Эй хунёгари андалебоҳанг, туро ёд мекунам, туро пеши чашмони худ мехоҳам бубинам. Туро дар хотираҳо пайдо менамоямРӯзҳо, дақиқаҳо, сонияҳо ба ман ҳикоят мекунанд. Сурудҳоят мададгорам шуданд.

Аз дард ба худ печидӣ. Ҷигари пора-пораат дигар ба ҷисми аз дард сӯхтаат хизматашро ба охир расонда буд.

Вале як нола, як оҳанги ҷигарашро мехостӣ аз дил берун кунӣ, чун шери захмхӯрда наъра занӣ. Садоят дар гулӯят монд.

Чашмони гирду пуробат ба ёрии садоят хун гирист.

Худ ба худ зери лаб гуфт:

Бимоямат, ки дар дили тангам чӣ нолаҳост,

Чун ной агар ба ҳамнафасе ошно расам.

Субҳ даст бар сарат бурд. Нур рехт. Чашм ба сӯи тереза кардӣ. Чеҳраҳои гарми фарзандонатро дидӣ. Ҳамсарат бо дидаи ашкбор ба зӯр лаб кушод:

– Олимҷон, мо ҳама омадем. Фарзандон ба ҷону ҳолам намонданд.

Нигоҳат барқ зад, худро чун ҳамешагӣ аз дард боло гирифтӣ. Хостӣ онро зери по кунӣ, мағлуб созӣ.

– Хуб кардед, ки омадед, ман садқаи шумо шавам.

Овозат каме ларзид. Ҳис кардӣ, ки дигар дардро, ин бемории қаттолро наметавон фиреб дод.

Гуфтӣ: – Аз дар биёед, ман ҷигарбандома ба серӣ бинам.

Ҳамсарат чизеро шаб ҳис карда буд. Не, аниқаш як лаҳзае, ки хобаш бурд, хоб дид. Ҳамсари овозхону соҳибмақом Олим Бобоев аспсавор бо падару модараш хайрухуш карда рафта истодааст.

Фиғон кашид:

– Эй ҳамқисматам, эй нури басарам, маро бо фарзандонат танҳо нагузор. Ин хонаву дар бе ту барои ман чӣ кор ояд.

Аз чӣ бошад, лаҳзае Олим истоду бо суруд хайр гуфт:

Даруни синаи сардам дили садпора мегиряд

Бо оҳу ашк бедор шуду овози Олимро аз хонаи дигар шунид. Дид, ки духтараконаш бо ашкҳои шашқатор ҳамин сурудро мешунаванд.

Барои ҳамин саҳар барвақт бо фарзандон ба беморхона омад.

Ту шаҳсавори санъат будӣ. Дар он маҳфиле ту бошӣ, касе ёрои сурудхонӣ намекард. Овози ширину фалакгират ҳамаро асиру банда карда буд.

Дар он маҳфиле ту бошӣ, савту наво гул мекард, медурахшид.

Як наъраи шеронат ҳамаро ба ҳайрат меовард.

Охир ту дар савту навои танбӯри падар худро шинохта будӣ, дар суруди ҷовидонаи «Алла»-и модарат хешро пайдо карда будӣ.

Аз хурдӣ бузург будӣ. Бо оламу одам бо чашми дигар менигаристӣ. Ту дар ин дунё намеғунҷидӣ.

Шӯхию мағрурият ба бисёриҳо писанд намеомад. Лекин ту парво надоштӣ, он чӣ ки дилат мехост, ҳамон хел рафтор мекардӣ.

Олим будӣ, дар шинохти зиндагӣ, дар ҳунару ҳунарварӣ.

Хостанд касби азалии дилатро дигар кунанд. Ба дигар донишгоҳ маҷбурӣ дохил карданд.  Дохил шудӣ.

Чанде барои дили падарат он донишгоҳро хондӣ. Вале куҷо Олим тавонад, бе хоҳиши дилаш зиндагӣ кунад.

Рафтӣ, хонданро партофтӣ. Оҳи сабук кашидию гуфтӣ:

Ман мераваму барқзанон шӯълаи оҳам,

   Эй ҳамнафасон, дур шавед, аз сари роҳам.

Падари хунёгарат, дид, ки туро дигар кардан, аз роҳ гардондан сахт мушкил.

Гуфт:

– Омадӣ, акнун ихтиёр дар дасти бахтиёр.

Ва тореро, ки ба наздикӣ харида буд, ба ту дод.

Гуфтӣ:

Нола пиндошт, ки дар синаи мо ҷо танг аст,

Рафту баргашт саросема, ки дунё танг аст.

Падарат амаки Искандари танбӯрӣ хандиду туро ба оғӯш гирифт.

Бори аввал тез-тез задани дили падаратро шунидӣ.

Тез рӯятро гардондию ашкҳои чашматро пок кардӣ.

– Маро бубахшед, – гуфтанат, аҷиб буд.

Он рӯз он вазнинӣ аз дӯшат афтод, он хомӯшию суханҳои дар дил гиреҳхӯрда кушода шуданд.

Гӯё дар ҳавлии падар тӯй шуд, бо ёру дӯстон ва пайвандон.

Ту ба донишгоҳи санъат ва ҳунар дохил шудӣ.

Сурудҳоят яке пайи дигаре дар иду айём, дар ҷашну ҷамъомадҳо садо медоданд.

Чун авҷро мегирифтӣ, ҳама ангушти ҳайрат мегазиданд.

– Дар пояи ӯ сароянда наметавон ёфт.

– Санъаташ бисёр баланд.

– Сурудҳояш дилписанд.

– Офарин бо чунин овози санъати нотакрор.

Бо суруди «Хуршеди ишқ» дилҳоро нурбор намудӣ, бо «Навои Искандарӣ» падарро ба ёд овардӣ, бо суруди «Оташи ишқ» дашту даманро лолазор кардӣ, духтараконро дар сари сарчашмаҳо интизори ёр дидӣ.

Дар сароишат ҳамин манзараро, ҳамин дарду наққоши шоирро метавон дарёфт.

Баъзан нотавонбинон ва ҳасудону беҳунарон туро наҳ мезаданд. Парво надоштӣ… Гӯё онҳо вуҷуд надоштанд…

Дар чанд ансамбл кор кардӣ. Дар «Ганҷина» майдони ҳунари худро он соне буд, пайдо накардӣ.

Дар ансамбли «Шашмақом» нав бо орзуи дилат мерасидӣ, ки нобасомониҳо сар шуд.

Ноилоҷ рафтӣ, дар зодбуми худ, дар шоҳи бостонии Панҷакент хостӣ кор фаъолият намоӣ, ансамбл ташкил намоӣ. Дастгирию дилгармиро надидӣ.

Боз ба пойтахт омадӣ, вале бепарвоиро дидӣ, беҷою макон будан туро азоб дод.

Боз ба зодбум рафтӣ. Дар лаҳзаҳои тақдирсоз ва ҷашнҳои калон яке ба ёди роҳбарон мерасидӣ.

Қаҳрат меомад, ғурурат боло мегирифт.

Мерафтию бо дард, бо алам бармегаштӣ.

Ба эҷодкорӣ дода шудӣ.

Яке аз шоҳкориҳоят суруд – достони «Сарахбори Саразм» буд.

Ашкам, вале ба пойи азизон чакидаам...

Ҳамин сурудро ҳам гӯши шунавою дили бедор набуд, ки қабул кунад.

Дар пойтахт як консерт додӣ. Аммо гӯё маҷбурӣ буд.

Вале дар ҳамин саҳна ҳам худро нишон додӣ, қоил кардӣ…

Дар бистари дард як-як фарзандонро ба оғуш гирифтаю ба ҳамсараш гуфт:

– Хайр, розӣ шав…

Ҳамсарат сари туро ба синааш пахш карду гирист.

– Гиря накун. Тақдир ҳамин будааст. Ман дар ин даҳр нағунҷидам. Роҳи ҳамаи мо якест.

Табибон ба болои сарат омаданд. Пайвандонат дар паси дар.

Чашмони хастаатро ба дар дӯхтию як наъраи дилреш задӣ.

Рӯзи азалам нола на аз рафтани ҷон аст,

Аз ёр ҷудо мешавам, ин нола аз он аст.

Ҳамсарат сахт фиғон кашиду бехуд гашт. Хоҳарат ашки хунбор рехт.

– Эй акоҷони ҳунармандам, чашмони худро кушоед, моро бепушту паноҳ нагузоред…

Ту дигар ин ҳолати ӯву фарзандонат ва хоҳари меҳрубонатро намедидӣ.

Хомӯш будӣ.

Ба гуфти шоири некбин Шаҳобиддини Шуҷоъ:

«Ту дар ин даҳр нағунҷидӣ» ва сугворе бо ашки дил навишт:

Ӯ дар ин дунё нағунҷид,

Ӯ дар дунё миёни мо нағунҷид

Гарчи бо мо буд,

Танҳо буд.

Дарди ӯ дарди замон буд,

Дарди инсон буд.

Қисмати фарзонагон буд,

Дарди ӯ дар қолаби як дил намеғунҷид,

Вусъаташ то бекарон буд.

Ҳар гаҳе ӯ месароид,

Пушти ҳар зарбу бамии оҳангҳояш

Дар баландии садояш,

Дар ғиреви нолаҳояш

Шӯру исён буд.

Гӯиё ӯ бо фалак дастугиребон буд.

Бас шитобон рафт,

Бо ғаму фарёду армон рафт,

Дар нигоҳи мо як истораи паррон,

Як дурахшиду сипас дар моварои осмон аз

Чашм пинҳон рафт…

Ҳаёт ба ту номеҳрубонӣ кард. Туро ҳамшаҳриҳо нашнохтанд, надонистанд, вақтҳои охир  аз маҳфилҳо дур будӣ.

Ту дар ҳақиқат дар худу дар олами ҳунар нағунҷидӣ, вале дар синаи мардони ҳунар, дарёдил, санъаткорони соҳибном ва мардуми зебопараст макон ёфтӣ. Хурду бузург дар сурудҳои ту овои зебоиро, садои зиндагиро, навои дилҳои лабрез аз ишқу меҳрро мешунаванду мегӯянд:

Навои ӯ навои нойи ҷон буд,

Забон оҷизи шарҳи он забон буд.

Ба ақсои Аҷам ромишгаре ку?

Навояш нағмаҳои осмон буд.

Эй хунёгари дилҳо, туро ёд кардаам, дар эҷодиётат, дар гуфтору рафторат, дар нигоҳи пайвандонат, дар садои мондагорат, ки дар само акси садо медиҳад.

Шаҳобиддини ҲАҚНАЗАР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь