Дирангҳо ва пирангҳо ба зиндагӣ ва осори шоири бузурги Афғонистон,

Ба чанд қатраи борон чӣ сон хомӯш шавад,

Диле, ки ҷангали оташгирифтаро монад.

  1. 1. Оғоз. Хоҳиши одии як эҷодкор

Нанг бар ман бод!

Нафрин бар ман бод!

Агар аз шумо чизе бихоҳам

Танҳо хоҳише, ки дорам ин аст,

Ки ба руспиёни сиёсӣ низ

Қурси зидди ҳомилагӣ бидиҳед

То насли бешарафон афзунӣ наёбад!

Ин шеърро чанд сол пеш хондаву вуҷудам ба ларза омада буд. Ин шеър хоҳиши одии як эҷодкор аст, ки пайваста аз тақдири насли башар меандешад ва унвонаш ҳам сода аст: “Танҳо хоҳише, ки дорам…”. Хоҳиши одии як эҷодкоре, ки бештари умраш дар гирудори сиёсӣ сипарӣ шуд, гарчанде бевосита вориди сиёсат набуд, вале дар камоли умр зиндонӣ ҳам буд. Хоҳиши нависандаест, ки миллаташ солиёни дароз бозичаи дасти “руспиёни сиёсӣ” асту азият мекашад… Хоҳиши шоирест, ки дарди миллаташро амиқтар аз дигарон ташхис кардаву дақиқтар аз дигарон шинохтааст ва бештару беҳтар аз ҳама сурудааст. Ин орзуи як шоири Афғонистони кулфатзада аст…

Чаро ба сӯйи фалақҳо даре гушуда нашуд,

Суруди фаҷр зи гулдастаҳо шунуда нашуд.

Чӣ базрҳо, ки фишондем дар кавири хаёл,

Яке ҷавона набасту яке дуруда нашуд.

Сухан мадеҳаи кибри табарбадастон гашт,

Шикеби талхи сапедорҳо сутуда нашуд.

Зи баҳри хасм фароҳам шуд аз фалохуни кин,

Ба ҷуз носияи дӯст озмуда нашуд.

Дил аз газофаи имрӯзиён ба ҳарза гудохт,

Вале ҳамосаи фардоиён суруда нашуд.

Вале Афғонистон танҳо дарди Восифи Бохтарӣ набуд. Дарди ӯ дарди пора шудани Ориёнои бузург, дарди се қисмат шудани як забон, дарди бегона шудани форсизабонон, дарди ғурбат, дарди ҷудоӣ… буд. Ва миёни ҳамин анбӯҳи дардҳо ҷон ба ҷонофарин супурд.

  1. Зиндагинома

Восифи Бохтарӣ соли 1321-уми ҳиҷрии хуршедӣ, мутобиқ ба соли 1942-уми мелодӣ дар Афғонистон дар шаҳри бостонии Мазори Шариф таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар зодгоҳаш фаро гирифтааст. Соли 1967 зинаи бакалаври факултаи адабиёти Донишгоҳи Кобулро ба поён расонид. Соли 1975 бошад зинаи магистратураро дар Донишгоҳи Колумбияи ИМА хатм кард. Бохтарӣ аз соли 1967 то соли 1981 дар шӯъбаи таълифу тарҷумаи китобҳои дарсии Вазорати маорифи Aфғoниcтoн кор кардааст. Дар даврони хукумати Ҳафизулло Амин чанде дар зиндон ҳам буд. Аз соли 1981 сармуҳаррири маҷаллаи «Жвандун» («Зиндагӣ») – нашрияи иттиҳодияи нависандагони Афғонистон буд. Ҳамчунин, муддате масъулияти бахши назми Иттиҳодияи нависандагонро ба ӯҳда дошт. Ба иловаи ин ӯ узви гуруҳи дабирони “Бунёди Афғонистон”, узви гурӯҳи раҳбарии Бунёди ҳаким Носири Хусрав, узви шӯрои марказии Анҷумани фарҳангии хушҳолхон ва узви раёсати Иттиҳодияи хабарнигорони Афғонистон низ будааст.

Дар бораи оила ва чанд фарзанд доштани ӯ дар манбаъҳои боз иттилоъе нест. Фақат исми як духтари ӯ Мижгон Бохтарӣ бароямон ошност, ки дипломат, чанд сол сафири Афғонистон дар Аврупои шимолӣ ва феълан сафири Афғонистон дар Австралия мебошад.

Бохтарӣ солҳои охири умр ба Амрико ҳиҷрат карда буд ва рӯзи 20 июли соли 2023 дар он ҷо аз олам даргузашт.

Восифи Бохтарӣ шеърнависиро аз солҳои 60-уми мелодӣ оғоз кардааст. Нахустин китобаш таҳти унвони “…ва Офтоб намемирад” соли 1983 нашр шудааст. Баъдан китобҳои ӯ “Аз меод то ҳаргиз”, “Аз ин оина бишикаста таърих”, “То шаҳри панҷ зилъи озодӣ”, “Дебочае дар фарҷом”, “Дар истивои фасли шикастан”, “Мӯяҳои Исфандёри гумшуда”, “Дарвозаҳои бастаи тақвим” ва чандин маҷмӯа ва мунтахаби ашъораш ба нашр расиданд. Восифи Бохтарӣ ҳамчун додандаи хуби забони англисӣ, арабӣ ва русӣ шеърҳои зиёде аз шоирони ҷаҳонро ба забони форсӣ тарҷума кардааст, ки теъдоде аз онҳо дар китоби “Устураи бузурги шаҳодат” гирдоварӣ шудааст.

III. Шоири навпардоз

Восифи Бохтарӣ ба олами бекарони адабиёти форсӣ ҳамчун гӯяндаи ғазал ворид шуд. Аввалин ғазали ӯ соли 1340 ҳиҷрии хуршедӣ, мутобиқ ба соли 1962 мелодӣ эҷод шудааст. Ин ғазал «Соя» ном дорад:

Чу дар шиканҷаи қафас ёди ошёна кунам,

Зи хуни дидаву доғи дил обу дона кунам.

Расад ба арши Худо шеъри осмонии ман,

Шабе, ки сози суханҳои ошиқона кунам.

Шавам саҳобу шабе дар бараш кашам чун моҳ,

Ҳадиси сояву хуршедро баҳона кунам.

Ҳанӯз расму рои дилбарӣ намедонад,

Чаро шикоят аз он тифли ноздона кунам.

Шароби бӯсаву гулнори ашку накҳати гул,

Саришта созаму оҳанги ин тарона кунам.

Бохтарӣ замоне ба сароидани ғазал оғоз кард, ки дар адабиёти форсӣ ин навъи шеър “куҳна” арзёбӣ шуда, муқобили он “мубориза” -ҳо оғоз шуда буд. Вале тавре муҳаққиқон мушоҳида кардаанд, Бохтарӣ аз оғози фаъолияти эҷодӣ мехост дар ғазалсароӣ навоварӣ кунад, талош мекард, ки онро аз обу ҳавои фазои классикӣ берун кашад. Дар омади гап, қазияи кӯҳна шудани ғазал ва мубориза бо ин навъи қолабии шеър дар адабиёти форсӣ таърихи қариб садсола дорад, вале шуарои форсизабон аз он дил канда натавонистанд. Ва маҳз солҳои 60 ва 70-и қарни мозӣ неҳзати навгароӣ дар ғазал оғоз шуд ва умри ин навъи шеърро дароз кард. Симини Беҳбаҳонӣ, Ҳушанги Соя, Шаҳриёр, Лоиқ Шералӣ ва дигар шоирони ғазалсаро собит карданд, ки дар қолаби кӯҳна ҳарфи нав гуфтан имкон дорад. Дар Афғонистон яке аз пешоҳангон дар ин неҳзат Восифи Бохтарӣ будааст. Кӯшишҳои ӯ дар аввал натиҷа намедоданд, вале дар охир ӯ муваффақ шуд.

Шоир ва пажӯҳишгар Шариф Саидӣ барҳақ менигорад:

«Бохтарӣ солҳои зиёде даргири фазои бастаи ғазали классик мемонад ва оҳиста-оҳиста рахт аз оини варта берун мекашад. Бад-инсон дар соли 1344 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1966 мелодӣ худашро ба забони ғазали нав наздик мекунад. Ғазали нав бо пухтагӣ ва санҷидагии сухан:

Он ки шамшери ситам бар сари мо охта аст,

Худ гумон карда, ки бурдаст, вале бохта аст.

Ҳой меҳан, бинигар пури ту дар паҳнои разм,

Пеши суффори ситам сина сипар сохтааст”.

Ҳамин тавр, Восифи Бохтарӣ дар адабиёти форсии Афғонистон аз нафароне ба ҳисоб меравад, ки ба ғазал қабои нав пӯшонид ва ҳарфҳои тоза суруд. Мақоми ғазал дар сурудаҳои Восифи Бохтарӣ ҷойгоҳи вижагӣ дошта, ғазалҳояш аз мондагортарин ғазалҳои нав дар таърихи ғазалсароии Афғонистон маҳсуб мегардад. Зеро ба андешаи Шариф Саидӣ: «Ғазали Восифи Бохтарӣ дар миёни ғазалсароёни номии Афғонистон ҷойгоҳи хос ва вижагии мунҳасир ба фарди худро дорад ва дар арсаи ғазали форсӣ-дарӣ низ матраҳ аст. Ғазали Восифи Бохтарӣ пурқувватии забони куҳан, ҳаловати таърихии ғазал, навоварии мулоим ва талфиқе аз сабкҳои ҳиндӣ, хуросонӣ ва ироқӣ дар забони рому ором аст».

Чунончи:

Тамузи мо чи ғарибонаву чи сард гузашт,

Кабудҷома аз ин тангнои дард гузашт.

Насими он сӯи девор низ захмӣ буд,

Чу аз қабилаи ашбоҳи хобгард гузашт.

Зи дӯстони гаронҷон куҷо барам шукӯҳ,

Кунун, ки хасми сабукмоя ҳар чи кард гузашт.

Дилам на бандаи афлок шуд на бардаи хок,

Зи обнус рамиду зи лоҷвард гузашт.

Бигӯ, ки кайди шағодон ба чоҳсораш кушт,

Магӯ, ки вой бубин Рустам аз набард гузашт.

Бо вуҷуди он ки Восифи Бохтарӣ ғазалсарои забардаст аст, вале дар Афғонистон ба сифати яке аз саромадони шеъри нав ё сапед шинохта шудааст. Муҳаққиқ Фаттона Бадахш муваффақ шудани Восифи Бохтариро дар шеъри сапед натиҷаи ошноии амиқи ӯ ба адабиёти Аврупо арзёбӣ мекунад.

“Шоирони Афғонистон бо шеъри озод аз тариқи шеъри Эрон ё шеъри нимоӣ ошно гардидаанд. Бохтарӣ бо таҷрибаҳое, ки аз шеъри аврупоӣ ва шеъри нимоӣ дошт, ин ҷараёнро дар Афғонистон роиҷ сохт”.

Чун банда мутахассиси шеър нестам, зиёд ба таҳлили зоти шеърҳои шоир намепардозам. Фақат чанд намуна аз шеъри нави Восифи Бохтариро пешкаши шумо мекунам ва қазоватро дар ихтиёри шумо мегузорам. шеъри нави Восифи Бохтарӣ:

Қолабинимоӣ:

Аз ин ҷо, аз ин шаҳрбанди тиллоӣ,

Бигӯ, то куҷо меравӣ?

Зи солори ин корвон пурс.

Раҳи нахлзорони Сино кадом аст?

К-ин сон ту аз корвонҳо ҷудо меравӣ.

Шеъри сафед:

Эй тамоми баргҳои дарахтони ҷаҳон,

Бештар аз шумори шумо,

Санг дар фалохуни нафрин дорам…

Себайтӣ:

Мусофирони шикебо, мусофирони хамӯш,

Дилам зи гардиши ороми ин қатор гирифт.

Дар истгоҳи ҳаводис пиѐда хоҳам шуд.

Танз дар қолаби шеъри нав:

Зан бояд танҳо,

Як ҷоруб дошта бошад,

Ва чанд сӯзан.

Ё:

Сақати ҷанин бодо бар занони бордор!

Ба вижа агар аз бахти бадворун духтар зояд.

Восифи Бехтарӣ дар шеъри нав имкон ёфта, ки масоили мухталифи зиндагӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ ва фалсафиро барассӣ бикунад. Дар ду тикки охир, ки аз шеъри “Баённомаи ворисони замин” аст, ӯ бо забони танз ва лаҳни дурушт муносибат ба занро дар ҷомеаи суннатӣ баён кардааст.

Зикри як нуктаро дар ин ҷо муҳим арзёбӣ мекунам, ки ба сабки Восифи Бохтарӣ дахл дорад. Шеъри Восифи Бохтарӣ дар назари аввал душворфаҳм ба назар мерасад, зеро аксари ашъори ӯ пройбанди символизм аст. Ӯ шоирест, ки ҳадафашро бештар тариқи намодҳо баён мекунад. Ҳамин аст, ки хонандаи ноогоҳ на ҳамеша шеъри ӯро дарк карда метавонад. Барои мисол дарки ин шеър, ки каламоташ қадимиву маънояш фалсафист ба якборагӣ осон нест:

Сипаҳбуди ситабр, синаи сипеҳр

Ки дар камин ситода буд,

Ба сӯй ёғиёни тундару тагарг

Ҳазорҳо амудӣ оташин фиганд

Ин масъаларо борҳо рӯзноманигорон, пажӯҳишгарон ва алоқамандон бо худи Восифи Бохтарӣ ба миён гузоштаанд ва ӯ чунин посух додааст: «Боре касе аз як мунтақиди бузурги шеър пурсида буд, ки чаро бархе аз шуаро, аз ҷумла устод Бохтарӣ, шеърҳояш чунон печида ва ба устураҳо нигориш ёфтааст, ки ба мушкил битавон ба мӯҳтаво ва паёѐми он даст ѐфт? Мунтақид посух дода буд, ки агар шеър натавонад сатҳи дарки хонандаи хешро боло бибарад, он дигар як шеъри содда хоҳад буд. Ва ё ба сухани дигар ҳамин шеърҳои печида ва баланд агар натавонад хонандаро ба ҷустуҷӯ, такопӯ ва пӯиш барои фаҳми дуруст аз шеърҳо ва паёмҳои онҳо во дорад, дар воқеъ набояд онҳоро печида хонд ва тамоми арзишёбии як шеъри хуб мутаносиб ба пӯишгирии хонанда барои расидан ба мӯҳтавои он шеър аст».

Муҳаққиқи тоҷик Олимҷон Хоҷамуродов ин вежагии шеъри Восифи Бохтариро чунин арзёбӣ мекунад: “Бохтарӣ шиор намегуяд, назм намесарояд ва ба хонанда хабари манзум пешкаш намекунад. Шеъри ӯ анбошта аз андешаву эҳсос ва тахаюлу идрок аст, завқи хонандаро сайқал медиҳад ва ба афкору андешааш такон мебахшад, ба тафаккур водор мекунад. Аз ин лиҳоз, Бохтарӣ яке аз машъалдорони шеъри нави дарист…”.

Сухан аз навъи шеъри Восифи Бохтарӣ буд. Маълум мешавад, ки Восифи Бохтарӣ қариб дар ҳамаи қолабҳои шеъри форсӣ – ғазал, қасида, қитъа, маснавӣ, мусаммат, дубайтӣ, чорпора, рубоӣ, себайтӣ ва чӣ дар қолабҳои нав ҳамчун нимоӣ ва сафед табъ озмуда, дар ҳама навъи шеър тавфиқ ёфтааст. Агар амиқтар андешем, барои Восифи Бохтарӣ навъи шеър на, балки паёми он муҳим будааст…

  1. Сарояндаи ормонҳои Хуросони бузург

Восифи Бохтарӣ шоирест, ки бештар шеъри иҷтимоӣ гуфтааст. Шеъри ӯ шеърест, ки дар он ормони мардуми Афғонистон инъикос шудааст. Нидои Хуросони бузург аст, шеъри Восифи Бохтарӣ. Сурудани дарди миллат, дарди меҳан ва фоҷиаҳои онро ӯ рисолати эҷодии хеш қарор додааст.

Ҳамин аст, ки бештари ашъори Восифи Бохтарӣ ҷанбаи таърихӣ ва иҷтимоӣ дошта, таваҷҷуҳ ба мавзӯъоти миллӣ ва таърихӣ дар осори ӯ авлавият дорад. Ӯ мавзӯоти таърихӣ ва ҳодисаҳову воқеаҳоро бо забони рамз ва тавассути устураҳо ифода мекунад. Ин шева шеъри Бохтариро муассир мекунад. Чаро Бохтарӣ бештар ба таърих муроҷиат мекунад? Чаро ӯ барои инъикоси воқеаи замони мо аз устураҳои куҳан кор мегирад? Чаро ӯ мехоҳад мушкили инсони замони моро, дарди ҷомеаи кунуниро бо гузашта ислоҳ намояд. Дар шеъри «Дебочае дар фарҷом» зимни гуфтугӯе бо таърих ба ин суол худ посух мегӯяд:

Таърих, эй Шаҳрзоди кунун ширгесу

Эй ҷангали нимаи сабзу нимахазонӣ.

Эй душману дӯст,

Омезаи ҳарчи зишт асту некӯст.

Оё ту дар ин шаби устухонсӯз

Боз ба мо қисса пардохтан метавонӣ?…

Ва дар банди дигар:

Таърих, эй ҷангали нимаи сабзу нимахазонӣ,

Ҳарчанд мо нахлҳои куҳансол,

Дар бомдоди нахустин ҳариқи бузурги ту оташ гирифтем.

Насли сапедори фардоиёнро,

Оё дар он ҳариме, ки танҳо ту донӣ нигаҳ доштан метавонӣ?

Дар ҷой он нахлҳои куҳансол.

Нахли дигар коштан метавонӣ?…

Дар ин шеър Бахтарӣ таърихро ба Шаҳрзоди афсонавӣ шабоҳат медиҳад, ки ҳазору як шаб қисса мегуфт, то ки зинда бимонад. Ӯ бо ривоятпардозӣ гардиши чархи тақдирро тағйир дод. Ҳамин аст, ки Восифи Бохтарӣ дар ашъори хеш ба Шаҳрзод зиёд муроҷиат мекунад. Ин ривоятпардози нотакрори афсонаҳо ба Восифи Бохтарӣ нерӯ мебахшад, ки ӯ низ ривояти худро бигӯяд ва талош мекунад, ки ривояти ӯ низ наҷотбахш бошад…

Банда зимни мутолиаи шеърҳои Восифи Бохтарӣ пайваста ба худ суол медодам, ки чаро шоир ин қадар ба таърих, ба устураҳо, ба гузашта муроҷиат мекунад? Чаро? Гумонам ба ин суол назди худ посух пайдо кардам. Таърих ва замони Восифи Бохтариро дарди муштарак ба ҳам оварда. Таърихи миллати мо, таърихи Ориёнои бузурги мо, таърихи Эрони бостонии мо, таърихи Хуросони бузурги мо, таърихи Эрону Тоҷикистону Афғонистони муосир, таърихи форсизабонони парешон дар олам… саропо дард аст. Ҳамин аст, ки Восифи Бохтарӣ мехоҳад дарди имрӯзаро бо таърих шифо бахшад. Иштибоҳи таърихро миён мегузарад, ки имрӯз он такрор нагардад.

Ҳой, мардум, мо

Ронда аз даргоҳи таърихем.

Гарчӣ наққоли дурӯғоҳанги мо ҳар лаҳзае дар гӯши мо гӯяд,

Ки чун он моҳи Нахшаб, моҳи таърихем,

Лек ҳаргиз набзи таърихе, ки аз он гуфтугӯ дорем оё будамон дар даст?

Ҳой, мардум шармамон бодо,

Агар якбори дигар даст рӯи даст бигзорему биншинем.

То Ҳалокуйи дигар аз марзҳои дури бегона

Кайфари Бумуслим аз Аббосиён гирад!

Ҳой, мардум, нимамастам рост мегӯяд.

Роҳи дигар нест

Ё бад ин соне, ки ҳастему бадин соне, ки фармон

Медиҳад душман,

Дар карони баракаҳои поку равшанташ набояд буд,

Ё бад – он соне, ки бояд буду фармон медиҳад меҳан.

Бар ҷигаргоҳи палиди хасм,

Дашна бояд буд.

Тавре ишора шуд, вежагии дигари шеъри Восифи Бохтарӣ символизм аст. Ӯ мекӯшад, ки афкору андешаи хешро дар такя ба намодҳо баён кунад. Ба шеъри “Нафрин” ва намоди Коваву парчами ӯ мутаваҷҷеҳ шавед:

Оҳангарони шаҳри шақоват,

Оё даруни курраи рӯҳи шумо ҳанӯз,

Ёде зи Кова аст?

Чуз парчами хамидаи таслим.

Боре дигар ба шонаи ин насли ёва аст?

  1. Уфуқҳои илм

Восифи Бохтарӣ на танҳо шоир, балки муҳаққиқи варзидаи адабиёти классикӣ, файласуф ва забоншиноси нуктасанҷ низ мебошад. Навиштаҳои ӯ доир ба афкору андеша, ҳунари шоирии Фирдавсиву Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва пиромуни «Вис ва Ромин»-и Гургонӣ дорои аҳамияти муҳимми илмист.

Пажӯҳишҳои ӯ «Дар бораи қасидаи Хоқонӣ ва ангезаи сароиши он», «Гузоре бар ҳошияҳои Маснавӣ», «Пажӯҳиш дар боби кормояҳои Рашиди Ватвот», «Шамс Қайси Розӣ», «Дар бораи Носири Хусрав ба масобаи як муборизи настӯҳ ва кӯҳмарди ба Юмгон нишаста», «Суқрот намоди рушанӣ», «Ду фарзонаи ҳамрӯзгор» ва ғайра далели олими нуктасанҷ ва пажӯҳишгари фарохназар будани ӯст.

Ҳамчунин, номбурда китобе дар таҳқиқи ирфон ва шеъри форсӣ дорад бо номи “Нардбони осмон”, ки дар пайравӣ ба китоби машҳури Абдулҳусайни Зарринкӯб “Пила пила то мулоқоти Худо” навишта шудааст.

Китобҳои таҳқиқии Восифи Бохтарӣ “Суруд ва сухан дар тарозу”, “Гузориши ақли сурх”, “Дирангҳо ва пирангҳо”, “Бозгашт ба алифбо” миёни муҳаққиқони адабиёт маъруфият доранд.

  1. Восифи Бохтарӣ ва Тоҷикистон

Восифи Бохтарӣ ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон шинохта буд. Ашъори ӯ борҳо тариқи нашрияҳои кишвари мо нашр шудааст. (Маҷмӯаи ашъори ӯ дар Душанбе нашр шудааст ё не маълумоте пайдо накардам). Ӯ бо аҳли адабу фарҳанги тоҷик ҳам робитаи дӯстӣ доштааст. Аз ҷумла, бо Мӯъмин Қуаноат, Лоиқ Шералӣ, Искандари Хатлонӣ, Сафар Абдулло ва дигарон.

Ӯ дар суҳбатҳояш доир ба шеъри форсӣ Мӯъмин Қаноатро ҳамосасарои бузург арзёбӣ кардаву дар бораи шеъри Искандари Хатлонӣ гуфтаи зебое дорад:

«Шеъри Искандар муждаи ниёкон ба ояндагон аст. Ӯ аз қаъри торихи беш аз 3000 сол ба ояндагон муждаи нур медиҳад. Шеъри ӯро ман вожаномаи торихи ин куҳандиёр, Ориёи бузург медонам. Дар Афғонистон шеъри Искандар шӯру валвалаи зиёдеро ба по кардааст. Шеъри Искандар мавриди таҳқиқи муҳаққиқин ва муваҷҷеҳи зиёди шефтагони шеъри нави порсии дарӣ гардида. Бисёре аз шуарои ҷавон ба ӯ пайравӣ намудаанд. Банда дар мавриди шеъри Искандар ба шогирдон дар маҳофили шеъри дарии тоҷикӣ дар Канада ва Ҳолланд назари хешро борҳо мавриди назарсанҷии аҳли калом қарор додам. Ва чанд шеъри ӯро дар маҷаллаи адабии адибони Хуросони бузург низ ба чоп тавсия намудам».

Дар омади гап бояд ёдоварӣ бикунам, ки Восифи Бохтарӣ мухолифи ба се шоха тақсим кардани забони форсӣ буд ва мегуфт: “Агар ин ин гӯишро дар Афғонистон забони “дарӣ” гӯему дар Тоҷикистон онро “тоҷикӣ” бихонем, пас забони мардуми порсизабони Ҳинду Покистонро чӣ бигӯем?!”…

Дар бораи Восифи Бохтарӣ муҳаққиқони тоҷик борҳо навиштаанд. Дар факултаҳои суханшиносӣ донишҷӯён доир ба эҷодиёти Восифи Бохтарӣ поённомаҳо навишта, пажуҳиши илмӣ ҳам доир ба осори шоир дар Тоҷикистон сурат гирифтааст. Соли 200 муҳаққиқи ҷавони афғонистонӣ Фаттона Бадахш дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар мавзуъи “Ҷанбаҳои таърихӣ ва иҷтимоӣ дар осори Мӯъмин Қаноат ва Восифи Бохтарӣ” (таҳқиқи қиёсӣ) зери роҳбарии профессор Аъзамҷон Худойдодов рисолаи номзадӣ дифо карда, бо ҳамин ном соли 2020 рисола ҳам нашр кардааст.

Профессори тоҷик Сафар Абдулло бо Восифи Бохтарӣ ошноии наздик доштааст. Ӯ дар навиштаҳояш борҳо аз Восифи Бохтарӣ ёд кардаву доир ба ҷойгоҳи ӯ дар адаби форсӣ ишора намудааст. Дар мусоҳибае, ки соли 1991 бо Давлат Худоназаров анҷом додааст, як лаҳзаро ёдоварӣ мекунад. Сафар Абдулло мегӯяд, замоне, ки Восифи Бохтарӣ бемор ва дар яке аз бемористонҳои Москав бистарӣ будааст ба дидорбиниаш меравад ва зимни суҳбат шеъри “Куҳандиёро”и Нодирпурро барояш мехонад. Ин шеър ба Бохтарӣ чунон таъсир мекунад, ки ӯ ашк мерезад ва дар дидорбинии навбатии Сафар Абдуллоҳ шеъри машҳури хеш “Дарёнавардо”ро мехонад, ки зери таъсири шеъри Нодирпур навишта буд:

Дарёнавардо, дардову дардо,

Дидӣ, ки тӯфон бо мо чиҳо кард?

Воқеан, миёни Нодирпур ба Бохтарӣ шабҳатҳое ҳаст, ҳар ду шоири пешгоми замони хеш буданд, ҳар ду навовар ҳастанд, ҳар ду дарди миллатро месароиданд, ҳар ду дар кишвари хеш меҳрубонӣ надиданд, ҳар ду ҷомаи ғурбат ба бар карданд ва билохира ҳар ду дар мусофират ҷон ба ҷонофарин таслим карданд…

VII. Сукут дар ғурбат

Солҳои охири умри Восифи Бохтарӣ дар ИМА мегузашт. Дарди ғурбат барои шоир бисёр гарон буд. Вале ӯро бештар дарди чолишҳои Афғонистон ва сарнавишти миллаташ гирифтор карда буд.

Вале бо вуҷуди ҳамаи ин, шоир солҳои охир сукут карда буд. Дар ҳеҷ мавориде назар намедод ва шеърҳояшро низ нашр намекард. Шояд шеър ҳам намегуфт.

Шоири Афғонистон Кова Ҷуброн, ки камоли ҳамнишинӣ бо ин шоири бузург насибаш шуда, низ пас аз марги Восифи Бохтарӣ навишт: “Пиру ҷавон, зану мард, адабиётӣ ва ғайриадабиётӣ андӯҳ берун рехтанд. Дар сӯги шоире, ки солҳои сол қуфли гароне бар забонаш заду дигар ҳеч нагуфт. Дар мусибати шоире, ки барои насле номаш муродифи худи адабиёт буд”.

Парвиз Кова, шоир ва муассиси рӯзномаи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон аз хотироти ҳиҷрат ва зиндагии Восиф Бохтарӣ дар Пешовари Покистон ёд карда, менависад: “Устод Бохтарӣ мероси бузурге аз худаш ба ҷо гузоштааст. Ӯ шеъри Афғонистонро мутаҳаввил кард ва заминаҳои фаровоне барои дигаргунӣ дар шеър барои наслҳои пас аз худаш ба ҷо гузошт. Пас аз рафтан ба Амрико танзи талхи “Баённомаи ворисони замин”-ро ба чоп расонд ва сипас сукут кард. Ин сукут гуфтаниҳои фаровоне дошт. Шеъри форсӣ то ҳамеша ва ҳаргоҳ вомдори ин марди бузург хоҳад монд”.

Сукути Восифи Бохтарӣ аз ҳамон хамӯшиҳои буд, ки “ҳикмате дорад, ки дар гуфтан намеғунҷад”… Вале Восифи Бохтарӣ хидамати бузурги хешро дар назди адаби форсӣ ба ҳадди зарурӣ анҷом дод.

Навиштаи духтари шоир Манижа Бохтарӣ дар рӯзи марги падараш гуфтаи болоро тақвият мебахшад: “Устод Восиф Бохтарӣ падари мо, пири мо, донои мо, ҷони мо, ҷаҳони мо дишаб ба абадият пайваст. Дар рӯзҳои пойини умраш барояш лолоӣ ва шеър хондем ва дастҳои ранҷурашро навозиш кардем. Зиндагии ӯ чунон бузург буд ва ёди ӯ чунин бошукӯҳ аст, ки марг вомдори ӯ хоҳад монд, то ҳамеша”.

Ин нигоштаро бо як шеъри Восифи Бохтарӣ ихтимом мебахшам, ки ҳасби ҳоли шоир аст:

Чиҳо, ки бар сари ин такдарахти пир гузашт,

Валек ҷангали анбӯҳро зи ёд набурд.

Ба фатҳнома хуршеди коғазин хандид,

Чароғ гӯшаи андӯҳро зи ёд набурд.

Нишаст умре дар устувои баргу тагарг,

Шикеб сахраи настуҳро зи ёд набурд.

Ба уствории он санг офарин бодо!

Ки обгина шуду кӯҳро зи ёд набурд

Одил НОЗИР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь