Рақс бикун ҷоно, биё, рақс бикун ҷоно!

О, баландтараш кун! Ҳоло ҳам баландтар! Наход ҳамин қадар шавад-а?! Баландтар! Наход ҳамин мусиқию суруди лозимиро баробари мо карда натавонеде?! Ё тавба, мо баланду баландтар мепарему ина бин, на овози созҳои мардумӣ ба мо баробар мешаваду на садои фалакиҳо… «Фарёд занум намерасад овозуме, ман най гируму туро бо най бинвозуме…»

Не, не, на овози най фоидатон мекунаду на косаи май! Хубаш канӣ як фонограммаро санҷеду созҳои барқирҳ, эъ тавбае баробари баланд шудани нархи сӯзишворӣ, барқ ҳам дифитсит гаштаасту ин созу овозҳо ҳам дупула шудаанд!

Ҳамаро чӣ бало задааст, ки ҳама саргардон, ҳама дар даводаву паропар!

-Чӣ кор, рафиқо, ё боз ягон маҷлис гузаронем?

-Ба ростӣ аз маҷлис безор шудем!

-Барои чӣ? Ё нишастҳои мо фоидае накард?!

-Тақсир, ҳама ҷамъомаду гуфтушунидҳо сад фоиз фоида оварда…

-Сад фоиз?!

-Узр, дусаду сесад фоиз гуфтанӣ будаму…

-Ҳоло ҳам кам, фоида бояд панҷсад-шашсад бошад!

-Пас, ҷамъ шуда, боз нақшаро бори дигар мебинем.

-Аввал барои риояи демократия, садри маҳфилро интихоб мекунем ё…

 -Майлаш, мо ҷонибдори…

-Фаҳмо, ин тавр бошад муҳтарам нархҳои гиромӣ…

-Беҳтару айни ҳол ибораи мудерну замонавиаш «гаронқадр ва қиматбаҳо»-ро оваред…

-Ман розӣ, пас  сар мекунем…

-Муҳтарам Садри Аъзам, муҳтарам Нархи гӯшт агар иҷозат диҳед ман аз қимати худам каме норозӣ буда, гиламандам…

-Гаронқадр Нархи орд, ҳурмати рӯю мӯйи сафедат гуфта, нархата хеле баланд кардем, боз аз чӣ норозӣ?

-Қиматбаҳо Садри Аъзам, аввало барои ин амали нек ташаккур, аммо ҳоло ҳам психологияи ин мардума хуб наомӯхтаем, вагарна…

-Нархи орди гаронмоя, аниқ масъалабардорӣ кунед…

-Майлаш, аввалан ин халқ орду хӯрокҳои хамирию самбӯса, чалпаку манту, пелмену нонҳои гуногунтамғаи чапотию кулча, булкаю хлеб, атолаҳои мухталифа сахтакак нағз дида, бе орд на ягон тӯю на ягон хел маргу мурда мегузаронанд ва имсол бояд маро то иди Қурбони азиз боз баландтар намоед, илтимос, қурби маро бардоред, омилҳои баландбардорӣ ҳаст-ку?!! Чаро ман бо ин гуна нархҳо ҳама вақт се-чор моҳ интизор шавам?

-Ба ростӣ мо инаша на он қадар фикр карда будем, таклифҳои шумо пурра қабул, аз рӯи он амал карда, то рӯзҳои наздик гапҳои шумо амалӣ мегардад…

-Боз кӣ чӣ гуфтан мехоҳад? Аҷабо?! Чаро гаронқадрҳо нархҳои шакару намак ва мурчу қаламфур якҷо нишастаед? Ё шумо ягон ҳизб ё партияю фраксия ташкил карданӣ ҳастед?

-Садри гаронқадр, дар ҳақиқат мо иттиҳоде таъсис карданӣ ҳастем, аммо ин нишастҳои мо худ рамзи зиндагист!

-Чӣ хел? Нафаҳмидем?

-Ҳамин хел зиндагӣ омехтаи ширинию тезӣ ва шодию хурсандист…

-Фаҳмо ва иттифоқи шумо чӣ ном мегирад?

– «Рангҳои зиндагӣ»…

– Фаҳмидем, боз чӣ хел андеша ҳаст?

-Муҳтарам, Садри аъзам, мо як гурӯҳ нархҳои пиёзу қаламфур, гашнич, укропу петрушкаи сабзу топ-тоза…

-Нархи зелен гӯеду раваде, мо дар протокол…

-Чаро ин хел дағал? Муомилаи некро риоя кунед! Ё Нархи кабудӣ нависед ё нархи сабзавоти иштиҳокушо..

-Майлаш, давом диҳед, аз чӣ норозӣ, охир нархи шуморо аз растаниҳои зериобию баҳрӣ ҳам қимат кардем-ку? Ё шумо ҳам ҳизбе ташкил  карданӣ? Боз аз чӣ норозӣ?

– Норозӣ, – ин андак гап, мо эътироз дошта, мехоҳем, ки нархи мо мисли нархҳои давлатҳои амрикоӣ бо доллар, хубтараш мисли нархҳои бародаронамон аз кишварҳои узви Евросоюз бо евро ба фурӯш раванд! Ин чӣ гап, ки мардум як-то нимто дирамҳои боқимондаю сомониҳои пучу қоматшикастаро дар ҷайб нигоҳ доштанаша эб дониста, барои мо сарф мекунанд…

-Тавбае, мегӯянд аспа наъл заданду қурбоқа ҳам омада…

-Таҳқир бас, нархи картошкаю пиёзи қоқу сабзии чӯбӣ…

-Илтимос, шумо низ бе таҳқир, нархи сабзавот гӯед, инҷо протокол…

-Майлаш, гапҳои Шумо ба ҷо, лек фикр накардед, ки охир мардум доллару евро нею, сомонӣ маош мегиранду савдо дар дохил бо сомонӣ-ку?

-Мебахшед, аз кай боз нархи хона, мошинҳои сабукраву савдои калон дар дохил бо сомонӣ сурат мегирад-а? Ман росташаро дар назар дорам. На ҳуҷҷатиашро…

-Аҷабо, охир онҳо қимати…

-Не, не, ин хел намешавад, ба ҳам як хел назар афканед, ё онҳо ҳам бо сомонӣ сару кор гиранд, ё моро бо онҳо баробар намоед! Ин талаби мо! Вагарна, боз хор шуда меравем…

-Оҳҳо, масъала ранги дигар гирифт-ку? Ин хел шавад мардума мекушем, аниқ!

-Бас, зебо сухан гуфтану мардумфиребӣ, ин мардума бало намезанад! Мурданак сангҷонанд!

-Илоҷ нест, дар протокол нависед, аз пагоҳ нархи сабзавот бо доллару евро ба савдо бароварда шавад, ба фикрам тӯй мешавад!

-Боз кӣ андешаҳои худро мегӯяд?

-Ман, нархи либосворӣ, фаҳмидам, ки ҳоло майдон аз нархҳои, асосан хӯрокворӣ, лек моро ҳам фикр кунед, ки мо тез-тез аз мода баромада…

-Ғам нахӯред, то занҳо ҳастанд, ҳатто либосҳои ялтар-юлтури синтекӣ низ хор намешаванд, маълум, ки нархи яктаамон баланд шуду рӯ сӯи само гашт, дигарон низ сарамонро баланд бароварда, дигар ба касе гардан намефарорем!

-Ташаккур!

-Боз кӣ мехоҳад андешаронӣ намояд?

-Ман, нархи нос ҳамчун вакили нархҳои сигарет ва машрубот чанд сухан гуфтанӣ ҳастам…

-Намешуд, ки Шумоҳо дар ҳамон зери забони зормондаю шушу ҷигар ва андаруни меъда ором нишаста, истироҳат мекардед?

-Аввалаш дар ин гапҳои шумо муҳтарам нархи об, барқ ва гази шаш-ҳафт моҳ набуда, чанд ҷумлаи мантиқан таҳқиромез ҷой дорад!

-Чӣ хел? Ман бе шухӣ таҳқир карданӣ набудам, қаблан сад бор узр, вале исбот намоед!

-Майлаш, намояндаи ман носи хушбӯю сигарети хушдуд, асосан, аз даҳон берун мебароянд, аммо вой бар ҳоли арақу пиво, ки роҳи баромадашон…

-Шуд, шуд, аксиома, сад бор тавба кардам, узри зиёд, қурбони Шумо! Сухан аз Шумо, дар аҳамияту моҳияти Шумо ҷонам…

-Мардонавор розӣ шудед ман ҳам аз гуноҳи Шумо гузаштам, вагарна ҳамакаса рӯи Шумо ҷорӣ мешудем…

-Тавба кардам, сад бор…

-Шӯхӣ кардам, лек агар сари мақсад биёем, ман миннатдории худро баён карда, мебинам, ки нисбат ба се-чор моҳ ҳамаи ҳамкорон – Нархҳои азизамон боақлтар шуда, ба қадри ҳам расида, дар ҳамкорӣ бо ҳам баландтар шуда истодаем ва оҳиста-оҳиста қиматату қурбамон бо Нархҳои ҳамсояю хориҷиамон баробару ҳатто қиматтар шуда истодааст ва ба ҳама раҳмат!

-Хайрият, як миннатдорӣ ҳам мешунидаем, хайр дар охир ягон кас чизи ногуфта дорад? Бошад тезтар, ки аз пайи кор шавем…

-Ҷаноби қиматтарин нархи имрӯза, ман дар пайравии андешаҳои бикри дар боло зикркардаи нархи орд гуфтанӣ ҳастам, ки…

-Худро муаррифӣ кунед инҷо протокол пур карда истодаем.

-Узр, каме ҳавобаланд шуда мондем, охир дар ду-се моҳи охир нархам панҷ-шаш маротиба баланд шуда, аз худ бехуд шудам, ман нархи бензин, керосин, газ, афтол, нигрол ва…

-Гапи бисёр як маркаба бор, нархи горючи ё дизтиплова… о, адабӣ карда гӯем, нархи сӯзишворӣ гӯеду монеде!

– Ааа, рости рост…

– Марҳамат давом диҳед, шумо аз чи норозӣ?

-Ман розӣ, лекин, мехостам гӯям, ки агарчӣ мисли пештара фоиз-фоиз нею, се-чор баробар қиматамон зиёд шуда истодааст, лек пешниҳод дорам, ки аз рӯи ҳимматамон қиматамонро даҳҳою садҳо маротиба бардорем, мо камбудие надорем-ку?

-Инаш будагӣ гап, пас қарор ҳамин, ки баландтар мепарему аз сайёраи одамон берун мешавем! Ба инсонҳо дастнорас мегардем, дигар на киштиҳои кайҳониашон фоида мекунаду на ракетаҳои дурпарвози байни-минтақавиашон. Урра!

-Бародаро, рафиқои гаронқадр пас ҳоло кӯрбазм ё современӣ карда дискотека, хубтараш сартарашона сар мекунему пул рехтан гираде!!!

-Сартарошонему метарошонеме!

Баландтар бардоред, баландтараш кунеде, овозаша бардор!

Ана инро дискотека ва ё кӯрбазм мегӯянд!!!

Сабзаалӣ Асозода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь