Шукрона Хӯҷамқулова духтари наттоқи моҳир Абдурашид Ализода аст, ки бо вуҷуди ҳанӯз хонандаи мактаб будан, бо пайравӣ ба пешаи падар веджагиҳои ин корро аз худ карда, дар ин самт гомҳои устувор дорад.

Шукрона низ чун падар овози марғуладор дошта, дар аксар чорабиниҳои сатҳи баланди ба ҳайси баранда ширкат мекунад Ҳамзамон, ӯ дар маҳфилҳои адабии пойтахт ва ҳатто фаротар аз он аст, чун “Ҳамешабаҳор”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маҳфили “Адибони ҷавон”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҳамсони ин доираҳои адабиву фарҳангӣ фаъол аст.

Шукрона дар оғоз чун мактаби бузурги падарро мегузашт, маҳз қиблагоҳ барояш намуна буду шоистаи пайравӣ ва ҳадаф дошт, то ба пайроҳаи падар раваду дар самти баррасиву рафъи масоили доғ хома гирифта, рӯзноманигориро пеша кунад. Ба фаҳми шеър меравад ва шинохти ашъори асилу сараро аз хому носара хуб медонаду дар қироати ашъори варзидагони самти эҷод саҳм мегирад.

Ин духтари донов дар баробари ровии хуб будан, ҳамзамон китобдӯсти асил аст ва ҳамин аст, ки соли дуюм дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” ширкати фаъолона дорад. Соли пеш Шукрона дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик” ба гирифтани ҷойи якум мушарраф шуд ва соли гузашта дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики форсу тоҷик” мавқеи дуюмро соҳиб гашт.

Меҳри китобхонӣ, қироати шеър ва дӯст доштани осори пурғановати назму насрро дар дили ӯ маҳз қиблагоҳи бузургвораш ҷой дод, зеро маъруфтарин осори хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон бо номи ин ровии нобиға тавъам асту бешак хидматҳои таърихиаш дар самти эҳёи осори миллат бо беҳтарин хонишҳои бадеӣ корест зудуданашаванда.

“Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Духтари оташ”-и Икромӣ ва “Ёддоштҳо”-и устод Айниро аз писандидатаринҳояш мегӯяду дар кору зиндагӣ пайравӣ ба Фирӯзаи ҷасур менамояд, ки воқеан ҳам образи миллист аз офаридаҳои устод Икромӣ. Гурдофарид низ таваҷҷуҳашро ҷалб сохтаву қалби кӯчакашро тасхир карда ва ин боис аст, ки пайваста ба равони Фирдавсии бузургвор таҳсинҳо мефиристад

Бино ба нақли худи ӯ, ҳанӯз хурд буд, ки падараш ба хона китобҳои зиёдеро меоварду ӯро талқин ба мутолиа менамуд ва аз ҳамин ҷову бо шарофати падар меҳри китобхонӣ дар дилаш шуъла зад. Инчунин, дар кӯдакиву наврасӣ ба телевизионҳои “Баҳористон” ва “Сафина” мерафту тараннуми ватану модар менамуд.

Соли аввал баъди чашидани шаҳди ғолибият дар Озмуни ҷумҳуриявӣ, ки воқеан ҳам саҳлу содда набуд, бо Пешвои миллат вохӯрии хотирмоне дошт, ки асло аз лавҳи хотираш зудуда нахоҳад шуд. Ҳамин панду насиҳат ва тавсияҳои Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соли гузашта низ бо тайёрии пухтаву ҷиддитар вориди ин мусобиқаи бонуффуз гашт ва барандаи ҷойи дуюм шуд.

Муваффақ шудан дар ин набарди илмиву зеҳнӣ барояш дари ҷаҳони дигареро боз кард. Оре, акнун ӯ ғарқ ба баҳри бепаҳнои адабиёт шуд, ки ба гуфти худаш ин самт самоест бекарона бо дороии кавкабҳои рахшону дурахшон, ки онҳоро мебояд шиноху омӯхт.

Шукрона бо вуҷуди наврасӣ китобхонаи шахсии худро дорад бо фарогирии беш аз 500 китоб, ки тамоми китобҳои дастраскардаашро он ҷо гирдоварӣ кардааст.

Шоёни зикр аст, ки ӯ аз аъзои фаъоли маҳфили амалӣ-назариявии “Ровӣ” аст, ки дар факултети журналистикаи ДМТ таҳти сарварии Абдурашид Ализода амал мекунад. Маҳфил дар роҳи инкишофи маҳорати суханварии миёни эҷодгарони ояндаи ин боргоҳ нақши муҳим дорад ва ҳамин аст, ки имсол 4 увзи он дар мисоли Шукрона Хӯҷамқлова, Нодира Ханҷарова, Парвина Саманадарзода ва Султон Каримов дар даври ниҳоии Озмун сазовори мавқеъҳои ифтихорӣ гаштанд.

Дар даври ниҳоии “Фурӯғи субҳи доноӣ” Шукрона ба пурсишҳои сершумори ҳайати доварон посухҳои қонеъкунана дод ва сазовори зинаи дуюм гашт. Устоди бузург, адабиётшиноси муваффақ Абдунабӣ Сатторзода дар хатми суханрониаш ба ӯ фотиҳаи нек дод, ки месазад зикраш кунем: “Мо умед дорем, ки ояндаи наздик Шукронаро чун атторшиносу камолшинос ва саноишиноси хуб дар арсаи адабиёт мебинем. Роҳатон сафед бод!”.

Воқеан ҳам, Шукрона бархоста аз мактаби адабиву эҷодии падар ва ҳоло талош дорад дар пайравӣ аз қиблагоҳи бузург сабку услуби худро инкишоф диҳаду дар оянда тимсоли қиблагоҳи бузург чун ровии чирадаст ном барорад. Ба ӯ дар ҷомаи сабз пӯшидани орзуву ҳама омолаш таманнои нек мекунем.

Мирсаид САТТОРИЁН,

рӯзноманигор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь