Барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ

Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод солҳост, ки дар дунёи адабиёт қадам мезанад ва аз қаламфарсоии ӯ ҳазорон дил осоиш меёбад ва мухлисонаш ҳамеша интизори навиштаҳои ӯянд ва бо самимият навиштаҳояшро пайгирӣ мекунад.

Маҷмуаҳои ҳикоя ва очерку қиссаҳои таърихии ӯ, «Фидоиёни роҳи озодӣ», «Парастуҳои саҳна», «Боздид», «Чакомаи Шоҳи ирфон», «Бозгашти аспи даҳмарда», «Офтобо, ба ғуруб марав…», «Гулхани сабз», «Дарёдилеву соҳиле…», «Ҳадиси ватандорӣ», ки ба қалами ӯ тааллуқ доранд, китоби рӯимизии дӯстдорони адабиёт мондаанд. Сипеҳр дар офаридани осори публитсистӣ низ дасти расо дорад.

Дар бораи нигоштаҳои нависандаи нотакрор ва соҳибистеъдод Сипеҳри Абуабдуллоҳи Ҳасанзод, ки фақат бо пайроҳаи хеш қадам мезанад ва сабку услуби хоси худро дорад, олимону донишмандон ва адабиётшиносон воқеъбинона изҳори ақида кардаанд. Аз рӯи офаридаҳои ӯ филмҳои мустанади «Гиряҳои хуршедӣ», «Ҳикмати гӯё» ва барномаҳои адабӣ ба забонҳои гуногун таҳия шуда, аз тариқи садову симои мамлакатамон  пахш гардидаанд.

Сипеҳр дар баробари навиштани қиссаву ҳикоёти дилчаспи хеш ба тарҷума низ даст мезанад. Хонандагон маҳз бо заҳмати ин марди фидоӣ ба қиссаву ҳикоёти адиби румин Ион Лука Караҷели, нависандагони рус Лев Николаевич Толстой, А.П. Чехов, В. Распутин, В. Шукшин ва китоби пурраи «Шаҳди марминҷон»-и Юрий Артамонов шинос шудаанд.

Осори ҷолиби Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод зиндагиномаи ноҳамвори ахтарони осмони илму адаб ва фарҳанги гузаштаву ҳозираро дар пеши чашми хонанда мекушояд. Забон ва ҳусни баёнаш лоиқи таърифу тавсиф аст. Китоби «Гулхани сабз»-и ӯ хонандаро сари андеша ва фалсафаи ҳаёту марг роҳнамоӣ мекунад.

Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод аз ангуштшумор нависандагони давраи истиқлол аст, ки осораш ба забонҳои русӣ, англисӣ, беларусӣ, олмонӣ, арабӣ, форсӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо ба табъ расидаанд.

Тақдири қаҳрамонҳои асарҳои Сипеҳри Ҳасанзод вобаста ба муҳит, руҳия, муносибаташон бо атрофиён, ҳамсафон ва ё дар майдони набард бо ҳамтоён созгор меафтад. Аз ин рӯ, ин нависандаи неруманд бо услуби хос амалиёти қаҳрамонҳои хешро зери назар мегирад: ҳар як ҳаракат, часпу талош, тасвири манзара, рӯ ба рӯ овардани некию бадӣ, рангомезиҳо, ҳатто чигунагии мижгону абрӯ, гирумони иштирокдорони лаҳзавиро дар шиддати воқеаҳои асар гармиву сардӣ мебахшад.

Ӯ дар тасвири образи модари бузургвор дар қиссаи «Офтобо, ба ғуруб марав…»  сӯхтаву пухта дар баробари ашки қалам аз дидаҳои худ сиришки мотамӣ рехтааст.

«- Аз рӯзе, ки одаму оламро шинохтам, мехостам симои модари бузургвору фариштахисоламро бинигорам. Дар пиндорам, зане ба зоҳиру ботин зебо, оқилаву бофаросат, соҳибтадбиру боҳунар, фурутан, беозору хоксор ва маҳбуби бонувонро ҷуз модарам надидаам. Ӯ шаҳсутуни хонадони мо ва шаҳпари орзуҳоям буд, аз дуояш қаламам сабз гаштааст.

Ҳар бор симои нуронии модарамро пазмон шавам, дарҳол акси якҷоя гирифтаамонро ба даст мегираму хумор мешиканам ва худро ҳамроҳи модари камтавону бефараам, ки симои нурониву рӯю мӯйи испедаш нусхаҳаки офтоби дигарро мемонд, дармеёбам. Меангорам, ки кӯҳтали пешорӯро лукида-лукида хамида, сӯи деҳа меояд. Вуҷудамро дард мегирад, нигоҳам дар ҷозибаву бузургии офтоби болои сарам хира мегардад. Хурӯшамро дошта наметавонам ва аз ниҳодам ин оҳанг мехезад:

– Офтобо, ба ғуруб марав… Рӯи раҳам рӯшанӣ бирез, ки аз файзу эҳсонат камол ёфтаам. Муродам ин аст, ки ғурубатро набинам…»

Сипеҳри Ҳасанзод дар қиссаи «Навҳаи ҷомаи шаҳӣ» хислату характери  қаҳрамони хешро тавре бозгӯ намудааст, ки хонанда аз тақдири ҷавони заҳматкаш, вале ноком Убайдуллоҳи Наим якумр месӯзад… Дар ин қисса ягон пораи бофтаву сохта ба мушоҳида намерасад.

Қаҳрамони ин қисса Убайдуллоҳи Наим ҳоло дар як рустои зебоманзари диёрамон зиндагӣ мекунад. Вай вақти иҷрои кор бар асари садамаи мошини боркаш дар роҳи пурпечутоби ағбаи ҳаждаҳгардишаи мавзеи Фархор аз сутунмуҳрааш осеб дидааст. Ҳар ду пояш беҳаракат мондаанд. Ҷомаву тоқии гулдӯзӣ ва локии шоҳии ӯ то ҳол дар мехи бари девори хонаашон овезон аст.

Чунонки дар боло ишора кардем, Сипеҳр нависандаи  хеле сермаҳсул аст. Соли 2022 дар матбааи «Балоғат» маҷмуаи қисса ва ҳикоёти  адиб бо номи  «Чароғи ҳидоят» дар 320 саҳифа ба табъ расид. Китоби тозаи адиб аз қиссаи ҳамноми китоб «Чароғи ҳидоят» ва ёздаҳ ҳикояи адиб фароҳам омадааст.

Қиссаи «Чароғи ҳидоят» асари таърихӣ буда, ба хотири устоди равоншод Самад Фаттоев бахшида шудааст. Асар аз шонздаҳ боби бесарлавҳа иборат аст. Ин қисса аз корномаи ҳамзамонони мо ва даврони пурмоҷарои таърихӣ ҳикоят мекунад. Муаллиф тавонистааст рӯзгори омӯзандаи қаҳрамонашро бо сабки хосса ва истифодаи калимаҳои шевою баёни зебо ба самъи хонандаи худ расонад. Дарунмояи асарро дӯст доштани халқу Ватан ташкил медиҳад. Нависанда неруҳои хайрро зафарманд мегардонад, вале неруҳои шарр ҳамеша мағлуб мешаванд.

Ба ин васила Сипеҳр ҳамеша накӯкориро ситоиш ва тарғиб мекунад. Чун қаҳрамони асар Самад Фаттоев дар доми туҳматчиён гирифтор мешавад, омӯзгори одӣ буданро авлотар мешуморад, вале барои мансаб сар пеши касе хам намекунад. Ифтихори ӯ шогирдони босаводу ватандораш ҳастанду бас. Барои намуна: «Дар назди бинои кумитаи ҳизбӣ чанде болову поин рафту омад, пеши рӯ кӯҳи виқору ғурури аз ҳар гуна палидиву расвоӣ ориаш дақиқа ба дақиқа азимтар тобида, як манораи дастнорас гардид. Андешид, ки бори кинаву адоватро базӯр бардошт намуда, сукут меварзад ва ба ӯ мансаб медиҳанд. Аз чӣ рӯ бошад, ки аз раъяш баргашту озурдахотир гуфт:

– Чаро аз омӯзгорӣ ор кунам?

– Пирам, рӯи бадгӯёнро сияҳтар дидан мехоҳам…

– Шогирди азиз, дар омӯзгорӣ бештар фоида меорам, – гӯён Фаттоев бинои ҳизбро тарк намуд.» (қиссаи «Чароғи ҳидоят», саҳ. 167)

Муаллиф дар охири қисса чун ҳусни хитоми ин асар шоҳбайти зерро, ки дар санги мазори қаҳрамони хеш ҳаккокӣ шудааст, бамаврид ёдрас мекунад:

Аз санги рӯзгор сари пурғурури мо,

Сад бор хунчакон шуду як бор хам нашуд.

Ҳикояҳои нависанда низ хеле ҷолибу хонданианд. Мо дар мақолаи хеш ба гунаи мисол «Кӯдак ва парвона»-ро аз назар мегузаронем. Парвона ҳашаротест, ки шаб дар гирди шамъ ва чароғҳо мегардад. Барои худро дар оташ заданаш онро ба ошиқ ташбеҳ медиҳанд. Инчунин дар байни халқ арвоҳакаш низ мегӯянд. Дар ин ҳикоя парвона, кӯдак, модаркалон ва духтари покизасиришташ Нигинаи нокоми раҳматӣ ва арӯси хонадон чун қаҳрамон иштирок мекунанд. Намуна:

«Ҷавонзан овораи гулдӯзӣ ба шодиву нишоти кӯдак аҳамият намедод. Момо баъди адои намози хуфтан аз дастафшонии  набера ба ваҷд омада гуфт:

‐ Ҳай хурсандӣ дорӣ.

– Мома, омад.

– Чӣ?

– Парвона.

– Ку?

– Рӯйи шиша…

– Дар чашмакот садқае.

– Ана, бин! – писарак бо шавқ тирезаи табақаҳояш пӯшидаро нишон медод.» (ҳикояи «Кӯдак ва парвона», саҳ. 207)

Дар ин ҳикояи хеле дилчасп хонанда нишоти ду танро ҳангоми омадани парвона эҳсос мекунад. Шодии писарак, ки ҳангоми омадани  парвона хеле хурсанд мешавад ва хотири модаркалон, ки ин парвонаро руҳи духтари фавтидаи худ ҳисоб мекунад. Яъне ду дунёи зебои дӯстдоштанӣ пеши рӯ ба ҷилва меояд.

Ҳамчунин дар китоб «Узри кабк», «Шикори уқоб», «Хамгаҳи кафтарон», «Бачаи шайтон» ва «Санги сабук» барин ҳикояҳои содаву равон ҷой доранд, ки ба мутолиагар лаззати маънавӣ мебахшанд.

Гумони ғолиб аст, ки китоби «Чароғи ҳидоят» дар тарбияи ахлоқиву маънавӣ, хештаншиносиву ватандорӣ, зебоипарастӣ ва дӯстиву рафоқати инсонҳо ҷойгоҳи арзанда касб мекунад. Ҳамзамон, ба хотири қадршиносӣ ба адабиёти асил ва рӯҳбаландии адиб дар иншои асарҳои тоза, аз ҳакамони боадлу ҳақпараст умедворем, ки маҷмуаи «Чароғи ҳидоят»-и нависандаи боистеъдод Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзодро барои дарёфти ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ҷонибдорӣ мекунанд.

Исмоил Зарифӣ, Моҳира Мустафоқулова, омӯзгорони МТМУ №25, шаҳри Панҷакент

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь