(Хотироте дар ҳошияи 63-солагии омӯзгор ва ҳунарманди варзида Маҳмадалӣ Сангов)

Хотиранигорӣ як жанри маъмули публитсистӣ ва адабӣ-бадеист, ки усулан, дар қолиби ёддошт таълиф гардида, бардошту таассуроти як нафар ва ё нафарони алоҳидаро дар робита бо ин ва ё он ҳодисаю воқеаҳо ва зиндагиномаи ашхоси мавриди назар фаро мегирад. Аз ҷониби дигар, хотира ва ёддошт таърихи зиндаи корномаи шахсиятҳо ва дар маҷмуъ, як давраи мушаххаси зиндагии инсониро таҷассум мекунад. Аз ин ҷост, ки хотиранавис, қабл аз ҳама, масъулияти баланди инфиродию ҳирфаӣ ва эҷодӣ эҳсос намуда, дар робита бо паҳлуҳои гуногуни зиндагии қаҳрамон ва ё персонали ёддоштӣ далелу арқом ва маводи гуногун ҷамъ меоварад ва бар мабнои иттилооту аснод саҳифаҳои рангини рӯзгори ононро варақ зада, пораҳои ҷолиби таваҷҷуҳро ёфта, ба хонандагон манзур месозад. Ба ин маъно, хотиранавис дар назди таърих ва зиндагӣ масъул ва муваззаф аст, ки дурӯғ нанависад, ҳаводис набофад, дар тасвири ашхос ва вақоеъ ба сохтакорию сунъисозӣ роҳ надиҳад ва билохира ҳар чиро ки дармеёбад, воқеию реалӣ рӯйи коғаз оварда, аз ин тариқ меъёри воқеънигориро дар таълифоти хотиравию ёддоштӣ риоят намояд.

Агар, фаразан, хотиранавис шахси мавриди омӯзишро дуруст бишносад, солҳои сол бо ӯ муносибати корию идорӣ ва ифтихори дӯстию ҳамкорӣ дошта бошад, навиштааш ҷолиб мебарояд. Мо ҳам, ки тасмим гирефтем, доир ба шахсияти омӯзгор, коргардон, менеҷер-мудир ва ҳунарманди муосири тоҷик устод Маҳмадалӣ Сангов хотираи иҷмолие иншо кунем, бар мабнои талаботи жанрӣ ва воқеияти таърихӣ амал намудем. Аз тарафи дигар, шиносоии бевоситаи моро бо устод Маҳмадалӣ Санг, ки зиёда аз се даҳсола таърих дорад, метавон дар тасвири чеҳраи воқеии ин шахсият далели калидӣ унвон кард.

Гузашта аз ин, Маҳмадалӣ Санг шахсияти чандбуъдӣ ва чандсоҳаӣ аст, аз ин ҷост, ки бо ӯ аз зовия ва паҳлуҳои гуногун метавон бархӯрд кард. Масалан, аз зовияҳои коргардонӣ-таҳиягарӣ, актёрӣ, маъмурӣ-мудирӣ (админстраторӣ), омӯзгорӣ ва амсоли инҳо. Бар илова, вежагии муҳими шахсиятию ҳувиятии Маҳмадалӣ Санг ташкилотчигӣ ва менеҷер-мудириятии муваффақ аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ӯ метавонад дар як они воҳид садҳо ва ҳазорон нафарро тавассути васила-приёмҳои ташкилӣ, идорӣ, ихтисосӣ ва эҷодӣ ба кори самараноки ҷамъиятӣ сафарбар намояд ва муҳимтар аз ҳама, чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва сиёсию мадании музофотию минтақавию умумиҷумҳуриятвиро дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ҳунарӣ баргузор кунад. Ин аст, ки вежагиҳои ахлоқӣ, ҳувиятӣ, ҳунарӣ, ихтисосӣ ва идории мунҳасир ба фарди Маҳмадалӣ Санг ҷойгоҳ ва мақоми ӯро дар ҷомеаи маданию ҳунарии ҷумҳурӣ таъйин кардаанд.

Ошноии мо бо шахсияти Маҳмадалӣ Санг дар чаҳор марҳилаи дидору мулоқот иттифоқ афтодааст ва ин чаҳор марҳиларо шартан “чаҳор дафъаи ошноӣ” унвон мекунем ва дар ин асос мушаххасот ва хасоиси ҳувиятию ҳайсиятӣ, касбию ҳирфаӣ ва корию идории мавсуфро  мухтасаран матраҳ месозем. Мароҳиле, ки зери унвони “ошноии чаҳордафъаӣ” ироа мегарданд, дар ташаккули шахсӣ ва таҳаввули эҷодии мо низ нақши бориз доранд.

Дафъаи аввалии ошноӣ. Бо исми коргардон ва таҳиягар Маҳмадалӣ Санг ҳанӯз аз овони талабагӣ, дуруст, замоне ки пружаи бонуфузи фарҳангӣ ва ҳунарии “Бӯстон-3” дар қаламрави Тоҷикистони Шӯравӣ (нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми асри бист, дақиқтараш солҳои 1986-1987) мавриди амал қарор мегирифт, ошноем. Дар он замон дастаҳои худфаъолиятӣ, гурӯҳҳои ҳунарӣ ва ансамблҳои мардумӣ, ки дар ниҳоди фарҳангӣ-фароғатии хонаҳои маданияту шуъбаҳои фарҳанги шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мунсаҷим мешуданд, ба маъракаи бонуфузи сиёсию маданӣ – Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Бӯстон-3”, ки дар шакли мусобиқоти байнишаҳрию байниноҳиявӣ доир мегардид,  омодагӣ мегирифтанд ва раҳбарияти дастаи ҳаваскорони санъати шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди маданию ҳунарӣ ҳунарнамоӣ кардани дастаҳои ҳаваскорони санъат коргардонон-таҳиягарони шинохтаро ҷалб мекарданд.

Ба ин манзур, барои коргардонии барномаҳои ҳунарии “Бӯстон-3” ба ноҳияи Панҷи вилояти Қурғонтеппа (ҳозира вилояти Хатлон) коргардони он замон ҷавон Маҳмадалӣ Санг даъват шуда буд. Тақрибан, солҳои 1985-1986 бори нахуст Маҳмадалӣ Санговро ҳангоми кор бо Ансамбли тарона ва рақси “Шодӣ”-и Хонаи маданияти ба номи Дзержинскийи ноҳияи Панҷ дидам ва он ҷо мавсуф дар ҳавои кушод масруфи ҳалли масоили касбию ҳирфаӣ бо раҳбарияти онвақтаи Ансамбли мазкур буд. Мо як зумра хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4, ки муассисаи таҳсилотиамон дар рӯ ба рӯйи Хонаи маданияти Хоҷагии ба номи Дзержинскийи ноҳия қарор дошт, бо раҳбари бадеии Ансамбли тарона ва рақси “Шодӣ”-и Хонаи маданият Абдушукур Сафаров (номбурда аз ҷумлаи ҳунармандони собиқадору номии минтақа ба шумор меравад) сари чанд вақт дар доираи ҳамкориҳои эҷодӣ дидору мулоқот мекардем. Хуллас, мо аъзои маҳфил-кружоки дастаи ҳаваскорони санъати Хонаи маданияти Хоҷагии ба номи Дзержинскийи ноҳия будем ва барои анҷом додани дидори навбатӣ бо роҳбарияти вақти Ансамбли “Шодӣ”  тасодуфан коргардон ва ҳунарманди ҷавон Маҳмадалӣ Санговро дидем. Он замон устод Маҳмадалӣ Сангов ҷавони тахмин 27-сола буд ва воқеан, суҳбати гарму гуворои ӯ бисёриҳо, аз ҷумла, мо-хонандагони мактаби миёнаи №4-и минтақаро, ки дар симои ӯ нахустин маротиба бо чеҳраҳои намоёни фарҳангу ҳунари ҷумҳурӣ аз наздик ошно мешудем,  дар ҳайрат мегузошт: тарзи биниши касбӣ, назокати таҳлилӣ, баёни равшани мушаххасоти ҳунарӣ, ишораҳои баҷойи ҳирфаӣ, тамрини ҷисмӣ-баданӣ, машқи садоӣ-овозӣ, психологияи эҷодӣ, ороишу декаратсияи саҳнавӣ, шеваи образофаринию симосозӣ, тавозӯъ ва хоксории мардумӣ, хушсуханию адабгуфтории шаҳрии мавсуф тарҳи тасвири наву тозае аз шахсияти варзидаи ҳунарманд дар зеҳнамон мекашид. Ҳарчанд ки мо бар асари камзавқӣ, ноогоҳӣ аз мушаххасоти ҳунарию ҳирфаӣ ва донишҳои маҳдуди мактабӣ аз муҳтавои суҳбати ихтисосии Маҳмадалӣ Сангов кам баҳра бурдем, вале тасаввуроте муқаддимотӣ аз ҳунару санъати коргардонӣ, саҳнаороӣ ва актёрӣ пайдо кардем, ки минбаъд роҳро дар самти фаҳму дарки мундариҷоти ҳунарию эҷодӣ бароямон ҳамвор сохт. Аз ин гузашта, рӯйи гирд, абрӯвони сиёҳ, мӯйҳои дарози базеб ва қадду қомати дилкашу расои ӯ ба ботину сиришташ зоҳири зебо ато мекард. Ин буд, ки мо ба воситаи суҳбати касбии ҳунарманд симои ҳунарманди ҳирфаиро дар шахси Маҳмадалӣ Сангов барои худ кашф кардем. Аҷибтар ин буд, ки баъди пурсуҷӯ ва ковишҳои шахсӣ дарёфтем, ки коргардони ҷавон Маҳмадалӣ Сангов ҳамдиёри мо будааст ва дар ҳамсоядеҳи Дзержинскийи Хоҷагии мо зода шудааст. Аз ин зиёдтар болидем, вақте фаҳмидем, ҳамдиёри мо, бо он ки аслу насабашро намедонистем, дар Театри академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият намуда, бо шахсиятҳои номдори ҷумҳурӣ ва ҳунармандони бузурги театри миллӣ Аслӣ Бурҳонов, Маҳмуд Тоҳирӣ, Носир Ҳасанов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Ҳошим Гадоев, Фаррух Қосимов, Ато Муҳаммадҷонов, Убайдулло Раҷабов, Қиёмиддин Чақалов, Марям Исоева,  Асалбек Назриев, Шералӣ Абулқайсов ва дигарон шарафи ҳамкорӣ доштааст.

Дафъаи дувуми ошноӣ. Бори дувум тобистони соли 1987 устод Маҳмадалӣ Санговро ҳангоми омодагӣ ба Фестивал-озмуни телевизионии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ “Бӯстон-3” ва тамрини дастаҳои ҳаваскорони санъати Хонаи маданияти Хоҷагии ба номи Дзержинский вохӯрдам. Он замон имкони суҳбат бо устод Маҳмадалӣ набуд ва мавсуф масруфи омода кардани барнома-номераҳои ҳунарӣ буд ва ҳамчун коргардон-таҳиягар ба дастандаркорон ва коллективи ҳунарӣ кумак мекард. Ин дафъа мо аз дур аз тарзи коргузорӣ, шеваи коргардонӣ, тариқаи тамриноти ҳунарӣ, кори инфиродӣ бо ҳунармандони ғайрикасбӣ, аносири машқҳои саҳнаҳои инфиродию умумию ҷамъӣ, ҷобаҷогузории барномавӣ, сабки овозхонӣ, ороишоти саҳнавӣ ва усули равшандиҳии саҳнавии устод Маҳмадалӣ Сангов огоҳ шудем ва ростӣ, хеле лаззат бурдем. Устод Маҳмадалӣ, ки мӯйҳои дарозаш ба бандубасти қоматию баданиаш мутаносиб буд, хеле роҳат бо дастаҳо ва персонали ҳунарӣ муносибат мекард ва бо ҳар яки онҳо забон меёфт. Ин гуна бархӯрд ва муносибат бо ҳунармандон, ки наваду нуҳ дар сад ҳаваскор буданд, нуфузи Маҳмадалиро миёни ҷомеаи ҳунарӣ ва мадании минтақаи мо боло бурд. Мо ифтихор мекардем, ки чунин ҳамдиёри ҳунарманд ва коргардони варзида дорем, ки новобаста аз ҷавонӣ дар омода кардани барномаҳои ҷолиби ҳунарӣ ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ дасти тамом дорад. Дар дафъаи дувуми дидор паҳлуҳои дигари ҳувиятӣ, ҳирфаӣ ва идории Маҳмдалӣ Санговро омӯхтем ва дигар ӯ пеши назарамон минҳайси як шахсияти матраҳи эҷодӣ ҷилва намуд. Дигар ин ки Маҳмадалӣ Санг дар тарбияи кадрҳои соҳаи маданияту ҳунари музофотӣ саҳми бевосита дорад ва чи дар замони шӯравӣ ва чи имрӯз ҷиҳати ҷалби ҷавонони соҳибистеъдоди маҳаллӣ ба ДДФСТ ба номи М. Турсунзода ҳамасола саъю талоши фаровон меварзад.

Нуктаи дигари ҷолиб дар дафъаи дувуми дидор он буд, ки Санговро персонали касбию эҷодӣ ва раҳбарияти ҳунарӣ муҳтарамона “Алӣ” садо мекарданд ва ин унвон минбаъд на танҳо ҳамчун ном, балки ба сифати титули эҷодӣ дар ҳаёти шахсию ҳунарии мавсуф машруият пайдо кард ва то имрӯз аксари кулли  шиносону ҳампешагону дӯстони Маҳмадалӣ ҳангоми муоширату муносибату муколима шакли тахфифии исмии “Алӣ” ва “Алиҷон”-ро истифода мебаранд. Аммо мо ва насли мо аз солҳои ҳаштодуми асри гузашта то имрӯз дар муносибату муошират бо мавсуф аз тарзи эҳтиромии “устод Маҳмадалӣ Санг” корбаст мекунем.

Дафъаи севуми ошноӣ. Агар дафъаҳои аввалию дувумии ошноии мо бо устод Сангов дар мароҳили талабагӣ ва қаблазистиқлолӣ сурат гирифта бошанд, дафъаҳои севуму чаҳоруми дидору мулоқоти мо, ки заминаи дӯстию рафоқати якумриро гузоштанд, дар даврони соҳибистиқлолӣ иттифоқ афтод. Аз тарафи дигар, мо айёми донишгоҳиро пушти сар карда, ба марҳилаи пасодонишгоҳӣ расидем ва ба фаъолияти илмию омӯзгорӣ машғул будем.  Албатта, баъдан дар баъзе чорабинию маъракаҳо, ки дар деҳот баргузор мегардид, устод Маҳмадалиро медидем, вале имкони суҳбат бо ӯ муяссарамон намегардид, чаро ки вақту фурсати тангу маҳдуд дошт ва зуд бояд ба пойтахт – ба коргоҳ бармегашт. Хушбахтона, соли 2002 дар марҳилаи навини Истиқлолияти давлатӣ бо Маҳмадалӣ Сангов дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (ҳоло Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода) дар утоқи кориаш мулоқот кардем. Ин дафъа устод Маҳмададлӣ Сангов дар симати ноиби ректор оид ба корҳои эҷодиву тарбиявӣ фаъолият мекард ва як самти муҳим ва калидии донишкадаи ҳунариро сарварӣ менамуд. Бояд ёдовар шуд, Сангов солҳои тӯлонӣ дар ДДФСТ ба номи М. Турсунзода вазифаҳои раҳбарӣ, аз ҷумла ноиби ректор оид ба корҳои эҷодиву тарбиявӣ, декани факултаи такмили ихтисоси кормандони фарҳангу санъат, директори театри таълимӣ, мудири кафедраи режиссура, декани факултаи театр, кино ва телевизионро бар уҳда дошт ва дар самти тарбияи мутахассисони соҳаи фарҳангу санъати ҷумҳурӣ саҳми босазое гузоштааст. Иттифоқан, аввали сентябри соли 2002 барои анҷом додани коре ба ДДСТ ба номи М. Турсунзода омадам ва чун қаблан медонистам, ки Маҳмадалӣ Сангов дар ин муассисаи ҳунарӣ кору фаъолият мекунад, ба суроғаш рафтам. Ин дафъа суҳбати мо бо Сангов дар утоқи кориаш доир гардид. Устод Маҳмадалӣ  шахси самимӣ, отифӣ ва содапараст аст ва содагии тазйини идориро дар утоқи кории ӯ, ки симати ноибии ректорро бар уҳда дошт, дидан мумкин буд. Сангов мисли дигарон  аз ороишоти утоқи корӣ ва ғуруру ҳавобаландии идорӣ, ки хоси қисмати аъзами тими раҳбарии дирӯзиву имрӯзӣ будаву мебошад, кор намегирифт. Муносибати сода ва самимии ӯ таваҷҷуҳи моро бештар ҷалб мекард.

Дар ин дафъаи дидор Сангов парешон ва ғамгин менамуд ва иллати ғамгинию парешонӣ марги бармаҳали Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, устоди саҳнаи муосири миллӣ Ато Муҳаммадҷонов буд, ки дар Истаравшан ҳангоми нақшофарӣ аз болои асп афтида, сактаи мағзӣ бардошта, ба ҳалокат расида буд. Баъди ҳолу аҳволпурсӣ Сангов доир ба Атои саҳнаи тоҷик зиёд суҳбат кард ва аз муҳтавои суҳбат маълум мегардид, ки ӯ ба ин чеҳраи нотакрори ҳунари актёрӣ муҳаббату самимияти беандоза дорад. Чун Маҳмадалӣ масруфияти зиёди идорӣ дошт, суҳбатро ба дигар вақт вогузор карда, аз утоқи кориаш мураххас шудам. Ин дафъа Сангов, ба назари ихтисосӣ хеле пеш рафта буд. Фаъолият дар модартеатри ватанӣ – Театри академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва ошноӣ бо шахсиятҳои бузургу матраҳи фарҳангию маданию сиёсии ҷумҳурӣ қудрати фикрию эҷодии ӯро боло бурда буд.

Дафъаи чаҳоруми ошноӣ. Дафъаи чаҳоруми ошноӣ расо як сол баъди дидору мулоқоти севумӣ (соли 2003) иттифоқ афтод ва то имрӯз билофосила идома дорад. Сентябри соли 2003 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба ҳайси омӯзгори кафедраи филология ба кор омадам ва аз ин давра ошноии мо бо устод Маҳмадалӣ мартабаи корӣ, ҳамкорӣ ва дӯстию бародариро гирифт. Аз сӯйи дигар, сатҳи донишу биниши мо, ки ба таҳсилоти донишгоҳӣ ва пасодонишгоҳӣ марбут буд, дар шинохти минбаъдаи ин симои фарҳангию ҳунарии ҷумҳурӣ мусоидат кард.

Ба ин тартиб, марҳилаи чаҳоруми ошноии мо таърихи зиёда аз 19-солаи дӯстию рафоқатро бо ин марди ҳунар дар бар мегирад. Дар ин марҳила, ки ҳар ду аз лиҳози синнусолӣ ва фикрию маънавӣ тағйир кардаем, бо ҳам зиёдтар унс гирифта, равобити касбию корӣ, хешутаборӣ ва бародариро бештар тақвият додем. Дар ин марҳилаи дӯстию ҳамкорӣ паҳлуҳои норӯшани ин шахсияти фарҳангию ҳунариро рӯшан карда, сифоту мухтасоти дигари ахлоқӣ, шахсӣ, касбӣ-ҳирфаӣ, маданӣ ва ҳунарии ӯро барои худ кашф намудем. Аз ҳама сифати муҳими ахлоқию шахсиятии Маҳмадалӣ зиндадилӣ, хушҳолӣ ва оптимизми ӯст, ки дар соири ашхоси шиносу ношинос, мутаассифона, ба мушоҳида намерасад. Устод Маҳмадалӣ дар ҳар ҳолат ва ҳар лаҳзаи зиндагӣ, новобаста аз шароит ва вазиши боди номусоиди рӯзгор, ки инсонҳо ва дар маҷмуъ, ҷомеаҳоро дучори варшикастагии фикрию равонӣ ва ба истилоҳ, ниҳилизм (ҳеҷангорӣ) мекунад, аз ҳунари оптимизм ва зиндадилӣ истифода мебарад ва ҳамеша умеду рӯҳбаландиро дар баробари маъюсиву навмедӣ меъёри зиндагӣ қарор медиҳад.

Ба дунболи ин, устод Маҳмадалӣ ба зиндагӣ бархӯрди файласуфона мекунад ва ин тарзи бархӯрдро аз устодони бузурги театру синамои русу тоҷик омӯхтааст. Гузашта аз ин, Маҳмадалӣ дар бораи зиндагинома ва пора-фрагментҳои омӯзандаи рӯзгори донишмандону муҳаққиқону коргардонону ҳунармандони маъруфи театру синамои шӯравӣ, мисли Ефим Исаевич Мителман, Олга Ивановна Пижова, Борис Владимирович Бибиков, Николай Филиппович Шербина, Аслиддин Бадриддинович Бурҳонов (Аслӣ Бурҳон), Туҳфа Фозилова, Муҳаммадҷон Қосимов, Маҳмуд Тоҳирӣ, Мушаррафа Қосимова, София Тӯйбоева, Тӯтӣ Ғаффорова, Дилбар Қосимова, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Хайрӣ Назарова, Алиназар Хоҷаев, Зоҳир Дӯстматов, Маҳмудҷон Воҳидов, Меҳрубон Назаров, Хушбахт Майбалиев, Қашқарӣ Мирзоев, Марям Исоева, Носир Ҳасанов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Фотима Ғуломова, Ҳошим Гадоев, Ато Муҳаммадҷонов, Соро ва Саврӣ Сабзалиеваҳо, Нурулло Абдуллоев, Убайдулло Раҷабов, Шералӣ Абулқайсов, Баҳодур Миралибеков ва дигарон иттилооти ҷолиб дорад ва дар ҷараёни тадрис, суҳбату нишастҳои адабию фарҳангӣ ва дигар мавориди хос диду шунидаҳояшро роҷеъ ба чеҳраҳои мондагори фарҳангу ҳунар бо маҳорати тамом қисса мекунад. Албатта, қисмати зиёди ёддошту хотироту шунидаҳои нодири Маҳмадалӣ дар мавриди симоҳои номдори театру синамои миллию фаромиллӣ ҳангоми ба сифати маъмур-администратори Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ифои вазифа карданаш фароҳам омадаанд. Афзун бар ин, Маҳмадалӣ дар марказҳои фарҳангу ҳунари Иттиҳоди Шӯравӣ – шаҳрҳои Маскаву Ленинград (Санкт-Петербург) таҷрибаи ҳунарӣ ва эҷодӣ касб кардааст ва аснои диду боздидҳои ҳунарӣ бо бузургтарин чеҳраҳои театру синамои русию шӯравӣ ошно гардида, ҳамчун меросбари ҳақиқии ҳунари режиссураи миллию фаромиллӣ дар ҳавзаҳои ҳунарию мадании мо маъруфият пайдо намуд. Ин аст, ки мо дар симои Маҳмадалӣ Сангов меросбари воқеии ҳунари коргардонию режиссурии миллию минтақавиро мебинем ва бовар дорем, то замоне ки чунин шахсиятҳое дар арсаи фарҳангу ҳунари миллӣ арзи вуҷуд мекунанд, фарҳанги мо оянда хоҳад дошт.

Ба гузашти умр нигоҳ накарда, Маҳмадалӣ ҳанӯз бардаму пурэнержӣ аст ва аз фурсати муносиб истифода карда, ба устод саломатӣ, тандурустӣ, бардамӣ, хотирҷамъӣ, комёбиҳои маданию ҳунарӣ ва рӯҳияи болидаи эҷодӣ таманно мекунем.

Нозим НУРЗОДА,

пажӯҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь