Далер Назаров ҳунармандест, ки барои ҳамагон аз хурд то бузург исмаш ошност ва аз ҷумлаи ҳунармандони дӯстдоштарин дар кишвар маҳсуб меёбад.

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар жанри навтаъсиси эстрада, ҳунармандони ба ғоят лаёқатманде рӯи саҳнаи ҳунар омаданд, ки дар фурсати начандон зиёд, эстрадаи тоҷикро бо ҳама нафосату камолоташ натанҳо ба мардуми худ, балки ба ҷаҳониён муаррифӣ карда, дар мустаҳкамтар гардидани жанри эстрадаи тоҷик хидматҳои басо арзишманду шоистае кардаанду мекунанд. Он гуруҳи ҳамоварди эстрадаи тоҷик дар ғанӣ гардондани фонди тиллоии санъати мусиқӣ нақши боризи хешро гузоштаанд, ки ҳатто имрӯз ҳунармандони ҷавон аз осори эшон истифода мекунанд ва баҳри мо камоли ифтихор аст, ки чунону чунин ҳунармандони асил дар олами мусиқиамон зуҳур карданд, фарҳангу суннатҳои миллиро тариқи ҳунарашон бозгӯ намуданд.
Далер Назаров ҳунармандест, ки барои ҳамагон аз хурд то бузург исмаш ошност ва аз ҷумлаи ҳунармандони дӯстдоштарин дар кишвар маҳсуб меёбад. Далер Назаровро воқеан, ҳунару истеъдодаш фавқуллода аст ва санъаташ чун баҳре аст, ки ҳама метавонад аз он шодоб бигардад. Далер Назаров ҳофизи ду аср маҳсуб меёбад ва ӯ дар ин ду давра тавонист, ки бо ҳунараш байни мардум маҳбубияти хосеро соҳиб гардад. Далер Назаровро санъатшиносону сарояндагон ва ҳаводорони мусиқӣ «Классики эстрадаи тоҷик», «Таърихи зиндаи мусиқии муосири мо» унвонаш додаанд. Ҳарчанд то имрӯз ӯ ҳеҷ кадом унвони расмиро надорад, аммо ӯ доштани унвонҳои расмиро лозим намедонад ва изҳор медорад, ки сарояндагӣ шуғли дӯстдоштааш мебошад ва ҳар чи месарояд баҳри худу мардум аст, ки аз ин, ӯ аз касе умедвори мукофоту унвоне нест. Бале, ҳунарманд бояд дӯстдори пешаву ҳунари худ бошад, на инки аз паи шуҳрату ном биравад.
Санъату ҳунари Далер Назаров кайҳо аз марзҳои кишвар баромада ва қитъаҳои Аврупову Осиёро тасхир намудааст. Мавсуф сабаби ин маҳбубияташро дар он мебинад, ки ӯ суннатҳо ва расму русуми миллати хешро ҳифз намудааст ва онҳоро фаровон дар эҷодиёташ истифода мебарад. Дар ҷое ӯ оид ба се навъи мусиқии суннатӣ, «Шашмақом», «Фалак» ва «Маддо»-и миллати хеш изҳор медорад: «Мо аз ҷумлаи хушбахттарин соҳибони мусиқии ғании анъанавӣ ҳастем. Ин се рӯдхона аст, ки ба куллӣ аз ҳамдигар тафовут дорад ва ҳамзамон мутааллиқ ба як миллат аст. Ҳар яке аз ин ҷараёнҳо илҳомбахш ва таъминкунандаи мавод барои ҳазорон оҳангсозу овозхон ҳаст. Ин се навъи мусиқиро намешавад аз паҳлӯ гӯш кард. Бояд ба умқи он фурӯ рафт…» Назару андешаи ин ҳунарманди асил нисбати суннатҳои миллати хеш, фаротар аз тасаввуроти мо аст ва барои ҳифзу такмили он камар бастааст. Имрӯзҳо бештари ҳунармандони эстрадаи мо сабку услуби афғониву эронӣро пеш гирифтаанд, вале Далер Назаров дар оғози фаъолияти хеш то имрӯз бо сабки хосӣ тоҷикона эҷод мекунаду месарояд. Ин худ далелест, ки ба волоияти санъаташ арҷгузор бошем. Ва ҳамин сабки хосаш ӯро миёни мардум азизу муътабар медорад.
Дар баробари дар олами санъати эстрадаи тоҷик фаъолият доштанаш, Далер Назаров дар сохтани мусиқии филмҳо низ саҳмгузор аст. Дар бобати офаридани оҳанг Далер Назаров чунин андеша дорад: «Ҳар чи аз номи ман мебарояд, бояд баркамол ва бенуқс бошад», ва ин принсипаш талаб мекунад, ки ӯ як лаҳзае қарор набошад ва ҳамеша дар ҷустуҷӯву омӯзиш бошад. То ҷое огаҳӣ ёфтем, Далер Назаров нисбат ба худ хеле сахтгир буда ва бештари вақти холиашро сарфи мутолиаи китоб мекардааст. Ҳама ёру ошно ва ҳамкасбонаш мегӯянд Далер ба ҳар коре, ки даст мезанад, онро бо тамоми назокату нафосаташ ба анҷом мерасонад. Бо вуҷуди оҳангсозиву ҳазору як резакориҳои дигари санъат Далер дар филм ҳам нақш офаридааст. Дар як суҳбати ихтисосӣ ба саволи «Бароят кадом нақш писандтар аст; оҳангсозӣ, овозхонӣ ё ҳунарпешаи синамо будан?, ӯ дар ҷавоб изҳор медорад: «…медонам, ки агар ба дунё нишоте метавонам оварда, фарқе намекунад, ки он тавассути синамост, консерт ё мусоҳиба».

Зоҳири САЙФУЛЛО 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь