Дина то нимаи шаб телефонам садо медод: аз дуру наздик дӯстону мухлисонам табрикам мекарданд… Вақте ки субҳгоҳӣ осуда шудам, фикре ба сарам омад: чӣ шуд, ки ин қадар мавриди пурсупоси дӯстон қарор гирифтам? Як амали муқаррарӣ, як кори маъмулӣ… Чизе менависӣ, ки онро дигарон мехонанд ва дар як ҷаласа баррасӣ мекунанд. Аз рӯйи моҳият мисли як семинори илмӣ, як маҳфиле, ки бояд ин ё он андешаи илмӣ собит шавад…

Банда дар оғози ин маҳфил, вақте ки аввалсуханам доданд, гуфтам, ки асосан ду тарзи дониш гирифтану хирад омӯхтан аст, ки яке мутолиаи китоб асту дигаре гуфтугӯ бо аҳли илм… Давраи баъдиашро фалсафа таҷриба ва машаққати фикрӣ гуфтааст…

Банда шод аз ин будам, ки суханамро мешуниданд, ҳарчанд тез-тез онро мебуриданд, ки вақт маҳдуд аст… Баҳс ҳам шуд, ки бароям хеле мароқовар буд (аммо боз масъалаи кам будани вақт имкон намедод, ки ҳама андешаҳо батамом гуфта шаванд)… Камобеш се ё наздики сеюним соат чӣ гуна гузашт, нафаҳмидам…

Хеле аз дӯстону мухлисонам аз ин коре, ки шуд, изҳори ҳайрат кардаанд, ки чаро ин қадар дер, мо гумони дигар доштем, фикр мекардем, ки кори докторӣ асту фалону бисмадон… Ин кор бояд бист сол пеш мешуд, ё аз ин ҳам бештар… Ин таъхир гузоштанҳо таърихи худро дорад ва насиб бошаду умр вафо кунаду имкон даст диҳад, дар ёддоштҳо навишта хоҳад шуд.

Аммо ҳоло… Имрӯз ҳам ҳар касе маро дар долону кӯча дид, бо дифоъ табрик гуфт. Ба банда ҳамин калимаи “дифоъ” ҳеч писанд нашуд, аз аввал писанд набуд. Воқеан, чаро дифоъ? Ҳоло шарҳ намедиҳам, аммо дифоъ кардани ин ё он рисола мантиқан дуруст нест. Одатан кас худро аз рақиб ё душман дифоъ мекунад, молу ҷони худро дифоъ мекунад, масалан, марзбонҳо кишварро аз ҳуҷуми бегонаҳо дифоъ мекунанд… Илм ба дифоъ ниёзе надорад, илмро собит мекунанд, ин ё он андешаи илмиро таҳқиқ мекунанд, ки дурусту росту воқеист… Борҳо навишта будам, вазифаи илм исбот кардан аст, табодули афкор аст, вазифаи адабиёт мубодилаи эҳсосот аст, нишон додану тасвир кардан аст… Ин ё он андешаи илмӣ ё таҳқиқу пажуҳиш таҷассуми ҳақиқат аст, ҳақиқат то он даме ҳақиқат мемонад, ки дар муқобилаш чизи дигаре гуфта нашавад…

Мисли ҳамин ибораи “инсони муваффақ” ҳам саҳеҳ нест, одам наметавонад ҳамеша муваффақ бошад, ин ибораро фалсафа инкор мекунад, аммо ҳамеша вирди забоҳост… Устод Шодимуҳаммад Сӯфизода яке аз донишмандони дақиқназар аст, ки банда эҳтиром дорам. Ин кас ба ибораи “пажуҳиши фарогир” муқобиланд ва комилан дуруст мегӯянд, зеро ягон таҳқиқ наметавонад тамоми масоили дахлдори ҳамон соҳа ё ҷанбаро фаро гирад, яъне фарогир бошад… Хуб, инҳо дар омади гап гуфта шуданд ва ҳар яке ниёз ба гуфтумони алоҳида доранд.

Дар умум, банда аз он олимоне, ки сухан гуфтанду баҳс карданд ва бо ин амалашон он маҳфилро зебо намуданд, изҳори сипос мекунам, махсусан ба устод Муҳаммадюсуф Имомзода, раҳнамои кори банда, ба донишмандони фарҳехта Бадриддин Мақсудзода, Шодимуҳаммад Сӯфизода, Шамсиддини Солеҳ, Субҳони Аъзамзод, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Муҳриддини Низомӣ, Абдулҳай Маҳмадаминов, Умари Сафар, Ҳабибуллоҳ Раҷабов, Рустами Тағоймурод, Абдухолиқ Набавӣ, Озод Саидфаъфаров, Ҷовид Муқим, Мурод Муродӣ, Равшани Раҳмонӣ, Тоҷиддини Мардонӣ, Ҷамшеди Саъдулло ва дигарон. Сипоси фаровон ба раиси Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ Жило Гулназарзода ва устод Шамсов, ки тақризе муфассал ба рисолаи мо фиристоданд. Ҳузури мубораки Жилои азиз дар ин ҷаласа барои мо хеле хушу фараҳбахш буд.

Ба раиси муҳтарами донишгоҳи миллӣ ҷаноби Қобилҷони Хушвахтзода сипос мегӯям, ки то ин муддат сари ҳар мулоқот дар бораи вазъу ҳоли фаъолияти банда пурсон мешуданд ва кумаки хешро дар нашри фишурдаи рисола дареғ надоштанд. Сипоси беҳад ба муовини раиси ДМТ оид ба ба корҳои илмӣ Сафармамад Сафармамадов, ки то ахири маҷлис ҳамроҳи мо буданд.

Сипоси алоҳида ба Сироҷиддини Эмомалӣ, ки маънои умрашон ҳамин некӣ кардан асту бас. Ҳангоми ба вуҷуд омадани ин ё он мушкил лаҳзае онро фурӯ намегузоранд, дарҳол ба ҳалли он шуруъ мекунанд. Дар ҳама ҳолу вазъ оптимист ҳастанд, дар ҳама тадбирҳо ба як по рост… Хушгӯйиву ҳазлашон як олам гап аст…

Сипос ба Қарори Муҳаммадизода, мудири кафедрае, ки умри банда дар ҳамин сарой гузашт. Хайрхоҳу дурандеш ва қадршинос аст ин бародари мо, умрашон дароз!

Ҳамчунин, сипоси беандоза ба Илҳом Бобомаллаев, ки гумонам, бо ҳал шудани кори мо бояд оҳи сабук кашида бошанд… Ин дӯсти беғаразу заҳматписанд аз эҳтиром гуфта наметавонад, каси дигаре мебуд, борҳо мегуфт: ростӣ, аз ҳамин кори Шумо безор шудам… Бад-ин маъно, ки банда аз аввал ҳамин ҳуҷҷатгузориву санад дуруст карданҳоро бад медидам, табиатан бад мебинам. Ҳамин кас буд, ки чанд рӯз санадҳои моро ба тартиб оварданд, вақти қиматашонро сарф карданд. Лаҳзаҳое буд, ки аз пушти ҳамин коғазҳо аз фикри ҳимоя гашта будам, мегуфтам, ки маро ба ҳолам гузоред, намекунам… Аммо ҳамин дӯсти азиз садди роҳ шуданд, бад-ин маъно, ки мушкиле нест, ки осон нашавад… Он қадар дар ин кор, яъне дуруст кардани аснод шуҳрат доранд, ки дар ҳар ҷо – ҳар ҷо мешунавем: “аз Илҳом пурсидан даркор, ӯ ҳамаро медонаду мефаҳмад…”. Ҳофизааш қавист, гумонам, мазмуни ҳар санадеро, ки дар ин гуна корҳо лозим бошад, азёд медонад…

Ҳамчунин, сипос ба Солеҳ Қосимзода, ки соҳаи таълими донишгоҳро мудирият мекунад. Боре дар ҳаққи ин бародар навишта будам, “мардум бисёр, одам кам”… Як нишонаи инсони комил ҳамин аст, ки қадри одамони накуро бишносад, ба маърифати неку бади олам, хоҳ дар илм бошад, хоҳ дар муомилоти дигар, хеле амиқ бирасад. Ҳоло замоне шудааст, ки дар забонҳо як чиз асту дар амалҳо чизи дигар… Ин кас аз гурӯҳи дигар аст, гуфтораш ҳамон асту рафтораш низ ҳамон.

Дӯсти дигарамон Нарзуллоҳи Карим, мудири кафедраи забон ва усули таълими он дар донишгоҳ, коре карданд, ки набояд аз ёди мо равад ва намеравад. Дастнависи моро ду-се рӯз пеш гирифтанду ҳамон рӯзи гирудори мо як миқдор китоби моро нашр карданд. Аз сурхии чашмашон пайхас кардам, ки шаб нахуфта, аз пайи чопи китоби мо шудаанд. Расми дерин будааст, ки ҳар ҳимояткунанда аз чизҳои навчопаш ба аъзои шуро ҳадя кунад, мисли барги сабзе аз шохи дарахти илму фазлаш… Як соат қабл аз оғози ҷамъомад ин дӯсти азиз бо халтаи китобҳо дари толорро боз карданд ва бигзор дари раҳмати Худо ҳамеша ба рӯйи ин кас боз бошад…

Ба Бахтиёри Қутбиддин, раиси донишкадаи рӯзноманигорӣ, ташаккур мекунам, ки як ташвиши мо – масъалаи наворгириро ҳал карданд. Ягон тадбире дар донишгоҳ нест, ки бидуни мутахассисони ҳунарманди ин боргоҳи таълим гузашта бошад. Боре дар ҳузури дигарон ҳам гуфта будам, ки дар як соли ахир маҳз дар давраи раҳбарии ин фозили кордон он миқдор ибтикороте шуд, ки дар даҳ соли ахир нашуда буд.

Бисёр хушнуд шудам, ки дар ҳамин рӯз, яъне рӯзи гирудори мо, рӯзи панҷшанбе, ҳам дар “Адабиёт ва санъат”, ҳам дар ҳафтавори “Тоҷикистон”, ҳам дар “Фараж”, ҳам дар “Самак” ва ҳам дар нашрияи донишгоҳии “Ба қуллаҳои дониш” мақолаҳои банда чоп шуданд. Ба сардабирони ин нашрияҳо – Парда Ҳабиб (“Адабиёт ва санъат”), Шарифи Ҳамдампур ва Одили Нозир (“Тоҷикистон”), Хуршеди Атовулло (“Фараж”), Зоҳири Сайфулло (“Самак”) ва Талабшо Иҳромов (нашрияи донишгоҳии “Ба қуллаҳои дониш”) изҳори сипос мекунам ва ҳамин андеша ба сар омад, ки шояд ин табрики дастҷамъонаи сардабирон буд. Орзу мекунам, ки ҳамеша тандурусту саодатёр бошанд!

Устод Рустами Ваҳҳобзода аз шумораи 2-юми ҳаминсолаи “Садои Шарқ” (ки мақолаи банда чоп шудааст) 16 нусха дарёфт карда доданд, ки мо аз лутфи ин кас ниҳоят сипосгузорем. Ин нусхаҳо низ ба ҳар аъзои шуро тақдим шуд.

Бузургворе гуфта, ки кас то он даме хушнудии хешро эҳсос намекунад, ки дигарон ба ӯ изҳор накунанд. Аз мавҷи табрикоти шумо, аз орзуҳои самимонаи шумо, аз лутфу муҳаббати шумо хеле мутаассир шудам!

Ҳар субҳ кас худро дар оина мебинад, шояд давоми рӯз чандин бор. Шумо ҳам мисли оина ҳастед, ки мо худро мебинем ва ҳусну қубҳи худро эҳсос мекунем. Ба ҳама дӯстону мухлисон, онҳое, ки моро табрик гуфтанду муҳаббат карданд, сипос мегӯям. На як бору ду бор, ҳазорон бор!

Ҳафиз РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Шаф шаф накарда, хамту гуед, ки наконец-то диссертацияи номзадия ҳимоя кардаму сохиби унвон мешам

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь