Дар озмуни шаҳрии “Фурӯғ…” довар будам. Раиси кулли ин озмун муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва раҳбари доварон академик ва узви садорати Академияи илмҳо, файласуф ва шарқшиноси варзида, профессор Кароматулло Олимов буданд. Довталабони ҳама номинаҳо якҷо пурсида мешуданд ва аз ин рӯ, миқдори доварон ҳам бештар буд – 16 кас. Устод Кароматулло Олимов доиман таъкид мекарданд, ки ҳар кас аз соҳаи худаш суолу ҷавоб намояд ва навбат риоят шавад.

Дар варақаи ҳар довталаб баробари луғатдониву тарзи гуфтор ва дигар масъалаҳо дар гӯшае азёд гуфтани шеърҳо дар васфи ватан, сулҳу осоиш, об ва муқаддасоти миллӣ ҳам буд, ки ба пурсиши ин гуна ашъор вақт намерасид… Устод Олимов ҳангоми ҷамъбасти пурсиши ҳар довталаб ба ҳамин талаботи варақа аҳаммият дода, ҳатман хондани шеърҳо дар ситоиши ватан ва обу сулҳу дӯстиро тақозо мекарданд.

Рӯзе аз рӯзҳо ҳангоми танаффус марде (гумонам, падари довталабе буд) маро ба кунҷе даъват карда пурсид:

– Ҳамон муаллими дар миёна нишаста, кист, ки фақат аз аз шеъри ватан мепурсад?

– Академик Кароматулло Олимов, роҳбари доварон. Чӣ буд?

– Ун кас мутахассиси шеъри ватан, обу сулҳ ҳастанд?

– Чаро ин хел мегӯед?

– Чунки, фақат аз ҳамин навъи шеър мепурсанд…

– О, чунки дар низомнома ҳамин талабот ҳаст…

– Кист вай ва аз кадом ташкилот?

– Наход нашиносед, устод академик, доктор, профессор, ходими давлатию ҷамъиятӣ, файласуф…

– Олим бисёр-ку, ҳар кадомашро шинохтан мушкил…

Бегоҳ, вақти ҷамъбаст ба устод Кароматулло Олимов ин суҳбатро расондам. Гуфтам, ки марди ҳузарбе Шуморо ҳамчун мутахассиси шеъри обу сулҳу ватан мешинохтааст…

Хеле хандидем.

– Шукр, ки ақаллан бо ҳамин навъи шеър маро мешинохтааст… Мардуми мо одат доранд, ки аз ҳар чизе сухан кунӣ, аз ҳамон зовия шуморо эътироф мекунанд…

Банда ҳам ин касро, бо вуҷуди даҳсолаҳо шинохтанам, бори дигар ҳамчун олими воқеан донишманд ва инсони шарифу комил шинохтам: олиме, ки агар илму маърифаташро дар як паллаи тарозу ва хулқу атвори наҷиб, хоксорӣ ва одамияту маънавияташро дар паллаи дигар гузорем, ҳарду баробар хоҳад шуд. Бо наврасону ҷавонон тавре суҳбат мекунанд, ки гӯё ҳамсоли худашон бошанд, ин волотарин нишонаи бузургворист.

Ин гуна олимон, мутаассифона, ниҳоят каманд…

Иқдоми одилонаи Дилбар Одилзода

Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, ончунон ки дар боло гуфтем, раиси кулли озмуни шаҳрии “Фурӯғ…” буданд. Озмун 12 рӯз тӯл кашид ва заҳматаш сангин буд. Муаллимаи азиз ҳамеша ҳамроҳи мо буданд ва боре надидем, ки ба кори доварон ва тарзи баҳо доданашон дахолат карда бошанд. Гоҳ-гоҳе ба коргоҳашон ё ба кори таъҷилие мерафтанд (як ё ду соат), аммо ҳатман бармегаштанд.

Дар рӯзҳои ахир миёни доварон гап-гап шуд, ки оё ҳаққулзаҳмаи алоҳида барои доварони озмун медода бошанд… Устод Камол Насрулло як пора шеър ҳам иншо карданд, бад-ин мазмун, ки модом дар насаби муаллима вожаи “одил” ҳаст, одилона ба доварон музди кор муҳайё кунанд. Муаллима он пораи коғазро гирифта хонданд ва ваъда карданд, ки ҳарчанд барои доварон дар низомномаи шаҳрӣ ин чиз нест, аммо илоҷе хоҳанд кард… Рӯзи ахири озмун ҳам фаро расид ва муаллима ба ваъдаашон вафо карданд. Аммо танҳо онҳоеро подош доданд, ки мансабе надоштанд: на ректорҳо, на деканҳо, на сарварони раёсатҳои маориф, хулоса, танҳо доварони одӣ… Банда низ ҳамчун довари бемансаб, мисли Камол Насрулло, Аминҷон Азимов, Раънои Хуршед ва чанде дигар ба ин подош шарафёб шудам ва ба муаллима изҳори сипос карда, гуфтам:

– Иқдоми Шумо айни адолат буд…

Воқеан, адолат он аст, ки ҳама чиз – вазъи иҷтимоӣ, ҷойи кор, музди заҳмат, саъю талоши одам, яъне ҳама унсурҳо ба эътибор гирифта шавад… Хушбахтона, ҳамин меъёрҳои адолат дар озмуни шаҳрӣ риоят шуданд…

“Кӣ хато намекунад? Ҳама хато мекунанд…”

Ин андешаро дар озмуни “Фурӯғ…” як хонандаи мактаб чанд бор ба забон овард. Шӯхтабиат буд. Ҳар гоҳ ки доварон ин ё он сухани ғалаташро ислоҳ карданӣ мешуданд, мегуфт: “Скажите, кто в наше время не ошибается?”.

Банда дар фикр уфтодам, ки чаро дар мағзи ин наврас чунин навъи сафедкунӣ аз хатову иштибоҳот ҷой гирифта бошад… Чаро, масалан, “бубахшед, хато кардам” неву маҳз ҳамин гуфтор: “кист дар замони мо, ки хато намекунад?”…

Гумон мекунам, ки чунин андеша дар мағзи наврас аз суҳбати бузургсолон интиқол ёфтааст. Бузургони андеша дар ин мавзуъ зиёд гуфтаанд, масалан, Рузвелт дар яке аз баромадҳояш гуфтааст: “Одам ҳамеша хато мекунад, касе хато намекунад, ки коре намекунад. Муҳим ин аст, ки сари вақт хатояшро дарёбад ва ислоҳ кунад…”. Мопассан, Ларошфуко ва чанд адиби дигар низ ба ҳамин мазмун андешаҳо доранд. Томас Эдисон 999 маротиба хато кард, то ба кашфи фурӯзонаки барқӣ расид. Аслан, ин корҳои Эдисонро хато гуфтан ҳам нашояд: ӯ баъди 999 навъи таҷриба оқибат ба ҳадафаш ноил шуд.

Боке нест, агар ин мақол ё қолаби андеша барои ҷаҳонбинии ҷавонон беозор бошад: кӯшиш кунанд, ки хато накунанд, агар хато карданд, онро на чун воситаи аз дӯши худ як сӯ гузоштани масъулият, балки сабақ барои дигар хато накардан истифода баранд.

Ҳоло дар ҷомеа, дар ҳар муассисаву ташкилоте, ки бо мардум сару коре доранд, ин мақол ба стеоротипи бисёр баде табдил ёфтааст: ҳар навъи бемасъулиятиро бо гуфтори “ҳар ҷо, ки кор бошад, камбудӣ ҳам ҳаст” рӯпӯш мекунанд. Бисёр мехоҳам, ки чунин мақолу қолабҳои ногувори андеша ба зеҳни ҷавонон асаргузор набошад, вагарна рушди ҷомеаро интизор шудан муҳол хоҳад буд…

Масъулияти баланди Фатҳуддин

Дар озмуни шаҳрӣ сарнавишт моро бо ҷавони хеле пурталошу пурғайрат – Фатҳуддин Солеҳов, ки сохтори робита бо ҷомеаро дар шаҳрдорӣ мудирият мекунад, ошно кард. Ҳалли ҳама масоили ташкиливу методии озмун, аз фароҳам овардани тамоми асноди довталабон то таъмини ғизои мардум ба уҳдаи ин кас буд.

Аммо ин хотираи мо ба рӯзгори баъди озмун бастагӣ дорад. Боре бо ду-се дӯст дар яке аз қаҳвахонаҳои бонуфузи шаҳр нишасте доштем. Ин қаҳвахона дар маркази пойтахт аст ва муштариёнаш хеле фаровон. Ҳангоми хидмат иштибоҳе аз ҷониби пешхидмат зоҳир шуд ва табъамонро хира кард. Хостем ин иштибоҳро ислоҳ кунанд, касе ба уҳда нагирифт, на хидматгузор, на менеҷер ё саркори ошхона. Хостем биравем, аммо як сухани ноҷойи ҳамон масъул моро баргардонд. “Агар писандатон набошад, равед ба ошхонаву тарабхонаҳои дигари шаҳр…”.

Гуфтем, ки ин ошхона ҳарчанд моли хусусист, аммо мероси падари Шумо нест, баъдан ин ҷову он ҷо рафтан ба ихтиёри мост, Шумо коратонро дуруст кунед… Дидем, ки якраванд, ба ёдам шумораи телефони Фатҳуддин омад. Занг задам ва вазъро фаҳмондам. Баъди тақрибан 10-15 дақиқа ин кас ҳамроҳ бо мудири шуъбаи сайёҳии шаҳрдорӣ омаданд ва бо масъулин суҳбат карданд.

– Фаромӯш накунед, ки ба ин ҷо на фақат мардуми шаҳр, балки гардишгарони хориҷӣ ҳам зуд-зуд меоянд ва аз мушоҳидаи чунин бенизомиҳо табъашон хира хоҳад шуд, – ин сухани Фатҳуддин хеле ҷиддӣ садо дод.

Аҷиб, ки баъди ду-се рӯз боз гузорамон ба ҳамон қаҳвахона уфтод ва мушоҳида кардем, ки дигар тарзи пешинаи хидмат нест, ҳама хуб шудааст…

Демократия ғавғо нест…

Барои бархе соҳибмансабони мо вожаи “демократия” ончунон нописанд ва ногувор аст, ки ҳатто фаромӯш мекунанд дар чӣ давлате зиндагӣ дорем…

Як мисол. Баъди даври ниҳоии озмуни “Фурӯғ…” бо мансабдоре дар ҳалқаи чанд каси дигар аз инъикоси ҷараёни пурраи озмун ба воситаи телевизион баҳс шуд. Ӯ мегуфт, ки “ҳеч зарурат надорад, ки ҷараёни озмун дар телевизион нишон дода шавад…”.

Аммо банда исрор кардам, ки бояд нишон дода шавад, чунки бо чашми сар дидан дигар асту шунидан дигар. Баъдан, ин як нишонаи демократия ҳам ҳаст…

Он мансабдор ҳам паст наомад:

– Барои Тоҷикистон чӣ лозим ин демократия-пемократия, ғавғову кашмакашҳо… Мебинанд, ана баъд сар мешавад ҷанҷолу хархаша… Демократия ана ҳамин кашмакаш аст, чизи дигаре нест…

Гуфтамаш:

– О, дар моддаи аввали Конститутсияи мо Тоҷикистон давлати демократӣ навиштаанд-ку…

– Эҳ, ту фақат масъаларо сиёсӣ кардан мехоҳӣ… Мо инро дар назар надоштем…

Ба дил гуфтам: на, он чӣ, ки дар қалбу мағзи одам ҳаст, ҳатман ба забон меояд. Ин ҳақиқатест бебаҳс…

Ҳафиз РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь