Соли 1982 мебоист 70-солагии зодрӯзи нависандаи шинохта Сотим Улуғзодаро таҷлил мекарданд. Иттифоқи нависандагон дар ибтидо хомӯш монд, аз пеши худ коре накард. Шояд зимомдорон аввал қарори бюрои Кумитаи Марказиро интизор шуданд. Чун ҳеҷ гуна дастур нашуд, хеле дер, 13-уми январи соли 1983 ( ҷашн мебояст нимаи моҳи сентябри соли 1982 доир мегардид) Раёсати Иттифоқи нависандагон таҳти роҳбарии Мӯъмин Қаноат тасмим гирифт, ки маросими таҷлили зодрӯзи адибро гузаронад. Нақшае буд, ки маҷлиси унс бояд бо иштироки аҳли ҷомеа дар толори театри ба номи Лоҳутӣ доир гардад.
Ғайри интизори ҳама Сотим Улуғзода аз гузаронидани ҷашн рӯй тофт.
Он вақт ин иқдоми адиби номиро дар муҳити адабӣ ба ҳар маънӣ таъбир мекарданд. Аксарият бар ин ақида буданд, ки дили Улуғзода аз ҳама, махсусан аз Иттифоқи нависандагон хунук шудааст.
Ин гумонҳо ҷон ҳам доштанд. Ҳарчанд фирори фарзанди азиз аз ватан моҳи ноябри соли 1967 барои падар ғайриинтизор буд, вале ҳангоми қину қасосҳо идораҳои расмӣ ба ин бовар накарданд. Матбуоти Шӯравии он солҳо гуфторҳои хосаашро дар бораи хоини ватан-писари нависандаи номдор мутассил интишор мекард.
Дар ватан бо назардошти сиёсати расмӣ барои падари сарсахт дом мегузоштанд. Қазияҳое эҷод мекарданд, ки… гӯё Азиз падарро аз фирораш қаблан огоҳ карда бошад. Дар кадом гӯшаи Вахшонзамин оҳо бо ҳам вохӯрда, аз ин боб суҳбати дарозе кардаанд, вале падар дидаву дониста пеши роҳи хиёнати писарро нагирифтааст. Ва ё домодаш А. Л. Хромовро аз хидмати идораи ҷосусии Шӯравӣ дар Олмони Ғарбӣ маҳз ӯ боздоштааст ва ғайраву ҳоказо…
Барои нависандае, ки аз ҳаллоҷии пурсишҳои солҳои ҷабри сталинӣ гузашта буд, ин гуна саҳнаҳои истинтоқ чандон даҳшатнок наменамуд. Балки бетарафии ҳамқаламону созмонҳои эҷодӣ қоматашро хам карда, руҳашро кост ва ба дилаш оби сард рехт.
АЗ ҲАМА ПЕШТАР.
Созмони эҷодие, ки ӯ аъзояш буд, аз Улуғзода рӯй гардонд. Бисёр мехостам ҳуҷҷатҳои он маҷлиси таърихии ҳизбиро, ки моҳи декабри соли 1967 воқеъ гардида буд, ба даст оварам ва саҳнаи зиндаву дилхарошеро пеши назари хонанда зинда созам. Дареғ, ки натавонистам (ба ҷуз асноди он маҷлис дигар ҳама ҳуҷҷатҳо дар бойгонӣ барҷову дастнахӯрдаанд…).
Вале қарори қатъии маҷлис ба ҳама маълум аст: касе, ки фарзандашро тарбия карда натавонист, аз сафи ҳизб дур карда шавад!
Пас аз ин ошкору ниҳон ба нависанда фишор меоварданд. Аввал таълими осорашро дар мактабҳои миёнаву олӣ манъ карда, сипас чопи китобҳояшро низ боздоштанд. Барои Сотим Улуғзодаи суханшинос мавқеъношиносии аксари ҳамқаламон, хоса суханони хушунатомези адибони ҷавон гарон буд.
Мо намедонем, ки шоири он вақт хеле ҷавону фарзанди ҳукумат, Ғаффор Мирзо дар он маҷлис чӣ гуфту чӣ шунуфт. Вале медонем, ки ӯ бо номи “Ман намефаҳмам, ту чӣ?” шеъраке гуфта, ки касро ба андеша мебарад: дар он номи фирорӣ зикр нашуда, вале маълум аст, ки шоир аз он воқеаи “шанеъ” илҳом гирифта ба шӯр омадааст:
Як ҷавоне буд. Тамоми умр ӯ.
Аз даҳан н–афканда буд пистони бахт.
Лек рӯзе бар хилофи ҳаққи шир
Туф ба он пистон бикарду хест рафт.
Ин қазоро ман намефаҳмам,
Ту чӣ?
Он қазоро имрӯз на фақат Ғаффор Мирзо, балки аксари кулли мардуми мо мефаҳмад. Вале афсӯс дар ҷои дигар аст: кош, дар он маҷлиси таърихӣ нафаре аз ин сипоҳиёни сахтфеъл ҳамчунон, ки имрӯз ҷудоии афкори худу фарзандашонро эҳсос мекунанд, бармехесту мегуфт: ҳой мардум, даст нигаҳ доред, инсоф диҳед, охир фарзанди Улуғзодаро ҳам монанди дилбандони мову шумо муҳити мо, боғчаи советӣ, мактаби советӣ, пионер, комсомол ва ниҳоят партияи ҷоноҷон тарбия кардааст-ку?! Ва агар ба ҷои ӯ…
Воқеан Улуғзода хеле умедвор буд, ки дар маҷлиси ҳизбии Иттифоқи нависандагон касе ӯро ҳимоя мекунад. Вале…
ЯК СОЛ ГУЗАШТ… Ду сол гузашт. Улуғзодаро дигар ҳеҷ кас суроғ накард. Ӯ дигар ба ҳеҷ касе даркор набуд, на ба ҳукумат, на ба Иттифоқи нависандагон, ки аъзояш буд. Вале халқ аз ӯ ёд мекард, балки муҳаббати мардум ба ӯ беш аз пеш афзуд. Муаллимоне буданд, ки ба фишорҳо тоб оварда, осори нависандаро ба шогирдонашон меомӯзонданд. Ба Душанбе омада, аз ҳоли нависанда хабар мегирифтанд. Нафаре аз онҳо-Хӯҷмуҳаммад Муҳаммадиевро адиб бо муҳаббат ёд мекунад.
Аз нависандагону олимон фақат муносибати ду нафар бо ӯ дигар нашуд. Аз аҳволаш хабар мегирифтанд, дардашро сабук мекарданд. Инҳо Ҷалол Икромӣ ва Холиқ Мирзозода буданд. Баъзеи дигар ҳатто аз мулоқот бо хешу табори нависанда андеша мекарданд.
БАЪДИ ЧОРДАҲ СОЛ… баъди ин қадар сахтрӯиҳо Улуғзодаи мӯйсафеди ҳафтодсоларо дар Иттифоқи нависандагон новақт ба ёд оварданд. Ба ёдашон расид, ки ӯ ҳафтодсола мешавад.
Баъди инкори Улуғзода Раёсати Иттифоқи нависандагон илоҷе карда, ба ин муносибат дар толори хурди Хонаи адибон суҳбате орост, ки дар он соҳибҷашн, ҳамчунин Фотеҳ Ниёзӣ, Мирсаид Миршакар, Муҳаммад Осимӣ, Мӯъмин Қаноъат, Лоиқ ва чанд тани дигар аз адибон ва кормандони рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон” (ҳоло “Адабиёт ва санъат”), маҷаллаи “Садои Шарқ” ширкат намуданд.
Зоҳиран ҳамқаламони устод хеле ҳам хиҷолатзада менамуданд. Чӣ нирӯе буд, ки солҳои тӯлонӣ як нависандаи забардастро аз муҳити адабӣ, аз ҳамқаламон ҷудо медошт. Ашхосе, ки ҳоло пешорӯи устод менишастанд, он солҳо ҷуръати аққалан аҳволашро пурсидан надоштанд (дар як шаҳр зиста, ҳамсоя буда Улуғзодаро фаромӯш кардан ҳам ҳунар аст!).
СУКУТИ ВАЗНИН. толорро Мӯъмин Қаноъат рахнаҷӯӣ кард. Ӯ бо тавозӯи шоирона гуфт:
-Устод Улуғзода яке аз чанд танест, ки пояи адабиёти моро гузоштаанд. Дасти бисёр ҷавононро дар наср ва ҳатто назм рост кардаанд. Ба азоби алиме, ки таи чанд сол нависандаи маҳбуби мо кашиданд, на ҳар кас тоб меовард. Устувор буданд…
Мисаид Миршакар аз рӯзгори ҷавонӣ ва адибони насли комсомол буданашон ёд карда, нависандаро муборакбод гуфт ва даст дароз намуд. Устод Улуғзода сар боло накарда, даст доду гирифт.
Суханронии Фотеҳ Ниёзӣ ба назар хеле самимӣ менамуд. Ӯ аз ҷумла ёд кард, ки:
-Дар заминкан менишастам. Дар тақ-тақ шуд. Ин ҳолат ғайримуқаррарӣ буд. Марҳамат гӯям, худи махсумо барин Улуғзода дар либоси капитан даромада омад. Ҳайрон шудам. Ҳамдигарро ба оғуш кашидем. Баъдтар дар Маскав ҳамроҳ кор кардем. Хоҳиш мекунам аз воқеаҳои давраи ҷанг асаре нависанд. Афсӯс, ки ба гузаронидани ҷашн розӣ нашуданд. Минбаъд мулоқоти адибро бо хонандагон бояд гузаронд…
Пас аз лаҳзае сарриштаи суҳбатро Фазлиддин Муҳаммадиев ба даст гирифт.
-Рафиқон, ин чанд нафар устодони мо дар адабиёт комиссароне ҳастанд, ки мубориза кардаанд, сохтаанд. Моро асарҳои ҳаминҳо тарбия кардааст. Ва ман, ки хонандаи он солҳо будам, низ аз асарҳои онҳо баҳра бурдаам.
Сипас нависанда ба Улуғзода рӯй оварда, пурэҳсос хитоб мекунад:
Муаллим, Шуморо мо дӯст медорем. Хонандагонатон, ҳама дӯст медоранд. Мо ба сафарҳо меравем ва мардум аз ҳоли шумо, аз нақшаҳои эҷодиатон пурсон мешаванд.
Лоиқ сухан гирифта ду нуктаро ба хусус таъкид кард:
-Ҳар кас, ки заррае эҳсоси миллӣ дошта бошад, Улуғзодаро дӯст медорад ва эҳтиром мекунад. Устодон маро маъзур медоранд, дар забон ҷои Улуғзода ҷудост!
Ин гуфтаву ногуфтаҳо касро ба андеша мебарад ва озор ҳам медиҳад: чаро дар тӯли ин солҳо касе аз Улуғзода ёд накарду имрӯз ҳама далеранд? Оё фақат садди сиёсӣ монеъи ин кор буд?
Не, албатта. Сарнавишти нависандагони русе ёдам меояд, ки ба ҳамқаламони маҳкумшудаи худ дасти шафқат дароз карда, занги руҳи онҳоро мезудуданд, ба дардашон марҳам мешуданд, аз ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз бим надоштанд.
Касоне, ки он лаҳзаҳо дар баробари нависанда хиҷолатзада менамуданд, дар воқеъ ҳам сари нишастҳову сияҳмастиҳо чеҳраи аслӣ ва озорхӯрдаи марди суханро дар он чордаҳ сол қариб аз ёд бурда буданд. Ва балки ёд ҳам намекарданд. Ӯ дар муҳити хафакунандаи дилозор танҳо мегирист.
Дар фароварди суханрониҳо Мӯъмин Қаноат ба нависанда ҷомаи зирабеқасаб ва тоқӣ пӯшонд. Улуғзода луқма партофт:
-Ҳар вақте, ки хешу таборҳо тоқӣ пӯшонанд, ба сарам кор намеояд, хӯрдӣ мекунад… Ин ҷо ки аъзоёни як оила ҳастем, ман баъзе мулоҳизаҳоямро бояд гӯям. Шояд баъзе рафиқон гумон кунанд, ки ман ситеза карда, аз гузаронидани ҷашн даст кашидам. Ҳаргиз ин тавр нест. Моҳияти масъала дигар аст.
Шумо як касеро, ки фарзандаш хиёнат кардааст, як гунаҳкори ҷазокашро дар минбар нишонда, ӯро мадҳу ситоиш мекунед, халқ чӣ мегӯяд? Халқ мегӯяд, ки бинед, як фарзандро тарбия карда натавонисту боз… Ин як кори ғайри воқеъ…
Аз он воқеа чордаҳ сол гузашт. Агар гӯям, ки афтодаруҳӣ набуд, дурӯғ мешавад. Дар аввалҳо азоб мекашидам. Зинаҳое буд, ки меҳри падарию фарзандӣ маро озор медод. Мегӯянд, ки дар ҳоли яъсу навмедӣ “Шоҳнома” руҳи одамро мебардорад. Ман ба шоҳномахонӣ сар кардам ва дар ҳақиқат ҳолати руҳиам андаке дигар шуд. Як андоза озод шудам. Баъд, вақте ки ҳикояи “Марги ҳофиз”-ро навиштам, худамро хеле сабук ҳис кардам.
Ман дар ин давра бо вуҷуди азобу машаққати зиёд, заррае аз мавқеи идеявиам канор нарафтаам. Ман як бачаи ятими ба ҳеҷ кас даркор набудам, ки ҳукумат маро зинда кард, тарбия намуд ва ба воя расонд. Дар Тошканд мехондам ва аввалин тарҷумаи маро устод Айнӣ хонда, ба тарбия ва дастгириям овоз дод…
Дар ин суҳбат нависанда аз ин беш чизе нагуфт ва шояд гуфта ҳам наметавонист. Гуфтугӯ бо ҳамон гароние, ки оғоз шуда буд, анҷом пазируфт.
Нависандаро то паси дар гусел карданд, ба мошин шинонданд. Таассуроти саҳмгине пахшам кард. Ба назарам чунин намуд, ки сафири фавқулоддаи кишвареро пазируфтаву гуселаш карданд.
Мегуфтам ба худ: ҳоли ин мардро фақат касе медонад, ки дари дунёро ба рӯяш баставу калиди онро ба гумобе афканда бошанд. Бо Улуғзода ҳамин корро карданд. Чаҳордаҳ соли танҳоӣ… чаҳордаҳ соли раҳпоӣ… Ва баъд…
Баъди он суҳбат гӯё дари Иттифоқ ба рӯи Улуғзода боз гардид. Ӯ гоҳ-гоҳ ба хонаи адибон меомад. Вале мушоҳида кардам, ки ӯ дигар ба муҳити адабӣ ворид нашуд. Вақте дар саҳни бинои Хонаи адибон ба пайдо меомад, по ба пояш мепечид. Аз касеву аз чизе зуъме дошт. Ҳарчанд ихлосу иродати як зумра адибон ба нависандаи куҳансол самимиву беолоиш ва моломоли тараҳҳум буд, ӯ натавонист дилхуш бимонад. Ва ба ин ҳақ ҳам дошт.
ПАС АЗ ДАҲ. Соли дигар, яъне тирамоҳи соли гузашта 80-солагии ин нависандаи забардаст бо бузургдошти солрӯзи устод Мирзо Турсунзода-он роҳбари бебадали Иттифоқи нависандагон рост омад. Онҳо ҳамсолу ҳамзамон ва ба истилоҳи адабиётшиносон адибони насли дуюми адабиёти советӣ буданд. Ҷашни Турсунзода бо шукуҳу ҷалоли хос доир гардид, ки сазовори ӯст.
Вале… дар баробари ёдкарди Турсунзода имкон доштем, шукри ҳанӯз барҳаёт будани Улуғзода ва сипоси хидматҳои бедареғаш дар рушди маънавиёти халқ кунем. Вале… ба хонаи Улуғзода барои муборакбоди ӯ чун ба сафоратхонаи кишваре гуруҳи адибон бо сардории раиси онвақтаи Хазинаи адабиёт Шодӣ Ҳаниф ташриф оварданд (ниг. ба сурат). Ҳам барои аёдат, ҳам ёдкарди хидматҳову ҳаштодсолагиаш…
Ҳол он ки Иттифоқи нависандагон, Ҳукумати ҷумҳурӣ имкон доштанд, ки ҷашни ӯро дар зиндагиаш як бор бо шукуҳ гузаронанд ва гуноҳашонро шӯянд. Академияи улуми Тоҷикистон метавонист он рӯз дар баробари Турсунзода аз узви вобастаи хеш ифтихор кунад. Вале, ҳазор афсӯс: на ин шуду на он…
Фақат дар гӯшаву канорҳои ҷумҳурӣ ба поси бузургдошти ҳунари Сотим Улуғзода шабҳои унс сурат гирифт. Дар рӯзномаву маҷаллаҳо низ чанд мақолаи олимону табрикоти дӯстон дарҷ гардид.
Гӯё адибе чун Улуғзода ҳар рӯз тавлид мешуда бошад…
Кароматуллоҳ ШУКРУЛЛОҲӢ