе дар ҳузури садҳо нафар одамони шеърдону шеърфаҳм ин байтро хонд:

Азизам Давлат, андар шеъри нағзат мағз бисёр аст,

Дақиқан чун ҳамели пистаи хандони Фархор аст.

Ва ин танҳо Бозор Собир набуд, ки аз Давлат Сафар бо қаноатмандиву муҳаббат ном мегирифт. Соли 2014, Шоири дӯстдоштаи мо – Гулрухсор ҳам дар маҳфили адабии Давлат Сафар ба сухан баромаду гуфт: “Як чизаш ба ман бисёр маъқул аст: як ғурур дорад. Шоир аввал бояд шахсият бошад. Худашро эҳтиром кунад. Ҳамин чизҳо дар дӯсти мо Давлат ҳаст. Гуфтед, ки модарам дар ҳавои шеъри Гулрухсор шир медӯшид. Агар ман аз ҳамин ҷо, то назди модари Шумо вақти ширдӯшӣ бо шеърам рафта бошам, ман дигар умри ҳазорсола дорам. Шеър дард аст, шеър хислат аст, шеър ғам аст ва падару модари ин ҳама ҳасрату дарду ғам Шоир аст!”

Баъдан маълум шуд, солҳои аввали машқи шеър, Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ низ ба ашъори Давлат Сафар баҳои мусбат ва баланд дода, бо фотиҳаи нек ӯро ба даргоҳи шеъру шоирӣ хайрамақдам гуфта будааст.

Шоири Халқии Тоҷикистон Камол Насрулло паҳлӯҳои дигари эҷодии Давлат Сафарро ошкор кардааст:

“Давлат Сафар яке аз шоирони ҳассосу ватандӯсти тоҷик аст, ки шояд дар насли худаш бештар аз дигарон дар мавзӯи номуси ватандорӣ, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, симои Пешвои миллат, ҳодисоту зуҳуроти рӯз дар кишвар ва ҳатто берун аз он фавруззамон бо ҳисси баланди масъулияти ватандорӣ ва инсонӣ акси садо додааст. Ғазал ва шеърҳои модерни ӯ низ барои суҳбати алоҳида мавзӯъ ва мавод медиҳанд. Аммо, ба назари мо, Давлат Сафар маҳз дар рубоиёти худ бештар муваффақ шудаасту дастовардҳо дорад. Ӯ манзараҳоро аз хотираҳо, аз олами кӯдакӣ мегирад, дар тасвири ҳолати ишқ ин манзараҳои бачагиро истифода мекунад ва ба онҳо ҳусни табиӣ мебахшад. Вақте ки бо самимият аз олами тифлии худ, аз воқеоте, ки аз сару дилаш гузаштааст, сухан мекунад, суханаш самимӣ, таъсирбахш ва шоирона аст. Бовар мекунед, ҳис мешавад, ки ин манзара аз тифлӣ барояш ошност, дар баробари хондани ин рубоӣ лаззати нони сағерагии ба оби дида таршуда эҳсос мегардад. Ва аслан шираи гуфтори халқ, таъбирҳои халқӣ шеърро гуворо мекунанд ва ин сифатро метавон дар рубоиёти Давлат бисёр мушоҳида кард” …

…Як паҳлӯи муҳими фаъолиятҳои Давлат Сафар рабт мегирад ба ҳунари роҳбарии ӯ. Онҳое, ки камтарин теъдоди одамони эҷодиро роҳбарӣ кардаанд, хеле хуб медонанд, ки “раисӣ” дар ин бахш осон нест. Он махсусиятҳои худро дорад, ки на ҳар кас аз ӯҳдааш мебарояд. Аммо Давлат Сафар масъулиятҳои худро ба сифати сармуҳаррири Идораи барномаҳои сиёсии ТВТ ва муовини Директори барномаҳои он замон ягона Шабакаи телевизиониамон, бо дили пур гуфтан мумкин, ки муваффақ анҷом дод. Баъдан низ, ки ба раҳбарии “Тоҷиккино” рафт, талош намуд, “ман” -и худро дошта бошад. Як иқдоми пурсару садоаш дар ин мақом манъи чанд филми туркӣ гардид. Вокунишҳо ҳар гуна буданд. Дар байни ин акси садоҳо ӯро ба сардории Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг интиқол доданд. Фаъолияташро дар ин масъулият шарҳ додан намехоҳам, вале ба назар мерасид, ки дар ин вазорат аз масъулони пуртаъсиртарин буд.

Бо фосилаи андак ба роҳбарии нашриёти “Адиб” омад. “Инқилоби Давлат” дар ин мақом низ идома ёфт: аввал дар иқдоми “Корвони китоб”, ки дар минтақаҳо роҳандозӣ кард ва баъд, ки намоиши фурӯши китобҳоро ҳар ҳафта анҷом медод. Шоири ҷавон Бузургмеҳри Баҳодур таъин шудани Давлат Сафарро дар “Адиб” “ҷони тоза гирифтани он” унвон карда буд. Муҳим ҳунари менеҷерии Давлат ва командааш буд, ки ҳам мардумро ба китоб ҷалб намуд ва ҳам фурӯши муваффақонаи онро ба роҳ монд. Зимнан, бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ барои ӯ унвон низ пайдо карданд: “Сафири китоб”.

Ҳоло ба ҳайси муовини вазири фарҳанг фаъолият дорад. Аз чандин сӯҳбатҳояш бо роҳбарону масъулони нашрияҳои ҳукуматӣ тариқи расонаҳо огоҳ шудем, ки масъалагузориҳои ҷиддӣ намуд. Худо кунад, ки дар ин бахш тағйироти муносиб пеш биёяд ва нашрияҳо аз “қолабҳои дилбазани камтаъсир” (шаблони якнавохт) раҳо шаванд. Чизе монанд ба рақобатҳои хуби эҷодӣ дар ибтидои солҳои 2000, ки худи Давлат Сафарро маҳз ин муҳит муаррифӣ намуд. Интизор дорем…

Раҷаб МИРЗО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь