Зикри мухтасар аз дастовардҳои назарраси Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими низоми маориф ва дар ин замина омода намудани насли ояндасози кишварро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон карда, онро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлатдории миллӣ арзёбӣ намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарону масъулони соҳаи маорифро вазифадор намуда, таъкид намуда буданд, ки “бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем ва сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар диҳем”.

Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» низ дар баробари дигар муассисаҳои олии кишвар фаъолияти худро баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар соҳаи маориф равона карда, дар таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси забондон дар самтҳои забоншиносӣ, тарҷумонӣ ва омӯзгорӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмҳои забонишиносиву тарҷумашиносии ватанӣ саҳми арзанда мегузорад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи маълумоти оморӣ айни ҳол дар донишкада 386 нафар корманд фаъолият менамоянд, ки аз онҳо ҳайати роҳбарикунанда, кормандони хурди хизматрасонӣ, техникӣ ва хоҷагидорӣ 153 нафар (78 нафар зан), ҳайати профессорону омӯзгорони асосӣ 184 нафар (108 нафар зан) ва ҳамкорони беруна 49 нафар (20 нафар зан) мебошанд. Дар маҷмуъ 54%-и ҳайати кормандонро занон ташкил медиҳанд.

Бояд зикр намуд, ки аз шумораи умумии кормандону омӯзгорони асосии донишкада 75 нафарашонро устодони дорои дараҷаи илмӣ (7 нафар доктори илм) ва (68 нафар номзадони илм) ташкил медиҳанд.

Шароити созгори таҳсил барои донишҷӯён

Ворид намудани шаклу воситаҳои нави азхудкунии илму дониш, ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздик сохтани нишондиҳандаҳои таъмини сифат, ҷорӣ ва беҳтар гардонидани дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мебошад.

Дар иртибот ба ин, дар донишкада бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ гардондани раванди таълим ва баланд бардошти сифати забономӯзии донишҷӯён дар тӯли се соли охир баҳри таҳкими пояҳои моддиву техникии донишкада тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Аз ҷумла, ҷиҳати татбиқи имконоти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар раванди таълим донишкада бо 58 синфхонаи мултимедӣ, 5 синфхонаи компютерӣ, 1 синфхонаи лингофонӣ, 1 китобхонаи электронӣ, 414 адад компютер, 78 адад принтер, 53 проектор, 18 тахтаи электронӣ ва 18 телевизор таъмин гардидааст. Ҳамчунин, дар соли ҷорӣ донишкада аз ҳисоби грантҳои амалишаванда беш аз 100 компютер ва 3 тахтаи электронӣ ворид намудааст.

Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан

Боиси зикри хос аст, ки афзоиши шумораи ихтисосҳо, аз ҷумла, ихтисосҳои нав ва теъдоди донишҷӯён яке аз дастовардҳои муҳими донишкада ба шумор меравад. Дар давраи ҳисоботӣ дар 5 (панҷ) факултети шуъбаи рӯзонаи донишкада: факултетҳои филологияи тоҷик, филологияи рус, забонҳои Осиё, забони англисӣ ва забонҳои Аврупо 3407 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 2017 нафар духтар ва дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 1599 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 1395 нафар духтар ва дар маҷмуъ 5006 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 3412 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ 124 нафар магистрант (58 зан), 35 нафар докторант аз рӯйи ихтисос (PhD) (18 зан), 1 нафар аспирант таҳсил менамоянд. Ҷамъ, дар шуъбаи мазкур 160 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳамзамон, донишкада аз рӯи 31 барномаи зинаи бакалавриат, 5 барномаи зинаи магистратура ва 5 барномаи зинаи доктор аз рӯи ихтисос (PhD) мутахассисонро омода менамояд, ки дар қиёс ба соли таҳсили 2014-2015 нуздаҳ ихтисос зиёд аст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш бо мақсади суръат бахшидан ба воридшавии меъёрҳои таҳсилоти олии сатҳи байналмилалӣ, вусъати мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон миёни муассисаҳои таълимӣ ва ба рақобати бозори меҳнат мутобиқ омода намудани мутахассисон роҳбарони соҳаи маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро вазифадор карда буданд, ки ҳама чораҳои заруриро дар ин самт амалӣ созанд.

Вобаста ба ин, донишкада дар доираи лоиҳаи «Татбиқи воситаҳои инноватсионии таҳсилот дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва такмили раванди омодасозии тарҷумонҳо», ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷоҳонӣ онро дар соли сипаригардида дастгирӣ намуд, нақшаву барномаҳои таълимиро такмил медиҳад.

Зи илми замона биёб огаҳӣ…

Дар донишкада корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз рӯйи самтҳои зерин роҳандозӣ шудаанд:

– масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, таҳқиқи муқоисавии забонҳо;

– нақши тарҷума дар ҷомеа, рушди тарҷума ва тарҷумашиносӣ дар замони муосир;

– методика ва технологияи нави таълими забон ва адабиёт;

– масъалаҳои мубрами фалсафа ва илмҳои ҷомеашиносӣ ва ғайра.

Мавриди зикри хос аст, ки танҳо семоҳаи аввали соли 2021 дар донишкада 3 конференсияи илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалии донишкадавӣ, 14  семинарҳои гуногун ва 10 мизи мудаввар баргузор гардидааст.

Аз ҷониби ҳайати олимону омӯзгорони донишкада дар ин давра 9 номгӯйи монография, беш аз 70 мақолаи илмӣ, 9 дастури таълимӣ ва 4 китоби дарсӣ таҳия ва чоп карда шудааст, ки заҳмати шабонарӯзии ҳайати профессорону омӯзгорони донишкадаро нишон медиҳад.

Пешвои миллат дар Паёми худ аз китобхонӣ дур шуданро яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо номиданд. Воқеан, пайомадҳои китоб нахондан ва аз китобу китобхона дур шудан барои ворисони миллате, ки фарҳанги китобии бою қадима дорад, миллате, ки бунёдгузори ҷомеаи нав буда, ҳамарӯза ҳадафҳои созандаро пайгирӣ мекунад, метавонад боиси паст рафтани сатҳи маънавиёт, монеаи ҷиддӣ дар роҳи пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, рушди илму фарҳанг ва маориф гардад.

Аз ин рӯ, раёсати донишкада дар баробари китобхонаи донишкада дар партави нишондоди Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1165, аз 9-уми феврали соли 2019 оид ба баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар факултети филологияи тоҷик китобхонаи илмиро бо фонди умумии беш аз 5 ҳазор китоб, аз ҷумла, 1231 китоб бо забони русӣ, 787 китоб бо забонҳои дар донишкада омӯхташаванда ва 3082 китоб бо забони давлатӣ, инчунин 15 ҳазор китоби электронӣ таъсис дода буд.

Бояд тазаккур дод, ки дар факултети забони англисӣ маркази рушди забони англисӣ, маркази тарҷумонӣ ва маркази рушди маҳорати методӣ амал мекунад. Мақсади асосии ташкили чунин марказҳо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи дониши забони англисии тамоми донишҷӯёни кишвар аст. Ҳоло маркази рушди забони англисӣ дорои зиёда аз 4 ҳазор дастур, маводи таълимӣ ва беш аз ҳазор нусха адабиёти электронӣ буда, ин мавод аз ИМА, Британияи Кабир ва дигар давлатҳои хориҷ ҷамъоварӣ шудаанд.

Шоистаи зикр аст, ки лингвапарк (Парки технологӣ)-и донишкада фаъолияти худро дар асоси иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ барои омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ, ҷопонӣ, куриёӣ, форсӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши кор бо компютер, дӯзандагӣ, қаннодӣ, такмили ихтисоси муҳаққиқон бо истифода аз технологияи иттилоотӣ ба роҳ монда метавонад.

Бояд қайд кард, ки курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ аз моҳи феврал оғоз гардида, то моҳи май давом мекунад. Айни замон 182 нафар шунаванда дар курсҳои забономӯзӣ қабул гардида, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчунин, бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз санаи 20.03.2021 осорхонаи донишкада бо 6 гӯшаи намоишӣ – гӯшаҳои муқаддасоти миллӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сотим Улуғзода, ректорони муассиса, робитаҳои байналмилалӣ ва дастовардҳои донишкада ифтитоҳ гардид.

Маънибахши ҳастӣ бошад тарбият

Дар донишкада айни замон 210 нафар донишҷӯ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илм, инчунин раёсати донишкада як қатор чорабиниҳо дар робита бо донишҷӯёни мазкур ташкил ва баргузор гардидааст. Аз ҷумла, дар назди кафедраҳо дарсҳои тахассусӣ ба роҳ монда шудааст. Дар заминаи барномаи давлатии омӯзиш ва рушди забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020 барои донишҷӯёни мазкур дарсҳои иловагӣ аз забонҳои русӣ ва англисӣ дар назди кафедраҳои филологияи англис ва забони муосири рус ройгон ба роҳ монда шудааст, ки донишҷӯён аз он бархӯрдор мебошанд.

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд…

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар мавқеи зан дар ҷомеа баланд гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Зан – Модар таваҷҷуҳи беандоза дошта, мавқеи онҳоро дар ҷомеа ниҳоят баланд арзёбӣ менамоянд.

Дар донишкада ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин ҳидояту роҳнамоӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат бахши кор бо занон ва духтарон фаъолият мекунад. Инчунин, Шӯрои занон фаъолият менамояд, ки аъзои он занони ботаҷрибаву кордон ва собиқадорон мебошанд.

Айни ҳол дар донишкада 206 зан ба ҳайси корманд фаъолият менамоянд, ки аз ин 186 нафар асосӣ ва 20 нафар ҳамкори беруна мебошанд. Аз шумораи 186 нафар корманди асосӣ 2 нафар доктори илм, 23 нафар дотсент, 10 нафар номзади илм, 34 нафар муаллими калон, 43 нафар ассистент, 12 нафар коргузорон, 36 нафар мутахассисони шуъбаҳо, 27 нафар кормандони хоҷагӣ мебошанд.

Моҳи феврал дар донишкада озмуни “Донишҷӯдухтар будан ифтихор аст” ташкил ва баргузор гардид. Дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, инчунин бахшида ба Рӯзи модар дар донишкада озмуни “Донишҷӯдухтари ҳунарманди сол – 2020” ташкил ва доир шуд, ки дар он намояндагон аз Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи иҷроияи сулҳ ва ризоияти миллӣ, МИҲД-и шаҳри Душанбе ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино иштирок доштанд.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба рӯ овардан ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, инчунин машғул шудан ба варзиш дар донишкада мусобиқаи футболи хурд таҳти унвони “Гурдофаридони донишкада – 2020” баргузор гардид.

Равнақи дунё зи илми миллатҳост

Самти дигар ва бағоят муҳиму афзалиятноки фаъолияти донишкада тавсеаи робитаҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ба шумор рафта, ҳадафи асосӣ ҳамоҳангсозии таҳсилот бо стандартҳои байналмилалӣ, мубодилаи академии омӯзгорону кормандон, ҷустуҷӯи шаклҳои нави ҳамкорӣ бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, рушди илм ва инноватсия аст.

Шумораи созишномаҳои донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии бурунмарзӣ ва ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ 51 адад аст.

Аз моҳи январ то марти соли равон 524 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз рӯйи ихтисосҳои мавҷуда дар донишкада таҳсил менамоянд. Лозим ба ёдоварист, ки аз шумораи донишҷӯёни мазкур 139 нафар дар шуъбаи рӯзона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Афзалиятҳои ДДЗТ

– Панҷоҳу ҳашт синфхонаи мултимедӣ, силсилаи синфхонаҳои лингофонӣ ва шумораи зиёди воситаҳои техникии муосир барои раванди таълим.

– Хобгоҳ барои донишҷӯён бо беҳтарин шароити зиндагонӣ.

– Омӯзиши 11 забони хориҷӣ бо осонтарин усулҳои таълимӣ.

– Фаъолияти ботаҷрибатарин омӯзгорони забондон аз дохил ва хориҷи мамлакат.

– Равобити ҳамкорӣ бо 51 муассисаи олии бурунмарзӣ дар ҷабҳаҳои мухталифи таълимӣ.

– Ҳабдаҳ маҳфили илмӣ ва фаннии доимоамалкунанда таҳти роҳбарии маъруфтарин устодони ҷумҳурӣ.

– Курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо дастрастарин маблағ барои донишҷӯён.

– Интишори нашрияи «Паёми донишҷӯ» бо фарогирии навгониҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ва ҷаҳон, ҳамчунин, мубаллиғи истеъдодҳои ҷавон.

– Нашри маҷаллаи «Машъалафрӯз» барои тарҷумонҳои ҷавон ва беҳтарин мактаби тарҷумонӣ ҷиҳати омӯзиши забон.

– Мавҷудияти матбуоти даврӣ барои сайқали дониш ва такмили истеъдоди эҷодии донишҷӯён.

– Баргузории мунтазами озмунҳои шавқовари иртиботманд бо омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар дохил ва хориҷи донишкада.

– Фаъолмандии ансамбли «Субҳи ҷавонӣ» барои муҳассилини дорои истеъдодҳои навозандагию раққосагӣ ва сарояндагию наттоқӣ.

– Синфхонаҳои компютерии пайваст бо интернети баландсуръат барои истифодаи бемамониати донишҷӯён.

– Китобхонаи шукуҳманд бо фарогирии китобҳои тозанашр ва хизматрасонии муосир.

– Пешниҳоди китобхонаи электронӣ дар толорҳои барҳаво бо ҷадидтарин таҷҳизоти техникӣ.

– Муколамаи ҳатмӣ бо забонҳои хориҷӣ дар факултетҳои забономӯзӣ ҷиҳати такмили забондонӣ.

– Омӯзиши дӯзандагию қаннодӣ ва дигар касбу ҳунарҳо барои донишҷӯёни болаёқат.

– Ташкили саёҳати гуруҳӣ ба манотиқи таърихӣ ва истироҳатӣ фориғ аз вақтҳои дарсӣ.

– Фаъолияти маркази рушди забони англисӣ, маркази тарҷумонӣ ва маркази рушди маҳорати методӣ бо фарогирии шумораи зиёди маводи мухталифи таълимӣ.

– Ширкат дар ҳамоишҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ баҳри вусъати ҷаҳонбинӣ ва хештаншиносӣ.

Ҳамин тавр, натиҷаҳои бадастовардаи ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишкада барои дар сатҳи баланд тайёр намудани мутахассисони забоншинос, омӯзгор ва тарҷумонҳои рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат мусоидат намуда, ҷиҳати татбиқи рисолати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва баланд гардидани рейтинги он дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ заҳмати пайвастаро тақозо дорад.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь