Боиси ифтихор ва масаррат аст, ки ҳунарҳои мардумӣ, хосса фолклору этнография, ҳамасола рушд меёбанд. Инчунин, мавқеи устувор пайдо мекунанд ва таваҷҷуҳи махсус ба он ҳама бештар мегардад. Албатта, бояд чунин ҳам бошад.

Ба илова, гуруҳҳои нави ҳунарӣ низ таъсис ёфтанд. Аз ҷумла, қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишварамон гуруҳҳои ҳунарии «Шашмақом» ва «Фалак» имрӯзҳо фаъолияти густурдаву чашмрас доранд.

Барои қиёс ва рӯшан шудани масъала бозёфтҳои геологиву таърихиро метавон мисол овард. Онҳоро мутахассисон бо мушкилоти зиёд пайдо мекунанду аз хок тоза намуда, ба маърази тамошо мегузоранд. Мо бо онҳо чун як ҷузъи таърихи қадимаи миллатамон ифтихор мекунем. Ҳамзамон, аз фарҳанги волои гузаштагонамон ин бозёфтҳо шаҳодат медиҳанд. Мусиқии миллӣ ё худ мардумӣ низ ҳамин ҳукмро дорад. Бе ҳеҷ тағйироти мусбат ва ё бо тағйироти манфӣ онҳоро ҷамъ меоваранду сабт мекунанд. Иҷрои ин гуна амалҳо бад нестанд, вале онҳо, яъне ин мусиқиҳо, моро дар арсаи ҷаҳонӣ дуруст ё худ миллати мутамаддину пешрафтаамонро дар замони нав муаррифӣ карда наметавонанд.

Пештар мусиқиҳои миллӣ аз нигоҳи ҳирфавият аз ҷониби композиторон такмил меёфтанд ва ба тариқи касбӣ иҷро мешуданд. Ба ин сурат ба тадриҷ мусиқии миллии мо ба мусиқии дунявӣ ё худ касбии ҷаҳонӣ ворид мегардид ва мавқеи шоистаро пайдо мекард. Ҳунарпешагон зимни сафарҳо ба кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ ин мусиқиҳо, сурудҳоро пешкаши мардуми дунё ва ба ин васила миллат, фарҳанги волои онро хуб муаррифӣ менамуданд. Дар ин ҳол ба мусиқии касбии мо таваҷҷуҳи оламиён, махсусан мутахассисони варзида бештар мешуд. Ҳамзамон, эътироф мекарданд, ки мусиқии касбии мо рӯ ба рушд дорад. Масалан, Рустам Дуллоев мусиқии миллӣ, аз ҷумла «Фалак» – ро дар хориҷи кишвар дар сатҳи касбӣ иҷрову муаррифӣ намуд. Дар хотир дорам, ки вақте суруди «Республикаи ман» дар Олмон ва Италия иҷро шуд, онро бисёр хуш пазируфтанду баҳои баланд доданд. Аз тариқи шабакаи интернет низ пахш шуду ҳаводорони зиёд пайдо кард.

Барои такмил ва мутобиқи сатҳи ҷаҳонӣ гардонидани мусиқии миллӣ бояд мутахассисони варзида ва гуруҳҳои ҳунарӣ дошта бошем. Инчунин, фаъолияти пайвастаи онҳо бо дастовардҳои шоён чашмрас бошад. Масалан, вақте композитор симфония эҷод мекунад, он бояд дар асоси мусиқии миллии мо бошад ва оркестр дар сатҳи баланди касбият онро иҷро бинамояд. Ва ё суруд. Ҳатман он ба василаи хор бояд иҷро карда шавад. Дар сурудҳои миллӣ як овоз аст, аммо дар хор чанд овоз мавҷуд мебошад.

Мусиқӣ ва сурудҳои миллиро дар дунё як ё чанд бор, он ҳам ба хотири шиносоӣ бо фарҳанги миллат, шояд гӯш бикунанд, аммо онҳо чун дар сатҳи касбияти ҷаҳонӣ нестанд, ҷаҳонӣ шуда наметавонанд. Инчунин, дар шумори мусиқӣ ва сурудҳои ҷаҳонӣ мақбулу пазируфта намешаванд.

Пештар дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон хор фаъолияти чашмрас дошт. Мутахассисон сурудҳои миллиро такмил медоданд ва хор онҳоро иҷро мекард. Ин гуруҳ дар пешрафти мусиқии касбӣ боз ҳам бештар аз пештар таъсири нек гузошта метавонист, вале онро бастанд, яъне фаъолияташро қатъ намуданд. Чанд сол боз аст, ки ин гуруҳ дигар вуҷуд надорад. Ҳамин тавр, оркестри симфониеро, ки дар назди ин муассисаи фарҳангӣ фаъолият дошт, аз миён бурданд.

Бисёр хурсандиовар аст, албатта, ки ақаллан ҳамон оркестри созҳои миллӣ дар назди филармония то ба ҳол фаъолият дорад. Аммо барномаи ин оркестр маълум нест. Доимо ҳамон барномаҳои куҳнаро иҷро мекунанд. Навоварӣ, фаъолияти густардаву чашмраси эҷодӣ ба мушоҳида намерасад. Аз чӣ бошад, ки асарҳои композиторони нави миллатро  иҷро намекунанд ва ҳам мисли ин аст, ки ба дастовардҳои мусиқии касбии миллии мо ва ҷаҳон ошноӣ надоранд. Масалан, аз осори композитор Талабхӯҷа Сатторов қариб, ки чизе иҷро карда намешавад. Ин дар ҳолест, ки асарҳои ӯ аз ҷиҳати ғановату ҳирфавият аз мусиқии композиторони пешин дар сатҳи паст қарор надорад. Аз оҳангҳои Амирбек Мӯсоев низ кам иҷро карда мешавад.

Ҳамин тавр, барномаи ҳунарии оркестр ниёз ба такмил, тағйир ва ҳам ҳолати беҳбудиро тақозо дорад.

Айнан ба ҳамин ҳолат дигар коллективҳои ҳунарии мусиқии касбии ҷаҳонӣ, аз қабили оркестри симфонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифторанд. Мавриди зикр аст, ки оркестри мазкур бо ташаббуси наҷибонаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Пешвои миллатамон бо мусиқии касбии ҷаҳонӣ на танҳо ошноии комил доранд, балки таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Бо ҳисси дилсӯзӣ тамоми тадбирҳоро аз оғози фаъолияти роҳбарияшон меандешанд, шароитҳои мусоидро фароҳам меоваранд, то мусиқии касбии миллии мо бештар рушд бикунад ва дар арсаи ҷаҳон эътироф бигардад.

Фикр мекунам, ки ҳеҷ Сарвари давлате мисли ӯ шахсану махсусан ба рушди мусиқии касбии миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намекунаду маслиҳатҳои судбахш намедиҳад. Ташаббус ва хидматҳое, ки барои рушди ин соҳа ба хотири муаррифии бештару беҳтари миллат намудаанд, собиқа надорад. Ҳатто дар шароити вазнини сиёсиву иқтисодиву фарҳангии кишвар тамоми имконотро фароҳам овард, то гуруҳи хори Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар озмуни байналмилалии хорсароён дар Туркия ширкат варзанду ҷойи намоёну ифтихориро соҳиб бигарданд. Ин ягона театри касбиро натанҳо аз маҳвшавию парокандашавӣ нигоҳ доштанд, балки бо фароҳам овардани шароити мусоид, ҷалби мутахассисони варзида аз дигар кишварҳо низ, таҳсили мутахассисони оянда дар мамолики хориҷӣ барои рушдаш мусоидат карданд. Ҳамчунин, бинои театр ҷавобгӯи талаботи давр пурра тармиму таъмир гардид. Маоши кормандону ҳунарпешагон 100 фоиз зиёд карда шуд. Таъсиси Консерваторияи миллӣ низ аз ин қабил мебошад.

Таъсиси ин оркестр бо шумораи қариб 120 нафар навозанда, албатта, кори осон набуд. Алҳол, тавре мегӯянд, наздики 100 нафар фаъолияти ҳунарӣ дорад. Воҳидҳои кориро ихтисор намуданд, зеро навозанда намеёбанд. Дар созҳои нафасӣ қариб, ки навозанда надорем. Бояд ба тайёр кардани ин гуна мутахассисон аз оғоз дар муассисаҳои таълимии ҳунарӣ эътибори ҷиддӣ медоданд. Мутаассифона, аксар донишҷӯёну ҳунаромӯзон ба омӯзиши созҳои миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва дар ин ришта таҳсил менамоянд. Бо дарку эҳсоси истеъдоди ин гуруҳи навозандагон, омӯзгорону мутахассисон бояд онҳоро барои омӯхтану навохтани дигар созҳо, аз ҷумла созҳои нафасии оркестри симфонӣ ҷалб бикунанд, то мушкилоти мавҷуда ҳалли дурусти худро биёбад.

Оркестри мазкур барномаи мукаммали симфониро надорад, аз ин рӯ, ҷавобгӯи талаботи давр ва ҳирфавият нест. Робитаи ин оркестр бо Иттифоқи композиторон мустаҳкамтару самарабахштар бояд мебуд. Аммо бархе аз роҳбарони ин иттифоқ худ дар эҷоди асарҳои мусиқии касбии ҷаҳонӣ оҷизу нотавон маҳсуб мешуданд. Дар ин сурат фаъолияташ хубу чашмрас ва ба манфиати ин гуна гурӯҳҳои ҳунарӣ набуд. Алҳол иттифоқи мазкурро Амирбек Мӯсоев, ки худ  соҳибистеъдод мебошаду ин гуна асарҳоро эҷод намудааст, сарварӣ менамояд. Умед аст, ки ӯ ба ин ҷиҳат, яъне мукаммал гардонидани барномаҳои  ҳунарии гуруҳҳои касбӣ мусоидат мекунад ва таъсири мусбати худро бо фаъолияти пурсамари иттифоқ мегузорад.

Ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон Миралӣ Достиев, нафари огоҳу ҳирфавии мусиқии касбии ҷаҳонӣ, сарвар таъйин гардид. Аллакай бо интихобу таъйини ин ду нафари ҳирфавӣ хеле тағйирот ба амал омад, ки касро ба ояндаи дурахшони соҳа умедвор месозад.

Вақте ки оркестр симфонӣ аст, ҳатман дар он асарҳои симфонӣ дар сатҳи баланди касбӣ бояд иҷро шавад. Набояд, ки дар оянда ба асарҳои мусқии миллӣ маҳдуд бишавем. Барномаи ҳунариро  асарҳои симфонии муаллифони классик ва даврони навини Ғарб низ бояд ташкил бидиҳад. Инчунин, дигар асарҳои мураккабу пурмуҳтавои гуногунжанри композиторони миллӣ ва ҷаҳонӣ бояд дар иҷрои ин оркестри симфонӣ садо бидиҳад.

Оркестри мазкур бояд ақаллан дар 2-3 моҳ як барномаи консертиро пешкаши тамошобинон бигардонанд. Афсӯс, ғайр аз сурудхонӣ, он ҳам сурудхонии миллӣ, ки он нақши акампонимент (ҳамовозиро), иҷро мекунад, ба оркестри симфонӣ ягон робитае надорад, дар барномаҳои эҷодӣ ворид менамоянд. Албатта, агар сурудҳои миллӣ аз ҷониби композиторон коркард бишаванд, такмил биёбанд, ба мусиқии касбии ҷаҳонӣ мутобиқ бигарданд, метавонанд  ба барномаи ҳунарии оркестр роҳ биёбанд. Ин, бешак, илова ба иҷрои асарҳои симфонӣ бояд бошад.

Вақте мо ин оркестрро ҳатто бо оркестрҳои симфонии давлатҳои ҳамсояи шарқӣ муқоиса менамоем, тафовут хеле ва хеле зиёд ба чашм мерасад. Дар баробари он, ки мутахассисону ҳунарпешагони бисёр варзида доранд, ҳамчунин,  барномаҳояшонро асарҳои симфонии композиторони миллӣ ва классикони ҷаҳонӣ ташкил медиҳанд.

Набояд нодида бигирем, ки роҳбарии ин оркестри симфониро ба дӯши мутахассисону ҳунарпешагони арзандаву сазовор сардирижёр Далер Тиллоев ва дирижёр Алишер Солиев гузоштаанд. Ин дар навбати худ бозёфт ба ҳисоб меравад. Воқеан, онҳо хеле боистеъдод мебошанд, аммо дар кишварҳои пешрафта коромӯзии мусиқии касбӣ накардаанд. Ҳол он ки ин барои такмили маҳорат, ҷаҳонбинии онҳо бисёр муҳим ба шумор меравад. Пештар барои боло бурдани савияи донишу маҳорати ин гуна мутахассисон дар кишварҳои хориҷӣ ҳар сол аз курсҳои омӯзишӣ мегузаштанд. Дар он кишварҳо мутахассисони мо ба маҳорату дастовардҳои  шахсиятҳои шинохтаву варзида ошно мешуданд ва ин ҳама дар фаъолияти минбаъдаи эҷодии онҳо таъсири мусбат мегузошт. Дар натиҷа, ба маънии некаш, дигаргуниҳоро дар барномаҳои консертӣ ворид  менамуданд.

Дар оркестри симфонӣ қариб нисфи созҳо миллӣ ва эстрадӣ мебошанд, ки ин ҷавобгӯ ба талабот нест. Ба ҳангоми иҷрои асарҳои мусиқии касбии ҷаҳонӣ, он ҳам агар бисёр зарур бошад, танҳо як ё ду сози миллии мусиқиро ворид месозанд. Аз ин бештараш қабул нест.

Дар баробари он, ки мо аз таъсису мавҷудияту фаъолияти оркестри симфонӣ ифтихор мекунем, бояд аз барномаҳои мукаммалу рангини ин оркестр низ ифтихор бинамоем.

Дар хусуси оркестри созҳои миллии Филармонияи давлатӣ агарчи бисёр гуфтаму навиштам, ки дар он созҳои мусиқӣ ҳатто ҷӯр намешаванд, ҳеҷ масъуле онҳоро ба эътибор нагирифт. Дар ин бора пешниҳодҳои судманд низ намудам, аммо ҳама ба масал об дар ҳаван кӯфтанро мемонд. Мақолаи рӯзноманигор Абдулқодири Раҳим бо номи «Озмоишгоҳи мусиқӣ, яъне чӣ?», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» соли гузашта ба нашр расид, хеле ба маврид буд. Ба ҳамовозии он ва дастгирии пешниҳодҳояш ман ҳам ба василаи ин рӯзнома андешаҳоямро иброз доштам. Мутаассифона, масъулони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ онро нодида гирифтанд. Ҳарчанд ки ба он посух гардонданд, аммо тадбир наандешиданд. Ҳоло ҳам, ки дер нашудааст, мо бояд ногузир ин гуна озмоишгоҳро дар ҷумҳурӣ бисозем ва аз ҷумла созҳои гуруҳҳои ҳунарӣ аз ташхис гузаронида шаванд. Ин аз масъалаи бисёр муҳим ва мубрам ба шумор меравад.

Таъсис ва баргузории озмунҳои гуногуни байналмилалӣ дар ин соҳа ба рушди мусиқии касбӣ такони ҷиддӣ бахшида метавонанд. Инчунин, онҳо барои боло бурдани завқи мутахассисону ҳунарпешагон, сайқали донишу маҳорат мусоидат менамоянд.

Дар даврони навин озмуни байналмилалии ба номи Малика Собирова танҳо як бор баргузор гардид ва баъд аз миён рафт.

Аз ин ҷониб пештар пешниҳод шуда буд, ки озмунҳои байналмилалии хорсароён, дирижёрҳо, вокалистҳо (ба номи Аҳмад Бобоқулов) ва ғайраҳоро баргузор бикунем. Ҷойи таассуф аст, ки аз ин ҳама  ҳеҷ якеро масъулони Вазорати фарҳанг напазируфтанд, балки нодида гирифтанд.

Президенти мамлакат ҳамаи имконотро дар ин соҳа ба хотири рушди мусиқии касбии ҷаҳонӣ фароҳам овардаанд. Ҳамчунин, таъкид намуданд, ки миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ бештару беҳтар муаррифӣ бикунем. Намедонам, ки масъулони вазорат боз чиро интизоранд. Ё интизоранд, ки дар ин маврид боз ҳам Сарвари давлат ташаббус нишон бидиҳанд? Ин чӣ гуна пиндору андешаву интизорӣ аст? Магар ба ҳар бор таъкид наменамоянд, ки ташаббускору эҷодкор бошем ва ба нафъи миллат, рушди соҳаҳо заҳмат бикашему саъю кӯшиш ба харҷ бидиҳем? Фикр намекунам, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо, ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои миллат масъулон ба бепарвоӣ дар канор бинишинанду тадбирҳои дурусту зарурро наандешанд. Не, набояд чунин бошад!

Холаҳмади  МАҶИД,

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,

Лауреати озмуни байналмилалии

хорсароён дар Туркия

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь