Ба қавли ҳамкасбонаш, Давлатманд Холов барои ҷаҳонӣ кардани фалак саҳми бориз гузошт.
Давлатманд Холов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва яке аз фалаксароёни номдори тоҷик шаби гузашта дар 74-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Даргузашти ӯро дӯстону ҳамовардонаш талафоти бузург барои санъати тоҷик унвон карда, гуфтанд, ки марҳум дар ҷаҳонӣ шудани фалак саҳми бориз гузошт.
Давлатманд Холов фалакро дунявӣ кард
Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи мардумии СССР ва Тоҷикистон, имрӯз зимни сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “Давлатманд Холов идомадиҳандаи роҳи устод Одина Ҳошим буд, ин роҳро бисёр зебо тай кард ва барои санъати тоҷик хидмати бузург анҷом дод”.
Ҷӯрабек Муродов гуфт, ки соли 1983 нахустин бор бо Давлатманд Холов дар барномаи 20-солагии фаъолияти эҷодияш суруди “Эй дило дил”-ро иҷро карданд ва ҳамин буд, ки аз он сол бо марҳум робитаи дӯстӣ пайдо намуд.
Ин овозхони маъруф гуфт, фалак дар вуҷуди Давлатманд Холов ҷой гирифта буд ва ҳарҷое рафт, ба василаи фалак халқи тоҷик ва давлати Тоҷикистонро муаррифӣ кард.
“Давлатманд Холов дар муаррифии санъати тоҷик дар берун аз кишвар саҳми бузург гузошт. Ӯ баъди устод Одина Ҳошим фалакро дунявӣ кард. Бо ӯ ба сафарҳои ҳунарӣ ба кишварҳои Аврупову Амрико ва аксар кишварҳои шӯравӣ рафтем. Шоҳиди ба ҳунари фалаксароии Давлатманд Холов кафкӯбӣ кардани халқҳои гуногуни ҷаҳон будам”, – гуфт Ҷӯрабек Муродов.
Ӯ афзуд, “Давлатманд Холов дар Эрону Афғонистон ҳаводорони зиёд дошт. Мо дар замони ҷангҳои шадид ба Афғонистон сафари ҳунарӣ доштем. Давлатманд марди бағайрат буд. Дар Эрон ҳам дидам, ки чӣ хел ба ҳунари баланду навозандагии зебои Давлатманд каф мекӯфтанд”.
Ҷӯрабек Муродов таъкид кард, ки “Давлатманд Холов сарояндаи маҳал не, сарояндаи миллат буд ва кунун дарди фироқи ин дӯсти боҳунар барои ман сахт аст. Инсон бояд чунон зиндагӣ кунад, ки пас аз маргаш мардум “ҳайф” гӯянд. Давлатманд чунин зист ва имрӯз ман ҳайф мегӯяму афсӯс мехӯрам”.
“Давлатманд устоди хубу инсони нек буд”
Файзалӣ Ҳасанов, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз фалаксароёни дигари тоҷик ҳам зимни сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, Давлатманд Холов тавонист, санъати фалакро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад ва ҷиҳати сабти фалак дар феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО саҳми босазо гузорад.
Ба гуфтаи Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманд Холов устоди хуби санъати фалаксароӣ буд ва даргузашти ӯ дар санъати тоҷик талафоти сангин маҳсуб мешавад.
“Давлатманд Холов сар то по ҳунар буд ва барои муаррифии санъати тоҷик зиёд талош кард ва ба мақсадаш ҳам расид. Ӯ барои ҷаҳонӣ шуданӣ фалак саҳми бузург гузошт ва дигар фалак бо номи Давлатманд Холов пайванди ногусастанӣ дорад ва таърих инро фаромӯш нахоҳад кард”, – гуфт Файзалӣ Ҳасанов.
Ӯ афзуд, ки қариб 20 сол ҳамроҳи Давлатманд Холов дар ансамбли давлатии “Фалак” кор кардааст ва марҳум барояш устоди хуби санъат ва дӯсти хубу самимӣ маҳсуб мешавад.
“Давлатманд Холов дар баробари устоди санъат будан, инсони комил буд. Устод шеърфаҳм буд, бештар ғазал месуруд ва барои шогирдон ҳам талқин мекард, ки шеъре интихоб кунанду оҳанг банданд, ки вазни паст надошта бошад”, – ба ёд овард Файзалӣ Ҳасанов.
Ин санъаткор иброз дошт, “Давлатманд Холов чанд рӯзе, ки дар беморхона бистарӣ буд, ба аёдаташ мерафтам, аҳволпурсӣ мекардам, дилбардорӣ мекардам, ки ин рӯзҳо паси сар мешаванд”.
“Аммо афсӯс… Риштаи умраш ҳамин қадар будааст, он канда шуд ва аз миёни мо рафт. Давлатманд барои мо давлат буд, бойгарӣ буд, аз миёни мо рафт”, – афзуд Файзалӣ Ҳасанов.
Ба қавли Файзалӣ Ҳасанов, дар раванди фаъолияташ дар ансамбли “Фалак” ҳам шогирдони зиёд тарбият кард, фарзандаш низ роҳи падарро пеш гирифт ва кунун роҳи ӯро онҳо идома медиҳанд.
“Як умр дар хидмати халқ будам”
Давлатманд Холов яке аз чеҳраҳои санъати фалаксароӣ маҳсуб мешуд ва бори охир дар мусоҳиба бо “Азия-Плюс” гуфт буд, ки “як умр дар хидмати халқ будам ва ҳамеша бо садои зинда ба ҳаводорони фалак суруд мехондам, ҳоло ҳам чуноне ҳастам, ки будам, ба хидмати мардум камар бастаам ва агар нақше дар фалаксароӣ дошта бошам, шукр мегӯям ва ифтихор мекунам”.
Ин овозхон дар Рӯзи фалак дар мусоҳиба бо “Asia-Plus” перомуни фалак ва розу ниёни мардум ҳарф зада, гуфта буд, “фалак аз қалбҳои нолон берун омада буд ва қалбҳои оламиёнро фаро гирифт”.
“Мардум дар гузашта аз тангдастиву мушкилӣ фарёд мекашиданд. Ҳоло замони он фаро расидааст, ки фалак оҳанги рӯҳафзо ҳам дошта бошад. Имрӯз мо на танҳо аз дарду ғаму фироқ сароем, балки фалаки шодиёнаро низ бояд хонем”, – иброз дошта буд Давлатманд Холов.
Давлатманд Холов беш аз 50 соли умрашро сарфи санъат кард ва кунун аз ӯ беш аз 200 оҳанг ба мерос монд. Сурудҳои маъруфи ӯ “Дилат раҳо кун, ошиқо”, “Сорбон”, “Орзуст”, “Шоҳ, паноҳам бидеҳ”, “Шаби ҳиҷрон” ва “Дур машав” маҳсуб мешаванд.
Ин санъаткори шинохта шаби гузашта дар бемористоне дар Душанбе аз олам даргузашт ва имрӯз санъаткорони тоҷик бо ӯ хайрбод гуфтанду дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд.
Дар робита ба даргузашти Давлатманд Холов раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ изҳори ҳамдардӣ карданд.