Пойандозе ба ҷойи оғоз
Дар дабистон устоди фанни ҷуғрофиё маро омӯзонд, ки дар дунё чаҳор уқёнус побарҷост.
Ва чун андак-андак бо пои андеша раҳ рафтан омӯхтам, уқёнусе дигарро шинохтам, уқёнуси Сухан.
Ва дар ин уқёнус сухан, сухани ноби порсӣ дарё-дарё, баҳр-баҳр рехтаву холигоҳи онро пур кардааст. Сухани Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлонову Ҳофизу Саъдиву Хайёму…
Ва дар нимаи ахири садаи бист, аз баландии Чилмеҳроб чашмае ҷӯшид, дарё шуд , дарёфт дарё будан кам аст, хурӯшиду баҳри дамон шуд, дамиду ба уқёнуси сухани ноб рехт, онро серобтар, саршортар кард. Ва соҳилҳоро шодоб кард.
Шиноси ношинос
Устод Лоиқро ба шиносонидан ниёз намемонад.
Ашъори ӯ шиносномаи ӯст. Устод Лоиқ дар тараннуми таронаи зери лаби духтараки паси хараки клоси ҳаштуми мактаб нишаста аст. Устод Лоиқро дар номаи ҷавонаки пинҳон аз муаллим ба номи дӯстдоштааш хат навишта дармеёбед. Дар сӯҳбати мӯсафедони рӯзгордида мебинед:
Дар ин дунё агар чизе набошӣ,
Ба он дунё кирои рафтанат нест.
Дар суруди яккафарёди ронанда,дар минбари вазири вақт, дар нолаи шубони сари қуллаҳо, дар аллаи ғайроти шаби сари гаҳвори модари бедор…
Сиголишҳои бузургон
Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, академик:
Шеъри Лоиқ дарди миллатро аз шикастанҳои дасту по то шикасти дил, аз озори ҷисмонӣ то шикасти рӯҳонӣ фаро гирифта аст. Шеъри Лоиқ як ҷузъи адаби ҷаҳони бекарони тоҷикони Варорӯд аст.
Акбар Турсун, академик:
Лоиқ ҷиҳати офаридани шеъри ғиноӣ (лирикӣ) ба камоли баланди тахассуси шоъирӣ расид, аз хаммаслаконаш касе пояи ӯро надошт.
Абдунабӣ Сатторзода, профессор:
Лоиқ дар торихи адабиёт ва фарҳанги муъосири тоҷик кореро анҷом дода, ки фақат тавонистанд устод Айнӣ дар ривоҷи насри муъосир ва академик Бобоҷон Ғафуров дар зинда гардонидани торихи пурифтихори тоҷик кунанд.З-ин рӯ мо бояд ӯро чун устодон Айнӣ ва Ғафуров азиз дорем ва қадр кунем.
Валӣ Самад, профессор:
То замони Лоиқ адиби дигареро намедонему нашунидаем, ки чун ӯ ормонҳои халқу миллатро бо роҳҳои гуногун ба мақомоти баландпоя асосан бепарда расонида бошад.
Фотеҳ Абдулло, адиб:
Шеъри устод Лоиқ барги заррин дар торихи миллӣ ва ганҷи шоҳворе дар ганҷинаи адабии мост.
Сафар Абдуллоҳ, адабиётшинос:
Зуҳури устод Лоиқ ба адабиёти мо посух ба ниёзҳои миллате, ки солҳо дар “чоҳи сабр” интизори наҷот буд.
Таҳияи Абдуваҳҳоб Сафавӣ