Дар тӯли тамоми таърихи худ ахлоқ бо дин алоқаи ногусастанӣ дошт. Имон қувваи бузурги ахлоқӣ мебошад, чунки аввал, одам ба иродаи рафтори мавҷудоти (боварие, ки дар он моҳияти дин вуҷуд дорад) комил итоат мекунад, яъне ибодатро меомӯзад; дуюм, бо амалҳоии зоҳирӣ ва бо қобилияти ботинии худ кӯшиш мекунад, ки ин хусусиётро бо ҳам монанд сохта, то як андоза онро ташаккул диҳад.
Аз рӯи баъзе ривоятҳо калимаи лотинии «religio» аз феъли «religare» («пайванд кардан, мустаҳкам кардан») гирифта шудааст. Агар ин ривоят дуруст бошад, пас дар дин сухан дар бораи алоқаи одамон бо мавҷудоти аз одамон боло ва байни якдигар меравад. Чунки «Худо» – мавҷудест, ки аз одам болотару мукаммалтар буда, вазифаи дин ба вай баҳои воқеӣ додан мебошад. Ба ибораи дигар, дин барои одамон арзишҳои олитарро – муқаддасот мекушояд ва роҳро ба сӯе нишон медиҳад, ки ӯро комилтар менамояд.
Шакли комилтари дин ба зиндагии ахлоқии инсон амалҳои мусбии бисёрҷабҳаро нишон медиҳад:
-онҳо манзараи оламро чунон тасвир мекунанд, ки дар заминаи робитаи байни қувваҳои табиӣ ва фавқуттабиӣ як навъи муайяни фаъолиятташаккул меёбад, ки бо таъсирҳои муайян мувофиқат мекунанд; ҳамин тариқ, бартарияти тарзи ҳаёти ахлоқӣ бар ғайриахлоқӣ асоснок мешавад: имону боварӣ ба он чизе, ки ахиран рафторихайри ахлоқӣ сазовори мукофот ва бадию гуноҳ гирифтори ҷазо мешаванд, тасдиқ мешавад;
-Худо мафҳуми идеалиест, ки ҳамчун намунаи ибрати ахлоқи олӣ бояд самт ва равиши зиндагии мӯъминонро муайян кунад;
– нисбати инсон талаботи муҳимтарини ахлоқиро пешниҳод мекунад;
– тавассути мафҳуми некӣ ва саодати олӣ низоми табақабандии (иерхаистии) арзишҳоро бо ҳам пайваст мекунад;
– сифатҳои асосии мусбӣ ва манфии шахсият – накӯкорӣ ва бадкориро муайян мекунанд;
Ин роҳҳои гуногуни таъсиррасонии дин бар ахлоқро бо як ибораи муҳим чунин баён кардан мумкин аст: дин маънавиётро ҳамчун як навъи кӯшиш барои ба даст овардани камолот ташкил медиҳад, ки охири он Худо мебошад.
Натиҷаи таъсири байниҳамдигарии дин ва маънавиёт вуҷуди системаҳои динӣ ва ахлоқӣ мебошанд, ки дар ҳар як организми маданӣ ташаккул ёфтаанд. Аз нуқтаи назари умумиинсонӣдин ва забони ҳар як миллат дорои арзиши муайян мебошанд. Мавриди баррасӣ қарор додани масоили ахлоқӣ дар ҳама дину мазоҳиб дар доираи ин китоб ғайриимкон буда, амали мустақилонаеро тақозо дорад. Мо танҳо ба он масоили умдаи адёну мазоҳиб сарукор хоҳем гирифт, ки барои равшан шудани матлаб, яъне ғояи ахлоқӣ зарур мебошанд. Ин нуктаро низ бояд таъкид кард, ки адёни ҷаҳонӣ дар рушди мадании инсоният таъсири амиқ расондаанд.
Дини масеҳӣ аз оилаи динҳои сомӣ ва аз ҷиҳати табақабандӣ ба динҳои ҷаҳонӣ мансуб аст. Пайғамбар ва асосгузори он Исои Масеҳ буда, дар баробари дигар динҳои сомӣ – ҷаҳонӣ дорои китоби муқаддас мебошад, ки он Инҷил (Аҳди ҷадид) ном дошта, аз ҷониби Худо ба Исо пайғомбар нозил шудааст ва дорои панҷ қисмат мебошад.
Ахлоқи масеҳӣ. Асоси таълимоти ахлоқии дини насронӣ дар китоби муқаддаси Библия равшан баён гардидаанд; моҳияти таълимоти ахлоқии дини насронӣ дар асоси даҳ хитобаи қадима (Ветхого Завета баромади 20, 1-18) ва хитобаи кӯҳии Исои Масеҳ дар Гуфтори Нав (Матф. 5-7) оварда шудаанд.
Насрония дар асри 1 мелодӣ дар Фаластин паӣдо шуда, консепсияи ахлоқии яҳудия мавриди таҷдиди назар қарор додааст, чунки аввалин қавми насрониҳо дар байни яҳудиҳо пайдо шуда, ғояҳои эътиқодии онҳо байни дигар кишвару миллатҳо баъдан паҳн шудаанд. Таълимоти Филони Искандарӣ (тақ. 25 с. то мелод. – тақ. 50 с. мелодӣ) ва равоқиёни римӣ махсусан Сенека (тақ. с. 4.то мелод. – с. 65 мелодӣ) ба таълимоти ахлоқи дини насронӣ таъсири бузург расонидаанд. Филон таълим медод, ки инсон аз ибтидо гунаҳгор таваллуд мешавад, аз ин рӯ, зарур аст, ки ӯ ҳамеша пеши Худо тавбаю надомат кунад. Ҳолати Логос, яъне сухани Худоро ӯ пешниҳод мекунад, ки баъдан насрониҳо онро ҳамчун таълимот дар бораи сухани Исои Масеҳ – писари Худо қабул намудаанд.
Сенека таълим медод, ки одамон ҳамчун мавҷуди маънавӣ пеши Худо баробар буда, табиати илоҳӣ ва рӯҳии инсон ягона мебошанд. Ба ақидаи ӯ, асоси мавҷудияти маънавии инсонро сифатҳои ахлоқӣ, махсусан сифатҳои сабр, раҳмдилӣ, нафрат ба накӯаҳволӣ, нафрати тарси марг ва ғайраҳо ташкил медиҳанд. Ӯ одамонро ташвиқ мекард, ки якдигаро дӯст дошта, ба ҳамдигар дилсӯзӣ зоҳир намоянд ва ҳар яки онҳо ғамхори дигарон бошад. Сенека қоидаи тиллоии «бо одами аз худат пасттар тавре рафтор кун, ки бо ту мехоҳӣ одами аз ту болотар бо ту ҳамин тавр рафтор намояд» ба сифати амри ахлоқи эътироф менамояд.
Насрония баробарии тамоми инсонҳоро новобаста аз мансубияти миллӣ ва иҷтимоӣ назди Худо эътироф намуда, ақидаеро, ки тибқи он, яҳудиҳо миллати эътироф шуда ва ё баргузидаи Худомебошанд, комилан инкор менамояд.
Дар асоси таълимоти китоби муқаддаси «Инҷил» насрония чунин таълим медиҳад:
1) ахлоқ табиати фавқутабиӣ ва илоҳӣ дошта, онро Худо ба инсон эҳдо кардаст;
2) инсон танҳо дар асоси имону боварӣ ба Худо метавонад, ки ахлоқӣ бошад, чунки ахлоқи инсонӣ бе эътиқод ба Худо имконнопазир аст;
3) ахлоқ системаи меъёрҳо, қоидаҳо ва принсипҳои рафторе мебошад, ки онҳоро Худо ба сифати қонуни ахлоқии азалии тағйирнаёбанда муайян кардааст; одамон вазифадоранд, ки онҳоро иҷро намоянд.
Насрония ба пайравонаш тасалло ва умеди озодиро ба воситаи маърифати ҳақиқати илоҳӣ таълим медиҳад, ки онро Исои Масеҳ ба тамоми инсоният овардааст.
Асоси насронияро муҳаббати Худо ба одамон ва муҳаббати инсон ба Худо ташкил медиҳад. Дар «Инҷил» гуфта шудааст, ки: «Худо муҳаббат аст» (I ин. 4,8). Тамоми мӯъминон ба воситаи муҳаббат ба Худо муҳаббати худро нисбати наздиконашон амалӣ менамоянд. Ин муҳаббат одамонро ба худию бегона, ба дӯсту душман ва ба хубу бад ҷудо намекунад, ин муҳаббат муносибати байни одамонро ба мисли Исо ҳамчун муносибати бародар ва хоҳар баҳо медиҳад.
Насрония ба сифати меъёрҳои ахлоқии умумиинсонӣ даҳ аҳкомро муайян мекунад, ки байни онҳо меъёрҳои ахлоқие аз қабили эҳтироми волидон, манъи қатли инсон, манъи зинокорӣ, дӯздӣ ва дурӯғ, шаҳодати бардурӯғ додан ва ғ. дохил мешаванд.
Насрония таълим медиҳад, ки инсон аз рӯзи таваллуд гунаҳкор таваллуд шуда, роҳи халосии инсон аз гуноҳ ба воситаи тавба ва тағйир ёфтан аст, барои ин зарур аст, ки талаботҳои «Каломи муқаддас», маросимҳои динӣ, рӯза ва ҷашнҳое, ки онҳоро калисо муайян кардааст, ҳатман риоя шаванд.
Ғояи асоси насрония дар он зоҳир мешавад, ки неъмат ва некӣ ба инсон равона шуда, дар ин роҳ зарур аст, ки шарру бади ҷаҳон ва ҳамаи он чизе, ки ба зидди неъмати инсон равона шудаааст, мубориза бурда шавад.
Насрония ғояеро пайгирӣ менамояд, ки мутобиқи он ҳар амале, ки мо дар ин дунё нишон додаем, подоши онро баъди марг дар охират хоҳем дид. Инсон бояд барои наҷоти ҷони худ ҳаракат кунад, то ки дар ҷаҳони «салтанати илоҳӣ» ба саодату хушбахтӣ табдил ёбад.
Барои пайравони насрония риояи ҳатмии эътиқоди Исои Масеҳ қонуни асосӣ мебошад. Ҳар як пайрави Исо бояд кӯшиш намояд, ки намунаи рафторҳои Исои Масеҳро дар худ амалӣ карда, худро дар асоси талаботҳои «Каломи Муқаддас» ба камолоти ахлоқӣ расонад. Тибқи таълимоти насрония, одамон бояд ба хотири зиндагии охират дар салтанати осмонӣ, ба хотири Исои Масеҳ азоб кашанд. Онҳо ҳамчунин бояд дар ин дунё душвориҳои зиндагиро ҳалимона паси сар намоянд. Мутобиқи таълимоти дини насрония бояд, ки писари Худо – Исои Масеҳ бори дуюм ба ҷаҳон зоҳир шавад, то ки нисбат ба мурдаю зиндаи насли инсонӣ ҳукми одилона барорад.
Насрония таълим медиҳад, ки ҷони инсон нисбат ба ҷисмаш бартарӣ дорад. Барои ҳаминталаботи насрония ин аст, ки инсон бояд рӯҳи худро, ки азалию ғайри моддист, наҷот диҳанд. Пайравони насрония гузаштагони худ ва аъмоли онҳоро бояд дар намозашон ёдовар шуда,ба онҳо тақлиду пайравӣ намоянд.
Насрония фаҳмиши идеали ахлоқӣ ва маънои зиндагии хоси худро пешниҳод менамояд.Покӣ ва корнамоиҳои Исои Масеҳ ба хотири накӯаҳволии дигарон барои насрониҳо намунаи ибрат мебошад. Исои Масеҳ дар хутбаи кӯҳии худ нақшаи амали ахлоқиашро барои пайравонаш муайян мекунад (Матто, 5-7). Итоат ба қонунҳои илоҳӣ, риояи аҳкомҳои китоби «Инҷил», хизмат ба дини худ, бурдани салиби худ дар ин ҷаҳон барои соҳиб шудан ба хушбахтӣ дар олами дигари ҷовидонаву азалӣ дар салтанати илоҳӣ маънои зиндагии пайравони насронияро ташкил медиҳад.

Зиёева Зебониссо Идибековна,
ходими калони ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь