Барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ
Солҳои охир, дар баробари шоирони ҷавони соҳибистеъдод чанд нафар нависандаи соҳибқалам ҳам ба майдони адабиёт ворид гардиданд, ки ба зиндагӣ ва воқеиятҳои мухталифи он назари хосаи худро доранд. Барои нависанда ва хоса, қаламкаши ҷавон чунин назарро соҳиб будан аз ҳар ҷиҳат муҳим мебошад. Зеро таҷрибаи адабиёти муосири тоҷик, ба вижа масири ба майдони насрнависӣ ворид гардидани нависандагони соҳибқалами мо дар чанд даҳсолаи охир собит менамояд, ки дар кори эҷодӣ, аз ҷумла, нависандагӣ бештар онҳое муваффақ мешаванд, ки сабку шеваи хоси баёни паёмҳои адабии худро дошта бошанд.
Шодӣ Раҷабзод аз ҷумлаи онҳоест, ки ба майдони адабиёт бо диду назари хосаи худ ворид гардида, бо камоли масъулият бори заҳмати нависандагиро ба дӯши худ гирифт. Ҷолиб он аст, ки Ш. Раҷабзод, ҳарчанд хеле барвақт донишгоҳро хатм кардааст, вале аз ҳунару истеъдоди нависандагии худ ба аҳли адаби кишвар дертар дарак дод. Мутолиаи ҳикоёти ӯ ва махсусан, китоби сеюмаш, ки бо номи “Дасти боло” соли гузашта ба нашр расид, собит месозад, ки муаллиф дар натиҷаи омӯзиш, ҷустуҷӯ ва озмоишҳои мутолиотию эҷодӣ хеле пухта шуда, қалами худро барои таълифоти осори арзандаи адабӣ омода кардааст. Чизи ҷолиби дигар дар масири адабию эҷодии Ш. Раҷабзод ин аст, ки ӯ ба майдони адабиёт ҳамчун нависандаи соҳибқалам ворид гардид. Ин андешаро китобҳои то имрӯз ба нашррасонидаи нависанда собит месозад.
Мутолиаи китоби Ш. Раҷабзод “Дасти боло” ба кас умедҳои зиёдеро аз ҳунару истеъдоди нависандагӣ ва қалами ӯ ба зеҳн меорад. Муаллифи пешгуфтори китоби мазкур, нависандаи шинохта Ю. Юсуфӣ аз мутолиаи ҳикоёти ин китоб бардошти аҷибе дорад: “Шодӣ Раҷабзод аз камшумор нависандагонест, ки асосан ҳикоя менависад ва дар ин ҷода комёбу муваффақ низ ҳаст. Комёб будани ӯ дар иншои ҳикояро ман дар парҳез аз тасвири беобуранги ҷараёни ҳодисот ва таваҷҷуҳ ба ботини инсону кӯшиши роҳ бурдан ба фарозу фурудҳои руҳиву равонии қаҳрамон дар пайванд бо рӯйдодҳо мебинам. Барои дастёбӣ ба ин мақсад ӯ қаҳрамонашро дар гирдоби пешомадҳои душвору ниҳонӣ меандозад ва дар ин фазову ҳаво вайро ба мушоҳида мегирад, ниҳоду бунёдашро зеру рӯ мекунад. Воқеан, вақте ки кас аз китоби номбурда ҳикояҳои “Шаби сиву якум”, “Сарнавишти ду тан”, “Интизорӣ”, “Дасти боло”, Ғамкушта” ва ғайраро мутолиа менамояд, ин фазилатҳои ҳунари нависандагии муаллифро ба хубӣ эҳсос менамояд.
Чунонки ишора шуд, Ш. Раҷабзод ба инсони муосир ва мушкилоту муаммоҳои рӯзгори вай назари хоси худро дорад ва ин назари таҳқиқӣ, ҷӯянда ва моҳиятбин мебошад. Далели равшани ин гуфтаҳо ҳикояи “Дасти боло” мебошад, ки нависанда ҳам беҳуда онро унвони китоби мавриди назар интихоб накардааст. Дар ин ҳикоя як манзараи хеле муассиреро аз замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки оқибатҳои фоҷиаборе ба сари мардуми мо овард, ба қалам додааст. Нависанда дар заминаи ба қалам додани ду манзараи ба ҳам тазод, хабари ҷанозаи амаки Маҳмадсалим ва манзараи тӯйи Маҳмадамони бизнесмен таваҷҷуҳи хонандаро ба моҳияти масъалаи мавриди назар, ба аҳволи мардуми манотиқи ҷангзадаи солҳои навад ҷалб менамояд. Модари Сипеҳр дар оғози ҳикоя дар як суҳбати кӯтоҳ чеҳраи ин қабил тоҷирони навбаромаду навкисаро равшан месозад: “Бачам, садқат, аз тӯйи як одами пулдору бадавлату сарватманди деҳа ба мову ту чӣ фоида? Ва ба посухи писар мунтазир нашуда афзуд:
– Дар ин рӯзҳои вазнин, ки ҷанги лаънатӣ ба сарамон овардааст, Муҳаммадамон ягон гард орд ё халтае гандум “ин ёрдам аз мо” – гуфта, ба мо дод? Дасти бенавою афтодаеро гирифт?”.
Баъдан, муаллиф аҳволи зиндагии хонаводаи муаллим, яъне модари Сипеҳрро, ки аз сабусу ҷав барои аз гуруснагӣ наҷот додани фарзандонаш нон мепазад, тасвир менамояд. Аз сӯйи дигар, манзараи тӯйи тоҷирро ба қалам медиҳад. Ин ду манзараи комилан ба ҳам зидди зиндагии он солҳо касро ба моҳият ва арзиши инсон, ба раванди бар асари воқеоти зиндагӣ тағйир ёфтани рафтору кирдор ва муносибатҳои иҷтимоӣ ҷалб менамояд. Рафтори раиси деҳа, муносибати хашини ӯ бо Сипеҳри писари муаллим касро ба андеша мебарад. Воқеан, инсон ва моҳияту фазилатҳои ӯро кас дар чунин лаҳзаҳои душвори зиндагӣ хубтару беҳтар мешиносад. Дар ҳикояҳои мазкур, манзараҳои иҷтимоӣ ва инфиродии ҷомеаи ҳамон солҳо хеле боварибахш ва воқеӣ ба қалам дода мешавад. Нависанда дар ҳар сатри ин ҳикоя хонандаро ба воқеию ҳаётӣ будани тасвирҳо ва шахсиятҳои достонаш мутмаин месозад. Ҷанбаи хоси воқеиятгароӣ, аз ҷумлаи фазилатҳои муҳимми сабки нависандагии Шодӣ Раҷабзод ба шумор меравад.
Ин нуктаро муҳтавои ҳикояи “Интизорӣ” ҳам таъйид менамояд. Дар ин ҳикоя чанд лаҳзае аз ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ ва азоби сафари онҳо дар ҷустуҷӯи кор ба қалам дода шудааст, ки худи муаллиф ҳам на танҳо шоҳид, балки иштирокчии воқеоти мариди назари нависанда мебошад. Ҳузури шахсияти муаллиф ҷанбаи воқеию реалӣ доштани воқеоти тасвиршавандаро устувор ва боварибахш мегардонад. Баёни руҳияи мусофирон ҳангоми сафарашон аз Москва ба Санкт-Петербург, муносибати полисҳо ба онҳо, кӯшиши ҳалли қонунии мушкилоти пешовардаи полисҳои рус ва ғайра ҷузъиёте ҳастанд, ки қариб ҳар рӯз муҳоҷирони меҳнатӣ ба онҳо рӯ ба рӯ мешаванд.
Ҳикояи мазкур ҳарчанд хусусияти саргузаштӣ дорад, вале ҷамъбастҳо ва бардоштҳои бадеии муаллиф хонандаро дар мавриди мушкилоти рӯзгори муҳоҷирони меҳнатӣ ба андеша мебарад. Пайгирии сабки тасвири вуқӯъгароӣ ба нависанда имкон додааст, ки азият ва мушкилоти муҳоҷиронро воқеъбинона ва боварибахшу хотирмон рӯи коғаз оварад.
Ҳикояи дигари ҷолиб “Гиряи пушаймонӣ” мебошад, ки чанд вижагии хоси қалами Ш. Раҷабзодро ошкор месозад. Ин ҷо адиб чанд манзараи ҷолиберо аз рӯзгори як пирамард, шахсе, ки баъзе падидаҳои иҷтимоии замони навро қабул надорад, ба қалам медиҳад. Вай, пеш аз ҳама, ҳодисаи ба яғмо рафтани моликияти ҷамъиятиро, ки ҳамаи мардуми деҳа ба он ҳақ доранд, қабул надорад. Махсусан, ҳодисаи аз тарафи пулдорону сарватмандони навбаромад тасарруф гардидани моликияти ҷамъиятиро маҳкум менамояд. Вай бештар аз он дар шигифт аст, ки ашхоси ҳақталоше, мисли “муаллими китобнавис”, Раҳматуллои “законник” ва кампири Оламбибӣ, ки ҳамеша “муқобили ҳаромхӯру тороҷгарони мулки халқ” буданд, ҳоло “ба даҳон об” гирифтаанд.
Масъалаи дигаре, ки мӯйсафедро боз бештар ба шигифт овардааст, муносибати фарзандон ба худи ӯст. Вай шаш писару чаҳор духтарро ба воя расонидааст, аммо ҳангоми бардоштани қанори алаф касе дар паҳлӯяш нест, ки ба ӯ кӯмак расонад. Замона ва дигаргуниҳои рухдодҳои солҳои охир ҳатто рафтору кирдор ва муносибати фарзандонро ба волидайн тағйир доданд. Ба қавли мӯйсафед, “дунё чаппа шудааст. Пештар падарҳо фарзандонро насиҳат мекарданд, акнун писарҳо ба падарон андарз мехонанд”. Ин гуна муносибат бо падарон, хоса бетаваҷҷуҳӣ ва эҳсоси молу чизпарастии фарзандон ва умуман, насли ҷавон мӯйсафедро ба ташвиш овардааст. Вай бо алам меандешад: “Пас, қарзи фарзандон чӣ мешавад? Одаму одамгарӣ чӣ? Мо, тоҷикон, аз кадом як гӯшаи дунё ба ин сарзамин наомадем-ку? Ростӣ, аҷаб муаммое. Ба ғаври ин калобаи гиреҳ расидан ҳай мушкил”. Ҳамин суолҳое ҳастанд, ки мӯйсафед ба онҳо ҷавоб ёфта наметавонад.
Бояд гуфт, ки Ш. Раҷабзод проблемаи азалию қадимаи адабиёти ҷаҳон, масъалаи муносибати падарон ва фарзандонро, ки бузургтарин нависандагон руйи он андеша кардаанд, ба миён мегузорад. Вале дар ҳикояи мазкур ҳам гузориши масъала ва ҳам шеваҳои баррасии он аз дидгоҳи дигар, дидгоҳи хоси нависанда, аз мавқеи арзишҳои миллӣ тоҷикӣ тасвир ёфтаанду ҷамъбаст гардидаанд. Ш. Раҷабзод мавзуи суннатии адабиётро дар чаҳорчӯбаи ахлоқу маънавиёти миллӣ ва бо дарки мушкилоти тарбиятии ҷавонони имрӯза ба қалам медиҳад. Ҳикояи мазкур, воқеан, хонандаро ба андеша мебарад. Таваҷҷуҳи аҳли назарро ба раванди касодшавии ахлоқу маънавиёти ҷавонони имрӯза ҷалб месозад ва рисолати адибу адабиётро, ки тарбиятгарист, ба ҷо меорад.
Дар ин ҳикоя ҳам талошҳои мӯйсафед ба хотири ҷабр намудан ба гову мол ва ҳам муносибати бепарвоёнаи фарзандон ва бетарафии атрофиён ба ин падидаҳои номатлуб хеле ҷолиб ва зебо ба ҳамдигар алоқаманд карда мешавад, ки дар маҷмӯъ, адиб манзараи умумии кору зиндагии ҳам калонсолон ва ҳам ҷавононро дар замони мо равшан бозтоб месозанд. Ҳамин шеваи нигориши бадеии воқеаю ҳодисаҳо ва шахсиятҳои достониро дар ҳикояҳои “Интизорӣ”, “Тақдирҷунбон”, “Девор”, “Ғамкушта” ва ғайра низ мушоҳида кардан мумкин аст.
Як хусусияти дигари сабки тасвиру баёни Ш. Раҷабзод истифодаи бамавқеъу ҷолиби унсурҳои ҳаҷву танз дар маҷрои нақл аст. Вай бисёре аз камбудиҳои иҷтимоию ахлоқии рӯзгори замони моро аз ин дидгоҳ, мушоҳида менамояд ва дар ҳикояҳояш ба таври боварибахш ба қалам медиҳад. Намунаи ин, ҳикояи “Вов, муаллим” мебошад Ин ҳикоя дар заминаи нақли муаллими собиқадор Зарифӣ, ки ба муаллимони ҷавон аз таҷрибаи худ, аз омадани комиссия ба мактаб нақл мекунад, сохта шудааст. Ҳадафи муаллиф дар ҳикояи мазкур танзи комиссияю тафтишҳои беҳудаю баҳудаест, ки онҳо барои муаллимони мактаб дарди сар, ташвиши зиёдатӣ ҳастанд.
Дар ҳикояи “Балогардон”, ки рафтори директори мактаб ҳангоми суҳбат бо рӯзноманигорон ба қалам дода мешавад, танзи муаллиф ба таври равшан оҳанги танқидӣ пайдо мекунад. Чунки директор барои ҷавоб додан ба одитарин суолҳои рӯзноманигор, ки бевосита ба фаъолияти ҳамарӯзаи ӯ, ба ҳаёти мактаб дахл дорад, душворӣ мекашад ва ҳар лаҳза ҷонишини худ Ҳалимовро ба кӯмак даъват менамояд. Кор то ҷоест, ки директор дар мактаб чанд нафар хонанда ва чанд нафар муаллим буданашро аниқ намедонад. Вай, ҳатто ба суоли “Шумо чанд сол шуд, ки дар мактаб директор шуда кор мекунед?”- ҷавоби дуруст намеёбад ва ба кофтани Ҳалимов меравад, то ки ӯ аниқашро гӯяд.
Бояд гуфт, ки дар рӯзгори мо чунин шахсони бемасъулият ва бепарво кам нестанд. Дар ин ҳикоя сухани нависанда на танҳо ҳаҷви намакин, балки он заминаҳои устувори воқеию ҳаётӣ низ дорад. Тавассути тасвири суҳбати рӯзноманигор бо директори мактаб нависанда чеҳраи ашхосеро бармало мекунад, ки бо вуҷуди нишастан дар курсии мансаб ягон зарра масъулият бар дӯш намегиранд ва саводу дониши казоӣ низ надоранд.
Дар ин қабил ҳикояҳо Ш. Раҷабзод аз зарфияту имкониятҳои ҳаҷви иҷтимоӣ, ки намунаи онро мо дар осори нависандагони бузурги ҷаҳон мушоҳида мекунем, кор мегирад. Ба ибораи дигар, тасвиру баёни танзомез дар навиштаҳои Ш. Раҷабзод тадриҷан хусусияти сабкӣ касб карда истодааст ва он паёмҳои адабии муаллифро дар ҳар як ҳикояаш нишонрас ва муассир мегардонад.
Ш. Раҷабзод муҳтавои навиштаҳояшро асосан аз зиндагии воқеии ҳамзамонон, аз ҳаводису ашхосе, ки мо ҳамарӯза бо онҳо дучор мешавем, интихоб менамояд ва сабаби хотирмону таъсирбахш ҷараён гирифтани тасвирҳои бадеияш ҳам аз ҳамин интихоби хоси ӯ сарчашма мегирад. Ҳунари нигорандагӣ ва нависандагии муаллиф маҳз дар ҳамин раванди аз ҳақиқати воқеӣ ба ҳақиқати бадеӣ табдил ёфтани мушоҳидаҳои ӯ бзтоб мегардад. Муҳим он аст, ки нависанда ба пургӯӣ ва беҳудагӯӣ комилан майл надорад. Дар матни ҳамаи ҳикояҳои ӯ сухани зиёдатӣ ва ҳарфи муфт ба назар намерасад, ки ин фазилат барои ташаккули сабки нависандагии ҳар як адиб аз ҳар ҷиҳат, муҳим аст . Вай ҳам симои қаҳрамонони ҳикояҳояш ва ҳам рафтору кирдори онҳоро воқеию ҳаётӣ ва табиӣ ба қалам медиҳад. Дар маҷрои нақл ба сохтакорӣ, бофтани саҳнаҳои аз воқеият дур роҳ намедиҳад, ки инро ҳам метавон аз хасоиси муҳимму ҷолиби ҳунари нависандагии Шодӣ Раҷабзод маҳсуб кард.
Дар маҷмӯъ, мутолиаи маҷмуаи “Дасти боло” собит месозад, ки нависанда бо камоли масъулият ва ҷиддият ба майдони адабиёт, хоса ба ҷаҳони рангини насри муосири тоҷик ворид гардида, ҳар як таълифоти тозааш хонандаро аз нависандаи баркамолу соҳибҳунар будани вай башорат медиҳад. Барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ пешниҳод гардидани китоби “Дасти боло” далели дигари эътирофи ҳунару истеъдоди адабии муаллифи он аз тарафи аҳли адаб ва доираи васеи хонандагони кишвар мебошад.
Шамсиддин Солеҳ, доктори илмҳои филология, профессор