Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода қабули довталабонро барои солҳои таҳсили 2021-2022 дар шаклҳои рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ) ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ аз рӯи ихтисосҳои зерин, эълон менамояд:

Эзоҳ ба ҷадвал: муҳлати таҳсил барои дараҷаи бакалавр 4 сол ва барои магистратура 2 сола муайян гардидааст.

Ихтисосҳое, ки бо аломати* ишора шудаанд пеш аз имтиҳонҳои тестӣ имтиҳони эҷодӣ ва маҳоратро дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  месупоранд. Илова бар ин, довталаб дар ММТ аз рӯи фанҳои қисми А имтиҳон месупорад.

Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба шуъбаҳои ғайриэҷодии донишкада тибқи гуруҳи ихтисосҳои 3-юм (кластер) – «Филология, педагогика ва санъат» муайян  гардида, аз 2 қисм (компонент) иборатанд.

Ба қисми А имтиҳон аз фанҳое ворид гардидааст, ки супоридани онҳо барои ҳамаи довталабон сарфи назар аз забони таҳсил ва ихтисоси интихоб намуда ҳатмист: Забони тоҷикӣ (давлатӣ) – тест, математика (тест), таърихи халқи тоҷик (тест), асосҳои давлат ва ҳуқуқ (тест).

Имтиҳонҳои қисми Б тибқи гуруҳи 3-юми ихтисосҳо (кластер) чунин аст: Забон ва адабиёт (тест), таърих (тест) ва забони хориҷӣ (тест).

Имтиҳонҳои қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус)  аз 1-уми июл то 15-уми июл баргузор мегардад.

Довталабоне, ки танҳо ихтисосҳои имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсусдоштаро интихоб менамоянд, аз супоридани қисми Б (имтиҳони ихтисос) озоданд, яъне онҳо фақат қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус)-ро месупоранд.

Бақайдгирӣ дар нуқтаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестӣ ба макони зисти довталаб наздик гузаронида мешавад.

Қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм дар соли таҳсили 2021-2022

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон ба комиссияи қабул аз 20-уми июн то 20-уми август ва муҳлати гузаронидани суҳбат аз 21 то 28-уми август таъин карда мешавад.

Довталабон барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва қоидаи мазкур ба комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:

-ариза ба номи ректор (директор)-и муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

-дипломи намунаи давлатӣ (асл) бо замимааш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти корӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихобкарда;

-6 дона сурати андозаи 3 х 4 см; – маълумотномаи тиббӣ (шакли №038);- шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият.

Нишонии мо: 734032 ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 73а. Телефонҳо барои маълумот : 231-18-27,231-24-27

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь