Назари ду нафар нависанда ба фардои ҷомеа

Чаро Антон Павлович Чехов ва Фазлиддин Муҳаммадиев? Дар байни ин ду нависандаи бузург чӣ иртиботи маънавие вуҷуд дорад? Барои ҷавоб пайдо намудан ба ин савол бояд аввал ба бузургии А. П. Чехов назаре андозем. Дар ин замина аз нависандаи бузурги англис Сомерсет Моэм кумак мепурсем. Вай дар «Ҳикоянависон» ном мақолааш Редярд Киплинги англис, Ги де Мопассани франсавӣ ва А. П. Чехови русро дар навиштани ҳикояҳои хурд дар ҷаҳон дар қатори аввал мегузорад. «Аммо- мегӯяд ӯ,- дар Чехов ман рӯҳеро дарётам, ки аз бисёр ҷиҳат бароям наздик аст». Сомерсет Моэм дар поёнтари мақолааш боз меорад: «Ман эҳсос кардам, ки танҳо дар асарҳои Чехов калиди дарк намудани ин Русияи мармузро метавон ёфт».

Боз ба навиштаҳои худи А. П. Чехов рӯ меорем, ки барои нависанда чунин маслиҳат медиҳад: «Агар шумо барои имрӯз менависед, пас коратон ботил хоҳад буд, танҳо бо назардошти фардо бояд заҳмат кашед». Дар ҷои дигар ӯ боз меоварад: «Ман танҳо аз рӯи хотираам навишта метавонам ва ҳеҷ гоҳ мустақиман воқеапардозӣ накардаам. Барои ман лозим аст, ки хотираам сужаро ҳазм намояд ва дар он, чун дар полоиш, фақат чизе монад, ки пурарзиш бошад ё ки типӣ».

Бояд ёдрас шуд, ки офаридани образи типӣ ва пешгӯӣ намудани фардои ҷомеа Фазлиддин Муҳаммадиевро бо Антон Павлович Чехов наздик кардааст.

Ин ҷо мехоҳем ҳикояҳои «Володя» («Володя большой и Володя маленький»)-и А. П. Чехов ва «Рӯзи дафни усто Оқил»-и Фазлиддин Муҳаммадиевро, ки ҳар ду таҷассумгари образи типӣ аст, мавриди таҳлил қарор диҳем.

Ҳикояи «Володя» бо даъвои Софя Лвовна, ки савори ароба буд ва аз сархушӣ мехоҳад аробаро идора кунад, оғоз меёбад. Ароба дар давраҳои пеш аз инқилоби Октябр ва баъд аз он вазифаи таксии кунуниро, ки он ҳамеша дар хидмати мардум аст, иҷро мекард. Аммо шавҳараш садди роҳи Софя мешавад.

Агар дақиқ таваҷҷӯҳ кунед, Софя Лвовна, ки қаҳрамони асосии ҳикояи «Володя» аст, дар байни се чиз – шавҳараш, Володяи калонӣ, ки афсари солхӯрда буд, дӯстдоштааш, Володяи хурдӣ, ки аз адабиёти Ғарб рисолаи номзадӣ менависад ва бо духтархолааш Оля, ки роҳибаи калисо аст, калавиш дорад. Бояд гуфт, ки Антон Павлович Чехов дидаву дониста Софя Лвовнаро зани беидея, сустирода ва заиф офаридааст. Ба муроҷиати ӯ ба Володяи хурдӣ таваҷҷӯҳ кунед: «Ман дар пеши шумо сабзидаам. Агар мехостед, мувофиқи табъи худ, аз ман ҳама чиз, ҳатто фаришта офариданатон мумкин буд. Аммо шумо бо ман муносибати дурушт мекунед. Ягич (шавҳараш), ки аллакай солхӯрда буд, бо ман хонадор шуд, шумо бошед… Эй кош медонистед, ки чӣ қадар мехоҳам тағйир бихӯрам, ба зиндагии нав оғоз намоям. Инсони хуб, бовиҷдон ва покиза будан мехоҳам».

Софя Лвовна дар ин ҳикоя чун рамзи рӯҳи мардуми рус омадааст. Рӯҳе, ки як давра бар нерӯи тавонои артиши рус такя менамуд. Имрӯз артиш якранг, дилбазан ва солхӯрда (шавҳараш) аст. Он тобишҳои дарунии Софя Лвовнаро наметавонад инъикос бикунад. Баъд вай ба Володяи хурдӣ рӯ меорад. Бо ин роҳ ӯ мехоҳад бо воситаи вай аз ғояҳои хориҷӣ кумак бигирад. Володяи хурдӣ аввал бо лутф ва нармӣ ба Софя наздик мешавад ва баъди ситонидани ком ба мазоқи вай мегузарад. Сипас ба Оля, ки роҳибаи калисо буд, рӯ меорад. Софя пай мебарад, ки Оля низ дар роҳи дин чандон шахси устувор нест. Пас Софя, яъне рӯҳи мардуми рус, ки идеяи амиқи миллиаш хеле коста буд, дар ҳама ҳолат бо калавиш рӯ ба рӯст. Дар чунин вазъият ғояҳои бегона хоҳ нохоҳ дар тафаккури вай ворид хоҳанд гашт. Дар чунин ҳолат аз сар задани Инқилоби Октябр ҷои гурез ҳам нест.

Ҳикояи «Рӯзи дафни усто Оқил»-и Фазлиддин Муҳаммадиев низ паҳлуҳои иҷтимоӣ дорад ва дар баробари ин мафҳуми рамзӣ низ гирифтааст. Воқеа аслан дар рӯзи дафни усто Оқил (чаро Оқил?) сар мезанад. Рӯзи гӯру чӯб одамон кам меоянд. Абдурауф-амак, ки маросими дафнро идора мекард, аз чунин сар задани воқеа дилтанг буд. Ӯ айби асосиро аз хасисии усто Оқил медонист. Ӯ усто буд, аммо ягон шогирде мисли худаш тайёр накард.

Агар ба ҳикоя назари зоҳирӣ андозем, дурустии хасисии ӯ дар ҷодаи ҳунар чандон беасос нест. Аммо мо даричаеро мешиканем ва ба даруни бинои ҳикоя ворид мешавем. Он лаҳза пай мебарем, ки усто Оқил чӣ қадар дилсӯзи миллат будааст. Ӯ намехоҳад ҳунарашро ба ҷуз писараш ба каси дигаре биомӯзонад. Ӯ баъди инкор кардани писараш ба андеша меафтад. Баъд бо хоҳиши ҳамсояаш Абдурауф-амак (кишвари ҳамсоя дониста шавад) писари ӯро ба шогирдӣ қабул мекунад.

Нодир, шогирди усто Оқил бо хоҳиши устодаш бист дона тухми кӯчакро ба қишлоқи ҳамсоя бурда, бо понздаҳ дона тухми калон иваз мекунад. Аз ноуҳдабароии Нодир дар ҳавлии усто Оқил тухмҳо ба замин афтида, мешикананд. Усто Оқил бо ин айб ӯро аз шогирдӣ дур мекунад.

Агар дақиқ назар кунед, нависанда понздаҳ тухми калон ва бист тухми кӯчакро бо мақсад ва дидаву дониста офаридааст. Яъне ин ишораест ба   понздаҳ ҷумҳурии шӯравӣ ва бист кишвари мухтор. Ҷамоҳире, ки таҷассумгари як бинои бузург ва қашанг буда, синҷҳои (ҷумҳуриҳо) он аз дасти пурҳунари усто Оқил моҳирона пайваст шудааст ва бо як дидан ҷои васлро наметавонӣ муайян намуд.

Аммо аз ин навишта ва офаридаҳои дигар бармеояд, ки Фазлиддин Муҳаммадиев ба пароканда шудани Иттиҳоди Шӯравӣ бовар доштааст. Ӯ сабаби парокандашавиро дар образи раиси тасмапеч мебинад. Раисе, ки майдони ҷангро надидаву дар китф ва дар миён бо печонидани тасмаи афсарӣ худро қаҳрамони ҷанг муаррифӣ мекунад. Дар ҳикоя тасма ду мафҳум пайдо намудааст. Якум, муаррифии қаҳрамони ҷанг ва дуюм, ифодагари золимии ӯст. Яъне раис бо роҳи фиреб ва зулм мардумро ба дом афкандаву дар ҳолати зарурӣ аз онҳо истифода мебурд.

Шахсе, ки бо роҳи чоплусӣ, дурӯягӣ, лаганбардорӣ ва хушомадзанӣ бар сари қудрат омадааст, фардо ҷомеаро хоҳ нохоҳ ба сӯи торикӣ хоҳад кашонид.

Ҳамроҳи АВЛИЁПУР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь